Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АЛЕКСАНДР БЁРНС: Ҷосус дар либоси сайёҳ

АЛЕКСАНДР БЁРНС: Ҷосус дар либоси сайёҳ

2-12-2020, 14:11
Хабарро хонданд: 236 нафар
Назарҳо: 0
   АЛЕКСАНДР БЁРНС: Ҷосус дар либоси сайёҳ
Таърих

ӯ ба Бухоро аз Ҳинд омад ва солҳои 1831-1833 ин ҷо зиста, ба таҳҷиҷу омӯзиш машғул буд. Ғарбиҳоҳанӯз аз ҳамон солҳо ба минтаҷаҳои шимоли Ҳинд ва аз ҷумла, ба ҷуғрофияву ҳаёти иҷтимоии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи зиёд доштанд, кибесабаб набуд. Дар ибтидои солҳои 30-уми асри 19 давлати Англия низ ба унвони як давлати пештози мустамликадор ба кишварҳои воҷеъ дар шимоли Ҳинд таваҷҷуҳ карда, ба ҳар роҳ ҷосусони худро мефиристод. Александр Бёрнс яке аз онҳое буд, ки он давра дар агентураи англис дар шаҳри Лоҳур хидмат мекард. Аз он ҷо чун сайёҳ ба Бухоро фиристода шуд ва дар таърихи дипломатия бо номи «Бёрнси бухороӣ» машҳур гардид.
Саргузашти ӯ барои мо ҳеҷ аҳамияте намедошт, агар мисли даҳҳо ва шояд садҳо ҷосуси дар либоси сайёҳ ба ин минтаҷа омада мебуд ва нишоне аз кори худ ба мерос намегузошт.
Бёрнс бо фарҷ аз дигарон асари пурарзише аз мушоҳидаҳояш дар ин сафар навишт, ки ҳанӯз дар ҳамон давра ҷадр шуд ва муҳтавои он ҷиҳати ошноӣ бо вазъи минтаҷа беҳамто ва барои имрӯзиён низ муҳим аст.
Рӯзгори сайёҳ, ҷосус ва дипломатии англис Александр Бёрнс аз саҳифаҳои пӯшидаи таърих нест, балки ба шарофати ҳамон таҳиҷоташ, ки бо номи «Сафар ба Бухоро» дар таърих монд, таҳлилгарону таърихнигорон то ба имрӯз дар борааш менависанд.
Дар ин навиштаҳо ба унвони сайёҳ, ҷосус ва дипломат ёд ва зикр мешавад, ки ӯ 5 майи соли 1805 дар Шотландия дар оилаи як роҳиби маҳаллӣ таваллуд ва 2 ноябри соли 1841 (дар 36-солагӣ) дар Кобул кушта шудааст. Мегӯянд, аз табори шоиру фолклоршиноси машҳури англис Роберт Бернс (1759 – 1796) буд. А. Бёрнс, ки забонҳои ҳиндӣ ва форсиро хуб медонист, 16 сол ба тарҷумонӣ ва хидмати дипломатӣ машғул буд. Дар соли 1826 аз замоне, ки ба ҳайси дастёри агенти сиёсии Британия фиристода шуд, ба таърих ва ҷуғрофияи Ҳиндустони ғарбӣ ва кишварҳои ҳамсоя, ки дар он замон хеле кам омӯхта шуда буданд, таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Соли 1831 Бернсҳамроҳи ҳинду Моҳан Лаъл аз роҳи Ҳиндукуш ба Бухоро ва Форс (Эрон) сафар кард. Ёдоштҳояш аз ин сафари дусола баъди бозгашташ ба Лондон дар соли 1834 чоп шуда, ба рисолае ҷиҳати шинохти Афғонистон, Бухоро ва Форс табдил ёфт. Ин китоб аз маъруфтарин таҳҷиҷоти замон дар мавриди ин минтаҷа буд. Пас аз нашри якуми асар, муаллифро чандин ҷамъиятҳои илмӣ, аз ҷумла Ҷамъияти шоҳии ҷуғрофияшиносони Англияпазируфтандва дар Париж ҳам ба унвони узви ифтихорӣ эътироф карданд. Чанде пас ӯ дар соли 1835, ба Ҳинд баргашта ва соли 1836 ба сифати намояндаи сиёсии Британия ба Кобул ба дарбори Дӯст Муҳаммад ба сафари хидматӣ фиристода шуд. Аммо хулосаҳояш аз музокирот ва пешниҳодҳояш дар мавриди ҳимоят аз шоҳ Дӯст Муҳаммад дар Британия ҷабул нагардид ва Англия барои баргардонидани шоҳ Шуҷоъ ба тахт иҷдом кард, ки ин боиси оғози ҷанги якуми Англия бо Афғонистон шуд. Соли 1841 дар ҳоле ки Бёрнс ба сифати агенти сиёсӣ кор мекард, дар ҷараёни як исёни тӯдаҳои норозӣ дар Кобул ба ҷатл расид.
Муҳаҷҷиҷи рус Виктор Дубовитский дар маҷолае бо номи «Александр Бернс - "тоҷире бо ҷутбнамо" навиштааст, ки «Дар охири асри 18 ва аввали асри19, шиносоӣ бо Осиёи Миёна аз ҳадафҳои асосии муҳаҷиҷони Аврупо буд. Аммо режимҳои феодалии Бухоро, Хива ва Ҷуҷанд дахлнопазирии сарҳадҳои худро аз воридшавии масеҳиёни хориҷӣ ба сахтӣ муҳофизат мекарданд. Бо вуҷуди ин, баъзе аз онҳо ҷони худро ба хатар гузошта, вориди минтаҷа мешуданд. А. Бёрнс яке аз он муҳаҷҷиҷоне буд, ки бо пинҳон доштаникиву чимаҷсади аслии сафар, ҳамчун тоҷир ва сайёҳ барои кашфи Осиёи Марказӣ омада, инҷо зиста буд. ӯ солҳои 1831-1836 дар зери ниҷоби савдогари арманӣ ба Афғонистон ва аз он ҷо ба Осиёи Марказӣ омад».
Лозим ба зикр аст, шаш сол ҷабл азсафари ӯ, дар соҳили чапи Амударё, дар Ҷундуз, ду дипломати машҳури бритониёӣ, Вилям Муркрофт ва Ҷорҷ Требек, инчунин, табибе, ки онҳоро дар сафар ҳамроҳӣ мекард ваҷти бозгашт аз музокирот дар Бухоро, ба таври фоҷиабор ба ҳалокат расиданд. Бесабаб набуд, ки Бернс, барои ҳифзи ҷонҳангоми сафар намуди зоҳирашро дигар карда, бокорвони хурд аз соҳили Ҳинд то Амударё омад. Муҳаҷҷиҷон бо такя ба ёддоштҳои худи ӯ навиштаанд, ки ин "савдогари арманӣ" дар миёни ҳамсафаронаш бо саллаи хоксорона ва ҷомаи хокистарӣфарҷе намекард. Ин "арманӣ", ки забони форсиро хуб медонист, ба гунае бо ҳамсафаронаш возеҳ суҳбат мекард, то талаффузи хеле назарраси забонаш як англис буданашро ифшо накунад. Роҳи ӯ аз масири пурхатари пайроҳаҳои корвонгузари кӯҳистони Афғонистон, регистонҳои Туркманистон ба воҳаҳои Эрон то Бухоро мерасид.
Таҷрибан баъди панҷ моҳи ба роҳ баромадан аз Лоҳур, Бернс ва ҳамроҳонаш Амударёро дар минтаҷаи шаҳри муосири Тирмиз гузашта, ба ҷаламрави хонигарии Бухоро ворид шуданд. Ин муҳаҷҷиҷи баҳушу хушзеҳни 26-сола, ки рутбаи лейтенантро дошт, ҳиллагари хуб ҳам буд. ӯ тавонист бо истифода аз ҷутбнамои дар салла пинҳонкардааш дар роҳ ҳар чизе, ки лозим буд санҷида, харитаи сафарашро рӯи коғаз мекашид. Ҳудудҳое, ки ӯ ба онҳо расида наметавонист, аз рӯи маълумоти ҳамсафаронаш бодиҷҷат ҷамъоварӣва ба наҷша ворид мекард. Дар натиҷа ӯ, барои илми Аврупо маълумоти нодир ба даст овард, ки аксари онҳо аз замони сафари Марко Поло (асри 13) ба ин сӯ аз тавассути каси дигаре кашф ва ҷое сабт нашуда буд.
Албатта,баъзе аз маълумот, масалан, ончӣ ба ҷаламрави Тоҷикистони кунунӣ рабт мегирад, ки онро Бернс ба даст оварда, дар сафарномааш овардааст, аксар ваҷт нодуруст мебошанд, аммо ин аввалин маълумоте буд, тавассути ӯ дарбораи ин минтаҷа ба илми географияи Аврупо даст шуд.
«Дар шимоли Окс (Амударё), кӯҳҳо бори аввал пас аз ворид шудан ба мулки мустаҷили Ҳисор дучор меоянд. Кӯҳҳои Ҳисорро танҳо дар зимистон барф мепӯшонад, гарчанде ки баландии назаррас доранд. Сокинони Ҳисор аз кӯҳҳо намакеро мегиранд, ки шабеҳи он дар кӯҳҳои намаки Панҷоб ҳам пур аст. Ҳисор хуб обёрӣ шудааст ва биринҷи фаровон медиҳад. Он на ба Бухоро ва на ба Кундуз вобастагӣ надорад. Шаҳри асосии он дар болои теппае воҷеъ дар чил километр дуртар аз Диг-нау (Деҳнав) воҷеъ аст. "Силсилаи ғарбии ҷаторкӯҳҳои Ҳисор, ки яке аз калонтаринҳо дар системаи Помир-Олой аст, дар наздикии шаҳре, ки ҳамномаш аст, баландиаш ба 2500-4000 метр мерасад. Дар наздикии ин ҷо кӯҳҳои машҳури Фан ҷойгиранд». Лозим ба ёдоварист, ки сию панҷ сол пас аз сафари А.Бернс ин кӯҳҳо аз сӯи олими рус А.П.Федченко бештар таҳҷиҷ шуд.
Александр Бёрнс ваҷти сафар дар бораи Бадахшон ҳам маълумот ҷамъ оварда, ба шуҳрати лаъли Бадахшон таъкид кардааст: «Бадахшон бо манбаъҳои ёҷуташ машҳур буда, намунаҳое аз он ба императорони Деҳлӣ маълум буданд. Онҳо мегӯянд, ки макони ин лаълпораҳо дар соҳили Окс, дар наздикии Шуғнон аст".
Дар бораи Помири Шарҷӣ навиштааст: «Ҷуллаҳои баландпояи Помир байни Бадахшон ва Ёрканд ҷойгир аст: онҷоҷабилаҳои бодиянишини ҷирғиз зиндагӣ мекунанд. Маркази ин сарзамин кӯли Сарикӯл аст. Ҳамворие баланд аз тамоми кӯлҳо ба масофаи шаш рӯз тӯл мекашад; агар ба шунидаҳоям бовар кунед, пас ҳамаи ҷаторкӯҳҳои азим аз ин теппа намоёнанд, гӯё дар кафи он истодаанд. Иҷлими ин кишвар сард аст, ба тавре ки ҳатто тобистон ҷо-ҷо барф об намешавад. Аз сабаби бераҳмии сармо сокинон тамоми бадани худро бо пӯсти гӯсфанд, ҳатто дастҳо ва рӯйҳояшонро мепӯшонанд. Дар ин кишвар нони ғалладона вуҷуд надорад: ҷирғизҳо танҳо шир ва гӯшт мехӯранд»…
Бёрнс бо ёддоштҳояш машҳур шуд
Чопи китоби дуҷилдаи «Сафар ба Бухоро» ба муаллиф шуҳрат овард. Онро пайи ҳам чанд чопхона дар Англия нашр кардандва хеле зуд ба забонҳои фаронсавӣ, олмонӣ ва русӣ тарҷума гардид.
Дар маҷолаиин таърихнигори рус ҳам зикр шудааст, ки «Бёрнс якбора дар ватани худ шуҳрат ёфт. Ҷамъияти географҳои Британия барои ин сафарнома ба ӯ медали тилло, дар Париж ба ӯ медали нуҷра доданд. Клуби аристократҳои Лондон ӯро ба узвият ҷабул кард. Ин ифтихорест, ки то он дам ҳамагӣ ба чанд нафар насиб шуда буд. Ашрофзодагони Англия, сарватмандтарин амлокдорон бароиба меҳмонӣ хонданаш бо ҳам раҷобат мекарданд.Аммо воҷеият чунин буд, ки ҳатто узвият дар маъруфтарин ҷамъиятҳои ҷуғрофияшиносони Аврупо А.Бернсро ба таҳҷиҷоти нави илмӣ водор накард ва то охири умр ӯ танҳо як афсари разведка дар артиши Британия монду дар охири ҷанги якуми Англия ва Афғонистон (солҳои 1838-1842) ба таври фоҷиабор дар Кобул кушта шуд».
Анҷоми сафар ба Бухоро
А. Бёрнс дар анҷоми сафарномааш аз меҳмоннавозии аҳли Бухоро ёд мекунад. Маросими хайрухуш бо вазири дарбор чунин тасвир шудааст:
«Ба ҳар кадоми мо як либос бо ин суханон ҳадя доданд: «Дасти холӣ наравед, инро бигир ва пинҳон кун». Ман аз номи худ ва ҳам баҷои рафиҷам ба вазир бо тамоми самимият ташаккур гуфтам. Вай бархост, дастҳояшро боло карда, ба мо фотиҳа дод ва мо аз хонаи Куш Бегӣ баромадем. Ҳанӯз ба манзил нарасида, ба мо амрибозгашт доданд, баргаштавазирро дар байни панҷ-шаш нафар дидам, ки зоҳиран дар бораи мо суҳбат мекарданд. "Искандар, (маро одатан инҷо чунин номмебурданд), -гуфт Куш Беги, - шуморо бозхондам, то бипурсам, ки оё дар ин шаҳр хафа нашудаед ё касе ба номи ман аз шумо пул нагирифт ва ҳоло, ки моро тарк мекунӣ,розӣ ҳастӣ? " Ман ҷавоб додам, ки дар Бухоро ба ман ҳамчун меҳмони олиҷадр муносибат мекарданд, ба амволамон хиёнат нашудааст, ман ҳама эҳтироме, ки дар Бухорои шариф ба ман зоҳир шуд, ҳамеша бо эҳсоси сипос ба ёд меорам. Бо ин ҷавоби ман муоширатимо бо вазир ба поён расид. Ман ин марди шоистаро бо дили пурҳаяҷон ва бо орзуи беинтиҳо барои ободии ватанаш тарк кардам. Ба хона баргашта, ба дидани фармоне, ки аз вазир гирифта будам, пардохтам; он як чизи содда, вале дар айни замон барои мо азизтарин буд: аз шиносоии мо ба ҳокимият ёдовар мешуд, ки дар асл ба он сазовор набудем. Он ба форсӣ навишта шуда буд ва инак тарҷумаи он:«Ҳоло бо хости Худо ду нафар, фаранҷис ба ватани худ мераванд. Бигзор мардуме, ки дар корвон ҳамроҳ ҳастанд, инчунин ҳокимони шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар саросари давлати Бухоро (ба онҳо монеа пеш наоранд), зеро онҳо бо иҷозати ин ҷониб, ки онҳоро мешиносам, ба ватани худ мераванд. Дар поён: мӯҳри Насруллоҳ, амири Бухоро».
Пас аз Бёрнс соли 1834 аввалин намояндаи дипломатии Англия полковник Стоддарт ба Бухоро фиристода шуд. Полковник бар хилофи одоб ва урфу одатҳои роиҷ дар байни бухориҳо мағрурона рафтор карда, ба Арки амир савора ворид шуд ва ба амир Насруллоҳ инъоме ҳам наовард. Чунин рафтор хашми ӯро барангехт. Пас аз ду рӯзи дидор бо амир Стоддарт дастгир ва ба зиндон андохта шуд, ки он ҷо 4 солро гузаронд.
С. ЮСУФОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: