Сухан-ҳусни инсон аст3-04-2020, 11:34
Хабарро хонданд: 5362 нафар
Назарҳо: 7
Забони хуб, сухани хушу бомаънӣ, метавонад таваҷҷуҳи шунавандаро ба худ ҷалб карда, эътимодашро ба ҳамсуҳбат зиёд намояд. Зебо сухан гуфтан, поку беолоиш нигоҳ доштани забон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи инсонӣ соҳибақлу бозаковат аст. Вале, мутаассифона, иддае аз шаҳрвандони мо дар кӯчаю бозор, дохили нақлиётҳои мусофирбар, хиёбону гулгаштҳо ва дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо алфози бад ва суханҳои қабеҳу ношоям суҳбат мекунанд ва ё якдигарро таҳқир мекунанд. Чанд рӯз пештар шоҳиди ҳолате шудам, ки бароям шармовару нафратовар буд. Марди тануманди тақрибан 50- сола, ки риши расида ва чеҳраи гандумгуни андаке сиёҳҷурда дошт, телефон дар гӯш бо овози баланд бо касе суҳбат мекард. Қариб дар ҳар ҷумлаи ба забон овардааш мафҳуми қабеҳеро талаффуз мекард: - Э, хар будӣ, хар мондӣ-да, о барвақтар мегуфтӣ, мемурдӣ… Гӯш кун «нархар» пагоҳ хона биё, ҳамаашро худам ҳал мекунам… Агарчӣ атрофиён бо чашми норизоёна ҷонибаш менагирстанд, вале ӯро парвои оламу одам набуд, гӯё касеро намедид. Ана ақл, заковат, фаросати одамӣ! Маълум аст, ки ин мард тарбияи хуб надидааст ва чунин инсон чӣ гуна метавонад фарзандони худро тарбия намояд? Вой бар ҳоли худу фарзандонаш! Мавриди зикр аст, ки таи солҳои охир қабеҳгӯӣ дар байни кӯдакону наврасон низ хеле зиёд шудааст. Борҳо мушоҳида кардаем, ки ҳангоми муошират бо ҳамсолони худ зумрае аз наврасон бо алфози қабеҳ сухан мегӯянд. Дар чунин гуфтори кӯдакон, пеш аз ҳама волидон, муҳит ва мактаб гунаҳгор аст. Бояд пеши роҳи ин таҳрикоти номатлуб, ки рӯз то рӯз ангеза ёфта истодааст, гирифта шавад. Равоншиносон ҳаракат ва хислати инсонро ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо кардаанд. Иддае аз олимон бар он ақидаанд, ки хислати одамӣ ирсӣ ҳаст ва он дар пояи ирсият ташаккул меёбад. Ба назари мо низ баъзе рафтору гуфтори одамӣ аз авлод ба авлод мегузарад. Вале агар чунин бошад, пас чаро фарзандони иддае аз ашхоси обрӯманд ва номвар ба роҳи бад рафтаанд ва баръакси он фарзандони зумрае аз ҷинояткору майзада рафтори намунавӣ ва нигоҳи баланде доранд. Маҳз ҳамин рафтору кирдорҳои одамӣ моро ба дунёи андешаҳо ворид месозад ва андешаамонро дар боби таълиму тарбия духӯра мегардонад. Аммо аз таҷрибаи доштаам дар боби таълиму тарбия, ки 25 соли умри хешро сарфи ин масъулияти бузург кардаам, бояд гӯям, ки манзалати тарбия дар ташаккул ёфтани хислати инсонӣ мавқеи ниҳоят бузургеро дорост. Тарбияи хуб метавонад раҳнамоӣ одам шавад, дониш ва малакаашро баланд бардорад, рӯҳу ҷисмашро солим нигаҳ дошта, ӯро ба қуллаи орзуву омолаш расонад. Пургӯӣ Ба хислати инсон вобаста ба амал, тарзи сухан гуфтан ва сатҳи муошираташ баҳо додан мумкин аст. Муошират, суҳбат намудан, аз манбаъҳои асосии муносибати байниҳамдигарии одамон дониста мешавад ва одоби он пулеро мемонад, ки андеша ва муносибати инсонҳоро ба ҳамдигар мепайвандад. Мутаассифона, баъзан, мо бо инсонҳое вомехӯрем, ки одоби суҳбат карданро намедонанд. Ба ёдам ҳаст бо «Н» ном шахсе таи се сол дар як идора кор кардам ва ҳар гоҳе, ки бо ӯ рӯ ба рӯ мешудам, ҳамроҳам дароз суҳбат мекард ва аз суҳбаташ ба зудӣ дилгир мешудам. Ин мард одате дошт, ҳамсуҳбаташро фурсати сухан гуфтан намедод. Ҳамкоронам дар ѓайб ӯро «вампир» ном мебурданд ва борҳо дар наздам исбот мекарданд, ки ин мард неруи одами солимро ба ҷисми худ фурӯ мебарад. Дарвоқеъ, дар бораи чунин ашхос чанд вақт пештар барномаеро дар шабакаи телевизиони Россия тамошо карда будам. Дар барнома равоншиносон чунин инсонҳоро одам-вампир (человек вампир) ном мебурданд ва ибрози назар мекарданд, ки баъди бо чунин шахс суҳбат карданд, сари инсон дард мекунад, зеро «вампирҳо» неруи ҷисми ҳамсуҳбаташонро ба худ мегиранд. Рости гап намедонам, ин мазмун то кадом андозае ба ҳақиқат наздикӣ дорад, аммо ҳангоме ки бо ӯ ҳамсуҳбат мешудам, сарам дард мекард ва дигарон низ чун ман аз дарди сар шикоят мекарданд. Олимони равоншинос исбот кардаанд, ки пургӯӣ ҳам як шохаи бемории васвоса (шизофриния) буда, табобати он ғайриимкон аст. Хомӯшӣ нишонаи хирадмандист Баъзан, дар шабнишиниву маъракаҳо бо афроде рӯ ба рӯ мешавем, ки ба касе сухан надода донотарошӣ мекунанд. Чанд вақт пештар мо як гурӯҳ дӯстон ба маъракаи хурсандии як рафиқамон ба деҳае рафтем. Моро дар ҳуҷраи барҳавое ҷо карданд ва дар он ҷо ҷуз мо чанд нафар меҳмони дигар низ буд. Марди солори сафедпӯши ба гуфте «ҳоҷинамо», ки аз ҳама боло менишаст, ба касе сухан надода, бо суханони «подарҳаво» беист нишастагонро насиҳат мекард. Дарк мекардам, ки ҳамагон аз суҳбати ӯ дилгир шуда буданд ва касе ба суханони ӯ аҳамияти ҷиддӣ намедоданд. Танҳо мӯйсафеди камриши дар паҳлуяшбуда, ки шояд яке аз маслаконаш бо ишораи сарҷунбонӣ суханонашро тасдиқ мекард. Мард ҳамоно сухан мекард: - Акнун “бародаро” замона дигар хел шудааст. Эҳтироми падару модар кам ба назар мерасад, ҷавонони имрӯза қадри падарро ба қадри ҷав баробар намекунанд. Дар ин бора гузаштагонамон хеле хуб гуфтанд: Падарам равзаи ризвон ба ду гандум бифурӯхт, Нохалаф бошам агар, ман ба ҷаве нафрӯшам. Бале, эҳтироми падар хеле зарур аст… Рафиқи дар паҳлуямбуда, беибо «пиққӣ» карда хандид. Аммо ман аз ин гапи мард худро дошта натавониста, гуфтам: -Тақсир, дар ин мисраъҳо гап дар бораи эҳтироми падар намеравад. -Чи хел намерафтааст,-норозиёна ба ман нигарист. - Дар шеър падар гуфта Ҳазрати Одамро дар назар дорад шоир, равзаи ризвон бошад, гӯшаи биҳишт аст, яъне инсон бо хӯрдани гандум аз биҳишт ронда шуд,-гуфтам. Мард бо қираи чашм ҷонибам нигариста гуфт: - Акнун “буродар” ин гуфтаатон назари шумо ҳаст, назари мо бошад, дигар хел маънӣ дорад... Дарк кардам, ки ин мард заковати ниҳоят паст дорад ва бо ӯ баҳс кардан ҳоҷат нест. Аз ин рӯ, ба худ хомӯширо авло донистам. Дар ин ҳолат, хомӯш будан маънои маѓлубиятро надорад ва бо инсони нодону касиф баҳс кардан шахсияти худро дар назари дигарон паст задан аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Забони бастаро дами шамшер намебурад”. Дар чунин ҳолат, хомӯшӣ нишонаи хирадмандиву донишмандии инсон аст. Сеҳри сухан Сухан сеҳр дорад ва сеҳри он ба инсон таъсири ниҳоят бузурге мерасонад. Як сухани хуш метавонад тамоми рӯз рӯҳияи одамиро баланд бардорад ва баръакси он як сухани бад метавонад қалби инсонро шиканад. Агар алфози хуб дошта бошед, таваҷҷуҳи ҳамсуҳбат ба шумо зиёд мешавад ва ӯ ба сухани шумо бовар карда, нисбататон эҳтиром пайдо мекунад. Нависанда, психологи амрикоӣ Дейл Брекендриҷ Корнегӣ дар китоби худ «Шаш қоидаи ба худ ҷалб кардани одамон»- чунин навиштааст: “Барои он ки ҳамсуҳбат ба шумо бовар кунад, бояд эҳтиромашро ба ҷо оваред ва дар мавридаш сухани нек гӯед». Таъсиру ҷозибанокии суханро бузургонамон ҳанӯз аз давраҳои хеле куҳан дар асарҳои худ васф кардаанд. Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар боби бузургии сухан ва таъсири он чунин гуфта: Ба шамшери забон марди суханвар, Кунад олам мусаххар чун Сикандар. Ҳанӯз дар замони худ (асри 4 то мелод) Аристотел дар китоби хеш “Риторика” санъати волои сухангӯиро марбут ба заковату фаросати инсонӣ ва махзани бойи сухандонӣ донистааст. Адиби сухансанҷу ширинкаломи форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ боби ҳаштуми китоби “Гулистон”-ро ба одоби муошират, суҳбат оростан бахшида, чунин навиштааст: “Аслан, шахсро тавассути сухан, алфозаш мешиносем ва қобилияту фаъолияти ӯро аз такаллумаш дарк мекунем. Нутқу сухан мизони ифшои хирадмандӣ ва савияи илму дониши инсон маҳсуб меёбад”. Хулоса Дар ҷамъбаст ҳаминро гуфтаниям, ки одоби сухан гуфтану суҳбати хуб оростан нишонаи олии маданияту рафтори инсон ба шумор меравад. Шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар боби ахлоқи ҳамидаи одамӣ чунин гуфта: “Ахлоқи инсон на модарзод, балки касб мебошад. Яъне рафтору гуфтори одамӣ дар давоми ҳаёт сайқал меёбад”. Бале ва барои сайқал ёфтани хулқу атвори ҳамидаи инсонӣ, ӯро бояд тарбия намоем ва тарбиятгари асосии одамӣ агар дар ибтидо оила бошад, оянда мактаб ва муҳит аст. Аммо аз ҳама асосаш, бояд худи инсон зимни сухан гуфтан дарки маънӣ карда тавонад ва мақоли “Ҳар сухан ҷоеву хар нуқта мақоме дорад”-ро шиори зиндагиномаи худ гардонад. Тагоймуроди Орифӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.