Занонро бас нест ҳамон як ҳунар!6-12-2018, 14:40
Хабарро хонданд: 363 нафар
Назарҳо: 0
Як рӯз зане пеши Абӯалӣ ибни Сино меояд ва мегӯяд: «Эй шайх, аз вуҷуди ҷанин дар батнам 5 моҳ сипарӣ мешавад. Чандест ӯро эҳсос мекунам, мехоҳам, ки фарзандам дар оянда бо донишу хушахлоқ ба воя расад. Барои ин чӣ кореро бояд анҷом диҳам, оё метавонам ҳамакнун ба тарбияи ӯ шурӯъ кунам? Шайхурраис дар ҷавоб мегӯяд: Шумо 5 моҳ дер кардед, модари азиз, зеро фарзандатон аллакай калон шудааст. Ба тарбияи ӯ бояд аз моҳи аввал шурӯъ мекардед» Имрӯзҳо дар раставу бозор ва кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бетартибиҳои бисёре аз тарафи кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва ҳатто калонсолон низ дида мешавад. Ба андешаи солдидагон пештар чунин рафторҳои ноҷо аз тарафи мардҳо сар мезад, ҳоло бошад занҳо низ рӯирост даст ба бетартибиву корҳои ношоиста мезананд. Ин омил бо суръати тез рушд карда истодааст ва ҳеҷ гуна интиқоди калонсолон ба наврасону ҷавонон таъсире надорад. Ҳолатҳои зиёде ба мушоҳида мерасад, ки чунин афрод ба насиҳати дигарон гӯш кардан як сӯ истад, ҳатто носеҳро, ки мехоҳад онҳоро аз рафтори бадашон огоҳ созад, ҳақорату тавҳин мекунанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Маъсулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» чандест, ки қабул шуда ва фаъолият дорад, аммо ба назар мерасад, ки ҳанӯз кам таъсиреро рӯи кор овардааст. Кӣ гунаҳкор- падар ё модар? Бо мақсади дарёфти посух ба ин савол бо нафарони зиёде аз табақаҳои гуногуни ҷомеа суҳбат кардем. 90 дарсади ҳамсуҳбатони мо ин масоилро бар дӯши модарон вогузор мекунанд ва мегӯянд, ки дар тарбияи фарзанди солеҳу хушахлоқ модарон вазифа ва уҳдадории аввалиндараҷаро доранд. Ин саволнома, андеша «Саҳми кӣ дар тарбияи фарзанд бештар аст?» маълум кард, нишон дод, ки аксари посухдиҳандагон мавқеи модаронро дар ин ҷода муҳимтар донистаанд, гарчанде ки нисфи онҳо худи занон буданд. Яке аз устодони донишгоҳ, ки нахост номашро зикр кунем, дар суҳбат бо мо гуфт, ки : - Донишҷӯён бештари вақт дар дарсҳо бетартибӣ мекунанд, ҳатто ба лексияи муаллимон гӯш намеандозанд. Аммо дар давраи санҷиш, ҳангоме ки балли (хол) паст мегиранд, волидайнашонро пеши мо мефиристанд. Модари яке аз чунин донишҷӯён ба пешам омада, зораву илтиҷо кард, ки баҳои фарзандашро монам, то ӯ аз донишгоҳ хориҷ нашавад, дар ҳоле ки фарзандаш яке аз бетартибтарин донишҷӯён буд, ки ман дарс медодам. Гуфтам, пеш аз он, ки ба назди муаллимон омада зора кунед, фарзандатонро тарбия намоед хубтар нест? Он зан ҳам гашта ба тарафам гуфт, ки мо ба умеди устодон ҳастем ва шумо бояд онҳоро тарбия кунед. Хун дар сарам ҷӯш зад ва гуфтам аз 24 соати як шабонарӯз фарзандатон танҳо 4 ё 5 соаташро дар донишгоҳ мегузаронад, чӣ хел мешудаст устодон ӯро тарбия кунанд, дар ҳоле, ки вазифаи мо пеш аз ҳама таълим аст, тарбия аз аввал ба дӯши волидон буд. Банда мехоҳам гӯям, ки модарони азизи мо дар тарбияи дурусти фарзанд, мавқеи хеле муҳим доранд, ҳатто болотар ва бештар аз падарон. Бинобар ин, бояд аввал фарзандонашонро хуб тарбия карда, баъд биёянд онҳоро пуштбонӣ баҳову таълимашро аз устодон талаб кунанд. Донишҷӯе, ки тарбия дорад, банда дар бисёр ҳолатҳо ба сатҳи донишашон нигоҳ накарда, хол ё баҳояшонро бе ягон мамаоният мегузорам,-мегӯяд ин устоди ранҷида. Чаро ҳанӯз ҳам мардон аз занони соҳибмаълумот метарсанд? «Агар хоҳед ҷомеа солим, фарзандонатон соҳибмаърифат ва давлат пешрафта бошад, пас нахуст аз донишу фаҳмиши модарон шурӯъ кунед»,- мегӯяд сиёсатмадор ва ҷомеашиноси англис Ҷон Локк Мутаассифона, дар ҷомеаи мо баръакс баъзе мардон аз зани соҳибмаълумот ва донишманд меҳаросанд. Заррина як духтар аз ноҳияи Рашт, ки имсол синфи ёздаҳумро хатм мекунад, мегӯяд, ки ба ягон донишгоҳ, ҳатто дар худи ноҳия низ дохил намешавад. Ба қавли ӯ орзуи хонданро ҳанӯз дар синфи поёнӣ буданаш, падар дар дили ӯ кушта буд ва акнун соҳибмаълумот шудан ё нашудан барои ӯ муҳим нест. - Падарам гуфт, ки ҳатто фикрашро накунам, ки рӯзе бояд донишҷӯ шавам, зеро барои ӯ зуд «харидор» пайдо карданам болотар аз соҳибмаърифат шуданам аст. Ӯ мегӯяд, ки агар нохоста ба ягон донишгоҳе таҳсил кардӣ, дигар ҳеҷ кас ба дари мо барои хостгориат намеояд ва мо беобрӯй мешавем. Чун ҳеҷ кас дар он ҷо дӯст намедорад, ки духтари хондагиро келин кунад ва ё ба занӣ гирад. Бештари бачаҳои мо аз духтари хондагӣ ҳарос доранду бо ӯ ба чашми шубҳа нигоҳ мекунанд. Одатан чунин духтарон дар шаҳр мемонанд. Онҳо дар деҳаҳои мо ҳеҷ гуна обрӯю эҳтиром надоранд. Духтарони ҳамқисмати ман бисёр ҳастанд, бинобар, чунин ҳолат ба ман сахт таъсир намекунаду онро ҳамчун ҳаёти рӯзмара ва сарнавишт ногузир қабул мекунам,-мегӯяд Заррина. Кумитаи занон чӣ гуфт? Сабабҳои бетарбия калон шудани аксари кӯдакон ва ҷавонон инчунин бар дӯши кӣ будани ин вазифа моро водор сохт, ки назари маъсулини Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ дар мавриди он донистан хостем. Онҳо низ ҳангоми суҳбат ҷараёни тарбияи нодурусти фарзандон аз тарафи падару модаронро тасдиқ карда гуфтанд, ки: - Як омили бетартиб ва бадахлоқ ба воя расидани кӯдакон пеш аз ҳама хунукназарӣ ва бепарвоии модарон нисбати фарзандонашон аст. Мушкил танҳо дар ин нест, чун донишу маърифат ҳам дар ҳаёти занон нақши муҳимеро анҷом медиҳад, аммо мутаассифона на ҳамаашон ба он дастрасӣ доранд, вале бояд гуфт, ки ин омил танҳо айби занон нест, зеро мардони бисёре ҳастанд, ки соҳибмаълумот шудани занонро хуш надоштанд ва ҳоло ҳам. Аммо ба ин нигоҳ накарда, боз ҳам тарбияи фарзандонашонро ба гардани занон мепартоянд, гӯё ин амал махсусан вазифаи онҳо бошад. Вале дар асл чунин нест тарбияи фарзандон бояд ду ҷониба бошад, яъне ҳам падар ва ҳам модар дар ин кор масъуланд. Мо бисёр мушоҳида мекунем, вақте ки кӯдакон дар даст китоб пеши модаронашон мераванду аз онҳо хостори фаҳмондани як мафҳум ё ягон саволи дигаре шаванд, бештари модарон ё лол мемонанд ё пеши падарат рав гуфта ӯро аз худашон дур мекунанд, вале ин ҳам масъалаи асосӣ шуда наметавонад, чун аз дониш то фаросат фарқияти калон аст. Аммо аз чӣ бошад бештари занони мо ба фарзандонашон на танҳо таълим дода наметавонанд, балки тарбияро низ. Бигзор гӯем, ки онҳо дар вақташон нахонданд, аммо таҷрибаи рӯзгор ку, доранд, бадро аз нек ва рафтори хубу нохубро аз ҳамдигар фарқ карда метавонанд. Чаро вазифаи ҷонӣ ва аввалиндараҷа, яъне тарбияро фаромӯш мекунанд? Охир вазифаи модар танҳо ба дунё овардани фарзанд нест! Мо дар ин масъалаҳо ба минтақаҳову ноҳияҳои дуру наздики кишвар сафарҳои хидматӣ анҷом медиҳем, бо мушкилоти занон аз наздик ошно мешавем, роҳҳои ҳалли баъзе масъалаҳоро мефаҳмонем то занон ҳар чи бештар аз ҳуқуқу озодиҳо ва масъулияташон дар назди оила огоҳ шаванд. Минбаъд низ тасмим гирифтем то фаъолиятамонро густурдатар ба роҳ монем ва пеш аз ҳама занонро дасгирӣ кунем, то мавқеи худро дар ҷомеа рӯшан ва мустаҳкам намоянд,- мегӯянд кормандони ин ниҳод. Чаро ҳамсояҷанг? Чанде пеш дар маҳаллаи 103- пойтахт доду фиғони ду зани ҳамсоя баланд шуд. Ҳарду бо забони қабеҳ ҳамдигарро бад мегуфтанд. Гирду атроф пур аз тамошобин. Дар ин мунозира кӯдакону наврасон низ ҳузур доштанду ба мисле, ки навори ҷолиберо тамошо дошта бошанд, бо шавқ ва ханда аз ҷангу хархаша ва ҳақорати ин ду зан лаззат мебурданд. Ин саҳна хеле хашин буд ва албатта ба зеҳну тарбияи кӯдаконе, ки дар он ҷо ҳузур доштанд таъсири манфӣ мерасонд, ҳол он ки чунин бетартибӣ маҳз аз тарафи модарон сар зад. Кӯдакону наврасон аз чунин рафтори модарон кадом тарбияи мусбатро гирифта метавонанд? Баъдан маълум шуд, ки ин ду зан барои ҷанҷоли фарзандонашон бо ҳам дарафтоданд. Ҳар кадом мекӯшиданд, ки фарзанди худро бе гуноҳ бароварда дар ин бетарбиятӣ ҳамдигарро гунаҳкор ва дашном медоданд. Аз рафтори ҳардуяш ҳайратам афзуд, наход инсон то ин дараҷа бефаҳм бошад, ки барои шӯхиву бозии бачаҳо, ки баъзе вақтҳо албатта ба хархашаи ночизе рӯ ба рӯ мешаванд, ин қадар ҷоғ задаву тамоми гирду атроф ва ҳамсояҳоро тамошобин кунад. Аммо боз ҳам ҳамон масъала! Ҳамсояҷанг низ аз тарбияи нодурусти фарзандон ва худи модарон сар мезанад, ки солҳо боиси кинаву адоват ва нофаҳмоии байни ҳамдигарии онҳо мешавад. Фирдавсӣ гуфт, аммо… Фирдавсии бузург дар замонаш як ишорае карду рафт, аммо ин маънои онро надорад, ки суханони ӯ мутлақанду тағйирнопазир. Дар ҳоле ки дар замони имрӯз, ҳатто китобҳои осмониро ҳам ҳар касе ба таври худаш тағйир додан мехоҳанд. Баъзе камхирадон ҳоло ҳам бар он мӯътақиданд, ки вазифаи занон танҳо таваллуд кардани фарзанд аст ва мутаассифона бисёре аз модарон низ ба ин андешаҳо ҳамоҳангӣ карда, нақши «инкубатор»-ро иҷро карданӣ мешаванд. Фарзандҳои бисёр, пайи ҳам, бе тахир ҳатто баъзеҳо гузашти солро низ интизор нашуда, боз кӯдаки навбатиро таваллуд мекунанд. Кам занон дар фикри тарбияи фарзандонашон ҳастанд, чун фикр мекунанд, ки вазифаи худро бо таваллуд кардан ба анҷом расонидаанд. Бехабар аз он ки муҳимтарин уҳдадориашон тарбияи фарзанд аст, бигзор он як то ҳам бошад, аммо солеҳу бомаърифат бошад. Мутаассифона бархе имрӯз ин байти Ҳаким Фирдавсиро тобиши дигар додаанд, ки наметавон ба он фикр розӣ шуд: Занонро бас аст, ҳамин як ҳунар, Бишинанду зоянд шерони нар Дурусташ Фирдавсӣ низ бар он назар набуд, ки модарон таваллуд кунанду он тарафашро ба ҷомеа, мактаб, устодон ҳавола кунанд ва аз тарбия хонавода ҳеҷ хабаре набошад. Манзури шоир аз «шерони нар» ҳамон қаҳрамононе аст, ки имрӯз ватану миллатро дар ҷаҳон муаррифӣ мекунанд, бо дониш, бо ақлу заковат ва дар охир бо паҳлавониву ҷасуриашон. Албатта нахустин мураббӣ ва устодашон дар зиндагӣ зан - модар будааст, ки то ба ин ҷодаҳо расидаанд. Манзур аз овардани ин гуфтаҳо, албатта танқиди модарон набуд, балки мушоҳидаҳое, буд, ки ҷомеаи солим дар ҳар давру замон ба он мӯҳтоҷ буд ва аст. Яъне тарбияи фарзанд як раванди муҳим ва дар баробари он аз мушкилоти ҷомеа мебошад, ки имрӯз дар ҳар қадам метавон ба он дучор шуд. Гулҳаёи Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.