Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

АНДЕША

14-03-2018, 10:18
Хабарро хонданд: 356 нафар
Назарҳо: 0
АНДЕША

Истиқлолияти комили сиёсии мамалакати мо дар самти бедории миллӣ ва бузургдошти рукнҳои асосии давлатдорӣ, ки яке аз онҳо забон мебошад, таккони ҷиддӣ бахшид. Масъалаҳои мубрами забони тоҷикӣ, ки инъикосгари дирӯзу имрӯзи миллати тоҷик аст, пайваста мавриди омӯзиш қарор гирифта, асолати он имрӯз бар пояе, ки ҳазор сол қабл дар ихтиёр дошт, устувор гашт. Дар ин ҷода саҳми родмардони илми тоҷик беҳисоб буда, бо таълифоти арзандаи хеш пайваста афзалияти забони ноби тоҷикиро ҳамчун як ҷузъи муҳими давлатдорӣ таъкид месозанд.
Китоби тозанашр зери унвони «Забони миллат – ҳастии миллат», ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиф гардидааст, пажӯҳиши сарива қтӣ ва хеле муҳим ба ҳисоб рафта, умдатарин масъалаҳои таърихи забонамонро фаро гирифтааст. Асари мазкур аз ин силсила китоби аввал буда, аз пешгуфтор, 6 боб, 26 фасл, хулоса ва китобнома мураттаб гардидааст.
Сайри таърихии забони тоҷикӣ ба ҳар ранг буда, дар ин самт он шебу фарозҳои зиёдеро аз сар гузарондааст. Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ новобаста ба ҳама он бадбахтиҳои ба сараш омада, ҳамеша рисолати таърихии худро дар назди Хал қу Ватан иҷро намудааст ва беҳтарин намунаи онро мо имрӯз ба мерос гирифтаем. Истиқлолияти давлатӣ барои рушду такомули забони тоҷикӣ заминаи мусоидро фароҳам овард, ки самараи онро мо имрӯз бараъло мушоҳида мекунем. Бар замми ин соҳибисти қлолӣ имконият дод, ки назари давлату миллатро ба та қдири минбаъдаи забон куллан дигаргун созад, то дар раванди ҷаҳонишавии забонҳои мухталифи дунё ҳомиву пуштибони асили он бошанд. Ин ва дигар масъалаҳои ба таърихи забони тоҷикӣ вобаста дар пешгуфтори китоб хеле мӯшикофона ва нуктасанҷона ба риштаи таҳ қи қ кашида шудаанд, ки хонандаро барҳа қ ба арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ раҳнамун месозад.
Забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз забонҳои таърихи қадима дошта, давраҳои гуногуни инкишофро аз сар гузарондааст, ки ҳа қи қати ин масъала аз ҷониби муҳа қ қи қони мухталиф ба ҳар тарз баён гардидааст. Боби якуми асар маҳз ҳамин мавзӯъро фаро гирифтааст. Муаллиф дар такя бо сарчашмаҳои фаровони муътамади илмӣ ба хулосае меоянд, ки ба ин масъала ҳанӯз нукта гузошта нашудааст. Таъкид месозанд, ки «Маҳз давраҳои таърихии ташаккули ҳар кадом забон дар асоси осори хаттии ҳар як давраи инкишоф ташхис ва таҳ қи қ гардида, чигунагии ташаккули вижагиҳои савтӣ, луғавӣ ва сохти грамматикии забон дар тӯли ҳазорсолаҳо муайян карда мешавад». Назари дигаре, ки дар ин қисмат таваҷҷуҳи хонандаро ҷалб месозад, ин та қсимбандии забонҳои эронии давраи бостон аст. Забонҳои авестоӣ, модӣ, форсии бостон, портӣ, паҳлавӣ, бохтарӣ ва суғдӣ ҳамчун намунаҳои беҳтарини забонҳои қадима ба қалам дода шуда, таъкид мегардад, ки онҳо на қши боризеро дар инкишофи минбаъдаи забони тоҷикӣ гузоштаанд.
Муайян кардани мансубияти миллии хал қи мо, ки унвони «Тоҷик»-ро гирифтааст, даҳсолаҳост, ки таваҷҷуҳи олимони дунёро ба худ ҷалб намуда, дар ин бобат онҳо назарияҳои гуногун пешниҳод намудаанд. Дар ҳар сурат, бо ифтихормандӣ бояд қайд намоем, ки вожаи «тоҷик» имрӯз муаррифгари як миллати куҳанбунёду соҳибтамаддун буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ аллакай онро бо ҳамин ном шинохтаву эътироф намудааст. Мавзӯи марказии боби дуюми китобро маҳз ҳамин нукта ташкил дода, муаллиф ҷолибтарин а қидаҳои олимонро аз нигоҳи му қоиса ва умумияти назарӣ тафсир медиҳанд. Бо қаноатмандӣ зикр менамоянд, ки ин вожа бевосита бо калимаи «тоҷ» қаробат дошта, ҳамрадиф ва ҳаммаънои «ориёӣ», яъне наҷибзодагон аст. Дар ин радиф номи забонро низ бевосита бо унвони миллат «забони тоҷикӣ» ном бурда, онро забони давлатӣ ва расмиву коргузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд.
Тавре зикр намудем, забони тоҷикӣ тӯли таърих ба нобасомониҳои зиёде рӯбарӯ гашта, бо вуҷуди хавфи нестшавӣ рисолати азалии хешро нигаҳ дошт ва рушд кард. Сари ин ҳама пайкору талошҳои аз байн бурдани забон ва фарҳанги миллати тоҷик истилои араб хеле чашмрас буда, о қибатҳои ногувори он то ҳанӯз пойбарҷост. Нест кардани олитарин ганҷинаҳои маънавии миллат аз ҷониби сарлашкарони араб, ки намунаи бадтарини ваҳшонияти инсонист, то андозае пояҳои забони моро заиф кард ва захираи луғавии онро ба ҳадди диданӣ бо унсурҳои арабӣ, ки баъзан зарурати будани онҳо зери бори шубҳа қарор дошт, махлут гардонд. Маҳз ҳамин нукта бо таассуфи зиёд дар боби сеюми китоб таъкид гардида, муаллиф истилои арабро яке аз бадбахтиҳои азим дар нисбати забон, фарҳанг ва тамаддуни чандинҳазорсолаи аҷдодони мо медонанд. «Ин буд, ки истилои араб қавмҳои ориёиро дар вартаи фано қарор дода, хатари беному нишон гаштан ва аз арсаи тамаддуни ҷаҳонӣ бадар рафтани онҳоро ба во қеият наздик карда буд». Дар ниҳоят офтоби умеди миллат тулуъ намуда, алорағми ин ҳама зӯроварӣ ва хатарҳои ҷиддӣ забони тоҷикӣ (дарӣ, форсии тоҷикӣ) дар му қобили забону фарҳанги арабӣ истодагарӣ кард ва худро ҳамчун пайвандгари дирӯзу имрӯзи хал қҳои эронӣ муаррифӣ намуд.
Дар баробари шакли гуфтории забон паҳлуи навиштории он низ муҳим буда, донистани нахустин сарчашмаҳои хаттӣ ва дар кадом замина ба вуҷуд омадани онҳо барои ҳар як соҳибзабон зарур аст. Хушбахтона, забони тоҷикӣ аз зумраи он забонҳоест, ки дар ин самт низ соби қаи дерина дорад ва намунаҳои хаттии он ҳанӯз ба замони пеш аз зуҳури дини Ислом рафта мерасанд. Маълум мегардад, ки ниёгони мо ҳанӯз пеш аз истилои араб соҳиби хату шуури баланди фарҳангӣ буда, махзани эҷоди назму насрро дар ихтиёр доштаанд. Зиёда аз панҷоҳ намунаи назму насри қадимаи бо забони тоҷикӣ иншошуда дар асар мавриди таҳ қи қи ҳамаҷониба қарор гирифта, аввалин намунаи шеърӣ ба Абуҳафси Ҳаким ибни Аҳваси Суғдии Самар қандӣ нисбат дода шуда, нахустин асари насрӣ «Му қаддимаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ» шинохта мешавад.
Масъалаҳои забони илм, истилоҳот ва роҳҳои ташаккули онҳо аз ҷумлаи он масъалаҳоеанд, ки беш аз ҳарва қта дар замони мо ба таҳ қи қи ҷиддӣ ниёз доранд, «зеро дар раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва сели хурӯшони ҳаводиси рӯзгори пурошӯби мо танҳо забони тавонманд ва ҷавобгӯи ниёзҳои илм ва фановарии муосир бо имконот ва соби қаю сали қаи худ метавонад дар баробари ин раванду ҳаводис устувору побарҷо бимонад». Дар ин асари пурмуҳтаво куҳантарин ва беҳтарин осори илмие, ки дар ташаккули илм ва омӯзиши истилоҳоти он на қши муҳим бозидаанд, мавриди таҳ қи қ қарор гирифта, афзалияти онҳо дар самти ғанӣ гардидани захираи луғавии забон аз ҳисоби истилоҳоти арабӣ ва худӣ собит гардонида мешавад.
Ба касе пӯшида нест, ки замони шукуфоӣ ва боландагии забони тоҷикӣ аҳди Сомониён буда, маҳз дар ҳамин давра он тавонист ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ намоён гардад. Ани қтараш дар ин давра он ба ҳайси забони расмии коргузорӣ шинохта шуд ва ҳамчун омили ҳамбастагии миллӣ ба тамоми қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр инти қол ёфт. Намояндагони хонадони Сомониён ба ҳастии забони дарӣ арҷ мегузоштанд ва ҷиҳати бартарӣ доштани он нисбат ба забони арабӣ кор мебурданд. Дар қатори аҳли дарбор шоирону адибон низ ба та қдири забони модариашон бетараф набуданд ва то метавонистанд ба тавассути эҷоди асарҳои худ пояҳои луғавию дастурии онро мустаҳкам менамуданд.
Бо завол ёфтани давлати абар қудрати Сомониён рушди забони тоҷикӣ хотима наёфт ва нуфузи онро давлатҳои баъдие, ки асосан бунёдгузоронашон қавмҳои ғайриэронӣ буданд, ба хубӣ эҳсос менамуданд. Лозим ба таъкид аст, ки ҳатто дар замони салтанати чунин хонаводаҳо забони тоҷикӣ ма қоми давлатиашро нигаҳ дошт ва ҳамчун воситаи асосии ифодагари тафаккури илмӣ ва фарҳангӣ амал мекард. Ин ҷо, махсусан, хидмати шоирону адибони он давраро бояд қадршиносӣ намуд, зеро маҳз онҳо тавонистанд бар ивази таъ қибу пайгириҳои пайвастаи ҳокимони давр ва баъзан сарбохтанҳо пояндагиву созандагии забони тоҷикиро таъмин созанд, онро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшанд. Ин ва дигар вижагиҳои забони тоҷикӣ дар аҳди давлатдории Сомониён мавзӯи марказии боби панҷум ва шашуми асарро ташкил додаанд. Ҷолиби ди қ қат аст, ки дар равиши таҳлили хусусиятҳои забони тоҷикӣ дар ин давра ҳамчунин намунаҳое аз осори адибони он замон бо шарҳу тавзеҳи зиндагинома ва осори бо қимондаашон оварда шудааст, ки, фикр мекунем, он баҳри муҳа қ қи қони таърихи адабиёт маводи хуби омӯзишӣ буда метавонад.
Бо ифтихор ва қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин асари тозанашри Пешвои миллат таҳти унвони “Забони миллат – ҳастии миллат” туҳфаи арзандаест баҳри ҳаводорони забони тоҷикӣ ва таърихи он. Китоби мазкур таълифоти ягона ва мукаммалест, ки дар он тамоми сарчашмаҳои то имрӯз мавҷудаи илмӣ истифода шудаанд. Боварӣ дорем, ки натиҷаҳои ин таҳ қи қоти сарива қтӣ мавриди омӯзишу истифодаи васеи олимони соҳа ва аҳли ҷомеа қарор мегирад ва дар самти та қвияти минбаъдаи худшиносии миллӣ, нигаҳдошти рисолати забон ва таҳкими давлатдории тоҷикон хидмати шоистаеро анҷом хоҳад дод.
Ҳомид Маҷидов, профессор.
Ҳамрохон Дӯстов, дотсент.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: