Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АНДАР ШИНОХТИ ВОЖАҲОИ ТОҶИКИБУНЁД

АНДАР ШИНОХТИ ВОЖАҲОИ ТОҶИКИБУНЁД

19-09-2024, 16:04
Хабарро хонданд: 206 нафар
Назарҳо: 0
АНДАР ШИНОХТИ ВОЖАҲОИ ТОҶИКИБУНЁД
Забон падидаест, ки вобаста ба давру замон ҳамеша дар ҳоли рушду таҳаввул қарор дорад. Таркиби луғавии он ҳам аз ҳисоби вожасозии дохилизабонӣ ва ҳам аз ҳисоби иқтибос гирифтани вожаву истилоҳот аз забонҳои дигар, ки бо мақсади баёни мафҳумҳои нав дар робита ба дигаргуниҳову навсозиҳои ҷомеаи башарӣ ба миён омадаанд, ғанӣ мегардад ва рушд мекунад.
Вожагони ҳар забони миллӣ аслан ифодакунандаи чизу ашё, ҳодисаву падида ва рӯйдоду воқеият мебошанд, зеро ҳамаи он тағйироте, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ, соҳаҳои илму фан ба вуҷуд меояд, ба воситаи вожаҳои нав баён карда мешавад.
Ба гуфти дигар, вожаҳо дар забони ҳар як халқу миллат барои ифода кардани номи шартии чизу ҳодисаҳое истифода мешаванд, ки дар шароити табиӣ вуҷуд доранд ё ба вуҷуд меоянд ва онҳоро инсон ҳамарӯза истифода ва мушоҳида мекунад, яъне инсон барои аз якдигар фарқ карда тавонистани чизу ҳодисаҳои табиӣ онҳоро бо вожаҳои алоҳида номгузорӣ мекунад.
Маҳз ҳамин гуна вожаҳо захираи луғавии забони ҳар як халқу миллатро ташкил медиҳанд.
Бар асоси маълумоти таърихшиносон, нахуствожаҳои забони тоҷикиро вожаҳои забони паҳлавӣ ташкил медиҳанд, ки он зиёда аз ҳазорсолаҳо пеш аз ин забони мардуми ориёии мо буда, вожаҳои ин забон дар китоби “Авесто” гирдоварӣ шудаанд.
Забонипорсиидарӣ, яъне забони тоҷикии имрӯза, ба назари бисёре аз пажуҳишгаронваховаршиносоназсарзаминҳоиХуросонваФарорӯдбархоста, дарҳаминҳавзапарварда шудааст ва бисёре аз шаҳрҳоион, азҷумлаБухоровуБалх, СамарқандуҒазна, ҲиротуНишопур дергоҳемарказиилмуадаббудаанд.
Дар ташаккули забони тоҷикии порсӣ варушди минбаъдаи он забонҳоибумииин сарзаминҳо, бахусус забонҳои суғдию бохтарӣ нақши таъсиргузор доштаанд.
Баъдан, вобаста ба воқеаҳои таърихӣ ба захираи луғавии забони порсии дарӣ вожаҳои забонҳои дигар низ ҳамроҳ гардида, таркиби луғавии ин забонро афзунтар гардонидаанд. Аз ҷумла шуруъ аз асри VII, баъд аз сарзаминҳоиХуросонваФарорӯдро забт кардани араб, ба забони порсии дарӣ вожаҳои забони арабӣ ва тавассути ин забон вожаҳои юнонӣ, лотинӣ, тайи асрҳои XIII-XVIII бо таъсири олимону шоирони порсизабони Ҳиндустон ва туркнажодони порсигӯй вожаҳои ҳиндию туркӣ низ ворид шудан гирифтанд ва ин равандҳо то оғози асри XX идома ёфтанд.
Аз оғози асри XX то оғози асри XXI бо сабаби аз тарафи Россияи подшоҳӣ забт шудани Осиёи Марказӣ, ташкил ёфтани Иттиҳоди Шуравӣ ва дар ҳайати он таъсис дода шудани Ҷумҳурии Шуравии Тоҷикистон ба таркиби забони тоҷикӣ вожаҳои русӣ ва тавассути забони русӣ баъзе вожаҳои аврупоӣ низ ворид гардиданд.
Ҳамин тариқ, ҳоло таркиби луғавии забони тоҷикиро дар баробари вожаҳои ноби тоҷикӣ, ҳамчунин, вожаҳои арабӣ, туркӣ, ҳиндӣ, русӣ, аврупоӣ ва ғайра ташкил медиҳанд, ки ин албатта, забони тоҷикиро ба як забони тавоно ва қобили баёни ҳар гуна маънию мафҳум табдил додааст.
Тавре дар боло зикр кардем, нахуствожаҳои забони тоҷикиро асосан вожаҳои паҳлавӣ, суғдӣ ва бохтарӣ ташкил медиҳанд. Баъдан дар натиҷаи истифодаи амалии забони тоҷикӣ вобаста ба он тағйироте, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ, соҳаҳои илму фан ба вуҷуд омадааст, бо ворид гардонидани вожаҳои нави тоҷикӣ захираи луғавии забони тоҷикӣ афзунтар шудааст.
Таҳлили захираи луғавии забони муосири тоҷикӣ дар асоси луғатномаву фарҳангҳое, ки бо ҳуруфоти кириллӣ таҳия гардидаанд, нишон медиҳад, ки нахуствожаҳои тоҷикӣ асосан вожаҳои зерин мебошанд:
Вожаҳое, ки бо ҳарфҳои «гоф», яъне «г»-и русӣ, «пе», яъне «п»-и русӣ, «ҷими форсӣ », яъне «че»-и русӣ ва «ж», яъне «же»-и русӣ оғоз шудаанд, зеро дар забони арабӣ, ки аксари вожаҳои забони муосири тоҷикиро ташкил медиҳанд, ин гуна ҳарфҳо вуҷуд надоранд, чунончи:бо ҳарфи «г»: габз, габр, гавд, гавз, газ, ганг, ганд, ганҷ, гап, гард, гарм, гаст, гаҳ, гач, гашт, гесу, гиёҳ, гил, гир, гиря, гетӣ, геҷ, гиё , гиёҳ, гирд, гирифт, гов, гоз, гом, гоҳ, гул,гулӯ, гум, гун, гунг, гунё, гурд, гурз, гурс, гуфт, гӯй, гӯл, гӯр, гӯш ва ғайра;бо ҳарфи «ж»: жав, жай, жак, жанг, жанд, жард, жарф, жаф, жафк, жах, жева, жиён, жинг, жож, жоф, жужа ва ғайра;бо ҳарфи «пе»: пагоҳ, падар, падид, паж, пажмурда, пажӯҳиш, пазанда, пазируфтан, пазмон, пай, пайванд, пайваст, пайк, пайдо, паймон, пал, панд, паноҳ, пар, парво, парвоз, печ, пеш, пиёз, пиёда, пир, пой, пора, пошна, пошидан, пур, пушт, пӯё, пӯк, пӯст, пӯшок, пӯянда ва ғайра; бо ҳарфи «че»: чағз, чак, чакра, чала, чам, чанг, чанд, чап, чарб, чарғ, чарм, чарс, чарх, часб, чатр,чах, чашм, чет, чеҳр, чиғ, чиз, чил, чим, чин, чирк, чит, чов, чок, чор, чоҳ, чош, чуғз, чуст, чӯб, чӯян ва ғайра.
Вожаҳое, ки дар таркибашон ҳарфҳои дар боло зикршударо доранд: ажғол, аждаҳор, анг, ангужад, авранг, ахгап, бачкам, бож, бужулак, вижа, вогӯй, вожа, вопас, дег, диж, каждум, качал, кинг, кӯж, кӯча, лағж, линг, ложвард, мижа, нажод ва ғайра;
Вожаҳое, ки шакли феълӣ (масдар) доранд, ё дар шакли исми амал сохта шудаанд, масалан: анбӯҳ - анбӯҳиш, ангошт - ангоштан, андохт - андохтан, анҷом - анҷомидан (анҷомиш), басеҷ - басеҷидан, бистар - бистаронидан, буд - будиш, бурз - бурзидан, гувожа - гувожидан, ғеҷ - ғеҷидан, дурахш - дурахшидан, ёз - ёзидан, заҳ - заҳидан, лов - ловидан, намуд - намудан, ниёз - ниёзидан, оғол -оғолидан (оғолиш), ором - оромидан (оромиш), пахс - пахсидан, пахш - пахшидан, пурк - пуркидан, сутӯҳ - сутӯҳидан, фаҳм - фаҳмидан (фаҳмиш), харош - харошидан ва ғайра;
Умуман, вожаҳое, ки аз ду, се ва ё чор ҳарф иборат буда, ба ҳиҷоҳо ҷудо намешаванд, чунончӣ: номи чизҳои моддӣ: об, санг, хок, рег, гил, лойва ғайра; номи чиз ва ҳодисаҳои табиӣ: барф, абр, бод, алав, шаб, рӯз, буғ, зим, кӯҳ, дарё, кӯл, моҳ, оташ, рӯд, сел, сол, ях ва ғайра; номи асбобу анҷоми рӯзгор: бел, мех, дег, дост ва ғайра; номи дарахтон, наботот ва меваҳо: бед, олу, анор, пада, гӯл, тут ва ғайра; номи ҳайвонот ва парандаҳо: саг, асп (асб), бабр, бӯз, гург, зоғ, кабк, мор, мурғ, муш, мӯр, оҳу, хар ва ғайра; номи аъзои бадани инсон ва ҳайвонот: по, даст, сар, чашм, рӯй, гӯш, гӯшт,дил, дум, лаб, миён, мӯй, ноф, нӯл, пар, бол, хун, пӯст, пушт, раг, риш, тан, тухм, ҷон, шир ва ғайра; номи волидайн: духт (духтар), пур (писар), мард, зан ва ғайра; Вожаҳои ишоратӣ: ана, ин, он ва ғайра; номи маъданҳо: мис, оҳан, сурб, сим, зар ва ғайра; вожаҳои ифодакунандаи шумора: анд, як, ду, се, чор, панҷ, шаш, ҳафт, нуҳ, даҳ; вожаҳои ифодакунандаи амалу ҳаракат: афт, хез, дав, рав, рафт, омад, хоб, ҷаст, баст, тоб, тофт, шаст, гашт, бофт, бурд, ёфт, гир, сӯхт, раст, гуфт, ғел, ғеҷ, дод, дӯхт, зист, ист, канд, кишт, куфт, ларз, ҷӯш, рӯфт, омӯхт, афканд, сӯз, тохт, ҷунб ва ғайра; вожаҳои ифодакунандаи сифати инсон, чизу ашёҳо ва ҳодисаҳо: бад, хуб, нағз, нек, зӯр, паст, ранг, бӯй, бӯя, гарм, сард (бард), сурх, ғафс, паҳн, жарф, ғунд, тез, суст, дер, зуд, жарф, зард, каҷ, рост, кунд, лӯч, мӯрт, нав, нарм, пир, пок, пур, сабз, сер, сиёҳ, танг, тар, хушк, тунд, турш, хурд, чарс, шӯр ва ғайра.
Минбаъд дар марҳилҳои гуногуни таърихи тоҷикон дар заминаи ин вожаҳо бо истифодаи қоидаҳои гуногуни вожасозии забони тоҷикӣ вожаҳои нав сохта шуда, захираи луғавии забони тоҷикӣ рӯ ба афзунӣ ниҳодааст. Масалан, таҳлили забонии “Донишнома”-и донишманди оламшинохтаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино, ки тайи солҳои 1024-1037таълиф гардидааст, собит мекунад, ки он бо истифодаи комил аз имкониятҳои дохилии забони порсии дарӣ иншо гардидааст. Дар асар зимни сохтани муодилҳои тоҷикии истилоҳоти илмии арабӣ бо истифодаи қоидаҳои гуногуни вожасозӣаз вожаҳои порсии бостон вожаҳои нави тоҷикие сохта шудаанд, ки минбаъд бо маъниҳои луғавии худ ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ворид гардида, ба афзунгардии он мусоидат намудаанд, аз ҷумла: ҷунбиш, чиз, гардиш, сесӯ, чорсӯ, дониш, созгор, куниш, тавоноӣ, рост, барсӯ, фурӯсӯ, зудҷунб, ангориш, носозӣ, ночиз, нопазиро, ногарм, носард, нотобишӣ, норост, берӯшноӣ, бегармӣ, беандоза, молиш, бисовиш, пӯшан, пазиро, оромиш, паҳно, миёнҷӣ, созӣ, офтоба, гармоба, сиёча, нишона, куно, шунаво, дарозо, чашо, ҷунбишпазир, таркибпазир,буриндангоҳ, гармгоҳ, миёнгоҳ, ҷойгоҳ, оташкада, гармшаванда, ҷунбишдор, гармипазир, дерҷунб, пасопеш, камобеш, яксӯ, обкаш, дардзо, обдузд, дардраҳо ва ғайра.
Мавриди зикри махсус аст, ки дар “Донишнома” вожа ва истилоҳоти тоҷикиеро дарёфт кардан мумкин аст, ки ҳоло дар забони муосири тоҷикӣ камистифодааанд ё мавриди истифода қарор надоранд, чунончи: абрпора, андакӣ, андарбаста, андаргирӣ, андарёбанда, андарёбӣ, андарёфт, андарин, андарнигарӣ, андаромадан, андарпайванд, андаррасидан, барандозанда, баргирифт, баргирӣ, барёфт, баринпазир, бармолидан, басовоӣ, бастнокӣ, бахирадӣ, бахтпирӯз, баҳрпазириш, бегусастагӣ, безоиш, бикунидан, бисовиш, бисуданӣ, буридангоҳ, буриниш, гармипазир, гармгоҳ, гароистанӣ, гусаландагӣ, дерпазир, дерҳил, дусон, зоишдеҳ, зудгусал, зудпазир, зудҳил, зудҷунб, камобешӣ, каммалоӣ, каронагин, коркуниш, короваранда, кунандагӣ, куноӣ, мағоко, модагӣ, монандагӣ, некӯикунанда, некӯипазиранда, ноандархӯр, нопазиро, нопазироӣ, нопаранда, нораванда, носард, носитеҳанда, носозвор, носозворӣ, нотобишӣ, пайдоӣ, пешинрост, сипасӣ, сипастар, ситадан, сокингуна, суниш, тухмдеҳ, ханданокӣ, хонагар, ҳамчунонӣ, чашмзадагӣ, чашовӣ, ҷойгоҳӣ ва монанди инҳо.
Таҳлил ва таҳқиқи луғавии забони “Китоб-ут-тафҳим”-и донишманди дигари оламшумули тоҷик Абурайҳони Берунӣ, ки соли 1029 ба забони порсии дарӣ, яъне тоҷикӣ таълиф кардааст, нишон медиҳад, ки дар он дар баробари истифодаи вожаҳои аллакай маъмули тоҷикӣ барои ифода кардани ҳамтоҳои тоҷикии истилоҳоти илмии арабӣ вожаҳои зиёди нави сирф тоҷикӣ низ сохта шудаанд, масалан: дарозо, паҳно, жарфо, баландӣ, чандӣ, шумор, барх, бун, вуреб, гунда, донг, дунб, дунбол, дур, дурушт, замин, тӯл, кура, гӯй, гӯша, ситора, сӯй, сапеда, рӯшноӣ, Офтоб, Моҳ, Замин,Шамс, андоза, мағӣ, гардиш, бунгоҳ, гаронрав, дарёбор, заминларз, обҷой, ростсӯ, ростсутун, соядор, фурӯсӯ, чапсӯ, ҷойгоҳ, Тиргон, Меҳргон, Парвардагон, якӣ, якон. даҳгон, садгон, шуморгар, кеҳтарин, бештарин, нимрӯзон, шаборӯз, обонмоҳ, ситораёб, андомбурида, овоздиҳанда, баландовоз, панҷпаҳлӯ, шашпаҳлӯ, ростпаҳлӯ, дунбол, пинҳон, сӯхтан, гирифт, монанда, бастагӣ, гардон, дарёак, даҳана, дурӣ, норост, тобиш, бошгуна, баҳамкарда, наростпаҳлӯ, нохубкорӣ, божгуна, бараҳмонд, баробарӣ, барҳамкашида, барҳамниҳода, бодреса, гармобонӣ, донахора, дуруштнок, огоҳидеҳ, сипасрав, сохткарда ва ғайра.
Дар саҳифаҳои китобҳои дарсӣ оид ба асосҳои илмҳои табиатшиносӣ, ки тайи солҳои 20-30-юми асри XXаз забони русӣ ба забони тоҷикӣ баргардон карда шудаанд, бовожаҳое дучор омадан мумкин аст, ки мувофиқи анъанаҳои Ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ сохта шудаанд: оташароба (поезд), секунҷа (треугольник), санҷишшиша (про¬бирка), чакрарез (пипетка), ҷӯшиш (кипение), туршиш (окисление), шохабандӣ (ветвение), хӯшаандозӣ (коло¬шение), туршӣ (кислота), туршизо (кислород), дучарха (велосипед), тӯдагул (соцветие), зарринбарг (златолистик), бинибин (рино¬скоп) ва ғайра.
Минбаъд зимни тарҷумаи китобҳои дарсӣ оид ба асосҳои илмҳои замона барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо истифодаивожаҳои бунёдан тоҷикӣ истилоҳҳои зиёде сохта шуданд, ки бархе аз онҳо бо маъниҳои луғавии худ ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ворид гардида, ҳоло вожаҳои оммафаҳми тоҷикӣ табдил ёфтанд, чунончи: корхона, бозгашт, даргирӣ, таркиш, ҷустуҷӯ, канданӣ, пошхӯрӣ, чархиш, тобхӯрӣ, сарпӯш, боррасонӣ, бориш, барҷастагӣ, сабзониш, сӯзишворӣ, лаппиш, хушконӣ, часпакӣ, намкашӣ, намнокӣ, боркаш, борбардорӣ, камшавӣ, зиёдшавӣ, хурдшавӣ, калоншавӣ, резакунӣ, дудкаш, гармибардорӣ, сахтӣ, дуруштӣ, басташавӣ, дарбанд, сарбанд, фурӯравӣ, обрасонӣ, андозагирӣ, даҳонак, каҷӣ, ҷойивазкунӣ ва монанди инҳо.
Ҳамин аст, ки солҳои баъд (то охири асри XX), вобаста ба он тағйироте, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ, хусусан соҳаҳои илму фан ба амал омаданд, ҳамчунин, дар раванди тарҷумаи жанрҳои гуногуни адабиёти илмию техникӣ ба забони тоҷикӣ, таҳияи луғатҳои русӣ ба тоҷикии истилоҳоти соҳавӣ, дар заминаи вожаҳои аллакай мавҷудаи забони тоҷикӣ вожаҳои наве сохта шуда, бо маъниҳои луғавии худ ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ворид гардиданд, аз ҷумла: оташнишонӣ, моҳвора, моҳнавард, моҳгард, кӯчиш, чархиш, коҳиш, афканиш, нурафшонӣ, фурӯбурд, сахтӣ, дуруштӣ, сахтӣ, часбоӣ, ғунҷоӣ, тирагӣ, бодхӯрдашавӣ, нобаробарӣ, тезкунҷа, росткунҷа, таркиш, буғронӣ, мӯртият, сойиш, яхбандӣ, сангреза, ғӯзакашӣ, тухмипошӣ, тухмипошак, заминҷунбӣ, сихмолла, шонабандӣ, бузургӣ, карахш, лаппиш, ларзиш, кӯракчинӣ, абаршороӣ, рабоиш, часпиш, молиш, гармиғунҷоиш, зичӣ, сершавӣ, пешрафт, нишондиҳанда, паҳншавӣ, густариш, тобиш, гармидиҳӣ, гармирасонӣ, гармигузаронӣ, чоркунҷа, шашкунҷа, нимкоҳиш, нимпаҳно, пазирандагӣ, ҷунбандагӣ, печандагӣ, шикандадагӣ, фурӯбарандагӣ, камомад, телахӯрд, зарраборон, худларзиш, худангезиш, гузариш, гудозиш, ёзиш, шориш, каҷӣ, ҷӯрӣ, ҳамворӣ, ғеҷиш, бархӯрд, рангсанҷӣ, кашиш, порашавӣ, тобандагӣ, шахшавӣ, баробарӣ, гаштовар ва ғайра.
Дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз роҳҳои бо вожаҳои нав афзун гардонидани захира ва таркиби луғавии забони тоҷикӣ - истилоҳсозӣ, яъне сохтани ҳамгунаҳои тоҷикии истилоҳоти забонҳои муқтадири илмӣ, мисли забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва забонҳои дигар мебошад.
Таҷрибаи истилоҳсозӣ, хусусан сохтани истилоҳоти илмӣ ва илмию техникии тоҷикӣ нишон медиҳад, ки истилоҳ ва ибораҳои наве, ки бо истифода аз имконоти дохилии забони тоҷикӣ сохта шудаанд, метавонанд минбаъд маънии луғавӣ пайдо карда, ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ворид шаванд ва ганҷинаи вожагони тоҷикиро афзунтар гардонанд, масалан: абаровоз, абартоза, абаршоро, абаршороӣ, ангезандагӣ, андаркашӣ, андаркӯфт, афзоишдеҳак, бардоб, барӯомад, барӯрафт, барсӯдод, барфбод, боднерӯ, бодрез, бодрониш, бодҷунбиш, бозкард, бӯйрониш, водиҳиш, вокард, воҷаббиш, гардишнамо, гармизудоӣ, гудозпазирӣ, гудохтаоҳан, зудшориш, зудҷӯшиш, каҷрафт, кашидабандӣ, корандозӣ, корандозак, кӯҳбод, ларзабардорӣ, намзудоӣ, нафтполоӣ, неруфизо, неруфизоӣ, осонгудоз, паҳнрӯя, пошхӯрд, рангзудо, рангзудоӣ, сардбод, суфтасанг, сӯгардонӣ, тафспазирӣ, тафсхӯрандагӣ, тезҷунбо, тезшоро, тобовард, фурӯомад, фурӯрафт, хокамоно, худларз, худҷунб, ҳамомад, чиркзудо, чошдод, ҷунбона, ҷӯшзанӣ, шастомад, шастрафт, шитобдав, якдав, яккарафт, яхзамин ва ғайра.
Ҳамин тариқ, сохтани вожаҳои нав, яъне вожасозӣ яке аз сарчашмаҳои асосии афзунгардонии захираи луғавии забони тоҷикӣ ва ганҷинаи вожагони он будааст ва мебошад.
Бинобар ин, вазифаи муҳимми забоншиносони тоҷик ва ҳар як зиёии кишвар аз он иборат аст, ки барои сохтани вожагони нави тоҷикибунёд кӯшиши бештар намоянд ва аз ҳисоби ин вожагон захираи луғавии забони миллиро афзунтар гардонанд.

Пирмаҳмад Нуров
доктори илмҳои филологӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: