
17 - уми сентябри соли ҷорӣ дар асоси Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотии Ситоди марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ № 28 бо интихобкунандагон мулоқот баргузор шуд, ки дар кори он роҳбари Ситоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Азизов А., сардори раёсати кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурова ва дигар намояндагони сохторҳои ҳизбии пойтахт иштирок намуданд.
Мирзозода Иброҳим дар навбати худ самтҳои гуногуни Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, дар мавриди татбиқи ин барнома, рушди самтҳои афзалиятнок, ҳадафҳои стратегӣ, пешрафти бахши соҳибкорӣ, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар пойтахти кишвар ва иқдомҳои барҷастаи сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили об ибрози назар кард. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз саноатикунонии кишварро ҳамчун ҳадафи чоруми худ қабул кардааст ва бояд илова намуд, ки давоми 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3 баробар ва ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 5.1 банди фоизӣ зиёд гардидааст.
Ҳамин тавр, дигар аъзои гурӯҳи таблиғотӣ баромад намуда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, то дар рӯзи интихобот фаъолона иштирок намуда, ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд.