Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Навои арғунун

Навои арғунун

25-01-2018, 06:00
Хабарро хонданд: 239 нафар
Назарҳо: 0


Навои  арғунун

Дар ҷаҳони мусиқӣ сози арғунун нодиртарин асбоби мусиқӣ ба ҳисоб меравад. Дар байни мардуми ғарб ривояте ҳаст, ки гӯё сози арғунун аз олами улвӣ ба мо мо омада расидааст ва онро ба сози қудсиён мутааллиқ медонанд. Арғунунро мусиқашиносон ва навозандагон шоҳи тамоми созхои мусиқӣ меҳисобанд ва он қадимтарин сози мусиқӣ дониста мешавад.
Сози мазкур дар асри 3 то солшумории мелодӣ пайдо шудааст. Нахуст арғунун гидравлюс ном дошт ва он аз ҷониби Ктейсибӣ ном шахс, ки дӯстдори созхои мусиқӣ буд, дар шахри Александрия ихтироъ шудааст. Ин сози мусиқӣ дар ибтидо сутуни калоне дошт,ки байнаш сурох буд ва аз боло ба он об мерехтанд.Оби ба сутун воридшуда ҳаворо фишор меовард ва ҳавои фишор хурда ба найчаҳо дохил шуда садо мебаровард. Ин намуди арғунунҳоро дар иподромҳо, ҷашнвораҳо,бозиҳои ҳарбӣ дар Рим ва Юнони қадим истифода мебурданд.
Бо мурури замон сози арғунун рушд ёфта ба худ шакл ва намуди нав гирифт ва имрўз яке аз мураккабтарин созҳои мусиқӣ дониста мешавад. Дар асри панҷ роҳибони калисоҳои Испания ин созро ҳангоми ибодат истифода мебурданд. Оҳиста¬- оҳиста арғунун дар тамоми калисоҳои Аврупо мавриди истифода қарор гирифт ва ҳамчун сози асосии калисоҳо дониста мешуд.
Арғунун дар созгоҳи худ ба ҷуз клавиатураҳои дастӣ, ки онҳоро мануал меноманд, инчунин бо пой низ навохта мешавад.Ҳамвора бо пой ва ба даст навохтани арғунун аз навозанда қувваи хуби шунавоӣ, ҳунар ва маҳорати махсусро тақозо дорад. Арғунунҳои муосир ба ҷуз клавиатураҳо ,инчунин то ҳафт фишангҳои пойӣ доранд. Шумораи найчаҳои садобароранда аз 30 то 33 ҳазор адад мерасад.

Арғунуне, ки дар толори консертии Донишкадаи Давлатии Санъати Тоҷикистон васл карда шудааст, дар Осиёи Марказӣ аз ҷихати ҳачм калонтарин арӣунун дониста мешавад ва соли 2011 бо супориш ва кӯмаки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблаѓи 1-миллион сомонӣ таъмир ва тармим карда шуд. Алҳол, дар барномаҳои консертӣ ва таълимии шогирдони ин даргоҳи ҳунар васеъ истифода бурда мешавад.
Дар дунёи мусиқии мо тоҷикон низ сози мазкур таърихи қадима дорад.. Мо дар ашъори адибони гузашта борҳо мафҳуми арғунунро хондаем.
Гарчӣ беҳушам зи дарди ишқ баҳри имтиҳон,
Дар таҳаррук нолаҳои арғунун орад маро.
Дар баъзе махазхои таърихии сози арғунунро ба асбоби торӣ нисбат медиҳанд. Абдуллоҳи Хоразмӣ дар асри 12 аз асбоби торӣ будани он ва шакли кадумонанд доштанаш хабар додааст. Мусиқашинос ва ромишгари асри 17 Дарвешалии Чангӣ навишта, ки арғунун сандуқмонанд буда, дусад тор дорад ва онро чил нафар менавозад.

Ба ҳар ҷо арғунуни айш дар соз,
Ба ҳар ҷониб даре аз хуррами боз.

Тайи ҳазор дар авроқи нотакрори назми классикии мо тоҷикон бо меҳру муҳаббат арғунуни фалакро васф мекарданд. Имрўз арғунун аз саҳрои фаррохи орзуву омоли бузургони миллатамон, аз осмони тахаюли онҳо ба беҳтарин саҳна Тоҷикистони соҳибистиқлол фуруд омад.
Арғунун рамзи пайвандии мо бо тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад ва оҳанги он нишони ҳамбастагии мо бо мусиқии ҷахони аст. Бо лаҳни мутантани суруди милли ҳамовоз гардидани арғунун рамзи қудрату тавоноӣ пайдо кардани давлат ва миллати тоҷик мебошад.
Дар охир хаминро бояд иброз дорам, ки имрўз санъати мусиқии касбии тоҷик сол рў ба инкишоф овардааст. Композиторон, мусиқашиносон, мутрибон ва сарояндагони точик мекушанд , бо эчод, дониш ва ҳунари худ нуфуз ва номи миллати моро баланд бардоранд. Сози арғунун, ки чун инъикосгари фаҳмиши баланди мусиқӣ доштанамон аст, ҳамчун пайвандгари мусиқии касбии тоҷиқ ба мусиқии ҷаҳонӣ дониста мешавад.

Тағомурод Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: