Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МУСТАҲКАМ ГАРДИДАНИ МАВҚЕЪ ВА ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ

МУСТАҲКАМ ГАРДИДАНИ МАВҚЕЪ ВА ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ

20-01-2023, 15:58
Хабарро хонданд: 452 нафар
Назарҳо: 0
МУСТАҲКАМ ГАРДИДАНИ МАВҚЕЪ ВА ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ

Маълум аст, ки кишвари мо то ба даст овардани истиқлолияти омили сиёсӣ ва сиёсати хориҷӣ муносиботи байналмилалии худро дар доираи сиёсати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ ба амал мебаровард ва то ҳадди зарурӣ дар самти мазкур мустақилият надошт. Аз ин бармеояд, ки то солҳои наздик кам кишвару миллатҳое буданд, ки мамлакати моро ба маънои том мешинохтанд. Яъне дар самти пиёдакунии сиёсати самараноки хориҷӣ барои мо ҳамчун давлати мустақил дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ мушкилот ва мамониатҳои зиёде ҷой доштанд. Зарурати объективӣ ва субъективии на танҳо ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, балки муаррифӣ ва ташаббусҳои нав дар арсаи байналмилалӣ ба миён омаданд.
Ин ва омилҳои дигар ҳангоми ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар, махсусан бо ташаббусҳои беназиру дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инобат гирифта шуда, стратегияи муайян таҳия гардид. Тибқи он барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пешравии муосири кишвар пояи устувори равобити хориҷӣ гузошта шуд, ки аз натиҷаи он ҳоло ҳамагон бархўрдор гардида истодаанд.
Ба туфайли сиёсати хирадмандонаи – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар даврони истиқлолият мамлакат тавонист на танҳо бо ҷаҳони хориҷа муносибатҳои судманди тарафайнро ба роҳ монад, балки роҳи беназирро ба дипломатияи дар асоси ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ бунёдшуда пеш гирад. Ин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ҳалли масоили глобалӣ ҳамчун кишвари таъсиргузор ва фаъол бошад.
Дар ин самт бояд доир ба ҳамкории судманду натиҷабахши мамлакат бо Созмони Миллали Муттаҳид ёдовар шуд, ки он аз 29-уми январи соли 1992 баъд аз дар ҷаласаи Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатънома оид ба тавсияи дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ ба сифати аъзо қабул гардидан шуруъ шуд. 2-юми марти соли 1992 зимни иҷлосияи 46-уми Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи 46/224 оид ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ якдилона қабул гардид. Пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои СММ барои рушди ҳамкориҳо бо ин созмон, муассиса ва ниҳодҳои тахассусии он замина устувор гузошт. Ҳамин тариқ, кишвари мо тавонист дар муддати кутоҳтарин худро ҳамчун давлати дорои сиёсати созандаву бунёдкор ва ташаббускор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.
Боиси зикр аст, ки таърихи куҳанбунёди давлатдорӣ ва ҳаёти сиёсии тоҷикон замина гузоштанд, ки дипломатияи муосири тоҷик зуд ташаккул ва такмил ёфта, ба сифати дипломатияи густурдаи бисёрҷонибаи ҳамкориҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардад. Табиати биҳиштосои ватани маҳбубамон аз сарватҳои гуногуни зеризаминӣ бой мебошад, вале Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони об ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи он сарвату захираҳо тавассути ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Кишвари мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад.
Ҷониби Тоҷикистон аввалин шуда, роҷеъ ба масоили оби тоза ва роҳандозии густурдаи дипломатияи бисёрҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи об нақши фаъол дорад. Ин аст, ки мушкилоти вобаста ба обро дар сатҳи ҷаҳонӣ пайваста пайгирӣ мекунад. Дар робита ба дипломатияи мазкур ва дар пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи марбут ба об аз ҷониби Тоҷикистон («Соли байналмилалии “Оби тоза”, соли 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии “Ҳамкорӣ дар соҳаи об”, соли 2013»), “Даҳсолаи байналмилалии “Амал об барои рушди устувор 2018-2028”) бо қатъномаҳои СММ эълон гардиданд. Маҷмуи чорабиниҳо ва тадбирҳое, ки дар ин самт аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои дигар анҷом дода шудаанд, собит месозанд, ки ин ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон мавриди истиқбол ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд. Албатта, ҷониби Тоҷикистон барои амалӣ намудани ин ташаббусҳои тоза ба созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид такя намуда, татбиқи онҳоро пешбинӣ менамояд. Ногуфта намонад, ки ҳадафи асосии ин ташаббусҳо таъкид аз зарур будани ҳамкориҳои созандагӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об мебошад, зеро об манбаи ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст, яъне сарчашмаи неруи сабз, покизагӣ, системаи обёрикунӣ, истеҳсолоти саноатӣ ва ғайра маҳсуб меёбад. Афзалияти асосии пайгирӣ, арзёбӣ ва таҳлилу омўзиши мушкилоти масоили об дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон дар сиёсати хориҷии мамлакат ин ҳам ба манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор будан аст.
14-уми декабри соли 2022 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории иҷлосияи 77-ум қатънома дар бораи соли 2025 эълон шудани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул гардид. Ин иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Масъалаи мазкур барои кишварамон бисёр мубрам аст, зеро дар Тоҷикистон мувофиқи маълумоти мавҷуда 8492 пирях ба ҳисоб гирифта шудааст (аз ҳама бештар дар водии Ғунд 1349 адад пирях мавҷуд аст). Дар маҷмуъ, масоҳати умумии пиряхҳои кишвар беш аз 8476 км2-ро ташкил медиҳад. Ин пиряхҳо дар баландиҳои аз 3000 то 5300 метр аз сатҳи баҳр қарор гирифта, дар кўҳҳои Помир (Шарқӣ ва Ғарбӣ), Ҳисор ва Олой ҷойгир буда, сарчашмаи асосии обҳои дарёҳои Сир, Зарафшон, Панҷ, Вахш ва Аму мебошанд. Калонтарини онҳо бо номҳои мухталиф дар харитаи табиии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд. Чунончӣ: Федченко, Грумм-Гржимайло, Бивачний, Гармо, Гандо, Зарафшон, Ҷамъияти ҷуғрофӣ, Сабукдараи Калон ва амсоли инҳо.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар саросари ҷаҳон бо рушди босуръати техника, технология, коммуникатсия, энергетика ва саноат авзои экологии ҷаҳон тавозунро гум карда, мушкилоти глобалиро афзунтар гардонидаанд. Солҳост, ки кишварҳои ҷудогона ва минтақаҳо қудрати бартараф кардани ин ё он мушкилоти глобалиро надоранд ва зарурат ба миён меояд, ки танҳо бо талошҳои дастаҷамъӣ дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳалли мушкилотро имконпазир гардонанд. Мамлакати мо низ ҳамчун ҷузъи пайвасти ҷомеаи башарӣ аз мушкилот ва таҳдиду хатарҳои глобалӣ дар канор буда наметавонад, баръакс аллакай панҷумин иқдом ва ташаббуси худро баҳри ҳалли масоили мушкилоти об ва вазъи пиряхҳо дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод карда истодааст. Вақтҳои охир дар Курраи Замин камшавии захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, ба ярч мубаддал гардидани кўҳу теппаҳо ва дигар ҳодисаҳои табиии барои ояндаи башарият хатарафзо зиёд ба мушоҳида мерасанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кўшишу талош ба харҷ медиҳанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии ин мушкилоти табиӣ ҷалб созанд.
Пешниҳоди навбатии Пешвои миллат Тоҷикистонро имрўзҳо дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари пешсафу ташуббускор оид ба масъалаҳои об муаррифӣ карда, аҳли башарият ин иқдомҳои башардўстонаро бо камоли эҳтиром ва эътирофи том пазируфтааст. Чунончи зикр шуд, об дар кишвари мо ҳамчун сарчашмаи истеҳсоли энергияи сабз буда, 95 дарсади неруи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад ва вобастагии бевоситаи ин омили муҳим дар рушди устувор пурра зоҳир мешавад. Дар мамлакат солона тақрибан 18 млрд кВт. соат неруи барқ истеҳсол мешавад ва ин ҳамагӣ 3-4 % иқтидорҳои мавҷудбудаи кишварро, ки ба 527 млрд кВт. соат неруи барқ дар як сол мерасад, ташкил медиҳад. Кишвари мо аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз рўйи тақсимоти онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Айни замон кўшиш ба харҷ меравад, ки мо дар мамлакат аз захираҳои мавҷудаи обӣ ба таври самаранок истифода бурда, рушди усутворро таъмин намоем. Дар масири мушкилоти масоили об ин истифода ва таъмини амнияти обӣ, обтаъминкунӣ барои системаи обёрикунонӣ дар ҳолатҳои хушксолӣ, боришоти кам ва дигар омилҳои ҳолатҳои фавқулодаи вобаста ба об шомил мегарданд.
Мушкилоти марбут ба истифодаи захираҳои оби дар боло зикршуда дар маҷмуъ ба масоили ҳифзи пиряхҳо – сарчашмаи асосии обҳо дар мамлакат ва минтақа пайвасти бевосита доранд. Аз ин рў, айни замон масъалаи ҳифзи пиряхҳо низ ҳамчун мушкилоти ҷадид рўи кор омадааст. Мусаллам аст, ки пиряхҳо сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ ва ширин мебошанд, вале мутаассифона, тағйирёбии иқлими сайёра барои ҳифзи пиряхҳо монеа эҷод мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи мазкур солҳост, ки таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва Ҳукумати мамлакат баҳри андешидани чораҳои зарурӣ дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои умумиҷаҳонӣ кўшишҳои зиёде ба харҷ дода истодааст.
Ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ иқдоми умедбахшест, ки мушкилоти ҳифзи пиряхҳоро то дараҷаи зарурӣ бартараф хоҳад намуд, зеро дар ин самт корҳои зиёде анҷом хоҳанд ёфт ва аксари мушкилот дар ҳамкорӣ, маблағгузорӣ ва дастгириҳо бартараф хоҳанд шуд. Эътимод бар он дорем, ки бо ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои робитаҳои хориҷӣ мувофиқ бо талаботи замон ва ниёзҳои Тоҷикистон ба вуҷуд омада, бо мурури замон мукаммал мегардад ва манфиатҳои миллиамон дар тамоми арсаҳо ҳифз мешаванд.

АБДУХАЛИЛ ҒАФУРЗОДА,
ректори Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
КАРАМАЛИШО КАРАМАЛИШОЕВ,
ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи
Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои таърих, дотсент.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: