НАСЛИ РАҚАМӢ ВА ОЯНДАИ МО5-08-2022, 11:28
Хабарро хонданд: 13920 нафар
Назарҳо: 155
Насли рақамӣ наслест, ки дар асри рақамӣ ба дунё омадааст ва ба он касоне дохил мешаванд, ки тахминан аввалҳои солҳои 80-уми асри гузашта таваллуд шудаанд.
Аммо имрӯз намояндагони асили насли рақамӣ онҳое мебошанд, ки ки дар ибтидои асри 21, дар замони пайдоиш ва рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ чашм ба ҷаҳон кушодаанд. Ҷавонону наврасоне, ки ҳамзамон бо рақамишавии технологияҳо ба воя расиданд, аз дастгоҳҳои навтарини рақамӣ моҳирона истифода мебаранд, ҳатто кудаконе, ки ба мактаб намераванд, “забон” -и телефонҳои ҳушманд (смарт) ва дигар дастгоҳҳоеро, ки ҳамарӯза истифода мешаванд, мефаҳманд ва онҳоро ба кор мебаранд. Масалан, насли рақамӣ тавассути технологияҳои нав мубодилоти бонкӣ, пардохтҳои хизматрасонӣ ва таҳсилоти фосилавиро анҷом медиҳад, аз имконоти мавҷуда барои кори фосилавӣ истифода бурда, маош мегирад, аз китобхонаҳои электронӣ истифода мебарад, аз ахбори ҷаҳон ба зудӣ хабар меёбад, иртибот бо хонавода ва наздикон аз ҳар куҷои дунё барқарор намуда, ба таври онлайнӣ сӯҳбат мекунад. Ҷавонони кишварҳои пешрафта имкон доранд барои ояндаи худ сармоягузорӣ кунанд, роҳат дар хона нишаста ба давлат ҳисоботи даромади солонаашро пешкаш кунад. андоз супорад ва назорат кунад, ки маблаѓаш ба куҷо сарф шуд. Гузашта аз ин, агар даромадаш кам бошад аз давлат кӯмаки молиявӣ гирад. Бе ҳеҷ миёнарав ва шиносбозиҳо ё додани пора фаъолияти иқтисодиро ба роҳ монад ва аз тариқи дастгоҳҳои рақамӣ тиҷораташро назорат барад. Ҷолиб ин аст, ки барои татбиқи ин ҳама амалҳo вақти камеро сарф мекунад. Соли 2001 году Марк Пренски (Marc Prensky), муаллим, нависандаи амрикоӣ лар мақолаи худ “Насли рақамӣ, Насли муҳоҷир истифодабарандагони технологияҳои навро ба ду гурӯҳ ҷудо кард – насли рақамӣ ва насли муҳоҷир. Ба қавли М. Пренски насли рақамӣ наслест, ки дар ҷаҳони компютерҳо, телефонҳои мобилӣ, видеокамераҳо ва бозиҳои видеоӣ ба воя расида, ҳар рӯз дар Интернет чизе мекобад, мактубҳои электронӣ ва паёмҳо мефиристанд. Ба муҳоҷирони рақамӣ ӯ наслҳои калонсолро дохил мекунад, яъне онҳоеро, ки худро дар олами рақамӣ чандон роҳат эҳсос намекунанд ва осонтарин амалҳоеро, ки насли рақамӣ бидуни мушкилот иҷро мекунад, анҷом дода наметавонанд. Масалан, паёми электрониро дар экрани компютер хонда наметавонанд ё дар ҳуҷҷати электронӣ таѓйирот ворид карда наметавонанд. Муҳимтар аз ҳама, онҳо хеле оҳиста, марҳила ба марҳила ва ба таври инфиродӣ имкониятҳои технологияҳои рақамиро меомӯзанд. Ба андешаи коршиноси тоҷик Асомиддин Асоев, забони дастгоҳҳои рақамӣ барои наслҳои калонсоли мо мисли забони хориҷӣ буд, аммо насли наврас бо ин технологияҳо як забон дорад, гӯё ин забони модарӣ аст. - Кӯдаке, ки ҳарфҳову рақамҳоро намешиносад, метавонад аз ин дастгоҳҳои ҳушманди мобилӣ ба осонӣ истифода барад, дар ҳоле, ки намояндаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар солҳои аввали 2000 -ум ҳатто бо доштани 2 -3 дипломи мактаби олӣ дар истифодаи ин дастгоҳҳо мушкилӣ кашиданаш мумкин буд, -мегӯяд А. Атоев. Коршиноси дигари тоҷик Рустам Гулов таъкид мекунад, ки ибтидои солҳои 2000 –ум як хусусияти фарқкунандаи насли рақамӣ аз наслҳои қаблӣ дар он буд, ки онҳо технологияҳои навро бидуни шубҳа қабул карда, истифода мебурданд, аммо наслҳое, ки то пайдоиши технологияҳои иттилоотӣ ба дунё омада буданд, барои он ки ба компютер ё телефони мобилӣ одат кунанд, ба вақти муайяне ниёз доштанд. Дар ҳақиқат, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки наслҳои пешин ба зудӣ ҳатто ба смартфон одат накарданд, аз ин рӯ, то замоне ки телефонҳои мобилии кнопкадорашон аз кор намонд, ба телефонҳои ҳушманд нагузаштанд, ҳарчанд ки аксарияти онҳо имконияти молии хариди онро доштанд. Агар ҳамин ҳоло ҳам агар аҳамият диҳед, нафароне ки аз 35-40 сола болоянд, аз смартфонҳои кӯҳна истифода мебаранд, ҳол он ки ҷавонон қариб ҳар сол телефонҳои ҳушманди худро иваз мекунанд, албатта мувофиқи имкониятҳои молияшон. Агар пурсиш гузаронем, мебинем, ки насли нав аз вижагиҳое (функсия), ки соли гузашта истифода мебурданд, имсол аз онҳо истифода набурда, ба вижагиҳои нав гузаштаанд, ё ки ягон замимаи навро истифода мебаранд. Директори ГИПИ Муҳаммадӣ Ибодуллоев мегӯяд, ки муносибат ба шабакаҳои иҷтимоӣ тафовутҳо миёни насли рақамӣ ва насли муҳоҷирони рақамиро хеле хуб нишон медиҳад. -Насли нав аз аввалинҳо шуда корбари “Фейсбук” шуд, баъдан аз онҷо ба “Инстаграмм” “Тик ток” гузаштанд ё ки ҳамзамон ҳам ба “Телеграмм” гузаштанд ва бовар дорам, ки агар ҳозир ягон технологияи нав пайдо шавад, инҳо боз ҳам корбари он мешаванд,- мегӯяд М. Ибодуллоев. Оё дар мо ин насл ташаккул ёфтааст? Соли 2009 Пренски мақолаи дигареро зери унвони “H. Sapiens Digital: From Digital Immigrants and Digital Natives to Digital Wisdom” (Ҳомо сапиенси рақамӣ: Аз Аз насли муҳирони рақамӣ и насли рақамӣ ба хирадмандони рақамӣ) чоп кард. ӯ дар ин мақолаи худ изҳор дошт, ки ҳар қадаре, ки мо дар даврони рақамӣ бештар зиндагӣ кунем, ҳамон қадар тақсимоти инсонҳо ба насли муҳоҷирони рақамӣ ва насли рақамӣ камрангтар шуда, ҷои онҳоро хирадмандони рақамӣ мегиранд. Пренски мафҳуми хирадмандии рақамиро ба ду маъно истифода мебарад. 1. Донишҳое, ки мо тавассути технологияҳо пайдо мекунем; 2. Маҷмӯи малакаҳое, ки барои истифодаи босаводонаи технологияҳо зарур мебошанд. Дар мақолаи мазкур Пренски мафҳумҳои навро истифода бурд, аз ҷумла ҳомо сапиенси рақамӣ ё инсони рақамӣ, ки барояш технологияҳо ҷузъи ҳаёташ буда, онҳоро дар тамоми бахшҳои зиндагӣ истифода мебарад. ӯ дар ин иртибот мегӯяд, ки инсони рақамӣ метавонад намояндаи насли муҳоҷири рақамӣ бошад, ки истифодаи технологияҳоро ёд гирифтааст, ё аз насли рақамӣ бошад. Пренски дар ин мақола идеяи қаблии худро таҷдиди назар мекунад ва мегӯяд, ки наслҳои қаблӣ дар алс хеле пешрафта мебошанд, бинобар ин, малакаҳои заруриро барои истифодаи технологияҳо дар сурати мавҷуд будани дастурамалҳо зуд меомӯзанд. Бо ин андеша Рустам Маҷидов, ки солҳо боз дар Амрико зиндагӣ мекунад а бо омӯзиши технологияҳои нав сару кор дорад, дуруст мешуморад. ӯ мегӯяд, ки агар дар ин кишвар наслҳоеро, ки 50-70 сола, 30-50 сола, 20-30 сола ва ҳатто 15-20 сола мебошанд, муқоиса кунем, миёни ҳамаи онҳо як умумият мебинем: ҳама ҷаҳони рақамиро ҳамчун майдони имкониятҳои нав мебинанд ва қабул мекунанд. Ба фикри Р. Маҷидов, якумиҳо замоне иқтисоди нави рақамии Амрикоро бунёд карданд, дуввумиҳо сохтанд, саввумиҳо рушд доданду чорумиҳо тамомайёр аз он истифода мекунанд. Коршиноси технологияҳои рақамӣ М.Ибодуллоев мегӯяд, ки дар кишвари мо ҳам насли рақамӣ аллакай ташаккул ёфтааст, аз ин рӯ пардохтҳои ѓайринақдӣ, хизматрасониҳо, хариду фуруши молу мӯҳтаворо хеле хуб истифода мебаранд, аммо ӯ ҳамчунон таъкид мекунад, ки чунин имкониятҳо бештар дар шаҳрҳо ҳаст, яъне дар минтақаҳои сераҳолӣ. -Бинед, ки ҳоло устоҳои мошин дар 70 – 80% ҳолатҳо, агар кор бо электроникаи мошинҳо вобаста бошад, аз ютуб истифода мебаранд, асбобҳои мусиқӣ ва дар дигар соҳао барои пешрафти кор хеле моҳирона аз ҳамон технологияи видеоӣ аз дигар маводи дастрас истифода мебаранд, мегӯяд М.Ибодуллоев. Р. Гулов мегӯяд, ки дар ҳар ҷойе, ки технологияҳои рақамӣ дастраси оммаанд, насли рақамӣ ҳаст, аз ҷумла дар Тоҷикистон ва миёни насли рақамии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ фарқи зиёд надоранд. Аммо дар баробари ин, номбурда таъкид мекунад, ки ҳоло мушкил дар таҷрибаи истифода ва дастрасии васеъ ба ин гуна технологияҳо аст. Ба андешаи Р. Гулов, мушкилоти молиявӣ, гаронии нархи интернету таҷҳизоти рақамӣ, муносибати нодурусти мақомдорон ва сатҳи пасти тафаккур дар Тоҷикистон се мушкилро ба вуҷуд овардааст: 1) Технологияҳои иттилоотиву рақамӣ ба сатҳи кофӣ дастраси ҳамаи ҷавонон, яъне намояндагони аслии насли рақамӣ нестанд. 2) Мақомдорон, ки дар аксар маврид намояндагони насли рақамӣ нестанд, моҳияти дурусти технологияҳои навро дарк намекунанд, худашон онҳоро самаранок истифода бурда наметавонанд ва мутмаинанд, ки ҷавонон низ нодуруст истифода мекунанд. Аз ин рӯ, барои истифодаи онҳо дар ҷараёни таълиму кор монеаҳо месозанд. 3) Сатҳи пасти тафаккури интиқодӣ ва кам будани таҷрибаи истифодаи васеъ. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло нобаробарии рақамӣ бештар дар деҳот мушоҳида мешавад. Ҳамчунин, бояд зикр кард, ки онҳое, ки ба Росия рафтааанду ин технологияҳоро дуруст истифода бурда наметавонанд, бартарии зиёд дошта наметавонанд ва муҳоҷири кории сатҳи поён боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, онҳо дар ҷойҳое кор мекунанд, ки дастгоҳҳои технологӣ надоранд. Бояд ба назар гирем, ки мавҷудияти таҷҳизот як чиз асту суръат ва ё фаъолона истифодабарии он дигар чиз. Масалан, ҷавонон имкониятҳои истифодабарии таҷҳизотро доранд, аммо интернет надоранд, ё таҷҳизот доранд, интернет доранд, имконияти молиявӣ доранд, аммо намедонанд онҳоро чӣ хел истифода баранд, зеро малакаи дуруст истифода бурданро то ҷое надорад. Албатта, ончӣ гуфта шуд, ба ин маънӣ нест, ки наслҳои калонтари Тоҷикистон ва кулли кормандони мақомот ба фановариҳои рақамӣ душмании саросарӣ дорад. Ва ба ин маънӣ нест ки ҷавонону кӯдакон билкулл аз он бебаҳраанд. -Аммо муносибат ба ҳар ҳол бояд дигар шавад; бояд омӯзиш беҳтар гардад (на танҳо нисбати худи ТИК балки илмҳои дақиқ дар маҷмӯъ); бояд ин дастовардҳо ҳамчу абзори нави иҷтимоию иқтисодӣ истифода шаванд, -мегӯяд дар ин иртибот коршинос Р. Маҷидов. . Мушкилоти насли рақамӣ Дар кишварҳои пешрафта системаи маориф ба кӯдакон аз солҳои нахустини таҳсил дар мактаб истифодаи дурусти технологияҳои рақамиро меомузонад, бинобар ин, хуб мешавад, ки барои омӯзонидани истифодаи дурусти технологияҳои нав онҳоро ба ҷараёни таълим ворид кунем. Масалан, мо метавонем ба ҷойи китобҳои қоѓазӣ ба талабагон планшетро ба иҷора диҳем, ки дар он ҳамаи китобҳои таълимӣ ҷой дода шуда бошанд. Р. Гулов дар ин иртибот мегӯяд, ки сумкаи талабаи синфи 4 он қадар вазнин аст, ки ҳатто сарбозон ин қадар борро ҳар рӯз намебардоранд. Истифодаи планшет ҳамчун китоби электронӣ дар зеҳни кӯдак одати истифодаи онро барои омузиш ташаккул медиҳад ва ин аст роҳи беҳтарин ва самараноктарини омузонидани ҷавонон. -Дар натиҷаи манъи истифодаи технологияҳои рақамӣ дар тафаккури ҷавонон технологияҳои рақамӣ ҳамчун як чизи ѓайримуқаррарӣ ва аз олами муъҷизоту таҳайюл намудор мешаванд, ҳол он, ки дар асл, ин танҳо як воситаи омӯзишу кору муошират аст, -иброз медорад Р. Гулов. Ба назари коршиносон, моддаи 25, банди 10 и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” овардани дастгоҳи мобилиро ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ манъ кардааст. Дар натиҷа, шогирдони мактабҳои мо истифодаи дурусти дастгоҳи мобилиро на аз устод, балки аз кӯча меомузад ё тавассути ҳамон интуитсияе, ки дорад, ёд мегирад. Аммо дар чунин ҳолат ӯ дар интихоби контент ба мушкили дучор мешавад ва азбаски роҳнамо надорад, вақти зиёди худро барои бозиҳову фароѓат сарф мекунад, на барои омӯзиши дарсу такмили дониш. Ҳоло дар Тоҷикистон тибқи иттилооти расмӣ, 5,3 миллион аз дастгоҳҳои мобилӣ истифода мебаранд ё муштарии алоқаи мобилӣ ҳастанд ва онҳо бо истифода аз ҳамин дастгоҳҳо метавонанд масъалаҳои гуногуни шахсиву касбии худро ҳал мекунанд. Инро ҳам мо бояд ба назар гирем, ки имрӯз дигар Интернет воситаи таълим гаштааст ва ҷавонон тариқи интернет-курсҳо, ки дар як худи YouTube беҳисобанд, забонҳои хориҷӣ, барноманависиву дизайн, расмкашиву наворгирӣ, муҳосиботу мақоланависӣ ва ѓайраро меомузанд. М. Ибодуллоев мегӯяд, ки аз нуқтаи назари технологӣ исбот карда мумкин аст, ки ин дастгоҳҳои мо дигар телефони мобилӣ нестанд, балки онҳо телефонҳои боҳушанд, ки метавонанд нақши як донишнома ва ё энсиклопедияро дар зиндагии мо бозанд. Дурнамои насли рақамӣ Коршиносон ба ин назаранд, ки ҳар қадар истифодаи технологияҳои нав дар ҷомеа роиҷтар шавад, ҳамон қадар зудтар онҳо ба як чизи муқаррарӣ табдил меёбанд ва дар натиҷа дурнамо низ ҳамон қадар хубтар мешаванд. Аммо барои ин ба мо зарур аст дарк кунем, ки таҳдидҳои рақамӣ дар натиҷаи истифодаи нодурусти технологияҳои рақамӣ ба вуҷуд меоянд. -Барои он ки таҳдидҳои рақамӣ камтар шавад, ҷавонон бояд аз солҳои аввал истифодаи дуруст ва самараноки технологияҳоро дар дар шакли назария ва "насиҳат" омузанд, балки дар таҷрибаи рузмарраи худ - боѓча, мактаб, донишгоҳ истифода баранд, -мегӯяд Р. Гулов. Коршинос А. Атоев бовар дорад, ки агар мо тасмимҳои худро мутобиқи талаботи замон кунем, дар он сурат муваффақ мешавем ба табдил додани маҳдудиятҳои ҷуѓрофии худ ба бартариятҳои рақамӣ. Чунон ки дар боло тазаккур дода шуд, телефонҳои мобилӣ дигар таҷҳизоти ҳушманданд, ки аз онҳо мешавад дар раванди дарс низ истифода кунем. - Агар дар мактаб барои омӯзиши ҳар як фан ҳамагӣ 10 дақиқаӣ истифода шавад, ва агар дар ҳар як синф 10 фанро омӯзанд, 50 дақиқаи дарс сарфи омӯзиши чизи наве мешавад тавассути дастгоҳи мобилӣ, -иброз медорад А. Атоев. ӯ ҳамчунин мӯътақид аст, ки барои шогирдони мактаб таҷрибаву донишу ҳикмати наслҳои калонсол лозим аст, то ки аз осебҳои гуногуне, ки дар ҷаҳони маҷозӣ вуҷуд дорад, эмин нигоҳ доштанро ёд диҳанд. Дар ҳақиқат, технологияҳои рақамӣ кори ҳама инсонҳоро осон мекунад ва дар ҳолати дуруст истифода бурдан маслиҳатгари хуб буда метавонад, аммо барои ин лозим аст, ки қадамҳои аввалинро зимни омӯзиш дуруст гузорем, сониян, истифода бурдани таҷҳизотро ёд гирем, аммо муҳимтар аз ҳама, мо набояд пойбанди онҳо нашавем. Ба иборати дигар, технологияҳои рақамӣ бояд ҳаёти воқеии моро иваз накунанд, балки пурратар ё комилтар кунанд. Вақте ки ҳаёти воқеӣ ба ҳаёти маҷозӣ халал мерасонад, ин нишонаи беморӣ аст, аммо вақте ки ҳаёти воқеӣ як тараф мемонаду ҳаёти маҷозӣ гоҳ- гоҳ ба он халал мерасонад, ин чунин маъно дорад, ки корбар ҳоло ҳаёти воқеиро пеш мебарад ва ин қобили қабул аст. Нуралӣ Давлат |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.