Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » “ Таърих ҳақиқатро исбот мекунад”

“ Таърих ҳақиқатро исбот мекунад”

22-05-2022, 07:30
Хабарро хонданд: 98 нафар
Назарҳо: 0
      “ Таърих ҳақиқатро исбот мекунад”
Баъди ошубе, ки дар “Евромайдон”-и шаҳри Киев, пойтахти Украина ба вуқуъ пайваст( с.2014) ва ба сари қудрат омадани гуруҳҳои насионалистӣ, дар ҳақиқат, Украина ба давлати миллатгарою тақаллубӣ табдил ёфт.Аз ҳамон давра сар карда, дар Украина парокандагӣ, ошӯбу гиридиҳамоиҳои хунин ва якдигарнофаҳмиҳои бемаънию баъзан ҳадафҳо манфӣ дошта, зиёд шуданд. Президенти собиқи Украина Виктор Янукович дар яке аз суҳбатҳояш гуфтааст, ки соли 2014 барои Украина давраи ниҳоят вазнине буд. Дар ин давра давлат ба мушкилоте дучор шуд, ки сабаби он на муфлисии кишвар, балки мушкилоти геополитикӣ буд.
Муносибатҳои шарикии муқаррарии Украина ва Русия дар Ғарб, асосан дар Иёлоти Муттаҳида, ҳамчун таҳдиди бозгашти Федератсияи Русия ба сиёсати ҷаҳонӣ дар нақше, ки собиқ ИҶШС дар замони худ мебозид, баррасӣ карда шуданд" Ба гуфти собиқ раиси ҷумҳур, "афзоиши танишҳои дохилии сиёсӣ дар Украина ва авҷ гирифтани он ба муноқишаи ошкоро байни мухолифон ва ҳукумати феълӣ танҳо масъалаи вақт аст".
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия назарашро дар мавриди эҳтимоли пошхӯрии давлати Украина чунин баён доштааст:
"Пошхӯрии Украиа баъди табаддулоти давлатӣ, ҳанӯз соли 2014-ум оғоз шуда буд, ки Қрим аз ҳайати он хориҷ гардид. Ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск низ мустақилияти худро эълон карда, аз ҳайати он баромаданд.
Як қисми сокинони қисматҳои ғарбии Украина, аллакай шаҳрвандии Лаҳистону Булғористонро гирифта истодаанд”.
Коршиносон мегӯянд, ки баъд аз оне, ки миллатгароён (2014) шаҳри Киевро ба тасарруфи худ дароварданд, ақидаҳои неофашистиро то ҳанӯз рӯи рост тарғиб карда истодаанд. Албатта тарафдорони онҳо зиёд аст, аммо на ҳама мардуми Украина ақидаҳои онҳоро мепазиранд. Масалан соли 2019 аъзоёни ,, Ҳизби радикалии Олег Ляшко” ва ҳизби “Озодӣ” натавонистанд, ки дар интихоботи парлумонии (рада) Украина сазовори ҷой шаванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки агарчи тарафдорони Степан Бандера аз мавҷудияти идеяи худ овози баланд бароранд ҳам , аммо на ҳама мардуми Украина тарафдори онҳо ҳастанд. Аммо онҳоро имрӯз қисме аз мардум, артиш, мақомотҳои ҳуқуқӣ ва раҳбарияти давлат тарафдорӣ мекунанд. Мухолифини ақидаиҳои неофашистӣ мувофиқ ба андешаи коршиносон, имрӯз аз тарси ҷони худ хомуширо авло донистаанд.
Агар чунин бошад, пас ҳайратовар аст, ки дар замони муосир Украина мамлакати миллатгаро шуда, рӯирост ақидаҳои фашистиро тарғиб мекунад, ва ҷониби мардуми мамлакатҳое, ки дар ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷониби фашистон фоҷиаи азими марговарро дидаанд, дастгири ёфта истодаанд.
Сиёсатмадорони рус иброз медоранд, ки яке аз мақсадҳои асосии амалиёти махсуси ҳарбии Русия ба муқобили гуруҳҳои неофашистии Укрина барҳам додани ақидаҳои неофашистӣ дар минтақа аст.
Ба назар чунин мерасад, ки маҳз ҳамин ақидаҳои фашистӣ русофобияро дар Украина ва мамлакатҳои ғарб зиёд зиёд кардаву решаи онро мустаҳкам гардонидаанд. Имрӯз оташи мавҷи русбадбинӣ (русофобия) на танҳо дар Украина, балки дар дигар мамлакатҳои аврупоӣ низ аланга дорад. Русофобия чунон авҷ гирифтааст, ки ҳатто мардумоне, ки ба забони русӣ муошират мекунанд, новобаста ба халқияту миллаташон аз ҷониби давлатдорони қисме аз мамлакатҳои аврупоӣ таъқиб карда мешаванд. Ин тӯфони азими русофобия таъсири бади худро ба кӯдакон, донишҷӯён, нафароне, ки дар ин мамлакатҳо маскуни доимӣ буданд, ҳатто ба сайёҳони русзабон таъсири ниҳоят бад расонида истодааст. Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсонӣ Татяна Москалкова мегӯяд, ки ҳар рӯз аз номи донишҷӯёни русзабоне, ки дар Аврупо таҳсил мекунанд, ба мо номаҳо мерасанд, ки онҳо атрофи беассос аз мактабҳои олии Фаронса, Чехия, Англия, Белгия хориҷ шуданашон шикоят мекунанд. Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷиии Русия дар Аврупо Мария Захарова иброз медорад, ки имрӯз русофобия дар Аврупо барои мардуми рус ҳамчун оташи ҷаҳаннам сӯзанда шудааст.
Яке аз сиёсатшиносони Финландия Йохан Бекман ба нашрияи электронии “Украина.ру” гуфтааст, ки “имрӯз ғарб нисбат ба русҳо бадбинии ниҳоят сахте пайдо кардааст, ки тайёранд Россияро бо техникаи фиристодаи ҷангии худ пора-пора созанд. Маркази ин русофобия дар Англия буда, Иттиҳоди Аврупо зидди Русия тарғиботи ниҳоят сахт бурда, пайваста Украинаро бо лавозимоти ҷангӣ таъмин карда истодааст. Ба назар чунин мерасад, ки имрӯз мардуми Аврупоро русофобия кӯр кардааст ва онҳо ҳақиқати ҳолро нисбати русҳо дида наметавонанд, дар ин ҷанг пеш аз ҳама русҳо, Путинро гунаҳгор медонанд”.
Агар мо дар атрофи таърихи русофобия андеша ронем, он аз қарни XVI байни мардумони алоҳидаи аврупоӣ реша давондааст. Бахусус, ин эҳсоси бад дар байни мардуми Лаҳистон (Полша) таърихи қадима дорад. Дар гузаштаи дур борҳо шоҳигариҳои лаҳистонӣ бо русҳо меҷангиданд. Онҳо образи русро ҳамчун инсонҳои ваҳшии шарқӣ, ки иҷтимоиётӣ ниҳоят паст дошта тасаввур мекарданд.Ин фаҳмишро байни дигар аврупоиён тарғиб карда, рӯз аз рӯз дар ниҳоди онҳо эҳсоси нафратро нисбат ба русҳо бедор мекарданд.
Яке аз публисистони машҳури лаҳистонӣ Роналд Ласеский атрофи ин мазмун чунин мегӯяд: “Русофобияи мардуми Лаҳистон решаҳои ниҳоят қадима дорад ва он бо гузашти солҳо, тарғиботу ташвиқоти ҷойдошта имрӯз хеле ташаккулёфтаву қавӣ гардидааст. Лаҳистониҳо бо русҳо ҳамчун яҳудиҳои Рейхи Сеюми Олмони фашистӣ муносибат мекарданд”.
Ҳатто русзабононро дар Донбасс, новобаста ба халқияту миллаташон, ҳамчун “партови биологӣ” ва Маскавро душмани асосӣ, рақиби оштинопазири худ номидаанд.
Русофобия чист ва он чӣ гуна ташреҳ меёбад? Мафҳуми русофобия дар солҳои 30-юми асри XIX дар нашрияҳои олмонии «Nurnberger Zeitung» (1837 год), «Frankfurter Ober-Amts-Zeitung» (1837 год) пайдо шудааст. Ҳуҷҷатҳое низ пайдо шудаанд, ки ин мафҳум дар ибтидои асри XVI аз тарафи латишҳо , полякҳо ва роҳибони католики низ истифода мешуд.
Мафҳуми Русофобия (нем. Russophobie, фр. russophobie, юнонӣ . φоβος — тарс) гирифта шудааст, ки мазмунии бадбинии миллати русро дорад. Ба андешаи таҳлилгари рус Семён Чарного дар ҷомеа ду намуди русофобия дида мешавад:
1) Муносибати сарҷамъонаи аъзоёни ҷамият нисбат ба русҳо.
Пушида нест, ки ин мазмун баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ бараъло аён гардид ва муносибату таҳрикоти бади иддае аз миллату халқиятҳое, мушоҳида гардиданд, ки онҳо нисбат ба русҳо нигоҳи хуб надоштанд. Албатта ин русбадбинӣ дар даврони шуравӣ сабабу омилҳои худро дошт ва атрофи ин мазмун гуфтан мақолаи алоҳидаро тақозо дорад.
2) Русофобияи давлатдорон, ки он дар сохти давлатдории баъзе мамлакатҳо дида мешавад.Ин равия дар муносибати бади давлатҳо нисбат ба давлати Русия дида мешавад. Баъзе ҷамъиятҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки онҳо рӯи рост дар ҷомеа ва байни аъзоёнаш русофобияро тарғиб мекунанд ва давлат ба онҳо монеъ нашуда ҳамфикр аст.
Таърихшинос Никита Соколов яке аз сабабҳои асосии русофобияро дар сиёсати нодурусти давлат медонад. Нависанда, сиёсашиноси итолёвӣмиллатгароӣ Джулейтто Киеза сабаби шиддати русофобияро дар нишондоди таҳрикоти бади васоити ахбори оммаи ғарб нисбат ба Россия медонад.
Таърихшиноси Украина Юрий Кнутов атрофи русобофия чунин андеша дорад: “ Аслан пояҳои миллатгароӣ ва русофобия дар Украина ҳанӯз пеш аз Ҷанги якуми ҷаҳон дар Австро-венгрия (дар он давра Украина империяи Австро-венгрияро итоат мекард) оғоз шуда буд. Гурӯҳҳои насистӣ дар байни мардум эҳсоси русбадбиниро зиёд тарғиб мекарданд, аммо мардумони оддӣ ба ин тарғибот даҳсолҳои аввал зиёд таваҷҷуҳ намекарданд. Аммо баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон тарғибот хеле зиёд шуд, зеро пайравони таҳрикоти миллатгароӣ бахусус дар Украинаи ғарбӣ хеле зиёд шуда буданд ва он онҳо дар давраи ҷанг ба муқобили давлати Шӯравӣ чанд сол ҷангиданд, ҳато баъди ҷанг то солҳои 50 –ум ҷамъияти махфии “Аэродинамика» таъсис дода шуд, ки дар он миллатгароёни собиқи Украинаи ғарбӣ шомил буданд ва ба муқобили кремл ва коммунистҳо мубориза мебурданд”.
Бале, мувофиқи нишондоди махазҳои таърихӣ, бахусус ба муқобили миллатгароёнӣ украинӣ Н.С Хурушёв муборизаи бемон бурда буд. Ҳатто дар давраи И.С. Сталин руйхати раҳбарони насистҳои бандераро тартиб дода, ба ӯ пешниҳод карда буд, ки онҳо бояд тамоман несту нобуд карда мешуданд. Сталин ҳам ин таклифро пазируфт, вале баъдтар Хурушёв, ки миллаташ украин буд ва шояд ҳамин ӯро ба он водор сохт, ки аз раъяш баргардад ва пешниҳод намуд, ки барои дар арсаи байналмиллалӣ бад нашудани номи давлати Шӯроҳо ин кор бояд анҷом дода нашавад. Сталин ин таклифро низ қабул кард ва аз ҳамон давра сар карда, ба бандераҳо иҷозат дода шуд, ки онҳо дар мактабҳои миёна ва олӣ ҳамчун омӯзгор кор кунанд ва дар дигар самтҳои кории давлатӣ ба фаъолият пардозанд. То соҳои 80-уи ин раванд хуб идома ёфт, вале баъди солҳои 80 дар украинаи ғарбӣ аз нав ҷамъият ва гурӯҳҳои тарғиботии иғвоандоз ба фаъолияти пинҳонӯ сар карданд. Дар солҳои 90-ум неофашистҳо дар ҷангҳои Чеченистон, Гурҷистон, ҳатто Ироқу Сурия иштирок кардаанд.
Дар охир мехоҳам атрофи воқеоту ҳодисоте, ки имрӯз байни Русия ва Украина рӯй дода истодааст андеша баён намоям. Аввалан, байни ин ду миллат афзоиш ёфтани якдигарбаднӣ хатари баде дорад. Агар ба гузаштаи дури таърих назар андозем украинҳо ва русҳо ба ҳамдигар ҳамхунанд ва ба ҳам пайвандгарии аҷдодӣ, динӣ ва қавмӣ доранд. Ҳатто шабоҳати забонашон ба ҳам хеле зиёд аст. Мувофиқ ба нишондоди маъхазҳои таърихӣ, ҳангоме, ки сипаҳсолор Рюрик барои идора кардани шаҳри Новгород омад, соли 862 давлати куҳанбунёдӣ Киеви Рус таъсис дод. Тарафдорони княз Рюрик Асколд ва Дир ҳангоми сафар қад қади соҳилҳои Днепр, шаҳрро бо номи Киев пайдо намуданд ва дар он ҷо ҳоким шуданд. Баъди марги Рюрик тарбтятгарӣ писари ноболиғаш Олег ном сипаҳсолор шуд ва соли 882 ӯ ба Киев лашкар кашид. Асколд ва Дирро ба қатл расонд ва пойтахт ин шаҳрро эълон дошт. Дар давраи ҳукмронии Олег давлати Киеви Рус хеле пешрафта буд ва мардумонаш ба ҳам дустона зиндагӣ мекарданд. Дар он давра ду князигрӣ буд; новгородиӣ ва киевӣ.Таърихшиносон менависанд, ки ин ду князигарӣ ба ҳамдигар дӯстона ва бародарона зиндаги мекарданд ва ҳаттто якҷоя ба муқобили ғосибони византӣ ва туркӣ якҷоя мубориза мебурданд. Онҳоро ба ҳамлигар ҳамхуниӣ ва аз як қавм буданашон ба ин кор далолат мекард.Аммо ҳозир ин амал рӯ ба фано овардааст.
Эзоҳ:
Имрӯз атрофи ҳодисоту воқеоте, ки байни Русия ва Украина рӯй дода истодааст, дар бештари расонаҳои хабарӣ, нашрияҳои интернетӣ, матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори омма аз ҷониби коршиносон, сиёсатмадорон ва журналистон назарандозиҳои ҳархела, ақидаҳои мухталиф мавҷуданд ва мехоҳам бо суханони “Падари таърих”- и олам Ҳеродод ба андешаҳоя хотима бахшам: “ Таърих ҳақиқатро исбот мекунад”.

Т. Орифӣ
















Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: