Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Чаро қабати озон дар сайёраи замин заиф гардидааст?

Чаро қабати озон дар сайёраи замин заиф гардидааст?

29-10-2016, 09:11
Хабарро хонданд: 557 нафар
Назарҳо: 0
Чаро қабати озон дар сайёраи замин заиф гардидааст?


Олимони ҷаҳон зимни таҳқиқот ба хулосае омадаанд, ки яке аз сабабҳои асосии вайроншавии қабати озон дар сайёра- таъсири антропогенӣ ё таъсири худи инсонҳост. Яъне, инсоният дар садаи 20-21 зимни кашфиёти нодир, дастовардҳои илму техника ва рушди соҳаҳои энергетика, саноат ва нақлиёт ба тағйирёбии иқлим дар сайёраи замин, ки яке аз омилҳои он заиф гардидани қабати озон аст, боис гардид. Тағйирёбии иқлими сайёра, хусусан сол аз сол гарм шудани ҳаво, обшавии пиряхҳо, ба амал омадани ҳодисаҳои нохуши табиӣ имрӯзҳо ҷомеаи башариро дар радифи дигар мушкилоти ҷаҳонӣ ба ташвиш овардааст. Тағйирёбии иқлим ба омилҳои мухталиф рабт дода мешавад. Яке аз онҳо зиёдшавии партовҳои газҳои гармхонавӣ, хусусан гази диоксиди карбон ба атмосфера аст. Ин газҳо дар натиҷаи сӯзонидани биомассаҳо -сӯхтори ҷангалу бешазор, нафт, ангишт, дар корхонаҳои саноатӣ ва партови нақлиёт, истифодаи дастгоҳҳу таҷҳизоти сардкунанда ва бухордиҳанда, ки дар рӯзгор ба таври васеъ истифода бурда мешаванд, хориҷ мегарданд.

Абдукарим Қурбонов- сардори Маркази миллии озони назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар мегӯяд, ки нахустин таҳқиқоти бонизом оид ба таъсири имконпазири антропогенӣ ба озони стратосфера солҳои 70-уми қарни XX гузаронида шуда, иттилоъ доир ба коҳиш ёфтани миқдори озон дар стратосфера пахш гардида буд. Маълум шуд, ки солҳои 70-ум дар болои Антрактида дар майдони 7-10 миллион км2 миқдори озон тақрибан 50% кам гардидааст. Рушди саноат, хусусан саноати химия боиси истеҳсол ва ба атмосфера хориҷ гардидани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, ба монанди хлорфторкарбонҳо( фреонҳои R 11,12 ва ғайра), галлонҳо, тетрахлометан, трихлорэтан (метилхлороформ), гидрохлорфторкарбонҳо (ГХФК-22), метили бромдор ва ғайраҳо гардиданд, ки онҳо дар шароити муқаррарӣ беҳаракат ва безаҳр буда, дар стратосфера зери таъсири нурҳои ултрабунафш таҷзия мешаванд. Ҳар як атоми хлор ба озодӣ баромада, метавонад ҳазорҳо молекулаи озонро вайрон намояд.

«Ховар»: Абдукарим Қурбонов бигӯед, ки озон чист?

Абдукарим Қурбонов: Озони стратосферӣ зери таъсири афканишоти ултрабунафши офтоб аз молекулаҳои оксиген, ки 21 % атмосфераро ташкил медиҳанд, ба вуҷуд меояд. Зери таъсири нурҳои офтоб молекулаҳои оксиген ба ду атоми оксиген таҷзия мешавад. Баъдан ҳар як атом ба молекулаи оксиген якҷоя шуда, молекулаи озонро ташкил мекунад. Зери таъсири нурафкании офтоб молекулаи озон метавонад ба атом ва молекулаи оксиген таҷзия шавад.

«Ховар»: Омили заиф гаштани қабати озон дар чист ва онро чӣ гуна бояд ҳифз кард?

Абдукарим Қурбонов: Тӯли солҳои охир қабати озон аз таъсири фаъолияти инсон босуръат заиф мегардад. Сабаби асосии тунук гардидани қабати озон- ин сар додани мушакҳои кайҳонӣ, ки қабати озонро сӯзонида, сӯрох мекунанд, инчунин хориҷшавии фреонҳо, яъне, хлорфторкарбонҳо (ХФК) ба атмосфера аст. ХФК гурӯҳи моддаҳои кимёвии вайронкунандаи озон буда, дар таркиби аксари дастгоҳҳое, ки инсонҳо дар рӯзгор ба таври васеъ истифода мебаранд, аз қабили яхдонҳо, таҷҳизоти сардкунанда ва бухордиҳанда (кондитсионерҳо), реагентҳои ба вуҷудоварандаи кафк, солвентҳо, сӯхторхомӯшкунакҳо ва аэрозолҳо истифода бурда мешавад. Фреонҳо дар ҳарорати хона ба ҷӯш омада, босуръат ҳаҷми онҳо меафзояд. Вақте ки фреонҳо ба қабати болоии атмосфера мерасанд, аз онҳо зери таъсири шуоъҳои ултрабунафш атоми хлор ҷудо мешавад, ки яке аз паси дигар молекулаҳои озонро ба косташавӣ меорад. Тибқи хулосаи олимон хлор дар атмосфера то 100-500 сол боқӣ монда, дар ин муддат метавонад то сад ҳазор молекулаи озонро вайрон созад.

«Ховар»: Дар ҷумҳуриамон асосан кадом фреонҳо истифода мегарданд?

Абдукарим Қурбонов: Дар кишварамон алҳол фреони 22, ки дар кондитсионерҳо мавҷуд аст, истифода бурда мешавад. Бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли 2004 Тоҷикистон аз истифодаи фреони 11 ва 12 даст кашид.

«Ховар»: Вайроншавии қабати озон ба саломатии инсон ва олами набототу ҳайвонот чӣ гуна таъсир мерасонад?

Абдукарим Қурбонов: Вайроншавии қабати озон ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонида, яке аз омилҳои асосии суст гардидани масунияти одам, ба вуҷуд омадани бемориҳои сироятӣ, саратон, диққи нафас, бемориҳои чашм, хусусан оби марворид (катаракта) ва нобиноӣ, тағйир ёфтани сохт ва пигментатсияи пӯст мегардад. Вайроншавии қабати озон инчунин ба зироат ва ҷангалзор таъсири баланди манфӣ расонида, боиси тағйироти ҷиддии таркиби кимёвии растаниҳо мегардад. Хусусан баландшавии радиатсияи УБ-В сифати маҳсулоти кишоварзӣ -помидор, картошка, лаблабуи қанд, лубиёи сояро паст намуда, ҳатто растаниҳои сӯзанбарг низ аз он зарар мебинанд. Инчунин радиатсия ба олами набототу ҳайвоноти обӣ зарари калон расонида, ба коҳиш ёфтани сайди моҳӣ бетаъсир намемонад. Ҳатто радиатсияи УБ-В ба ҳолати масолеҳи сохтмон, рангу бор, маснуоти резинӣ, чӯбӣ ва пластикӣ зарарӣ ҷиддӣ мерасонад.

«Ховар»: Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро дар ҳифзи қабати озон чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Абдукарим Қурбонов: Барои ҳифзи қабати озон аз вайроншавӣ тамоми кишварҳое, ки ба Конвенсияи Вена (1985) ва Протоколи Монреал (1987) ҳамроҳ гардидаанд, дар ҳамбастагӣ ва ҳамкории судманд метавонанд дар ҳалли ин масъалаи муҳим- ҳифзи қабати озон тадбирҳои муассир ва саривақтӣ андешанд. Бояд зикр кард, ки дар натиҷаи гуфтушунид ва машварати тӯлонӣ соли 1985 ба Конвенсияи Вена дар бораи нигоҳдории қабати озон ва соли 1987 бо ҳузури 46 давлати ҷаҳон Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон қабул гардид. Ислоҳи копенгагении соли 1992 ба Протоколи Монреал тамоми кишварҳои моддаи 2-и ин Протоколро уҳдадор намуд, ки истифодаи ГХФК-ро ба 35 % фоиз аз сатҳи заминавии соли 2004 ва 65 % аз ин сатҳ дар соли 2010, то 90% дар соли 2015 ва то 99.5% дар соли 2020 коҳиш намуда, ниҳоят ба пурра қатъ намудани истифодаи моддаҳо дар соли 2030 оварда расонад.

Масъалаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ҷомеаи ҷаҳониро водор менамояд, ки дар ҳалли мушкилоти ҳифзи қабати озон ва паст намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим тадбирҳои мушаххас андешида, моддаҳоеро коркард ва истифода намоянд, ки онҳо дорои қобилияти сардкунӣ буда, барои қабати озон безарар ва инчунин дорои неруи пасти гармои глобалӣ бошанд ва ба тағйирёбии иқлими сайёра таъсири манфӣ нарасонанд.

«Ховар»: Тоҷикистон дар ҳифзи қабати озон чӣ нақш дорад?

Абдукарим Қурбонов: Баъд аз солҳои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи муҳити зист, хусусан ҳифзи қабати озон аҳамияти ҷиддӣ дода, барои иҷрои уҳдадориҳо байналмилалӣ, аз қабили Конвенсияи Вена, Протоколи Монреал тадбирҳои мушахас меандешад. Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1995 ба Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон ва соли 1997 ба Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ҳамроҳ гардид. Бо Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 1998 оид ба таҳияи Барномаи миллии мамлакат барои ҳифзи қабати озон аз ҳисоби олимону мутахассисони варзида ва намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар гурӯҳи корӣ ташкил дода шуд. Гурӯҳи корӣ Барномаи миллиро таҳия намуд, ки он дар охири соли 1999 аз ҷониби Шӯрои Фонди ҷаҳонии экологӣ қабул гардид. Ҳадафи барномаи мазкур раво надонистани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон дар ҳудуди ҷумҳурист. Барномаи миллӣ бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан Конвенсияи Вена ва Протоколи Монреал равона гардидааст. Он дар мувофиқа бо принсипҳои Кумитаи иҷроияи Бунёди бисёрҷанба дар самти пешниҳод намудани барномаҳо, фикру дархост ва лоиҳаҳо тартиб дода шудааст. Барномаи миллӣ дар асоси таҳлили маълумот оид ба истифодаи моддаҳои вайронкунандаи озон аз ҷониби бахши давлатӣ- саноат, кишоварзӣ ва бахши хусусӣ таҳия шудааст. Инчунин дар кишвар аз соли 2002 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии озон ташкил дода шуд, ки он иҷрои корҳоро вобаста ба назорат ва ҳамоҳангсозии ҳамаи намудҳои фаъолият оид ба кам кардани истифодаи моддаҳои вайронкунандаи озон дар ҷумҳуриро ба зимма дорад. Ҳамзамон самти фаъолияташ ба омӯзиши масоили марбут ба қабати озон, сабабҳои вайроншавӣ ва барқароршавии қабати озон нигаронида шудааст, ки дар маҷмӯъ ҳамаи ин барои нигоҳдории қабати озони сайёра мусоидат менамоянд.

«Ховар»: Дар ҷумҳуриамон кадом мавод вайронкунандаи қабати озон маҳсуб мешаванд?

Абдукарим Қурбонов: Гидрохлорфторкарбонҳо ягона маводи вайронкунандаи қабати озон дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Он дар шакли Фреон-22 пешниҳод гардида, барои хизматрасонии низоми ҳавотозакунӣ ва таҷҳизоти сардкунӣ истифода мегардад. Натиҷаи таҳқиқот нишон дод, ки дар соли 2013 истифодаи воқеии ГХФК дар Тоҷикистон 42,5 тоннаро ташкил дод, ки пурра барои хизматрасонии таҷҳизот, ки дар таркибашон ГХФК доранд, истифода бурда шудаанд. Тибқи омор 75% -и истифода ба таҷҳизоти ҳавотозакунӣ, 24 % ба хизматрасонии таҷҳизоти сардкунӣ ва 1 % ба дастгоҳҳои хунуккунии интиқолдиҳанда рост меояд. Дар маҷмӯъ бо ГХФК 62 %-и дастгоҳҳои сардкунӣ ва таҷҳизоти тозакунӣ дар кишварамон фаъолият доранд, ки барои босуръат коҳиш додани таҳвили ГХФК ба мушкилоти ҷузъии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ оварда мерасонад.

«Ховар»: Барномаи СММ дар самти ҳифзи қабати озон дар кишварамон дар кадом сатҳ амалӣ мегардад?

Абдукарим Қурбонов: Се сол муқаддам Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бунёди ҷаҳонии экологӣ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи мусоидат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳо барои босуръат даст кашидан аз истифодаи ГХФК дар минтақаи кишварҳо бо иқтисодиёти гузариш оғоз намуд. Ҳадафи лоиҳаи мазкур ба давлат пешниҳод намудани дастгоҳу таҷҳизот ва дониш ҷиҳати таъмини иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон тибқи талаботи Протоколи Монреал, таъмини ҳифзи саломатии инсон ва муҳити зист тавассути мусоидат намудан ба давлатҳо барои коҳиш додани истифода, истеҳсол ва ҷилавгирии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон аст. Тибқи лоиҳаи мазкур ҷамъоварии маълумот оид ба ҳаҷми моддаҳои вайронкунандаи озон, истеҳсол ва истифодаи онҳо ва барӯйхатгирии тамоми устохонаҳои таъмири яхдонҳо ва кондитсионерҳои бахши хусусӣ ва давлатӣ дар ҷумҳурӣ тибқи дастурамали Кумитаи иҷроияи Протоколи Монреал гузаронида шуд.

«Ховар»: Оё моддаҳои вайронкунандаи қабати озон дар кишвари мо истеҳсол мегарданд?

Абдукарим Қурбонов: Таҳлилҳо далели онанд, ки Тоҷикистон моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро, ки таҳти назорати Протоколи Монреал аст, истеҳсол накарда, онро дар шакли тоза ва маҳсулот истифода мебарад. Дар шароити иқлими гарми кишварамон 96,5% моддаҳои вайронкунандаи қабати озон дар бахши сардкунанда истифода бурда мешаванд. Аз ҷумла, дар истеҳсол ва хизматрасонии яхдонҳои маишӣ 41,7%, яхдонҳои савдо 44,1 %, яхдонҳои нақлиёт 9,3% ва хизматрасонии таҷҳизоти кондитсионерӣ ва асбобҳои он 6,8 % ва аз тамоми моддаҳои вайронкунандаи қабати озон танҳо 2% ба сифати маҳлулҳо ва 3,3 % ҳамчун фумигантҳо истифода бурда мешаванд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба ҳифзи қабати озони замин мақсад дорад, ки барои иваз кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва ҷорӣ намудани технологияи бехатарӣ ва аз лиҳози экологӣ безарар аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода барад, зеро ҳифзи қабати озон рисолати ҷомеаи башарист.

Мусоҳиб Марзия Саидзода, хабарнигори «Ховар» .
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: