Аутизм ва таъсири он ба кӯдакон25-01-2021, 13:03
Хабарро хонданд: 575 нафар
Назарҳо: 0
Яке аз зуҳуроти номатлубе, ки имрӯз дар кӯдакон ва ҷавонон ба назар мерасад аутизм мебошад, ки он сол то сол дар байни мардуми сайёра паҳн шуда истодааст. Аутизм аз забони юнонӣ “αὐτός” гирифта шуда, маънояш худам мебошад. Дар забони немисӣ онро “Autismus” меноманд, ки мазмуни ҷудогона будан, воридшавӣ ба чаҳони эҳсосоти носолими худ ва дур шудан аз муҳити ҳақиқӣ мебошад. Нишонаҳои аутизм Тӯли 20 сол ба ҳайси омӯзгор дар мактаби олӣ фаъолият намудаам. Дар давоми фаъолиятам борҳо ба шогирдоне рӯ ба рӯ шудаам, ки равони осебрасида доранд. Носолимии равонии онҳо ҳангоми сухан гуфтан, таҳрикоти ноҷо ва андешарониҳояшон дида мешуд. Ба назар чунин мерасид, ки онҳо грифтори ҳолати аутистӣ (худпараст) ҳастанд. Чунин инсонҳои ҳолати носолими равонӣ доштаро мардум “хапак”, “дамдузд” ва “сияҳдарун” меноманд. Албатта, ин мафҳумҳо пурра ҷавобгӯи ҳолати аутизмии инсон нестанд, аммо ба ҳар сурат ба ҳақиқат наздикӣ доранд. Масалан Н. ном шогирд доштам, ки гирифтори ҳолати аутизмӣ буд. Дар дарсҳо кам иштирок карда, аз худ камҷуръативу беҳавсалагӣ нишон медод. Дар давоми панҷ соли хонданаш боре ҳам хандаи ӯро мушоҳида накарда будам. Ҳамеша дар гӯшае танҳо, орому ба назар бепарво менишаст. Барои чунин хислаташ ҳамсабақонаш ба ӯ лақаби “Хӯсабой” ном гузошта буданд. Муайян намудани аутизм дар кӯдак мушкил буда, нишонаҳои он аз хислат ва ҳолати равонии ӯ вобаста ба синну солаш ошкор мегардад. Ҳанӯз аз даврони як солагияш ба ӯ на бо сухан, балки танҳо бо ишора мазмунеро фаҳмондан мумкин аст, зеро нутқи чунин тифлон ниҳоят суст инкишоф меёбад. То сесолагӣ дар суханронии кӯдакони аутист садонокҳо қариб, ки истифода бурда намешаванд ва махзани луғавияшон ниҳоят кам аст. Агар ба онҳо волидон ва ё омӯзгорон бо суоле муроҷиат кунанд, одатан посух гирифта наметавонанд, агар посух ҳам гиранд он нопурра ва ё ғалат аст. Ин аст, ки чунин кӯдакон ба зиндагӣ бо нигоҳи сард ва андешаҳои аз ҳақиқат дур менигаранд. Аз муошират бо дигарон худро канор кашида,танҳоиро меписанданд. Кӯдакону ҷавонони ба ин ҳолат гирифтор шуда, ҳаракат кардану ба дигарон суҳбат карданро хуш надоранд ва дар бисёр ҳолатҳо хомӯширо авло медонанд. Чунин кӯдакон гирёнчак буда, аз ҳама чиз меҳаросанд, ба бозичаҳо майл надошта, ҳамеша мехоҳанд, ки ба онҳо калонсослон кумак расонанд. Аз се то панҷсолагӣ тамоман неру ва тавоноии худро ба касе нишон додан намехоҳанд. Ин гуна кӯдакон ҳатто ба онҳое, ки нисбаташон ғамхорӣ мекунанд, дуруст аҳамият намедиҳанд. Онҳо муносибати дӯстонаро қабул надоранд. Хашмпазирӣ дар кӯдакони аутист зиёд дида мешавад. Бо 67 наврасе, ки дар Лондон аз ҷониби равоншиносон пурсиш гузаронида шуд, аз се як ҳиссаи онҳо тез хашмгин мешуданд. Кӯдакони ба ҳолати аутистӣ гирифторшуда ба хӯрдани таом таваҷҷуҳ надошта, ҳамчун калонсолон бедорхобӣ мекашанд. Сабабҳои пайдоиши аутизм Дар атрофи аутизм олимони тиб ва равоншиносон ба тариқи даркорӣ тадкиқот бурда бошанд ҳам, аммо то ҳанӯз ба қароре наомадаанд ва ин ҳолати рӯҳӣ аз ҷониби равоншиносон ва табибон то ҳанӯз омӯхта шуда истодааст. Вобаста ба пешрафти илми тиб ва донишу малакаи олимони равоншинос дар замони муосир якчанд паҳлуҳои ҳолати рӯҳии инсонҳои аутист муайян гардидааст. Ақидае ҳаст, ки сабабҳои пайдоиши он тағирёбиии ирсӣ, (генная мутатсия) , нарасидани ҳаво ба ҷанин (родовая гипоксия), синну соли калони волидон шуда метавонад. Нишонаҳои аутизм бештар дар писарбачагон дида мешавад. Вайроншавии хромосомаҳо, тағйир ёфтани онҳо (мутатсия), инчунин бемориҳои сироятӣ низ сабабгорӣ ба ин ҳолат гирифтор шудани кӯдакон шуда метавонанд. Аз волидоне, ки нашъаманданд, тамоку мекашанд, майзада ҳастанд ва зиндагии носолим доранд, чунин кӯдакон метавонанд ба дунё оянд. Одамони гирифтори аутизм аз дигар одамон бо қобилият ва ҳолатҳои равонии худ фарқ мекунанд. Баъзеи онҳо қобилиятҳои фавқулодда ва хотираи афсонавӣ доранд, гурӯҳи дигар дар муошират ва омӯзиш душворӣ мекашанд. Масалан, президенти 16-уми Амрико Авраам Линколн, рассоми номии ҷаҳонӣ Леонардо да Винчи, нависанда Вирҷиня Вулф ба ҳолати ҳолати сабуки ауитизм гирифтор буданд. Аутизм ва шизофрения Иддае аз равоншиносон аутизмро бемории равонӣ дониста, онро як навъи бемории шизеофрения меҳисобиданд, вале гурӯҳи дигар мегӯянд, ки аутизм беморӣ набуда, он марбут ба ирсияти инсон аст. Эйген Блулер — равоншиноси швейтсарӣ чунин меҳисобад, ки дар шизофрения воқеият дар тафаккури инсонҳо намоён нест ва инсон подоши амалашро ғалат арзёбӣ мекунад. Дар тафаккури аутист бошад, "дурӣ аз воқеият, тамоюл ба рамзгузориҳо" аҳамияту бартарӣ дорад. Блулер қайд кардааст, ки одамони гирифтори шизофрения дар ҷаҳони хаёлӣ зиндагӣ мекунанд, ки пур аз хоҳишҳои иҷронашаванда буда, дорои ғояҳои ғалати тафаккур ва ақл аст, дар ҳоле ки ҷаҳони аутизм барои онҳо нисбат ба ҷаҳони воқеӣ наздиктар аст. Блулер се ҷузъи асосии сохтори аутизмро муайян кардааст: - зиндагӣ дар ҷаҳони тахайюлот ва хоҳишҳо; - гум кардани тамос бо воқеият; - мавқеъҳои гуногуни ҷаҳони воқеӣ ва аутистӣ; Равоншиноси олмонӣ Карл Ясперс аутизмро "худидоракунӣ дар ҷаҳони ҷудогонаи инсон" тавсиф кардааст. Вай қайд кардааст, ки “яке аз паҳлӯҳои аутизм мутамарказгардонии хаёлоти шахсӣ, новобаста аз воқеият аст”. Роҳҳои муътадил гардондани ҳолати аутистӣ Метавон бо итминони комил гуфт, ки аутизм ба зиндагии инсон халал намерасонад. Бори аввал ин ҳолатро соли 1943 равоншиноси амрикоӣ Лео Каннер тавсиф карда буд. Волидони зиёде, ки дар кӯдаконашон аутизм ташхис шудааст, ба духтурон чунин савол медиҳанд: “Оё ин бемориро табобат кардан мумкин аст?”. Аутизм табобат намешавад, аммо бо ёрии усулҳои махсуси равонӣ, волидон метавонанд вазъи кӯдакро ба таври назаррас беҳтар намуда, ӯро то ҳадди имкон ба муҳити атроф ва ҳақиқат мутобиқ намоянд. Падару модарон бояд бо муаллимон ҳамкории зич дошта бошанд ва муддати тӯлонӣ корҳои маъмулӣ – методиро дар ҳамкорӣ бо ҳам иҷро кунанд. Инак якчанд маслиҳат барои волидони кӯдакони аутист: - шумо бояд возеҳ дарк кунед, ки фарзанди шумо ба дигарон монанд нест; - шумо бояд дар бораи фароҳам овардани муҳити мусоид барои кӯдак ғамхорӣ намоед, то ки ӯ комилан рушд карда, дар ҷомеа худро шинохта тавонад; - мунтазам бо мутахассисон - равоншинос, логопед, омӯзгорон машварат кунед. Аутизм дар кӯдакони хурдсол дар марҳилаҳои гуногун табобат карда мешавад: - ташаккул додани дониш ва малакаҳои зарурӣ барои муошират бо дигарон; - тадриҷан, оҳиста ва дилпурона нутқи кӯдакро инкишоф додан; - тақлид кардани тифлро омӯзед ва ба тақлиди хуби ӯ таҳсин хонед; - ба кӯдакатон бозиҳои нақшофариро ёд диҳед; - кӯдакро ба он бовар кунонед, ки рафтори хуб аз бад беҳтар аст ва эътимодашро ба зиндагии ҳақиқӣ зиёд намоед. Волидон вазифадоранд, ки ба фарзанди ҳолати аутистӣ дошташон бо равоншиносон, омӯзгорон, муррабиёни боғча ва яслиҳои кӯдакона ҳамкорӣ кунанд. Мутахассис дар давраи муайян рафтори аутистро назорат мекунад, то хусусиятҳои ҷараёни равонии ӯ ба як реҷаи (стимули) муайян дарояд ва кӯдакро ба самти кори хуб ҳавасманд гардонад. Ин ҳолат ӯро руҳбаланд мекунад ва нигоҳашро ба самти хуб равона карда, дар дилаш эҳсосоти бовариро маскан медиҳад. Ҳолати руҳии ӯ тағйир ёфта, рӯ ба дарки ҳақиқати маънӣ меорад ва нишонаҳои ихтилолии рафтор аз ӯ дур мегарданд. Сарфи назар аз дараҷаҳо ва намудҳои аутизм, аксари кӯдакони аутист мушкилоти нутқ доранд, ки ин ба онҳо имкон намедиҳад, ки хоҳишҳои худро баён кунанд ва бо дигарон муошират намоянд. Дарсҳои мунтазами инфиродӣ бо логопед ба онҳо имкон медиҳад, ки сохти дурусти ҷумлаҳо ва фаҳмо будани нутқро дарк намоянд. Дар охир ҳаминро бояд иброз дорем, ки бо ин ихтилоли ҳолат, иддае аз инсонҳо таваллуд мешаванд, зиндагӣ мекунанд ва ба даврони пирӣ мерасанд. Ҳолати равонии аутистӣ хатарнок нест, танҳо ҳаминро бояд гӯем, ки қисми зиёди чунин инсонҳо дар ҷомеа мавқеъ ва манзалат наёфта, оқибат дар гӯшае танҳо мемонанд. Аз ин рӯ падару модарон, муррабиёну омӯзгорон вазифадоранд, ки ҳолати аутистӣ доштаи кӯдаконро бо усулҳои махсуси аз ҷониби равоншиносон пешниҳод шуда, бартараф намоянд. Тағоймуроди Орифӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.