Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ВОРИДОТИ МЕВА АЗ ЧИН МАНЪ НАШУДААСТ

ВОРИДОТИ МЕВА АЗ ЧИН МАНЪ НАШУДААСТ

16-03-2019, 12:06
Хабарро хонданд: 229 нафар
Назарҳо: 0
ВОРИДОТИ МЕВА АЗ ЧИН МАНЪ НАШУДААСТ

Имрӯзҳо миёни баъзе аз табақаҳои ҷомеа сару садоҳое паҳн шудаанд , ки гӯё воридоти маҳсулоти мевагии Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст. Масъалаи ба ҳадде кам шудани воридоти меваҷот аз хориҷа ба Тоҷикистон, инчунин гӯё ҷиддӣ гардидани назорат ва талабот ба воридоти мевагӣ аз Чин ба Тоҷикистон дар расонаҳои иттилоотӣ низ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Бобати дарёфти посухи амиқ аз вазъи бавуқӯъомада ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат намудем, Қудрат Давлатзода, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид дар суҳбат изҳор дошт, ки: “Солҳои охир тавассути тадбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси истеҳсолоти воридотивазкунанда на танҳо воридоти меваҳо, балки аксар маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои саноат низ коҳиш ёфтааст. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки сиёсати иқтисодии давлат воқеан самаранокии худро собит сохта, ба рушди истеҳсолоти ватанӣ мусоид карда истодааст. Вобаста ба коҳиши воридоти мева аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки дар ин самт ягон чораи маъмурии пешгирии воридот таҳия ва татбиқ нашудааст. Вобаста ба ин гуфтаҳо ва бобати рӯшан намудани ҳақиқати ҳол таҳлил бояд кард”.
Бо дарназардошти манфиати муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, афзоиш ёфтани талаботи бозори ҷаҳонӣ ба меваҳои хушку тару аз лиҳози экологӣ тоза барои кишварҳое чун Тоҷикистон, ин соҳа яке аз самтҳои аслии даромад ва дар заминаи он боло бурдани вазъи некуаҳволии мардум дониста мешавад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дарки ин ҳолат ва манфиатовар будани соҳаи боғу токпарварӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёде роҳандозӣ намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.
Воқеан ҳам, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то солҳои 90-уми қанри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 63,7 ҳазор гектар боғҳо мавҷуд буданд, ки имрӯз ин шумора ба 190 ҳазор гектар расидааст.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини аҳолии кишвар бо меваҷоти ватанӣ ва ҳамзамон содир намудани ин намуди маҳсулот ба бозори ҷаҳонӣ як қатор барномаҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла “Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010”, “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 августи соли 2009 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” ба тасвиб расида, дар бахши боғу токпарварӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.
Ба андешаи Қудрат Давлатзода барномаҳои амалӣ дар соҳа омили аслии рушди истеҳсоли меваҷоти ватанӣ ва дар ин замина коҳиши воридоти он аз хориҷа мебошад: “ Омори расмӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як нафар аҳолӣ 42,1 кг мева ва буттамеваҳо ва 24,8 кг ангур истеҳсол карда мешавад. Дар баробари ин тавассути андешидани чораҳои муайяни агротехникӣ ва бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ҳосилнокии мевагиҳо ва ангур низ сол ба сол зиёд шуда истодааст. Айни замон, майдони умумии боғу токзорҳо қариб 200 ҳазор га-ро ташкил медиҳад, ки соли 2017 дар онҳо зиёда аз 630 ҳазор тонна мева ва ангур истеҳсол шудааст. Яъне, афзоиши истеҳсолоти ватанӣ омили якуми коҳиши воридоти мева ба ҳисоб меравад».
Ба ақидаи муҳаққиқон шароити замон ва зиёд гардидани талаботи давлатҳои Русияву Қазоқистон ва дигар мамолики ҷаҳон ба меваҷоти истеҳсоли Тоҷикистон омили аслии кабули Барномаҳои мазкур гардид.
Мавриди зикр аст, ки соҳаи боғу токпарварӣ метавонад ба ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот, таъмини амнияти озуқавории кишвар, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии аҳолӣ ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намояд.
Аз суҳбатҳое, ки мо бо тоҷирон доштем, бармеояд, ки мақомот воқеан ҳам дар самти воридоти маҳсулоти мевагӣ аз Хитой ва дигар кишварҳои хориҷ ҳеҷ монеа ҷорӣ накардаанд, балки бо зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти мевагии ватанӣ ва дастрас будани арзиши он ба ҷомеа ниёз ба ворид намудани ин номгӯй маҳсулот аз хориҷа намондааст.
Маврид ба ёдоварист, ки мувофиқи дурнамои “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” бояд дар мамлакат 20 ҳазору 153 гектар, аз ҷумла 502 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда шаванд.
Айни замон бо андӯхтани таҷрибаи кишоварзони хориҷӣ дастовардҳои деҳқонони тоҷик дар соҳаи боғу токпарварӣ назаррас буда, боғпарварӣ дар се самт рушд меёбад, ки он ҳам “экстенсивӣ, интенсивӣ ва суперинтенсивӣ” мебошад. Мувофиқи иттиллои дастрас, усули боғпарварии интенсивӣ дар Тоҷикистон соли 2011 оғоз ёфта, то имрӯз дар Ҷумҳурӣ 581 гектар чунин боғот бунёд карда шудаанд. Танҳо давоми соли 2018 дар мамлакат дар майдони 2 ҳазору 851,2 гектар боғу токзор, аз ҷумла зиёда аз 65 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда шудаанд. Ба гуфтаи кишоварзон боғҳои интенсивӣ дорои афзалияти зиёд буда, дар муддати 2-3 сол ба ҳосил медароянд ва хароҷоти худро дар кӯтоҳтарин муддат мепӯшонанд. Боғҳои интенсивӣ имконият доранд, ки аз як гектар то 40-50 тонна ҳосил диҳанд.
- Ташкили сардхонаҳо ва анборҳои махсусгардонидашуда ҷиҳати нигоҳдории меваю сабзавот дар ҳудуди ҷумҳурӣ имконият фароҳам меорад, ки дар фаслҳои зимистону баҳор низ бозори истеъмолӣ бо меваҳои тару тоза таъмин карда шавад. Албатта чунин тадбирҳо ва татбиқи барномаҳои зикргардида аз омилҳое ба ҳисоб мераванд, ки ба коҳиш ёфтани воридоти меваю сабзавот ба ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд; - гуфт Қ. Давлатзода
Дар интиҳо месазад зикр намуд, ки гузаштан ба шаклу усулҳои муосир дар ҷодаи бунёди боғу токзор, ба даст овардани ҳосили фаровон ва дар баробари таъмини бозори дохиливу коркарди маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ мондани содироти он ба кишварҳои хориҷӣ талаботи рӯз буда аз сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: