Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » СУХАНРОНИИ муовини Раиси ҲХДТ Мавлон Хайринисо Юсуфӣ бахшида ба Рӯзи дониш дар Литсейи №4 шаҳри Душанбе

СУХАНРОНИИ муовини Раиси ҲХДТ Мавлон Хайринисо Юсуфӣ бахшида ба Рӯзи дониш дар Литсейи №4 шаҳри Душанбе

4-09-2024, 17:50
Хабарро хонданд: 246 нафар
Назарҳо: 0
Ба муносибати Рӯзи дониш кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ рафта, ҳайати омӯзгорону толибилмонро ба ин рӯз шодбош гуфтанд.
СУХАНРОНИИ


Тарҷеҳ медиҳад ба падар устодро,
Ҳар кас шинохтааст, баёзу саводро,-

фармудааст Ҳаким Саноӣ
Ассалому алайкум, омӯзгорони гиромиқадр, муҳандисони фардои дурахшони Ватан ва толибилмони азиз!
Пайки хушу ояндасоз аст, ки Иди дониш ва дарси сулҳ дар ҳалқаи силсилаҷашнҳои бузурги Ватан таҷлил мешавад.
Иди Истиқлоли давлатии кишвар аз шумори фархундатарин ҷашнҳои Тоҷикистони азизи мост, ки барои аҳли миллат бори дигар таҷаддуди тоза эҳдо кард, 30-юмин солгарди қабули Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили Рузи забони давлатӣ, гиромидории Рӯзи Президент, 32 - солагии Иҷлосияи ватансозу ва тақдирафрӯзи мо, боз кулли ҷашнҳои бонишоти Меҳан интизори мову Шумост.
Иди дониш иди бедории дилҳову тафаккурҳо барои насли ҷадид аст. Аслан, барои нафарони донишвар, донишёр ва донишпажуҳ ҳамаи рӯзҳо, рӯзҳои дарёфти донишу маърифат аст, аммо ҳар сол як фасли бузурги зиндагонии насли нав аз иди дониш ва дарси сулҳ шуруъ мешавад.
Ҳодии маҳбуби мо, ки худ эҷодгари сулҳи тоҷиконанд ва дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба кишвари мо, ки мувоҷеҳ ба ҳолати маҳвшавиву парокандагӣ қарор дошт, неъмати сулҳро эҳдо намуда, ба ин миллати афгор дигарбора муждаи ҳаёт ва саодати наҷот бахшиданд. Ва имрӯз, хушбахтона, Тоҷикистони азизи мо ба яке аз минтақаҳои бузурги фарҳангиву сиёсӣ табдил ёфтааст, ки азимтарин форуму анҷуманҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар он баргузор мешаванд. Садҳо кишварҳои пешрафтаи олам бо мо ифтихори ҳамкорӣ ва муносибатҳои судманд доранд, ки ин ҳама подоши заҳматҳои беназири Пешвои ҷаҳонафрӯзи мост.
Устод Муҳаммад Ғоиб барҳақ фармудаанд:
Муҳаббат бастани пуркинаҳоро дида мегӯем,
Ҷаҳон дарси сиёсат бояд омӯзад зи шоҳи мо.
Омӯзгорони арҷманд, рисолату тааҳҳуди омӯзгорӣ барои муҳлату фурсати муайяне нест, балки барои имрӯзу рӯзгорони оянда аст.
Агар деҳқон ҳосили киштаашро баъди чанд моҳе дарав намояд, муаллим самараи омӯзишҳои бахшидаашро шояд баъди солҳову даҳсолаҳо дарёбад.
То имрӯз исми мубораки Низомиддин Авлиёро чун устоди бузурги Амир хусрави Деҳлавӣ, номи Шамси Табрезиро чун нахустустоди Маволони Балх, номи Державинро чун мураббии Пушкин, номи Борис Пастернакро чун устоди Марина Цветаева, номи устод Мирзо Турсунзодаро чун ҳодии роҳнамои Лоиқ Шералӣ ба забон меоранд ва ҳадиси ин устодиву шогирдиҳо дар ҷаридаи олам сабки ҷовидон ёфтааст.
СУХАНРОНИИ  муовини Раиси ҲХДТ Мавлон Хайринисо Юсуфӣ бахшида ба Рӯзи дониш дар Литсейи №4 шаҳри ДушанбеШогирдони Шумо низ устодони донишвар дар тамоми риштаҳои иҷтимоӣ кору ибтикор мекунанд ва дар ҳаёти Ватан бо азму ҷазму созандагии худ ширкати мунаввар менамоянд.
Пешвои муаззами миллат, Раиси маҳбуби Ҳизби Халқии Демократии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳомиву муттакои аҳли илму маориф, ки тамоми заминаҳои илмию амалиро барои пешрафти соҳа фароҳам овардаанд, пайваста таъкид мекунанд, ки омӯзгорон дар ҷомеаи мо мартабаву манзалати басе волову рифъатманд доранд ва ин қисмати ҷомеаро мо бояд дар сатҳи иззат ҷой диҳем, зеро неъмати маънавие, ки омӯзгор мебахшад, туҳфаи роҳи инсонҳои фардост.
Барҳақ, Раиси муаззами ҳизби мо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ нахустустоди ҷомеаи моянд, ки аз ҳар сухану ҳар омолашон чун аз дабистони азим сабақ мебардорем ва дарси Ватансозиву сулҳофарӣ, модарнавозиву худифшоӣ ва башарпарвариро меомӯзем.
Умедворем, ки бо башоратҳои Раиси муаззами ҳизби мо ва талошҳои пайвастаи Шумо, омӯзгорони фаррухгустар, шогирдони имрӯз устодони беҳини оянда мешаванд ва дар ҳар ҷода нусрат меёбанд.
Итминони комил дорем, ки омӯзгорон ва муҳассилини ин даргоҳи номвару шӯҳравар - Литсеи овозадори рақами 4 ҷавобан ба кулли илтифоту ғамхориҳои Пешвои раъиятпарвари миллат, ба хотири пирӯзиҳои имрӯзин, ба хотири сулҳу салоҳе, ки дар кишвар салтанат дорад, ба хотири шароити муназзами кунунӣ рисолати бузурги худро бо шоистагӣ иҷро менамоянд.
Ба фарзандони азиз таманно мекунем, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд, дар радифи забони модарӣ забонҳои хориҷиро омӯзанд, ҳаёти пурнишот ва ояндаи мустадом бинанд, ҳамеша посдори хидмату муҳаббати волидайн ва устодон бимонанд, ба суди ин Ватани азизу ин миллати хуҷаста ибтикорҳо офаранд.
Пайваста омӯзанд ва дониши худро такмил диҳанд. Аз дунёи рангину хирадбори китоб самар бардоранд. Зеро, чуноне ки фармудаанд:
Ҳаст илм, он чӣ боқии абад аст,
Ҳар чӣ ҷуз илм, об дар сабад аст.
Ҳамаи Шуморо бо рӯзи дониш ва дарси сулҳ аз номи Раёсати КИМ ҲХДТ таҳният мегӯям ва таманно мекунам, ки Шумо, устодон ва фарзандони азиз, мубашширони ростини илму хирад ба сулҳу оромишу рафоҳ дар кулли олам бошед ва барои пояндагии фарҳангу маърифат, худшиносиву ватандӯстӣ ва ҳамгароӣ нақши мондагор гузоред.














Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: