Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ОБГИНАИ ЁДҲО

ОБГИНАИ ЁДҲО

2-06-2022, 10:31
Хабарро хонданд: 441 нафар
Назарҳо: 0
ОБГИНАИ ЁДҲО
Чанд сатри нохонда аз корномаи Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон, узви Иттифоқи киноматаграфистони Иттиҳоди Шуравӣ, шахсияти шинохтаи фарҳангу ҳунар, устоди зиндаёд Қутбиддин Олимӣ.
Номи поку пурифтихори ин абармарди дунёи меҳр ва муҳаббати ватандорӣ наздик ба сад сол боз дар самои пурситораи кинои тоҷик медурахшаду зери шуояш дар обгинаи ёдҳо манзараҳои саропо саршор аз меҳри башардўстиро мебинем. Китоби пурҳикмати зиндагониаш дар қалби ҳазорон дўстдори ҳунараш маскан гузида, рўзгори гузаштаи ватансозони асили миллатро ба имрўз ва имрўзро ба фардо ва фардоро ба ҷовидон мепайвандад. Дар обгина ё худ шишаи шафофи ёдҳо, ўро дар корзори номуси ватандорӣ ва ватансозӣ дар ҳалқаи шинохтатарин ситораҳои муҷаллои миллат, устодон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Муҳаммад Сайфуддинович Осимӣ, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Раҳим Ҳошим, Абдуқодир Маниёзов, Муҳаммад Шакурии Бухороӣ ва даҳҳои дигар мебинем. Ин ҳама абармардони адабиёт ва фарҳангу ҳунари миллат бо ў ҳамкориҳои судманде ба хотири фардои дурахшони миллат доштанд. Ў насли аввали кинои тоҷик буд. Оре, ҳамон киное, ки ҳамчун афсонаҳои китоби пурмоҷарои «Ҳазору як шаб» барои мардум афсонае беш набуд. Ин афсона оғози садаи бистуми қарни гузашта миёни зиёиёни Хуҷанди бостон ба воқеият табдил гашта буд. Аввалин дастгоҳи сайёри кинои беовоз солҳои 1903-1905 вориди Ҳуҷанд гардида, мардум низ аз тамошои он лаззат бурда буданд. Баъдтар, соли 1914 дар ин шаҳр, ки маркази маданиву маъмурии уезди Хуҷанди Бухоро буд, бо дастгирии императори рус аввалин дастгоҳи сайёри кино оварда шуда, аввалин хонаи кино аз ҷониби намояндагони Русия, кинотехникҳои машҳур, бародарон Савиновҳо ва Трофимовҳо сохта шуд. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр, дақиқтараш соли 1923 дар шаҳри Хуҷанд аввалин кинотеатр бо номи «Ватан» дар ба рўи меҳнаткашон боз намуд. Шояд ҳамон замон Қутбиддини ҷавон дар қатори дигарон он наворҳоро дида бошаду аввалин шарораи муҳаббат ба наворҳои кино дар қалби покаш пайдо гашта бошад. Ва шояд ҳамин диданҳо ҳаёти воқеии ояндаи ўро ба кино пайваста бошад. Бо ҳамин муҳаббат ва садоқати бепоён вориди ин олами пуртаззоди ҳунар гардида, нахустгомҳояшро дар қадамҷои кинои тоҷик, аз коргардонӣ гузошт. Ин ҳунар ва истеъдоди худододиашро дар курсҳои махсуси нақшофарии шаҳри Душанбеи азиз, ки бо ибтикори бузургтарин устодони кинои Шуравӣ оғози солҳои 30- юми садаи гузашта рўи кор омада буд, сайқал дод. Бо фотеҳаи пирони ҳунар ба Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскии шаҳри Маскав фиристода мешавад. Ў дар ин боргоҳи ҳунари шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, ҳунари киносозиро аз устодаш Н. Дасталь омўхта, ба студияи кинои Душанбе бармегардад.
Соли 1938 филми нахустинашро бо номи «Боғ» ба навор гирифта, манзури тамошобинон мегардонад. Ин филм аз ҷониби бузургтарин киношиносони Шуравӣ соҳиби баҳои баланд гардида, фаъолияташ дар ин ҷодаи пурифтихор оғоз мегардад. Баъди ин, зарурияти таъсиси корхонаи дубляжи филмҳои Шуравӣ дар Киностудияи тоҷик ба миён меояд. Ў, ки шинохтатарин наворбардори кинои тоҷик ва аввалин мутахассиси касбии кино буд ва аз ҳама асрори он огоҳӣ дошт, барои омўхтани дубляжи филмҳо бо мактаби бузурги кинои Шуравӣ ба шаҳри Ленинград фиристода мешавад. Соли 1938 ҳамроҳи устод Меҳрубон Назаров ин боргоҳи маърифати кинои Шуравиро бо сарбаландӣ хатм намуда, ба Душанбе меояд. Ва аввалин шуда, коргоҳи дубляжи филмҳоро дар киностудияи Душанбе рўи кор меорад. Баъди ду соли фаъолият, овозаи коргоҳи дубляжи кинои тоҷик машҳури саросари Шўравӣ мегардад. Барои тарҷимаи филмҳои машҳури доҳии пролетариати ҷаҳон В. И. Ленин ва Инқилоби Октябр адибони шинохтаи тоҷик Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ҷалол Икромӣ ва чанд нафари дигар ҷалб карда мешаванд. Тавассути тарҷимаи ҳамин филмҳо мардум аз ҷоннисориҳои созандагони давлати абарқудрати Шуравӣ огаҳӣ пайдо намуда, меҳру муҳаббат ва садоқаташон ба Инқилоби Октябр ва бунёдгузорони он давлати раъиятпарвари мурдумсолор зиёд мегардад. Аммо Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳама орзуҳои мардуми Шуравӣ ва созандагони Ватанро қариб, ки ба боди фано дод. Ҳимояи Ватан ва марзу буми он аз аҷнабиён он замон шарти аввали ватандорон гардида, ҳама ба дифои Ватан бархостанд. Ў низ дар қатори ҳазорон ватанхоҳони кишвар ба хотири дифоъ аз давлати бузурги раъиятпарвари мардумсолори Шуравӣ ба ҷабҳаи номуси ватандорӣ рафт. Корномаи ҷангии ин абармарди ватанхоҳ дар ҷабҳаи мубориза, дар қатори садҳо қаҳрамонон шоистаи арҷгузории фармондеҳони машҳури Ватан гардида, бо мукофотҳои олии ҷангӣ ба Душанбеи азиз меояд. Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ студияи кинои тоҷик дар шаҳри Душанбе муддати тўлоние аз фаъолият боз монда, фақат дар шакли кино-ахбор фаъолият менамуд. Бо мақдами файзрези ин марди ҳунар коргоҳи дубляжи филмҳо ҷоннок гардида, шумораи филмҳои тарҷимашуда, ки дар як сол 5 то 7 филм буд, ба 40 адад расид. Филмҳои ватанхоҳӣ ва корномаи ҷанговарони Шуравӣ баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар тарҷимаи тоҷикӣ, дар коргоҳи дубляж мавриди тарҷума қарор гирифта, аз он пас аз тариқи кино манзури мардум мегашт. Ҳамакнун коргоҳи дубляжи филм ҳама бори гарони киноро бар дўш дошт.
Баъди баста шудани студияи Кинои тоҷик даҳҳо ҳунармандони кино бекор монда, ба коргоҳи дубляж омаданд. Рўзгори вазнини баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ наздик ба понздаҳ сол давом кард. Ягона коргоҳе, ки музд барои зиндагонӣ медод, коргоҳи дубляж буд.
Қутбиддин Олимӣ ягона чеҳраи милливу мардумие буд, ки бо як дилсўзӣ ва муҳаббати поки ватандорӣ кинои тоҷик ва ҳунарманди тоҷикро пуштибонӣ намуда, нагузошт, ки он шуълаи умед хомўш гардад.
Собиқ вазири маданияти РСС Тоҷикистон, арбоби сиёсиву фарҳангӣ устод Меҳрубон Назаров дар як ёддошти хеш аз кинои тоҷик ва роҳи тўлонии тайкардаи он ва аз Қутбиддин Олимӣ чунин ёдоварӣ намуда буд:
«Хидматҳои бузурги дўсти бисёр азизи ман Қутбиддин Олимӣ буд, ки коргоҳи дубляжи кинои тоҷик таъсис ёфта, баъди аз фаъолият мондани студияи Кинои душанбе бори сангини киностудияи тоҷик бар дўши коргоҳи дубляж афтода, ин шахсияти шинохтаи фарҳангии кишвар тавониста, ки онро аз вартаи ҳалокати нестӣ наҷот бубахшад. Муҳаббат ва самимияти беандозаи ў ба таърихи адабиёт ва фарҳанги миллӣ эътиборашро миёни аҳли ҳунар ва зиёиёни тоҷик хеле зиёд намуда, ҳама адибон, олимон ва донишмандони тоҷик ўро дўст медоштанд. Ва бо ў ҳамкории хеле қавӣ доштанд. Устодон Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Муҳаммадҷон Шукуров, Абдуқодир Маниёзов, Шарифҷон Ҳусейнзода, Мирсаид Миршакар, Абуғани Мирзоев, Холиқ Мирзозода, Ғаффор Мирзо ва даҳҳо донишманди тоҷик ба коргоҳи дубляж ҷалб гардида, саҳми беандозаи хешро дар кинои тоҷик гузоштаанд. Ҳамин ҷоннисориҳо ва ватанхоҳии ин абармарди кинои тоҷик, дар солҳои вазнини баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва аз фаъолият боз мондани студияи Кинои тоҷик тавонист, ки номи кинои тоҷикро зинда нигоҳ дорад». Ростӣ, ин ҳама ҳарфу ҳиҷои собиқ вазири маданияти РСС Тоҷикистон устод Меҳрубон Назаров асоси воқеӣ дошта, банда дар яке аз суҳбатҳоям дар замони Шуравӣ, бо ҳунармандони шинохтаи кино ва театри тоҷик София Тўйбоева ва Фотима Ғуломова, ки аз ҳамкориҳои судманди онҳо бо устод Қутбиддин Олимӣ ҳикоят менамуд ва аз тариқи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» он замон манзури хонандагон гардида буд, оварданашонро ин ҷо хеле бомаврид медонам.
София Тўйбоева: «Бо сабабҳои бо ҳама маълум ва ба роҳбарияти олии охири солҳои 50 ва аввали солҳои 60-уми маданияти кишвар гўиё номаълум бандаро садди роҳи фаъолиятам дар театр ва кино гардида, рақибони нотавонбинам то ҷое, ки тавонистанд бандаро зери фишор қарор доданд. Гўшанишиниро ихтиёр намуда, ба тарҷимаи баъзе аз асарҳои театрӣ ба кумаки устод Лоҳутӣ машғул шудам, ҳамон рақибони нотавонбинам, ки лухтаки дасти баъзе аз мақомдорони олимақоми он замони кишвар буданд, дар ин роҳ низ садди роҳам гардиданд. Рўзгорам рўз аз рўз сангинтар мегашт.
Аксари ҳунармандон бо ҳамин аҳволи сангини иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор буданд. Ман, ки бо устод Қутбиддин Олимӣ ва хонадони покмаҳзарашон, хусусан бо завҷаи азизашон, модари хеле ғамхор ва дилбари покдоману покмақомашон Маҳбубахон муносибати самимии дўстона доштам, бо даъвати ў дар дубляжи чандин филмҳо иштирок намуда, дастмузди хуб мегирифтам. Ҳамин дастгирии беминнати устод Қутбиддин Олимӣ ману хонаводаамро аз мўҳтоҷиву бенавоӣ раҳоямон бахшид. Тўли даҳ сол бо нони ҳалоли дубляж зиндагонӣ кардам. Агар тамоми умр ба рўҳи поки ба ҳақпайвастаи Қутбиддин Олимӣ ва ҳама гузаштагонаш дуо намоям, ин кам асту кам асту кам…».
Ҳамин тавр муаллимаи бисёр ҳам азиз, модари ғамхору меҳрубон, ҳунарманди нотакрори театр ва кинои тоҷик Фотима Ғуломова низ дар яке аз суҳбатҳояш чунин сатрҳои пурмеҳрро нисбати устоди зиндаёд Қутбиддин Олимӣ рўи сафҳаи хотираҳо оварда буд: «Бо он ки мо хонаводаи аҳли ҳунар ҳастем, ба мардум аз рўзгори гузаштагонамон қиссаҳои саропо аз панди рўзгорро мегўем, худи рўзгори пуштипардагии аксари ҳунармандон хеле пурдард мебошад. Ман аз падару ҷадди бузурворамон пандеро дар гўш дорам, ки «Шикоят аз нотавонӣ пеш аз марг мурдан аст». Вале, агар гузаштаро фаромўш созем, пас мо одам нестем. Гузаштаро на ба хотири нафрат ё ситонидани қасос, балки ба хотири дубора науфтодан ба он чоҳи зулмат мебояд дар хотирҳо нигоҳ дошт. Рўзгори воқеии пуштипардагии ман (яъне Фотима Ғуломова) бо фарзандонам дарду доғи мани муштипар буда, ин дардро танҳо ҳамон модаре медонад, ки ҳамсиришт ва ҳамқисмати ман будааст. Ман мусоҳибаатонро бо муаллимаи азиз София Тўйбоева хонда, дар хилвати танҳоӣ барои сабук шудани дардҳоям хеле гиристам. Чунин дастгирии беминнат ва некиҳои устод Қутбиддин Олимӣ ба ману чандин модарони муштипар дар сангинтарин рўзҳо расидааст. Агар дастгирии ин хирадманд, чеҳраи шинохтаи фарҳанги миллӣ дар он рўзгор намебуд, намедонам ҳоли зори ману даҳҳо чун ман чӣ мешуд. Шояд Худованд дидаву дониста ўро ба мадади мо фиристода буд». Воқеияти таърихии он рўзгор ҳамин будааст. Аз забони даҳҳо аҳли ҳунар, зиёиён ва донишмандони шинохтаи кишвар дар мавриди фаъолияти корӣ ва ахлоқи хонаводагии ин хонадони покмаҳзар ёддоштҳои зиёди пурифтихорро шунидаем, ки ифтихори ҳазорон ҳазор мову манҳои ватанхоҳ мебошад. Киношиноси шинохта ва донишманди фарҳехта, доктори имлҳои фалсафа, узви пайвастаи ҳакамони чандин фестивалҳои кинои Осиё устод Саъдулло Раҳимов дар китоби тозанашри хеш «Кинои хуб-эътибори давлат» (Душанбе- 2020, бо забони русӣ), ки дар мавриди кинои тоҷик қиссаҳои ҷолибро манзури хонандагон гардонидааст, фаъолияти 24 нафар филмбардорони машҳури кинои тоҷикро мавриди омўзиш қарор дода, дар саҳифаи 11 фаъолияти эҷодии устоди зиндаёд Қутбиддин Олимӣ мавриди омўзиш қарор гирифта, гувоҳи муҳаббати беандозаи устод Саъдулло Раҳимов ба ин абармарди ҳунар ва хонадони покмаҳзари ў мебошад. Устод дар китоби хеш ошноияшро бо хонадони покмаҳзари Қутбиддин Олимӣ чунин овардааст:
«Баъди тамошои филми «Ман бо духтаре вохўрдам» дар ҳавлиамон бо писарбачае рў ба рў гардидам, ки ба ҳамон писараки дар филм дидаам бисёр монанд, тарзи либоспўшӣ, одобу ахлоқ ва муносибаташ бо калонсолон маро хеле мафтунаш намуда буд. Ва бовар намекардам, ки ин ҳамон писарак бошад. Баъдтар, ҳангоми дарс рафтанам дар мактаб фаҳмидам, ки дарвоқеъ ҳамон писараки дар филм дидаам ҳамин будааст. Ў Акмал Олимов, писари Қутбиддин Олимӣ, ҳамон Қутбиддин Олимие, ки номи покаш эътибори кинои тоҷик буда, ин шахсияти баландовозаи киноро тамоми Тоҷикистон мешиносад. Дар воқеъ, хонаводаи онҳо эътибори баланди ҳама ҳамсояҳо буд. Баъдтар дидам, ки Акмал низ чун падар соҳиби эътибор гардида, рўзноманигори шинохтаи кишвар шуд. Сипас, писарбачаи дигареро, ки ба Акмал хеле монанд буд, вохўрдам. Он кас бародари Акмал, Рашид буд. Ў низ бо ахлоқи ҳамида ва донишу фаросати баландаш ифтихори ҳама ҳамсояҳо ва ҳаммактабон буд. Ўро низ дар нақши бисёр ҷолиб дар филми «Маленькие истории о детях» дидам. Ҳисси кунҷкобиям боло гирифту бо ин хонавода ошно гардидам. Меҳру муҳаббат, самимият ба кино дар дилам ҷўш зад ва тақдирамро тавассути муҳаббати ин хонадон ба кино пайвастам. Хонадони покмаҳзари устоди зиндаёд Қутдиббин Олимӣ симои ҷовидонаи хонадони зиёии тоҷик буда, ин хонадон ченаки меъёри ахлоқи классикии тоҷикӣ мебошад. Устоди зиндаёд Қутбиддин Олимӣ, ки зода ва парвардаи хоки поки фарҳангхези Ҳуҷанди бостон мебошад, ба Душанбеи азиз фазлу фаросат ва суннатҳои классики тоҷикиро овард. Ҳама фарзандони ин хонадони покмаҳзар дар хидмати Ватан содиқона камари ҳиммат баста, номбардори гузаштагони пурифтихори хеш будаву ҳастанд. Номи поки Фотеҳ ва Акмал Олимовҳо дар равоқи тиллоии пурэътибори миллат насб гардида, кори некашон дар ёди ватансозони кишвар нақши абадии хешро гузоштааст. Номи пурифтихори духтари аввали хонавода-Хосият дар қалби садҳо ҳазор тамошобинони телевизиони тоҷик ба абадият сабт гардида, ҳама зебоӣ ва ҳусну латофати дилбар, духтар ва бонуи тоҷикро ў манзури мардуми кишвар гардонида буд. Эътибор ва шаъну шарафи хонаводаи покмаҳзари устоди зиндаёд Қутбиддин Олимӣ бо номи пурифтихори Рашид Қутбиддинович нимаи дуюми солҳои 80-уми саддаи гузашта ифтихори саросарии Тоҷикистони Шуравӣ ва замони соҳибистиқлолӣ эътибори Тоҷикистони азиз дар арсаи олам гардид. Таваҷҷуҳи хоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассиси варзидаи замони Шуравӣ буд, ки Рашид Қутбиддиновичро ба мақомҳои олии шоистаи кишвар лоиқ дониста, ифтихори давлат ва ҳукумати кишвар намуд. Имрўз Рашид Қутбиддинович Олимов бо ифтихори зиёд дар қатори садҳо фарзандони пурифтихори Ватан дар хидмат мебошад. Фарида низ чун падару модари азизаш номбардори гузаштагони хеш буда, чароғи рушани ин хонавода мебошад. Шоистаи арҷгузории ҳама зиёиёни кишвар мебуд, ки агар киношиносону киносозони кишвар филмеро аз рўзгори ибратбахши ин марди дунёи ҳунар, устоди зиндаёд Қутбиддин Олимӣ ва хонадони покмаҳзараш дар перомуни муҳаббати ватандорӣ рўи навор биёранд, то ояндагон аз ахлоқи ҳамидаи классикии ин хонадон баҳра бардоранду бо садоқат ба Ватан ва халқи бузургвори хеш хидматгузор бошанд.


Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: