Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ: “МУЛЛО АСО РАҲИМОВ БА МАН ҲАҚҚИ УСТОДӢ ДОРАД...”

АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ: “МУЛЛО АСО РАҲИМОВ БА МАН ҲАҚҚИ УСТОДӢ ДОРАД...”

26-09-2024, 15:15
Хабарро хонданд: 684 нафар
Назарҳо: 0
       АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ:         “МУЛЛО АСО РАҲИМОВ БА МАН ҲАҚҚИ УСТОДӢ ДОРАД...”
РАВЗАНАИ ТАЪРИХ



Таърих бо мурури солҳо варақгардон мешавад.
Чеҳраҳои хештаншинос ва барҷастаи бар асари гиру дорҳои тӯфони ноҳаққӣ ва ноадолатӣ муддате ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, бо ҳукми тақдир ба нуқтаи меҳварӣ меоянд.
Яке аз ин абармардони инқилобӣ, ки дар замони худ дар Бухорои Шарқӣ то Хуҷанду Мастчоҳ, Самарқанду Тошканд, Москваю Петербург, Кӯлобу Раштонзамин маъруфият дошт, Мулло Асо Раҳимов (ёдаш ба хайр) буд.
Ин душмани ашадии пантуркизм, ҳимоятгари халқи тоҷик бо давлатмандону сиёсатмадорон ва мансабдорони мақомоти олӣ Иосиф Сталин, Феликс Дзержинский, Климент Ворошилов, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур шиносоӣ ва ҳамкорӣ низ доштааст.
Хонандаи азиз, масири тайзадаи ҷавонмарди ҷасур ва матинирода Мулло Асо Раҳимов на танҳо лоиқи гуфтори алоҳида аст, балки қаҳрамони воқеист. Ба ин гуфта матлаби Мухтор Мирзо - рӯзноманигор ва нависанда таҳти унвони “Абармарди роҳи озодӣ” (“Гардиши айём”, романи ёддоштӣ-таърихӣ, Душанбе,-2020, 400 саҳ.) далели қотеъ шуда метавонад.
Мулло Асо Раҳимови сарихосорӣ аз наврасию ҷавонӣ бисёр нокомиву маҳрумиятҳоро аз сар гузаронида буд. Дониши фарохи худодод насибаш гашта, ба дини мубини ислом эҳтиром мегузошт, ҳаргиз ба хурофот дода намешуд, риёкоронро бад медид.
Аз хурдӣ назди амакаш - муфтӣ Ширин таълими илм намуда, “Ҳафтяк”, “Чоркитоб”, “Калом”, осори Ҳофизу Бедил ва Қуръони Маҷидро хуб ҳифз карда буд. Аз илмҳои замона: фиқҳ, тавҳид, ҳандаса, нуҷум ва сарфу наҳви араб огоҳии комил дошт.
Бо Аҳмади Дониш, олим, шоир, Зокири сарихосорӣ, мударрис, муфтӣ, аллома устод Садриддин Айнӣ, Муҳаммадалии қалъанакӣ, домулло Саъдуллои Дашти Ангара барин арбобони илму дониш робитаи фарҳангӣ барқарор карда буд. Ҳатто мударрису домуллоҳои мадраса аз истеъдоди фитрии Мулло Асо Раҳимов ба ҳайрат меафтоданд. Ҳар гуна дарсро ба як бор хондан дар заҳнаш мегирифт.
Мулло Асо Раҳимов зодаи деҳаи Шибдараи Сари Хосор (соли 1888), ки гузаштагонаш аз Даҳбеди Самарқанд буданд, аз хурдӣ азобу шиканҷаи руҳониву ҷисмонӣ дида, аз аҳволи мардуми камбағал, рӯзгори ашрофони сулолаи манғит, гумоштагони онҳо ва шаҳри Бухоро огоҳии пурра дошт.
Ӯ мисли маддоҳон ва хушомадгӯёни ҷоҳталаби замонаш на ба муроди сарватҷуйӣ, ло-бал бо дониши фарох, ақли расо ва фаросати баланди инсонӣ ба дарбори амалдорони Бухоро роҳ ёфта, ба муборизаи ошкоро бархост.
Равшанфикрон даврони нобасомону фисқу фуҷури амир Олимхонро ҳаргиз хуш надоштанд. Онҳо бо инқилобчиёни рус пайваста, роҳҳои раҳоӣ аз маҳрумиятро тарҳ мекашиданд. Барои ноил шудан ба афкори пешқадамона кори осон ҳам набуд, дар ҳар ҷода мушкилӣ пеш меомад. Азбаски муҳити вақт носолим буд, одамони “худӣ” якҷо менишастанду суҳбатҳо барпо мекарданд, вале андактар мешунидӣ: фалониро бурданд, ба ҳабс гирифтанд, парронданд, яъне дарзамон ҳамдигарро мефурӯхтанд.
Пас аз пирӯзии шуриши мусаллаҳона, 1-уми ноябри соли 1917 дар Тошканд мавҷи ҳамовозии синфи коргару деҳқон ва мардуми бенаво баланд шуд. Низоми кӯҳнаву мустабидонаи амир Олимхон дигар ба кор намеомад. Аз андозҳои гарону бераҳмонаи амир косаи сабри халқ лабрез шуда буд. Эътирозгарон ба кумитаи инқилобӣ шиква бурда, аз лашкаркаши Армияи Сурх Михаил Василевич Фрунзе дар ҳамдастӣ барои сарнагун сохтани аморати Бухоро имдод талабиданд.
Ҳамин тариқ, 28-уми августи соли 1920 Армияи Сурх Бухорои Кӯҳнаро зери тасарруфи худ даровард.
Баъд аз ғалабаи инқилоби халқӣ дар Бухоро рӯзҳои 6-8-уми октябри соли 1920 Анҷумани 1-уми умумибухороии намояндагони халқ баргузор гардид, ки он аз таъсиси Республикаи Халқии Советии Бухоро мужда расонд.
Роҳбарии исёнгарони халқиро Мулло Асо Раҳимов, азони ҷавонбухороиҳоро бошад, Файзулло Хоҷаев сарварӣ мекарданд. Аз ҷониби Россия ба онҳо Михаил Фрунзе роҳнамо буд, ҳам дарси сиёсат меомӯзонд, ҳам яроқу аслиҳа дастрас менамуд.
Дар ин ҷабҳа ҳамтоёнашон Комбриг Томин, Валериан Владимирович Куйбишев, Мелкумов ва Шаталов ҳамроҳ шуда, алайҳи неруҳои аҳриманӣ муқовимат нишон медоданд.
Дар ҷаласаи Ситоди марказии инқилобии Бухоро Михаил Василевич Фрунзе мехост Мулло Асо Раҳимов раиси Совети Комиссарони халқи Бухоро пешниҳод шавад. Аммо ин ақидаро Раҳимов рад намуда, гуфт, ки вазифаи халқи мазлум сарнагун кардани сохти пӯсидаи амирӣ буд, на вазифаталабӣ.
Бубинед, марди ватандори асил чӣ мегӯяд? Ҷавонмардона ҳушдор медиҳад, ки ман барои ҷоҳу курсӣ мубориза набурдаам ва намебарам. Боз меафзояд, ки ин вазифаи ҷонии бар дӯши халқ гузоштаи таърих иҷро, озодӣ бо ҳуруфи заррин таъмин гардида, рисолати фарзандиашро ба ҷой овардааст.
Ба ақидаи ӯ, танҳо сардори ВЧК Феликс Эдмундович Дзержинский муқобилат нишон надод. Охир вайро ба ҳоле розӣ кунонданд, то вазифаи муовини аввали сардори ЧК-ро ба зимма гирифта, бар зидди контрреволютсионерон ва душманони аҷнабӣ дар набард бошад.
Мулло Асо аз ниятҳои муғризонаи Анварпошшо бар зидди давлати ҷавони Шуроҳо огоҳ буд. Муборизаи ошкору пинҳонӣ оғоз ёфта, ҷосусони хориҷӣ дар шаҳрҳои Бухорою Тошканд пайти ҳуҷум мепоиданд.
Ин ҷавонмарди ҳушёру зирак бо сардори Бухчека Муинҷон Махдум одамони шубҳанокро дар шуъбаи махсус ба кор нагирифтанд. Алӣ Ризо ба хашм омада, аз чунин сурат гирифтани кор бо Я.М.Хмелёвский гуфтугӯ намуда, ба Файзулло Хоҷаев шикоят бурд. Хайрият, В.В. Куйбишев, М.В.Фрунзе ва Ш.Элиада муқобилияти сахт нишон доданд.
Тири Алӣ Ризо ва Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев хок хӯрд. Мулло Асо Раҳимов бо нияти фаҳмидани робитаи Анварпошшо ва нест кардани ӯ дар Бухорои Шарқӣ якҷо бо Аскарони Сурх ба Кӯлоб рафта, нақшаҳои хунталабонаашро рӯйи об баровард.
Душманони халқ Анварпошшо, Салимпошшо, Мадаминбек ва Ҷумъабой бо эссеру меншевикҳо, ҷосусони хориҷӣ бо фармуди амири фирорӣ аз берун яроқу аслиҳа меоварданд.
Дар гӯшаҳои шаҳру деҳот оташи тиру тӯп ба фазо мепечид. Моҳи ноябри соли 1921 бо мадади неруҳои реаксионӣ бар зидди Республикаи Халқии Бухоро сӯйиқасд ба амал овард, ба мақсад нарасид.
Пӯлодхоҷаев - ҷосуси империализми Англия, шаби 22-юм ба 23-юми декабри ҳамон сол сардори гарнизон, комиссари ҳарбӣ, консули генералии РСФСР дар Душанбе ва дигар кормандони масъулро ба ҳабс гирифта, баталиёни сеюми полки тирандозии ҳафтумро беяроқ намуд. Аскарони Сурхи баталиёни 2 ба муқовимат дучор омада, маҳбусонро раҳо доданд.
Аввалҳои феврали соли 1921 муовини сардори Бухчека Мулло Асо Раҳимов ба шаҳри Москва фиристода шуд ва дар шуъбаи махсус ҳисоботи солро пешниҳод намуд.
Дар машваратҳояш бо Ф.Э.Дзержинский ва Чичерин изофа бар ҳисобот аз нодуруст ба вазифаи нозири милиса таъин гаштани Алӣ Ризо, Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев ва Абдулло Раҳимбоев маълумот дода, таъкид намуд, ки бо дастгирии бевоситаи ин ашхоси тасодуфӣ дар корҳои роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳизбию давлатӣ ҷосусони разведкаҳои хориҷӣ ҷойгир шудаанд, ки хеле хатарзо хоҳад буд. Ҳамчунин, оид ба сарҳади давлатӣ ва муносибати давлатҳои ҳаммарз, умуман, вазъ дар Осиёи Миёна гуфтушуниди судманд анҷом доданд. Дар маҷлиси калоне, ки дар Кремл баргузор гардид, Чичерин ва Ф.Э. Дзержинский ӯро ҳамроҳи худ бурданд.
Ҳангоми ба бозори марказии Истамбул роҳсипор шудан Асо Раҳимов бо марди низомипӯше рӯбарӯ меояд, ки дар харидории туҳфа танқисӣ мекашид. Ба мард ёрӣ расонд ва борашро хизматгор то фойтун расонд. Он мард ба Асо дарди дил гуфт, ки писараш Усмон-афандӣ афсари калон аст. Анварпошшо ба ӯ вазифаи баланд - волии кадом шаҳреро ваъда кардааст. Синни марди низомӣ ба ҷойе мерасид, гӯё фарзандашро ба роҳи охирин гусел мекард, ки мегирист.
Худо шоҳид,-мегуфт ӯ,-ин Анвари гӯрсӯхта ҷавонҳоро фиребида, ба ҳар кадом зан, каниз, замин, деҳа ва шаҳр ваъда кардааст. Магар ин бадбахтӣ нест, ки фарзанд аз гапи падар сар печида, ба думболи як золим рӯ ба оворагӣ биёрад?
- Ҷаноб,-мегӯяд Асо ба низомипӯш, - Ҳазрати Муҳаммад (с) гуфтааст: - Кайфари се гуноҳро дар ҳамин дунё баргардонанд, яъне ба охират намонад: озори падару модар, зулм ба мардум ва дар муқобили некӣ бадӣ раво дидан ва ё баръакс.
- Оре, шумо ҳақ мегӯед, - гуфт марди низомӣ,-ин гуфтаҳо ба Анвари бадбахт ва писари ман рост меояд.
Муждаи Инқилоби Октябр ба ҷони амир Олимхон оташаке зад. Фирориёни аз Россия ва Туркистон омада дар маркази Бухоро ва гирду атрофи он торафт меафзуданд.
Маълумоти овардаи ҷосусонаш қалби захмини амирро мешикофт. Ӯ барои аморат ва мардуми нодор коре намекард, бештарини вақташро дар Чаҳорбоғи Ситорамоҳихосса мегузаронд.
Амир Олимхон дид, ки намешавад, якуми сентябри соли 1920 бо як қисм хазина ва 1000 нафар сарбоз ба Бухорои Шарқӣ гурехт.
Бисёр мехост, ки бо Ҳукумати нави Русия шартномаи ҳамкорӣ баста, эмин бимонад, аммо амалдорони атрофаш роҳи дурустро интихоб карда натавонистанд, аз барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо Ҳукумати навтаъсис даст кашиданд.
Ба ҷойи ин бо гурезаҳо ва империалистони хориҷӣ, аз қабили Англия, Амрико, Туркия, Афғонистон робита барқарор намуда, бештар аз Анварпошшо ва Мадаминбек яроқу аслиҳа талабгор мешуданд.
“Намояндаҳои пинҳонкор,-менависад устод Садриддин Айнӣ,- соли 1920 ба ҳар гӯшаю канори мамлакати Бухоро қадам гузоштанд. То ба Тирмиз, Шеробод ва Саройкамар рафта омаданд. Ба халқ фикр дода, фикр гирифтанд. Инчунин, дар Шаҳрисабз ва Хатирчӣ барин ҳудудҳо газета ва хитобномаҳо паҳн карда, мардумро ба револютсия даъват карданд.”
Муаллиф манзараи пайи супориши махсус рафтани Асо Раҳимовро аз қаҳрамонаш шунидаву ҷаззоб ба тасвир овардааст: “Мулло Асо банди асп ва панҷтираро дар карбуси зин ниҳоду камарбанди чармин дар миён баст, шамшер ҳамоил карда, ба асп савор шуда, роҳу мароҳил бурид. Ба бероҳа мерафт, то ба посбонони душман барнахӯрад. Наган (пистолет) аз ҷайб бароварда, курокро рост кард, қамчин (тозиёна)-ро ба соқи мӯза ҷо кард. ”
Дебочаи бамаврид ба ин хотир буд, ки шахсияти Мулло Асо Раҳимов ба хонандаи ҳушманд равшану возеҳ гардад. Азбаски унвонии матлаб афкори дигарро тақозо дорад, мо аз корномаи безаволи ӯ қатра аз баҳр овардем. Ҳол он ки дар хусуси сафарҳояш ба Москва, Чину Лондон, Туркия, Эрон, Афғонистон, Фарғона, Хоразм, Алмаато, Бишкек, Ӯш, Самарқанду Бухоро, махсусан киштисавор рафтани ӯ ба шаҳри Қаҳқаҳа, омӯзиши вазъи сиёсӣ дар муҳити тоҷирон, бо ҷосусони англис дар набард афтоданаш, дониста гирифтани мақсадҳои геополитикӣ, сиёсати империалистон нисбат ба давлати ҷавони Советҳо ва билхосса, Осиёи Миёна аз ҳар ҷиҳат мароқангез аст.
Ана дар чунин вазъи ҳалокатбор идораҳои бехатарию махфии империалистон ҷосусони худро ба манотиқи кишварҳои тобеи Россия ва бештар Осиёи Миёна равон мекарданд. Дарки ин мавзуъ - робитаи гумоштаҳо бо контрреволютсионерони дохилию хориҷиро Мулло Асо дар Истамбул равшантар фаҳмид.
Чунон ки дар китоб омадааст, муносибатҳои Мулло Асо Раҳимов бо аллома Бобоҷон Ғафуров самимӣ ва дӯстона ҷараён мегирифт. Ин марди соҳибмаърифат донандаи хуби забонҳои арабӣ, англисӣ, хитоӣ, туркӣ, фаронсавӣ ва русӣ буд. Аз ин ҷиҳат дар омӯзиши осори қадимаи бо ҳуруфи арабӣ нигошта ва дарёфт намудани адабиёти лозим ба эшон дарс дода, ёрии холисона мерасонид.
Ӯ якҷо бо Муминҷон Махдум, Файзулло Хоҷаев, Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, Фитрат ва дигар мутахассисони соҳаи маориф ба ҳукумат мулоҳизаҳои судманд пешниҳод мекарданд. Намояндагони турк хостори ба алифбои лотинӣ гузаштан буданд.
Дар таъмини пирӯзии инқилоби Бухоро саҳми Мулло Асо назаррас буд. Ӯ бо супориши сардори идораи махсус барои нест кардани гурӯҳи босмачиҳо фиристода мешавад. Бо инобати корнамоиву ҷонбозиҳояш аз номи роҳбарон шамшер ва асп инъом мегирад. Ҳамчунин шаҳодатномаҳои дар Бойгонӣ маҳфуз гуфтаҳои болоро тақвият мебахшанд.
Дар нобуд сохтани қурбошӣ - Тошмурдашӯ ва торумор сохтани қӯшуни Анварпошшо дар ҳудуди Бойсун Мулло Асо Раҳимов бо Ордени Ситораи Сурхи Бухоро ва аслиҳаи хотиравӣ - шамшер бо соядаст сарфароз гардонида шудааст.
Баробари ин марди ҷасур хизматҳои Асрор Аҳмадов, Орзу Муҳаммадиев, Ғиёс Қодиров ва садҳо дигарон дар барқарории ҳокимияти давлатӣ дар Бухоро беназир аст, афсӯс, ки дар маҳалаш чунин корнамоиҳоро нодида гирифтаанд.
Бо тезутундшавии муносибатҳои байни идораи бехатарии Республикаи Халқии Советии Бухоро ва ҳукуматдорону мақомоти ҳизбии он нақши инқилобчиёни асосӣ муддате паси пардаи таърих монд.
Роҳбароне чун Мулло Асо Раҳимов ва Ёқуб Содиқов ба гӯшаи фаромӯшӣ афтоданд. Чаро? Онҳое сари вазифа омаданд, ки душмани аршади миллати тоҷик буданд.
Теъдоди бешумори ҷавонбухороиён ба ҷурми ҷонибдори буржуазия ба қатл расонида шуданд. Дар ин марҳилаи ҳассос Файзулло Хоҷаев ва Абдулло Раҳимбоев ба муқобили Нусратулло Махсум, Мулло Асо Раҳимов ва дигарон тӯҳмату дасиса паҳн мекарданд, ба ин васила назди намояндагони Русия худро ширин намуда, фитна меангехтанд. Хайрият, идораи бехатарии РХСБ ба хотири ҳифозату доғдор нашудани инқилобчиёни содиқ роҳ намедоданд.
Барои безарар гардонидани сафҳои худ Мулло Асо Раҳимов, сардори ОГПУ, намояндаи ЧК-и Москва Я.М. Хмелёвский, кормандон Буйновский, Аксенов, Аблоқулов, Желтиков, Арнолдов ҳамчун афсарони содиқи идораи бехатарӣ чораҳои бетаъхир меандешиданд. Дар акси ҳол душманони миллат номи тоҷиконро аз сафҳаи таърих ба нобудӣ мерасониданд.
Ба иддаои Мулло Асо Раҳимов, ҳизби болшевикон ҳеҷ гоҳ мақсади бад надошт. Фақат унсурҳои бегона ба сафҳои он дохил шуда, муддати даҳсолаҳо онро оҳиста-оҳиста бад карданд.
Аз аввал дар мансабҳои асосии роҳбарии совхозҳо, колхозҳо, кумитаҳои иҷроия ва ҳизбӣ фарзандони сарватмандон, босмачию қурбошиҳо ҷой гирифтанд. Онҳо бо рибо (пора)-ю ришва соҳиби мансаб шуданду бечораҳоро ба он роҳ надоданд. Натиҷа ҳамин шуд, ки Осиёи Миёна тақсим гашту Бухорои Шарқиро ба тоҷикон доданду шаҳрҳои асосии маркази илму маърифат ва заминҳои ҳамвору ҳосилхез дар дасти бегонаҳо монданд.
Ин ҷо зарур мешуморем аз қадимиву бузургӣ ва манзалат доштани тоҷикон дар ақсои олам чанд фармудаи донишмандону муҳаққиқони хориҷиро манзуратон гардонем.
А.Вамбери: “Тоҷикон - сокинони бумии шаҳрҳои Осиёи Миёна дар Бухоро бештар ба чашм мерасанд ва аз ин рӯ, ин шаҳр ягона ҷойест, ки тоҷик аз мансубияти миллии худифтихор дорад.”
Ш.Роберт: “Сартҳо ё халқи таҳҷойӣ муқими тоҷикони ориёӣ ва узбекони тоториро фаро мегиранд. Ман гумон дорам, ки дар тамоми масоҳати Бухоро ва то худи Сирдарё тоҷикон аксарияти тамоми аҳолиро ташкил медиҳанд. Онҳо кишоварз, дӯкондор, бозоргону дабиронанд. Тоҷикон қавми ниҳоят зебо мебошанд.”
А.Гетнер: “Тоҷикон намояндаи ягонаи аҷдоди ориёни Туркистон буда, аз халқҳои бостонию бумии ин кишваранд. Тоҷикон дар байни дигар халқу қавмҳо аз ҳама олӣ ба шумор мераванд ва намояндаи аз ҳама маърифатноки зиёии Туркистон ҳисобида мешаванд.”
Ҷабру ситами таърихро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониашон бамаврид таъйид кардаанд, ки “Мубориза алайҳи миллатгароён ва бадхоҳони халқи тоҷик дар замони пирӯзии Инқилоби Октябр, солҳои аввали Ҳукумати Шуроҳо, бахусус дар арафаи тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна ва баъд аз он яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеаи тоҷик ба шумор мерафт. Онҳо ба муқобили ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон садо баланд карда, мавҷудияти халқи тоҷик ва забону адабиёти онро бешармона инкор мекарданд.”
Дар музаффариятҳои бадастомадаи Аскарони Сурх саҳми косибону кишоварзон басо бузург буд. Онҳо ҳиссаи ночизи рӯзгорашонро бо сарбозон қисмат мекарданд. Бар он ҷаҳд медоштанд, ки озодӣ аз даст наравад. Ҳатто Давлатбӣ ном зани камбағал аз Данғара ҳангоми ба Аскарони Сурх ёрӣ расонидан аз тири нохалафи босмачиён маҷруҳ гардид. Масъулони низомӣ дарҳол ӯро бо тайёра ба Душанбе оварда, дар шифохона табобат гирифт. Ин бонуи соҳибдил барои корнамоиҳояш дар барқарории Ҳукумати Шуравӣ дар Бухорои Шарқӣ бо нишони Инқилоби Бухоро қадрдонӣ карда шуд.
Оид ба тақсимоти ҳудуди ҷамоҳири Осиёи Марказӣ хидмати Мулло Асо Раҳимов низ арзишманд аст.
“Соли 1952 бо хоҳиши аллома Бобоҷон Ғафуров ба назди И.В. Сталин даромадам,-изҳор доштааст ба мусоҳибонаш ӯ,- ва масъалаи дида баромадани ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро ба миён гузоштам. Вале афсӯс, ки баъд аз вафоти И.В. Сталин ин нақша дар рӯйи коғаз монд.”
Табартақсим бо дархости роҳбарони ҳамонвақтаи узбек сурат гирифта буду касе овоз бароварда наметавонист.
Устоди муаззам Садриддин Айнӣ дар мақолаи “Ҳукумати Шуравӣ ба мо чӣ дод?” ин зайл менависад: “Ҳукумати Шуроӣ танҳо сиёсати дохилиашро ба мо насупурд, балки сиёсати хориҷиро низ ба дасти мо дод. Хулосаи калом, Ҳукумати Шуроӣ ҳар чизро ба мо дод ва ҳар чизро доданист, лекин мо дуруст фоида гирифта наметавонем ё намехоҳем.”
Бо ин гуфтаҳо устод мардумро рӯйрост ба ваҳдату шуҷоат ва соҳибӣ кардани марзу буми бобоӣ даъват карда буд.
Духтари Мулло Асо Раҳимов - бибӣ Зубайда дар порае аз ёддошти хеш гуфтааст, ки “Ба назди падарам гоҳ-гоҳ аллома Бобоҷон Ғафуров меомаданд. Дар меҳмонхона нишаста, дарро аз дарун қулф карда, то дер суҳбат мекарданд.
Бо супориши падар аҳли хонадон овоз намебаровардем, нӯг-нӯги по роҳ мегаштем. Фақат ҳамин қадар дар ёдам мондааст, ки падарам бештар гап мезаданд, устод бошад, гоҳ-гоҳ, дер-дер суол мекарданд. Ба андешаи ман, устод аз таърихи миллат пурсон мешуданд, аз таҷрибаи падарам сабақ мегирифтанд. Ҳамин минвол аз дами субҳ то як ҳиссаи шаб бо ҳам суҳбат карда, он гоҳ ба роҳ мебаромаданд, ки мо, кӯдакон, дар хоби хуш будем...”
Ҳамсари бибӣ-Зубайда - Абдулло Абдураҳимов, подполковники милиса аз дӯстии ин ду марди бузург чунин ёдовар шудааст: “Бо супориши устод Бобоҷон Ғафуров ва мактубҳои Мулло Асо солҳои 1948 ва 1950 ба тумани Рометани Ҷумҳурии Узбекистон рафтам.
Воқеан, М.А. Раҳимов ташкилкунандаи комиссариати ҳарбӣ ва милисаи Рометан буд. Расмаш (портрет)-и ӯ дар музейи ин ҷо маҳфуз аст. Ман ба шаҳрҳои Чорҷӯ, Бухоро, шаҳри Сабз, Кони мех рафта, аз мӯйсафедони кӯҳансол китобҳои гуногуни бо хатти ниёгон навиштаро оварда медодам.
Боре, соли 1950 моҳи май маро падарарӯсам ба Данғара ба хонаашон даъват карданд. “Ҳарчи тезтар биё...”,-гуфтанд он кас. Таъҷилан ба Данғара шитофтам. Ба хона даромада бинам, устод Бобоҷон Ғафуров бо Мулло Асо китобхонӣ карда нишастаанд. Баъд аз вохӯрию салому алейк падарарӯсам хатчаеро ба ман дода, фармуданд, ки ба Бухоро рафта, дар Рометан хонаи Ҷумъабойро ёфта, ин хатчаро медиҳию ҳарчӣ диҳад, гирифта меорӣ.
Абдулло рӯзи дигар аз кор ҷавоб гирифта, ба қатора нишаста, ба Бухоро меравад. Дар Рометан хонаи Ҷумъабойро ёфта, шаб ҳамон ҷо мемонад. Соҳибхона аз дидори меҳмон хурсанд шуда, ду китоби ҷилддор оварда, ба вай медиҳад. Абдулло китобҳоро ба ду рӯмол печонида, якеро аз тайи курта ба пушт ва дигареро ба ишкам баста, сонӣ куртаву пиҷак мепӯшад ва ҳарду ҷилдро ба дасти Мулло Асо мерасонад.
- Рӯзи шанбе буд,-ба ёд меоварад Абдулло Абдураҳимов,-бегоҳӣ Бобоҷон Ғафуров ба Данғара, ба хонаи Мулло Асо омад. Ҳарду то бевақтии шаб китобҳоро варқ заданд. Соати панҷи субҳ Бобоҷон Ғафуров он китобҳоро гирифта, ба Душанбе рафт.
Маротибаи сонӣ Абдулло аз ноҳияи Кони мех тафсири Қуръон ва чанд китоби дигар овард. Баъд аз ин ҳам Бобоҷон Ғафуров ба Данғара фақат бегоҳӣ, пас аз намози шом омада, аз Мулло Асо дарс мегирифтанд, дар бобати ким-кадом масъалае суҳбати доманадор меоростанд.
Аҳли хонадон ба суҳбати гарми ин ду алломаи соҳибқирон халал намерасониданд. Аз хонаи шафат гоҳ-гоҳ қоҳ-қоҳ зада, хандаи осмонкафи Мулло Асоро шунида, завқ мебурданд.
Ба тақвияти афкори боло мазмунан ин пора аз китоби фавқуззикр дар шинохти Мулло Асо Раҳимов далели хубест.
Котиби якуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров чун одат ҳар субҳ ба яке аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар карда, бо вазъи хоҷагиҳо, ҳолати пахтазор, чорводорӣ, рӯзгори мардум, корҳои таблиғу ташвиқ ва мактабу маорифу тандурустӣ аз наздик ошно мешуданд. Чунин боздид боре дар ноҳияи Ҳисор, саҳеҳан, дар хоҷагии “Роҳи Сталин” (деҳаи Белайдуз, ҳоло ба номи Латиф Муродов) иттифоқ афтод. Субҳ надамида буд, атроф торик ба назар мерасид. Ронанда дар рӯшании чароғҳои мошин сиёҳиеро дид, манъ кард. Марди низомипӯше сари марза тоқии кӯҳнаи чакан ба сар, пойи луч хобаш бурдааст. Устод марди хаставу бефараи коркуфтаро ҷунбонд. Мард овоз рӯшан кард:
- Бефараҳ шудам...
Устод ҳам бадоҳатан аз ӯ пурсид:
- Кӯлобиӣ?
- Ҳовва, - посух дод сардори звено Бӯрӣ Азиз.
- Аз куҷои Кӯлоб?
- Аз Сари Хосор, ака.
- Мулло Асоро мешиносӣ?
- Ӯ ҳамшаҳри мо, олими номдор.
- А-а-а..., - мад кашид аллома Бобоҷон Ғафуров. - Вай устоди ман низ ҳаст, маро шинохтӣ?
- Не-ку, ака.
- Биё, додар, шинос мешавем. Ман Бобоҷон Ғафуров.
Сардори звенои пахтакорӣ Бӯрӣ Азиз ба риққат омада, мехост аз шарму алам бигиряд, вале устод ба китфи ӯ зада, гуфт:
- Парво накун, додар, ҳамааш нағз мешавад.
Бӯрӣ Азиз аз ин дидорбинӣ чунон неруи маънавӣ гирифта буд, ки мехост даҳчанд меҳнат бинамояд.
Вай бо аҳли звенояш садоқатмандона ранҷ кашида, солҳои 1946-1947 аз ҳар гектар ҳосили рекордӣ 47-50 сентнерӣ “тиллои сафед” рӯёниданд. Барои хизматҳои пурсамар ва натоиҷи ниҳоӣ ба даст овардаашон сарвари звено ба унвони олии Ватан - Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шарафёб гардидааст.
Бори охирин Абдулло Абдураҳимов бо аллома Бобоҷон Ғафуров дар шифохонаи чоруми шаҳри Душанбе вохӯрдааст. Устод пас аз миннатдориву меҳрубонӣ дар ҳаққи Мулло Асо дуои хайр кардаанд. Бешубҳа, ҷавонмарди тоҷик ҳини аз Бухоро ба Тоҷикистон омаданаш (соли 1939) нахуст бо Ғафуров шиносоӣ пайдо намуда, дидорбиниашон аз ҳамин ҷо ибтидо гирифтааст.
Риштаи муҳаббату дӯстиашон ба ҳаде мустаҳкам будааст, ки аз дидори ҳам ҳеҷ сер намешуданд. Бо дарёфти андак имкону фурсати муносиб, хоҳ шаб хоҳ рӯз, Бобоҷон Ғафуров ба Данғара, ба назди бародархондаш Мулло Асо мешитобид. Дар яке аз суҳбатҳо масъалаи азнав дида баромадани ҳудудҳои миллии ҷамоҳири Осиёи Миёнаро ба Иттиҳоди Шуравӣ мувофиқи матлаб донистанд.
“ - Магар, - мегуфт Бобоҷон Ғафуров баъд аз андешаи тӯлонӣ,-ин амал оқибат зарар намеоварда бошад? Боз душмани халқ эълон накунанд.
- Не, - мегуфт Мулло Асо, - он тарафашро ба зиммаи ман гузоред! Бе ташвиш ҳуҷҷатҳоро омода созед” Ҳама китобу дастхатҳои заруриро дастрас кардем. Бале, ҳуҷҷатҳо ҳаст, харитаҳо низ.
Ба наздикӣ ба Москва рафта, бо К.Е.Ворошилов, М.И.Калинин дар идораи худамон (КДБ-ро дар назар дошт) гапзанон мекунам. Аз натиҷааш ба шумо хабар медиҳам.” (Мухтор Мирзо, “Гардиши айём”, романи ёддоштӣ-таърихӣ, Душанбе, - 2020, 400 саҳ.)
Аммо ҳар боре ин масъалаи доғ - аз нав дида баромадани ҳудудҳои миллии ҷамоҳири Осиёи Миёна мавриди баррасӣ дар Москва қарор мегирифт, ким-кадом як душмани миллати тоҷик бо ҳамтабақонаш дар Кумитаи Марказии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ огоҳ ёфта, ҳалли онро ба таъхир меандохтанд. Моҳияти масъала ба доҳии вақт И.В.Сталин ва иҷлосияи Шурои олии собиқ мамлакати паҳновар, яъне мақомоти олии қонунбарор пешниҳод намегашт.
Мулло Асо Раҳимов аз саргузашти нокоми мозӣ таассуф мехӯрд, ки заҳмати чандинсолааш абас рафт.
Ислоҳи ғалатҳои солҳои 20-ум дер шуда буд. Оре, ба масал “Худкардаро даво нест” мегӯянд. Вай айнакашро аз чашмон гирифта, пок мекарду барои ёрони сарсупурдааш бесадо нолаи ҷонхарош мебаровард ва дарун-дарун сӯхта об мешуд, фиғон аз дили пурдард мекашид.
Ба муроди заҳри одамро одам мегирад, асояшро гирифта, аз хона мебаромад, ба кӯча ё чойхонаи сари бозор ва ё раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳия рафта, бо ҳамсолонаш суҳбат меорост, дуди дил мебаровард. Ин абармарди роҳи озодӣ, бошуҷоату нотарс, ба гуфте, фӯлодтан ҷуз Худои муттаол аз касе ва чизе бим надошт, ҳамчуноне қаҳрамони халқ Восеи ғаюру диловар аз кундаву завлонаю дору зиндон намеҳаросид.
Ӯ шахсияти таърихӣ буда, дар торумори давлати манғития, думравони амир Олимхони фирорӣ, босмачиёни хунхор, Анварпошшои туркнасабу ғаддор ба ҷовидон нақш гузоштааст.
Як тан тоҷики хундарҷӯши кӯҳистонӣ Мулло Асо Раҳимов вақте фаҳмид, ки Русияи нимфеодалию нимкапталистӣ даст ба сӯйи синфи коргару деҳқон ва билхосса, камбағалон дароз кардаст, тарки мадрасаву масҷид намуда, худро дар ҷӯши муборизаҳои сиёсӣ зад. Бо виқори тоҷикона ба Русия рафт ва мактаби сарварони низомиро гузашта, дар таъмини пирӯзии Армияи Сурх ва Инқилоби Бухоро амали шоистаеро анҷом дод.
Аллома Бобоҷон Ғафуров ба хонаи марди поксиришту соҳибмаърифат Мулло Асо Раҳимов мунтазам равуо дошта буд. Суҳбаташон на фақат оид ба таснифи асарҳои ҷовидонааш мерафт, балки перомуни сохти давлату давлатдории дирӯзу имрӯз ва сарварии оқилона шира мебаст.
Саранҷом, устод Бобоҷон Ғафуров ва Мулло Асо Раҳимов бар мабнои асноди муътамади таърихӣ ба Кумитаи Марказии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ аз бобати тақсимоти ҳудудҳои миллии халқҳои Осиёи Миёна афкорашонро хаттӣ пешниҳод карда буданд. Комиссия таъсис ёфт, ҳайҳот, натиҷааш то Шурои Олӣ нарасида, ормони дилҳо монд. Дареғу вовайло мегӯем.
Хушо, аз хонадони марди ориётабор Мулло Асо Раҳимов ҷигарбандону пайвандони солеҳу солеҳа ба камол расида, номи барӯманди падару бобоёни азизашонро бо меҳнати ҳалол ва пайкори омӯзанда басо арҷманд нигоҳ медоранд.
Имрӯз пайвандони бонангу номуси ӯ ходими намоёни сиёсиву ҷамъиятӣ Раҳим Санъат Асо, Ҳоҷӣ Асватулло Асо, Ҳоҷӣ Қудратулло Асо, табиб ҳозиқ Шавқат Асо, роҳбари ҷавони умедбахш Асо Нурулло Асват, собиқадори соҳаи маориф Сангимоҳ Абдуллоева, журналисти зиндаёд Рустам Абдуллоев ва хизматчиёни давлатӣ Сайаҳтам Абдуллозода, Асо Абдулло Санъат ва дигарон дар домони поки модарони отифаю порсо парвариш ёфтаву ба камол расида, ба халқу Меҳан содиқанду боэътимод.
Аз ин афроди биҳиштиву беғубор мардумони бешумор файзу баракати вофир дарёфта, дар ҳаққи гузаштагонашон ҳамеша даст ба ниёиш бардошта, тандурустиву хонаободӣ ва саодати доррайнро таманно мекунанд.

Дареғу дард аз ин мардумон, ки хок шуданд,
Ба теғи марг ҷигаррешу синачок шуданд!


Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: