Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Назаре ба таърихи пайдоиши китоб

Назаре ба таърихи пайдоиши китоб

26-03-2019, 11:36
Хабарро хонданд: 576 нафар
Назарҳо: 0
Назаре ба таърихи пайдоиши китоб

Китоб - аз калимаи арабӣ: كتاب гирифта шуда — навиштаҷоти варақҳои ҷилдшудаест, ки воситаи интишоргардонӣ ва нигоҳдории маълумот, идея, образ (тасвир) ва донишҳост. Китоб васоили муҳимми ахбори оммавӣ, илмӣ ва техникӣ, аслиҳаи пурзӯри муборизаи сиёсию идеологӣ дар паҳнкунӣ ва тарғиби дониш, маълумот ва тарбия ба шумор меравад. Китоб маҳсулоти саноати полиграфӣ ва китобчопкунист.

Ҷамъ кардану нигоҳ доштани Китоб ба китобхона ва тасвири он ба библиография вобаста аст.

Асари ҳаҷман беш аз 3 ҷузъи чопӣ, яъне аз 48 саҳифаи чопӣ кам набударо шартан китоб гуфтан мумкин аст.

Таърихи пайдоиши китоб ба тараққиёти сухан, хат, забон, адабиёт, санъат, техника ва илм алоқа дорад. Дар замонҳои қадим дар рӯйи санг, чӯб, сафол, мису фулузоти биринҷӣ, баргҳои дарахтони нахл, устухонҳо ва ғ. аз одамон дастнависҳо боқӣ мондаанд, ки ба китоб мансубият доранд. Аввалин дастнависҳои папирусӣ дар Мисри Қадим ёфт шудаанд, ки ба ҳазораи 4-3-юми то м. мансубанд. Дар а. 6 бори якум ксилография (асбоби махсуси китобчопкунӣ) ба кор даромад.

Дар ҳамон давраҳо бо ёрии литери (қолибчаҳои) махсус (аз гилу чӯб тайёр карда мешуд) чоп карданро ҷорӣ намуданд. Минбаъд нашр кардани китобҳо дар Корея бо ёрии литерҳои фулузӣ китобчопкунӣ ҷорӣ шуд, ки барои такмили минбаъдаи интишори китоб ёрӣ расонд.

Китобҳои Юнони Қадим, ки ба а. 9 то м. тааллуқ доранд, дар папирус навишта шудаанд. Дар Рим интишори китобҳо авҷ гирифта буд, ки ба он бештар ғуломони махсус ҷалб карда мешуданд. Аврупо дар китобчопкунӣ аввал аз папирус ба варақҳои яклухт, баъд ба пергамент (пӯст) ва ниҳоят ба коғаз гузашт. Авесто ҳам аввало дар пергамент (а. 1 то м.) навишта шудааст. Дар Аврупои асримиёнагӣ китобҳо мазмуни динӣ дошта, ба забони лотинӣ чоп мешуданд. Назар ба баъзе маълумотҳо дар Самарқанд китобҳои қадимаи қоғазие ёфт шудаанд, ки мутааллиқ ба асри 8 мебошанд.

Вобаста ба китобнависӣ хаттотӣ, муқовабандӣ барин касбҳо пайдо мешаванд. Дар асрҳои миёна дар Осиёи Миёна, аз ҷумла, дар Ҳисор санъати хаттотӣ хеле инкишоф ёфт. Асарҳои мутафаккирон Абӯрайҳони Берунӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣ, Улуғбек ва диг. аз тарафи хаттотҳо рӯйнавис шуда, байни хонандагон паҳн карда мешуданд.

Санъати хаттотӣ дар Осиёи Миёна дуру дароз давом кард. Ҳатто баъди кашфи асбоби китобчопкунӣ ҳам китобҳо бо роҳи дастнавис зиёд карда мешуданд, ки вақт ва меҳнати зиёдеро талаб менамуд. Аз онҳо оммаи васеъ баҳраманд шуда наметавонист. Дар натиҷаи афзоиши талабот ба китоб ксилография пайдо шуд.

Солҳои 40-уми а. 15 дар Германия аз тарафи Иогани Гутенбург (1400-68) ихтироъ намудани воситаи китобчопкунӣ пай дар пай такмил ёфта, ба дигар мамлакатҳо ҳам паҳн шудан гирифт. Соли 1468 дар Чехословакия ва Швейтсария, 1470 дар Фаронса, 1473 дар Полша ва Венгрия, 1477 дар Англия китобчопкунӣ ҷорӣ гашт. То январи с.1501 калимаҳои чопшуда инкунабула ва минбаъдааш палеотип, дар Россия калимаҳои аввалини чопӣ Апостол ном доштанд.

Соли 1564 дар Москва аз тарафи Иван Фёдоров (ваф.1583) ва Пётр Мстислав (ваф. 1580) ба табъ расидаанд. Охири асри 18 ва аввали асри 19 дар санъати чопи китоб матбаа, донишу зинати бадеӣ, ҳамчун соҳаҳои мустақил ривоҷ ёфт. Соли 1798 бо ихтироъ шудани литография (чопи сангӣ) кори китобчопкунӣ, хусусан бо суратҳо оро додани китоб осон гардид.

Дар Осиёи Миёна китобчопкунӣ баъди ба Россия ҳамроҳ шудан таъсис ёфт. Китобҳои мактабҳои мусулмонӣ ва русии маҳаллӣ дар Осиёи Миёна дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Қазон, бо ҳуруфоти арабӣ ва русӣ чоп мешуданд.

Баъди Револютсияи Кабири Сотсиолистии Октябр дар Осиёи Миёна давраи нави тараққиёти китоб сар шуд. Соли 1920 ба забонҳои миллӣ нисбат ба соли 1932 ду баробар зиёд китоб аз чоп баромад. Ноширону матбаачиёни шӯравӣ маҳз ба чопи китобҳои оммавӣ эътибори калон медоданд. Аз китоб оммаи васеи меҳнаткаш баҳраманд мешуданд.

Баъди Револютсияи Кабири Сотсиолистии Октябр дар Осиёи Миёна давраи нави тараққиёти китоб сар шуд. Соли 1920 ба забонҳои миллӣ нисбат ба соли 19132 ду баробар зиёд китоб аз чоп баромад. Ноширону матбаачиёни шӯравӣ маҳз ба чопи китобҳои оммавӣ эътибори калон медоданд. Аз китоб оммаи васеи меҳнаткаш баҳраманд мешуд. Китоб ба аслиҳаи пурзӯри мафкуравии КПСС ва Ҳукумати Шӯравӣ табдил ёфт. Китоби шӯравӣ дар ҷаҳон аз ҳама баландғоя, пешқадамтарин буд. Дараҷаи идеявӣ ва илмии китобҳои советӣ мунтазам баланд шуда, ороиши бадеӣ ва полиграфии онҳо тадриҷан беҳтар мешуд. СССР аз ҷиҳати китобчопкунӣ дар ҷаҳон ҷойи аввалро мегирифт. Дар давоми солҳои 1918-80 дар СССР бештар аз 3,1 млн номгӯй китоб, брошюра бо шумораи умумии 53,6 млрд нусха чоп карда шудаанд.

Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ китоб ва брошюраҳо ба 151 забон, аз ҷумла ба 89 забони халқҳои СССР нашр гардидаанд. Солҳои Ҳокимияти Советӣ дар СССР қариб 68 ҳазор китобҳои нависандагони 76 миллат ва халқият бо теъдоди умумии 1 млрд 200 млн нусха чоп карда шудааст.

Вусъат ёфтани базаи полиграфии бо техникаи ҳозиразамон таҷҳизонидашуда, афзоиши шумораи кадрҳои баландихтисоси саноати полиграфӣ ба зиёд гардидани миқдори китобҳо сабаб шуд.

Дар Тоҷикистон 3 нашриёт, комбинати калони полиграфии бо техникаи замонавӣ ҷиҳозонидашуда вуҷуд дошт. Нашриёти «Ирфон» ҳар сол асарҳои сершумори классикони адабиёти форсу тоҷик, адибону олимон, мутахассисони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, инчунин китобҳои муаллифони мамлакатҳои хориҷиро бо забони тоҷикӣ аз чоп мебаровард. Нашриёти «Маориф» бошад, ба чопи китобҳои дарсӣ машғул буд. Нашриёти «Дониш» китобу брошюраҳои илмию оммавӣ чоп мекард.

Китобҳо дар нашриёти тоҷик бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ) нашр мешаванд. Дар Тоҷикистон ба ороиши бадеии китоб низ аҳамияти бағоят калон дода мешуд. Дар ин соҳа К. Туренко, П. Зобнин, Д. Винокуров, С. Вишнепольский, В. Будный ва дигарон хизмати шоён кардаанд. Танҳо соли 1980 нашриётҳои ҷумҳурӣ 590 номгӯй Китобу брошура бо тиражи умумии бештар аз 4 млн нусха чоп намуданд.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути дастгоҳҳои навтарин китобҳои зиёди сифатан хуб чоп карда мешаванд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: