Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Ў нобиға буд…

16-08-2019, 12:28
Хабарро хонданд: 323 нафар
Назарҳо: 0
                                                       Ў нобиға буд…
Иоҳан Себастян Бах- композитор ва арғунуннавоз, ки бо ҳунар ва истеъдоди нотакрори хеш дар тамоми дунё ном баровардааст ва ҳамчун нобиға дар олами мусиқии касбии ҷаҳонӣ дониста мешавад. Ривояте ҳаст, ки Иоҳани хурдсол ҳангоми дар гаҳвора буданаш модараш бо сози клавира оҳангеро менавохт ва мусиқӣ ўро ором мекард. Пас аз ин бармеояд, ки дилбастагияш ба санъати мусиқӣ ҳанўз аз овони тифлӣ маншаъ гирифтааст.
Бах дар шаҳри Саксен-Эйзенахи Олмон, 21-уми марти соли 1685, дар оилаи санъаткор ба олам чашм кушодааст. Падараш Иоҳан Амброзиуас ва модараш Элизабет Леммерхирт ҳамчун навозанда дар тамоми Олмон машҳур буданд ва обу рў, эътибори хоса доштанд. Умуман, гузаштаҳои Бах ҳамагон мусиқиро зиёд меписандиданд.




Дар синни нуҳсолагӣ модараш олами ҳастиро падруд мегўяд. Себастяни нўҳсоларо бародараш Иоҳан Кристоф, ки арғунуннавоз буд, ба тарбияи худ мегирад. Ҳамон солҳо Иоҳан шомили гимназия шуда, дар арғунун ва клавира навохтанро меомўзад. Соли 1700 ба шаҳри Люнебург омада, дар мактаби вокал дохил мешавад. Дар ин ҷо бо композиторони маъруф Георг Бём, Рейкен ва Дитрих Букстехуд ошноӣ пайдо мекунад. Соли 1703 баъди итмоми мактаби вокалӣ Бах ба ҳайси навозанда дар дарбори Герцок Иоҳан Эрнст ба хизмат медарояд. Дар муддати на чандон тўлонӣ шуҳрати навозандагияш меафзояд ва ўро ба серкови Арнштад ба сифати навозандаи арғунун даъват менамояд. Дар навохтани сози арғунун ў чунон маҳорати баланде дошт, ки дар он давра касе ба ў баробар шуда наметавонист. Аз ҳамин давра сар карда якчанд асарҳои мусиқиро бо ҳамовозии арғунун эҷод мекунад. Дар давоми ҳаёти худ Бах ҳамчун омўзгор, навозандаи беҳтарини сози арғунун ва эҷодгари мусиқии арғунунӣ дониста мешуд.
Дар жанрҳои маъмули мусиқии замони худ ба монанди прелудия, фантазия, такатта, прелюдияи хорал ва фуга эҷод намудааст. Инчунин, китоберо бо унвони «Арғунун» навиштааст, ки дар он 46 хорал гирд оварда шудаанд.
Соли 1706 Иоҳан Себастянро ба серкови Власияи шаҳри Мюнхаузен даъват мекунанд. Дар ин ҷо бо хеши худ Мария Барбаре издивоҷ мекунад. Аз ин никоҳ ҳафт фарзанд ба дунё меояд, ки аз онҳо се нафарашон – Вилгелм, Иоҳан Кристиан ва Карл Филипп оянда навозанда ва оҳангсозони номӣ мешаванд.



Фарзандонаш Вилгелм, Иоҳан Кристиан ва Карл Филипп

Дар ҳамин давра Иоҳан Себастян Бах контатаи идонаи «Офаридгор – шоҳи ман»-ро эҷод мекунад, ки аз ҷониби дўстдорони мусиқӣ хеле хуб пазироӣ меёбад.
Ҳангоми хизмат дар серков Бах асари худ «Муноҷот ба Иоан»-ро эҷод мекунад, ки то имрўз аз ҷониби роҳибони ҳамсаро (хор) иҷро карда мешавад. Бах дар серков ба ҷуз арғунуннавозӣ, инчунин ба тарбияи мусиқии наврасон, ҳамчун омўзгор машғул мешавад. Дар шаҳри Лейпсиг гурўҳӣ ҳамсароёнро бо овозҳои мардонаи бас-тенер таъсис медиҳад. Онҳо дар маросимҳои дафн ва тўйҳо баромад карда, дар муддати начандон тўлонӣ шуҳрат пайдо мекунанд.
Иоҳан Себастян Бах дар навохтан ва эҷоди асарҳо барои созҳои клавишдор ҳунар ва маҳорати махсус дошт. Ў барои созҳои клавишдор асарҳои зиёд офаридааст, ки онҳо дар маҷмўаҳои «Машқҳо дар клавир» гирд оварда шудаанд. Инчунин 24 прелюдия, 15- инвенсияи 2- овозаю 3- овоза, 3- китоби сюита – сюитаҳои англисиву фаронсавӣ, Партитаҳои клавирӣ ва песаи «Увертюраҳо дар равиши фаронсавӣ», «фантазияҳои хролатинӣ» ва «консерти итолявӣ» эҷод намудааст .
Иоҳан Себастян Бах барои созҳои мусиқии скрипка -6 соната ва партит, барои сози виопангер 6-сюит, барои флейта соло 6-ниритит эҷод намудааст. Инчунин, 4-сюита барои оркестр ва асари калонҳаҷми худро бо унвони «Консертҳои Бранденбург»- соли 1721 эҷод кардааст.
Дар офаридаҳои Бах маъниҳои зиёд ва рангҳои гуногуни зиндагӣ хонда мешаванд. Шунаванда бо шунавоӣ ва мусиқидонии худ аз ин офаридаҳо мазмунҳоеро мехонад, ки барояш ғановати маънавӣ мебахшанд. Мусиқии Бахро новобаста ба халқияту миллат мардумони зиёде муштоқанд ва дўст медоранд. Ў дар жанри хорал, вариатсияҳо, (тағйирот) пораҳои мухталифи мусиқӣ, овозҳоеро ворид сохт, ки онҳо дар дунёи мусиқӣ офаридаи нав буданд. Ҳатто зумрае аз ҳамзамононаш ин кори ўро нодуруст мешумориданд, аммо барои ояндагон ин падидаи наве буд, ки махзани мусиқии ҷаҳониро бою ғанӣ гардонд.
Бах дар офаридани мусиқиҳои динӣ истеъдод ва ҳунари хоса дошт. Дар асари мусиқиаш «Муштоқи дидори Матвей» эҳсосоти волои инсонӣ, хулқу атвори ҳамидаи ў, қаҳрамонӣ ва хушбахтии инсон бо садои мусиқӣ инъикос ёфтааст.


Ҷо ба ҷогузории созҳои мусиқӣ, муратабии (компановка) овозҳо, тавозуни лаҳнҳои мусиқӣ ҳангоми навозиши ансамблҳои созиву овозӣ аз рўи дид ва нигоҳи нав ҷо ба ҷо гузошта шудааст.
Эҷоди Иоҳан Себастян Бах баъди солҳои 1725 рў ба густариш овард. Дар ин давра якчанд контата, песаҳои клавирӣ, консерт барои виолончел ва клавесин эҷод мекунад.
Дар синни 65-солагӣ вазъи саломатии Иоҳан бад шудан мегирад. Чашмонаш нобино мешаванд. Аммо ба нобиноии худ нигоҳ накарда, асарҳои зиёде меофарад.
28-уми июли соли 1750 Иоҳан Себастян Бах абадан олами фониро падруд мегўяд.
Дар давоми умри худ Бах зиёда аз 1000 асар дар жанрҳои гуногуни мусиқӣ эҷод кардааст. Дар эҷоди Бах мо ҷуз опера кариб тамоми жанрҳои эҷодии дунёи мусиқиро дида метавонем.
Имрўз асарҳои ўро дар Донишкада ва мактабу коллеҷҳои санъат, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимии мусиқӣ меомўзанд. Асарҳояшро навозандагони касбии тоҷик моҳирона менавозанд. Таи солҳои охир, чанд маротиба дар толори консертии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бахшида ба эҷод ва мусиқиҳои барои сози арғунун навиштааш бо иштироки меҳмонони хориҷӣ барномаҳои консертӣ баргузор гардиданд.
Иоҳан Себастян Бах бо ҳунар ва эҷоди худ дунёро тасхир кард. То ҳанўз асарҳои офаридааш аз ҷониби дўстдорони мусиқии касбӣ пазируфта шуда, дар толорҳои консертии ҷаҳонӣ садо медиҳанд.
Ў нобиға буд ва нобиға мемонад.

Тағоймурод Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: