Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » НАВРӮЗ МУЖДАИ БАҲОР, ИДИ КИШОВАРЗОН АСТ

НАВРӮЗ МУЖДАИ БАҲОР, ИДИ КИШОВАРЗОН АСТ

19-03-2020, 10:58
Хабарро хонданд: 269 нафар
Назарҳо: 0
НАВРӮЗ МУЖДАИ БАҲОР, ИДИ КИШОВАРЗОН АСТ
Наврӯз барои мардуми тоҷик бузургтарин ва азизтарин иди таърихӣ ва миллӣ мебошад. Он аз замонҳои қадим дар саросари мамлакатҳои Шарқ бо шаҳомати тоза таҷлил мегардид. Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар, бо саъю кӯшиш ва тадбирҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни аҷдодии тоҷикон- Наврӯз аз нав эҳё гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон шуда, зиёда аз 30 мамлакати ҷаҳон қайд мегардад.
Ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз дар таҳкими ҳамзистии осоишта, дӯстию рафоқат, ваҳдат ва дигар арзишҳои бузурги инсонӣ воситаи муҳим арзёбӣ мегардад. Наврӯз, ки покизагиву гармӣ, меҳрубонӣ, некиву накукорӣ ва осудагиву ободиро талқин менамояд, сазовори таҳсини мардуми курраи Замин гардидааст.
Наврӯз пайки баҳор, арӯси сол, айёми шодию сурур, эҳёи табиату зиндагӣ замину замон ва кайҳон аст.
Наврӯз, барҳақ рӯйдоди осмонист ва тасхиргари қалбҳои инсонист ва шояд дар рӯи олам чунин ҷашне вуҷуд надошта бошад. Адиби машриқзамин Умари Хайём дар китоби худ “Наврӯзнома” аз Наврӯз ёдоварӣ намуда, чунин навиштааст: “Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то ба Наврӯзи дигар умр ба шодӣ ва хуррамӣ гузорад”.
Ҳикмати волотарини ҷашни Наврӯз ин аст, ки он воқеан ҳам ҳаётию табиӣ буда, айёме таҷлил мегардад, ки шабу рӯз баробар ва пирӯзии равшанӣ ба торикӣ, гармӣ ба сармо оғоз гардида, табиат, оламу одам дигаргун мешаванд. Ҳикмати дигари ҷашни Наврӯз дар он зоҳир мегардад, ки мардум аз замонҳои қадим дар арафаи ин ҷашн хонаҳоро таъмиру таҷдид ва покиза намуда, сарулибоси тоза пӯшида, ба аёдати маъюбу беморон ва пиронсолон рафта, ба камбизоатон кумак мерасонанд. Ба пешвози иди Наврӯз суманак ва таъомҳои болаззат пухта, дастархони ҷашниро бо ҳафтсину ҳафтшин оро дода, ба меҳмонон пешниҳод менамоянд.
Ҳикмати дигари созандаи Наврӯз ин аст, ки мардум дар ин рӯз кинаю ғаразҳоро аз дил мебароранд, оғӯши сулҳу дӯсти боз мекунанд, бори дигар аз “Гуфтори неку кирдори нек ва пиндори нек” ёдовар мешаванд. Баҳри ҷашнгирии Наврӯз ҷамъ омада, мусобиқаю озмунҳои гуштигирӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ, шеъру таронахонӣ ва дигар унсурҳои базмҳои идонаро меороянд, ки ин барои ваҳдату муттаҳидӣ ва якпорчагии ҳар миллату кишвар воситаи муҳим мебошад.
Мо бояд анъанаҳои ниёгонамонро идома дода, расму оинҳои хоси ҷашнҳои миллиро пос дошта, ғанӣ гардонем ва барои амалӣ гаштани онҳо мусоидат намоем. Яке аз суннатҳои ҷолиби Наврӯзӣ, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукми анъана даромад, мулоқоти ҳарсолаи Сардори давлат дар арафаи Наврӯз бо олимон, шоиру нависандагон ва аҳли зиё мебошад. Ин мулоқотҳои муҳиму ояндасоз дар рушди илму фарҳанг, маориф, ҳаёти маънавии ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим мебозад.
Наврӯз муждаи баҳор буда, қабл аз ҳама, ҷашни кишоварзон аст, зеро он эҳёи табиат, фарорасии кишту кори деҳқон мебошад. Дар ин айём, деҳқон ба хотири серию фаровонӣ ба замин донаи умед мепошаду ниҳол месабзонад, ки диёр сарсабз шаваду ҳосили зиёд зам гардад.
Боиси ифтихор аст, ки аз Наврӯзи соли гузашта, то ба Наврӯзи имсол соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ зиёд ва таъминоти мардум бо ғизо беҳтар гардида, содироти меваю сабзавот афзуд.НАВРӮЗ МУЖДАИ БАҲОР, ИДИ КИШОВАРЗОН АСТ
Дар ин давра, олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ ба дастовардҳои муайян соҳиб гашта, 5 навъи нави зироатҳоро минтақабоб гардонида, соҳиби 19 патент ва 5 шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерӣ шудаанд. Ҳамзамон, дар комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ, барои омӯзишу минтақабобгардонӣ 38 навъи зироату дарахтони мевадиҳанда қарор доранд. Маводҳо оид ба апробатсияи типи қутосҳои зарафшонии зоти нави говҳои сиёҳалои тоҷикӣ ба Вазорати кишовазии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Аз ҷониби олимони академия бо истифода аз хайлҳои микрорганизмҳои маҳаллӣ зиёда аз 200 ҳазор воя ваксина бар зидди касалиҳои сироятии чорво истеҳсол гардида, ба хоҷагиҳои чорводорӣ пешниҳод шуд. Мошину мошинолотҳои хурдҳаҷми ихтироънамудаи олимон дар хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ мавриди истифода қарор доранд. Дар ин давра, зиёда аз 2200 тонна тухмии хушсифати зироатҳои кишоварзӣ истеҳсол ва ба хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ пешниҳод шуд. Тибқи маълумоти раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо ва ҷобаҷогузории навъҳо, соли 2019 навъҳои ватании пахта дар ҷумҳурӣ дар масоҳати зиёда аз 122 ҳазор га (66%) ва зироатҳои ғаллагӣ дар масоҳати 172 ҳазор га (44,8%) дар амал татбиқ шуд.
Бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Ҷумҳурии Беларус, бо иштироки фаъолонаи олимони академия дар масоҳати 13,5 га боғи “Дӯстӣ” бунёд гардида, барои бунёди 90 га боғи чормағз дар вилояти Магилёв замина гузошта шуд.
Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби олимони академия 15 пешниҳод оид ба ҳалли масоили рӯзмарраи рушди илму истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ ирсол гардида, аксарияти онҳо пазируфта шуданд. Аз ҷумла, пешниҳодҳо оид ба рушди соҳаи пахтапарварӣ ва парандапарварӣ, васеъ намудани кишти зироатҳои фосилавӣ, усулҳои баланд бардоштани маҳсулнокии занбӯри асал, ташхис ва пешгирии касалиҳои инвазионии чорвою паранда ва ҳифзи растаниҳо, технологияҳои инноватсионии парвариши пахта, ниҳоли солими дарахтони мевадиҳанда ва ангур, кишти картошка, ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии маводҳои ветеринарӣ ва ғайра.
Аз файзу қудуми Наврӯз ҳоло Тоҷикистони биҳиштосо дар фазои тантанаҳои баҳори нозанин ғарқ аст. Боришоти пай дар пай, сабзу хуррам шудани дашту даман ва гулрез гаштани дарахтон нишони бофайзу баракат омадани баҳори имсола ва фаровонии ҳосил мебошад. Дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ кишту кори зироатҳо оғоз гаштааст.
Ҳоло баҳри сазовор таҷлил намудани иди Наврӯзи оламафрӯз ва Соли нави миллӣ дар муассисаҳои тобеи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон чун анъана мунтазам шанбегиҳо оид ба ободонию кабудизоргардонӣ, шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ гузаронида мешаванд. Баромади олимон ва мутахассисон ба воситаи ахбори омма оид ба ташвиқу тарғиби ҷашнҳои мазкур ва татбиқи дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ бомаром идома доранд.
Бо назардошти он, ки Наврӯз муждаи баҳору оғози кишту кори кишоварзон мебошад, олимони соҳа тамоми неру ва қувваи зеҳнии худро барои такмили пешбурди илмии соҳа, баҳри зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат сафабар карда истодаанд.
Кулли мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистонро, махсусан, деҳқононро бо ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, сиҳатмандию хонаободӣ ва комёбиҳо орзумандем. Бигузор ҳосили имсолаи деҳқонон фаровону дастархони мардум серғизо ва дастовардҳои сокинони диёри азизамон ба маротиб афзояд.

Субҳи ватан муждаи Наврӯз муборак,
Субҳи чаман накҳати фирӯз муборак.


Н. АСОЗОДА, президенти Академияи илмҳои кишоварзии
Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, академики АИКТ,
Д. Комилзода, академики АИКТ





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: