Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ГӮШТУ ТУХМИ МУРҒ ФАРОВОН МЕШАВАД

ГӮШТУ ТУХМИ МУРҒ ФАРОВОН МЕШАВАД

30-01-2020, 11:23
Хабарро хонданд: 656 нафар
Назарҳо: 0
ГӮШТУ ТУХМИ МУРҒ ФАРОВОН МЕШАВАДКалонтарин корхона барои истеҳсоли гӯшту тухми мурғ дар шаҳраки Чиптураи ноҳияи Шаҳринав воқеъ аст. Он аз замони Шӯравӣ то кунун фаъолият мекунад. Барои парандапарварон 92 гектар замини обӣ ҷудо шудааст. Ҳоло роҳбари Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Парандапарвар» марди кордону боғайрат Гулмурод Палвонов мебошад. Аз корхона дар як шабонарӯз 180 ҳазор тухм гирифта, бо арзиши 60-65 дирам пешкаши муштариён мегардонанд. Ҳамчунин, мурғҳои гӯшти зоти «Бройлер» аввал 40-50 ҳазор сар парвариш мекарданд. Ҳоло бошад, саршумори онро ба 200 ҳазор расониданианд.
Ин мурғҳо дар 45-50 рӯз то 5 килограмм вазн мегиранд. Ва гӯшти лазизу парҳезӣ ҳар килограммаш бо нархи 20 сомонӣ фурӯхта мешавад. Бинед, нисбати гӯшти чорво беш аз дуюним баробар арзон. Имрӯз чунин фабрикаҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ, Файзобод, Муъминобод ва ноҳияи Ҷайҳун фаъолият доранд.
Коллективи меҳнатқарини муъминободиҳо, ки бештар аз 50 нафарашон зан мебошанд, дар тӯли 5-6 моҳ зиёда аз 360 тонна гӯшт ба бозори истеъмолӣ бароварданд. Ин ҷо, мувофиқи нақшаи ниҳоӣ дар як сол истеҳсоли гӯшти парандаро ба 14 ҳазор тонна расониданианд.
Хушбахтона чунин ташаббускорон дар миқёси ҷумҳурӣ пайваста меафзоянд. Дар арафаи ҷашни истиқлоли Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин фабрикаи бузургу ояндадорро дар Ҷамоати Кӯлоби шаҳри Кӯлоб фотиҳаи кор дод. Фабрикаи номбурда, аз тарафи соҳибкори номдор Маҳмадсиддиқ Одинаев бунёд гардида, ҳамаи таҷҳизоти он аз Олмон дастрас карда шудааст. Фабрика барои истеҳсоли гӯшт ва тухм пешбинӣ шудааст. Дар арафаи Соли нав ҳамин гуна фабрикаҳои парандапарвариро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар Ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара ва Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор ба истифода доданд.
Бояд гуфт, ки як зумра соҳибкорон фермаҳои барои паррандапарварӣ таъйингардидаро хусусӣ гардонда бошанд ҳам, ба корҳои дуюму сеюмдараҷа даст зада, тараққӣ додани соҳаро ба ҳоли худ гузоштаанд. Соҳибкор Давлат Сироҷов аз Ҷамоати Даҳана аз зумраи онҳост. ӯ сад дар сад имконият дорад, ки фермаи банднамудаашро чун фабрикаи Муъминобод инкишоф дода, дар фаровон гардидани тухму гӯшти паранда саҳм гузорад.
Алҳол, дар матбуот доир ба мунтазам боло рафтани нархи навои маводи ғизоӣ, бахусус, орду гӯшт пайваста бонги изтироб мезананд. Беҳтараш роҳҳои ҳалли мушкилотро ёфтаю пешниҳод кардан, шояд кумаке дар ин росто гардад. Ҳанӯз, солҳои ҳафтодуми қарни гузашта, давраи гулгулшукуфии замони Шӯравӣ ин проблема ба миён омада буд. Он вақт, дар Иттиҳоди Шӯравӣ барномаи озуқаворӣ қабул шуд. Дар ин барнома, илова ба фермаҳои бузурги комплексӣ хоҷагиҳои давлатию колхозҳо вазифадор шуданд, ки дар назди ҳар як бригарда ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо мақсади таъмини колективҳои худ бо гӯшту шир ва тухм хоҷагиҳои ёрирасон ташкил намояд. Ин тадбири андешашуда дар байни 2-3 сол натиҷаи дилхоҳ дод.
Вазъияти имрӯза тақозо мекунад, ки дар ҳалли проблемаи кишоварзӣ аз таҷрибаи бойгонии хеш истифода барем. Ҳол он ки имконияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар боби зиёд кардани чорвою паранда ниҳоят васеъ мебошад. Ҳар як хоҷагии деҳқоние, ки 7-8 гектар замин дорад, метавонад нигоҳубини 15-20 сар гов ва 100-200 сар парандаро ба роҳ монад. Ҳамчунин, тибқи фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзгорони ҷавон Вазорати маориф ва илм вазифадор шудааст, ки барои харидани гов ва чорво қарзҳои имтиёзнок диҳанд. ГӮШТУ ТУХМИ МУРҒ ФАРОВОН МЕШАВАД Мутаассифона, дар бештари навоҳии мамлакат бо иллати хунукназарии мансабдорон фармони хирадмандонаи Пешвои миллат болои коғаз мондааст.
Ба наздикӣ Сарвари давлати ба мо дӯсту ҳамсоя Шавкат Мирзиёев фармонеро имзо кард, ки тибқи он ба хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба чорводорӣ машғул мешаванд, қарзҳои дарозмуҳлати имтиёзнок дода мешаванд. Агар ин амали саривақтӣ дар мамлакати мо низ қабул карда шавад, боварист, ки мушкилот роҳи ҳалро пайдо мекунад, зеро қонуни бозор бо фармон танзим карда намешавад. Мақоли «Бардорад зам кун, набардорад, кам кун» бозорро танзим мекунад.
Дар ин иртибот як далелро наметавон қайд накард. Мардум вовайло мегӯянд, ки гӯшт қимат аст, нархи наво барояшон дастрас нест. Лекин мебинед, ки ҳамеша дар атрофи дуконҳои фурӯши ин маҳсулот издиҳоми мардум барои харидани он навбат мепоянд. Пурсида мешавад, ки чаро онҳо гӯшти нисбатан арзону дастраси паранда ва моҳиро намехаранд ва ба маҳсулоти нархаш дандоншикан навбат мепоянд.
Дар танзими ин мушкилот Муассисаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ ва Муассисаи давлатиии «Лоиҳаи нигаҳбони чарогоҳҳо дар пешравии чорводорӣ ва парандапарварӣ» мебояд саҳми муносиб гузоранд.
Мутаассифона кормандони ташкилотҳои номбурда
то ҳақашонро нагиранд, коратро буд намекунанд,- мегӯяд муаллими мактаби рақами 28 –и ноҳияи Восеъ Шорух Ҳалимов. Ман ба ҳардуи ин ташкилот барои чорво ва парандапарварӣ муроҷиат кардам. Хоҳиши мо қарзи 1-фоиза ва аз ҳисоби хоҷагии деҳқониамон, ки 0,80 га замини чарогоҳ дорад ва биноҳои фермааш тайёр буд, хостем фермаи говпарварӣ ва коркарди шир бисозем. Ба ин нияти мо зид баромаданд. Ҳол он ки собиқ раиси ноҳия Мӯсо Зарифзода барои ин мақсад 0, 80 га заминро ҷудо намуд.
Агар мо хоҳем, ки мардумро бо ғизои арзон ва дастрас таъмин намоем, бояд ба хоҳишмандоне, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанду имкони парвариши чорвою паранда доранд, дасти ёрӣ дароз кунем. Яъне системаи дастрасии ин табақа ба вомҳои дарозмуддат дода бошад.

Ғайбулло ҲАЛИМОВ,
рӯзноманигор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: