Зангӯлаи ёдҳо27-04-2023, 13:32
Хабарро хонданд: 391 нафар
Назарҳо: 0
Ё худ чанд пора меҳр аз рӯзгори Арбоби фарҳанг ва санъати театри миллии тоҷик, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, Абдулло Низом Нурҷонов Номи пурифтихори ин донишманди фарҳехтаи миллат оғози солҳои шастуми садаи гузашта дар саросари қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бо асарҳои пурмуҳтавои тадқиқотии таърихи санъати театри тоҷик овозадор гардида, ӯ анҷуманорои даҳҳо симпозиуму конфронсҳои ҷаҳонии санъатшиносӣ, дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ буд. Ҳамзамон, ӯ ҳамчун устод дар тарбияи садҳо ҳунармандони шинохтаи кишвар саҳми босазои худро гузошта, бо дониши баланд ва пажуҳишу тадқиқотҳои пурарзишаш миёни аҳли илму маърифат соҳиби ҷойгоҳи пурифтихори илмӣ будааст. Ин хирадманди маърифатпарвар дар роҳи шинохти санъати касбии театри тоҷик, аз замони Сомониён то инқилоби Октябр даҳҳо тадқиқотҳои пурарзиши илмиро манзури оламиён гардонида, соҳибтамаддун будани миллати куҳани тоҷикро ба ҷаҳониён собит намудааст. Низом Нурҷонов тӯли беш аз чиҳил соли фаъолияти босамараш дар замони Шуравӣ ва наздик ба сӣ соли замони истиқлоли давлатӣ хидматҳои бузургеро андар шинохти таърихи санъати театри тоҷик намуда, саҳми назарраси хешро дар эъмори ҷомеаи маърифатпарвари тоҷик гузоштааст. Шавқу завқи муҳаққиқи ҷавонро ба санъати театрӣ мушоҳида намуда, театршиноси шинохта Г.А. Уварова ба тарбияи ӯ машғул гардид. Онҳо доир ба театри рус ва ҷаҳон, усулҳои маъмулии тадқиқоти илмӣ, заминаҳои фолклории театр ва дигар масоили марбут ба он дуру дароз бо ҳам суҳбат намуда, бо тавсия ва дастгирии бевоситаи ӯ ба тадқиқот ва пажуҳиши таърихи театри миллӣ машғул шуд. Аз моҳи октябри соли 1951, аз лаҳзаи нахустини таъсис ёфтани Институти таърих ва бостоншиносии Академияи фанҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ба ҳайси ходими илмии муассисаи мазкур қабул мегардад. Дар солҳои нахустини фаъолияти илмии хеш муҳаққиқ дар экспедитсияҳои мардумшиносӣ фаъолона ширкат варзида, доир ба маросими тӯй, бозиҳои шавқии фарҳангӣ, тамошо ва саргармиҳои театрии мардуми навоҳии Ғарм таҳқиқот анҷом дод. Маводи ҷамъоварӣ ва таҳлилнамудааш дар маҷмуаи сеҷилдаи «Тоҷикони Қаротегину Дарвоз» дарҷ шуда, эътибори илмии он дар миёни донишмандони кишвар баланд мегардад. Моҳи августи соли 1953 бо ташаббуси бевосита ва дастгирии собиқ директори Институти таърихи Академияи фанҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон академик А.А. Семёнов дар пажуҳишгоҳи мазкур аввал бахш ва чанде пас (соли 1957) шуъбаи таърихи санъат таъсис дода мешавад, ки дар ташаккул ва равнақи минбаъдаи на танҳо театршиносӣ, балки дар маҷмуъ, илми санъатшиносӣ саҳми беҳамто ва пурарзишро мегузорад. Кори пурсамари олимони ин шуъба натиҷаҳои нахустини хешро ба бор овард. Соли 1956 нахустин маҷмуаи маводи санъатшиносӣ дарҷ гардида, аз таҳқиқоти олимони санъатшиноси тоҷик ба ташнагони таърихи санъати миллии тоҷик мужда расонид. Ҳамон сол нашриёти Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ асари олим «Театри мардумии тоҷик» -ро нашр намуд, ки ин тадқиқот ба давраи навини театршиносии тоҷик замина гузошт. Муҳаққиқ бо асари нахустини хеш, ки бори аввал аз театри суннатӣ маводи зиёдеро гирд оварда, аз лиҳози илмӣ ҳамаҷониба ба риштаи таҳқиқ кашидааст, асосгузори ии раванди нави илмиву фарҳангӣ дар кишвар гардид. Маҳсули кори онҳо дар маҷмуаи дастаҷамъии «Санъати халқи тоҷик» гирд оварда мешуд, ки дар баробари назария ва амалияи анвои гуногуни санъат масоили марбут ба театрро низ матраҳ менамуданд. Ходимони шуъба дар доираи таҳқиқоти худ маҳдуд нагашта, дар миқёси қаламрави собиқ Шуравӣ бобу мақолаҳои алоҳидаро барои асарҳои бунёдии театршиносиву санъатшиносӣ рӯйи чоп меоварданд. Худи Низом Нурҷонов бобҳои алоҳидаи ба театр ва ҳунармандони тоҷик тааллуқдоштаро дар асари шашҷилдаи «Таърихи театри драмавии советӣ», «Таърихи мусиқии халқҳои СССР», асари панҷҷилдаи «Таърихи кинои советӣ» ва қомуси «Балет» манзури хонандагон гардонидааст. Асари дигаре, ки дар охири солҳои панҷоҳум дар ҳамкорӣ бо олимони адабиётшинос ба майдон омад, ин «Драматургияи тоҷик ва театр» мебошад. Устод дар ҳамкорӣ бо муҳаққиқи драматургияи миллӣ Л.Н. Демидчик дар ин асари пурарзиши илмиаш ҷараёни ташаккули драматургияи тоҷикро дар раванди равнақи санъати театрӣ мавриди омӯзиш қарор додааст. Миёни асарҳои дар солҳои 50 ва 60 - уми садаи гузашта офаридаи муаллиф, асари дуҷилдаи «Таърихи театри советии тоҷик» ва «Театри тоҷик» мақоми хосаро касб намуда, арзиши илмии онҳо аз ҷониби олимони санъатшиноси қаламрави собиқ Шуравӣ сазовори баҳои баланд гардид. Дар асари «Таърихи театри советии тоҷик» муаллиф аз маводу мақолоти нисбатан номукаммали доир ба ҳаёти театрии солҳои нахустин рӯйичопомада истифода намуда, дар муқоиса бо хотироту ёддоштҳои ходимони театр, маводи бойгонӣ, мукотибот ва мушоҳидаҳою суҳбатҳои шахсии xeш бинои муҳташами таърихи тeaтppo хишт ба хишт чида, барои ояндагон ба ёдгор мондааст. Ҳамчун солноманигори ҳақиқӣ муаллиф дар ин асар таърихи ҳар театрро дар маҷмуъ, ба таври алоҳидагӣ ва давра ба давра барқарор намуда, дар қатори барқарор намудани номи саромадони театри касбии тоҷик ба садҳо воқеаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии тоҷик рӯшанӣ андохтааст. Дар нигоштаҳои ин муҳаққиқи дақиқбаён маҳорати хоси ноқидии муаллиф аён мегардад, ки тӯли солҳои пешин ба даст оварда буд. Мунаққид аз оғози солҳои 50-ум бо тамоми воқеаҳои театрӣ ҳамовозӣ баён намуда, ба ҳар намоиш дар матбуоти даврӣ тақриз дарҷ менамуд. Дар ҳамон солҳо баробари таҳлили асарҳои ҷудогона ба тамоми ҳаёти театрӣ ва равандҳои баамаломада баҳо дода, ҳамчун санъатшиноси касбӣ мақоми илмиву таҳқиқотиашро миёни олимони шинохтаи кишвар хеле устувор гардонид. Равияи пешгирифтаи худро олим дар асари дигари хеш - «Театри тоҷик» идома бахшид. Муаллиф мазмуну мундариҷаи ғоявии асарҳои ба барномаи театрҳо воридшударо таҳлил карда, эстетикаи санъати саҳнавиро ошкор менамояд. Низом Нурҷонов усули нақшофарии ҳар як ҳунарварро дарк намуда, сохти бадеии намоишҳоро низ равшан месозад. Махсусан, бо усулу навъҳои саҳнавӣ диққати махсус додани устод дар ин асар баръало намоён мегардад. Бадеият асоси баҳодиҳӣ ва маншаи муайянсозандаи дараҷаи касбияти ҳар як намоишу нақши алоҳида гардида, ҳангоми баррасии намоишҳо хеле дилчаспу нишонрас ба чашм мерасад. Дар ин миён асари ба фаъолияти нимасраи нахусттеатри касбии тоҷик бахшидаи муҳаққиқ миёни дигар асарҳои ӯ бо сатҳи баланди илмӣ, андешаронии фаррох ва таҳлилу ковишҳои ҳунаршиносии хеш миёни дигар асарҳои ӯ мақоми махсусро ишғол намуда, арзиши илмиаш хеле баланд мебошад. Аз асарҳои нахустини Низом Нурҷонов бармеояд, ки олим дар рафти баҳодиҳӣ ба ҳунари иҷроишии ҳунарпешаҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дақиқкорона барқарор шудану тасвир гаштани ҳар нақши алоҳида ба мунаққид имкон додааст, ки дар рисолаҳои алоҳидаи ба ҳаёту фаъолияти ҳунармандони театр бахшидааш махсусияти ҳунарии ҳар яки онҳоро ба таври нишонрас ва муъҷаз баён намояд. Ба ин гуфтаҳо асарҳои роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Туҳфа Фозилова, Ҳоҷигул Раҳматуллоев, Гулчеҳра Бақоева, Ҳошим Гадоев, София Туйбоева, Xайрӣ Назарова, Малика Собирова ва Фаррух Қосимов офаридаи устод мисоли равшан шуда метавонад. Ин асарҳо тамоми фаъолияти ҳунарварони бузурги саҳнаи тоҷик: аз қадамҳои нахустини рӯйи саҳна то образҳои ҷолиб - қуллаи баланди эҷодии онҳо ба риштаи таҳқиқ кашида шуда, тамоми маводи библиографӣ доир ба фаъолияти онҳо таҳлил гардидааст. Махсусияти ҷолиби ин асарҳои олим дар он аст, ки ӯ ҷиҳатҳои фарқкунандаи ҳар санъаткорро дақиқ, ҷолиб, нишонрас ва бо далелҳои қотеъ таҳқиқ кардааст. Самтҳои фаъолияти ҳар қаҳрамон аниқ муайян гашта, нақшҳои ҷолиби офаридаашон дар алоҳидагӣ ва дар омезиш бо тасвири раванди кори пасипардагии муаллифон ҳангоми таҳияи намоишҳо баррасӣ мешаванд, ки хонандагон ва муштариёни театрро бо махсусияти ҷараёни офариниши ҳар ҳунарвар ба таври алоҳидагӣ ошно месозад. Аз зинаҳои баланди талаботи рӯзафзун ба санъат баҳо дода, диққати олим, пеш аз ҳама, ба сарчашмаи ҳунари театрӣ - суннату анъаноти театрӣ ҷалб гашт. Муаллиф маводи дар экспедитсияҳои мардумшиносиву санъатшиносӣ ҷамъоваринамудаашро аз лиҳози интиқодӣ ҳамаҷониба таҳлилу таҳқиқ соли 1985 асари «Драмаи халқии тоҷик» -ро манзури хонандагон намуд. Бори нахуст аҳли ҳунар ва илми ҷумҳурӣ тавассути ин асар бо ганҷинаи осори мардумӣ ошно гардиданд. Маводи гирдовардаи муаллиф ҳамчунин, дар омӯзиши тарзи зисту зиндагонӣ ва ҷаҳонбинии мардуми бумӣ маълумоти нодир ба шумор меравад. Кӯшишҳои якҷояи муҳаққиқ бо мусиқишиноси машҳур Ф. Кароматов дар барқарору дастрасии омма гардонидани ганҷинаи мусиқии Бадахшон аз ҷониби мутахассисони соҳаи санъат баҳои баландро сазовор гашт. Собиқ вазири маданияти Тоҷикистон арбоби сиёсиву давлатӣ, профессор Меҳрубон Назаров баъд мутолиаи асар чунин гуфта буд: “Таҳқиқот ва пажуҳишҳои профессор Нурҷонов саҳифаи нави бозёфтҳои мардумии санъаткорон, мутрибон машшоқони Бадахшонро боз намуда, барои дар оянда ба таври мукаммал мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор додани ин санъати бебаҳои мардумӣ роҳро боз намуд”. Ин баҳои додаи вазири вақт ва санъатшиноси шинохта худ гувоҳи арзиши олӣ доштани асари Низом Нурҷонов мебошад. Ин равияи эҷодиро ривоҷ дода, олим дар ҳамкорӣ бо мусиқишиносон 3.М. Тоҷикова ва Б.Т. Қобилова бахшида ба ҷашни 1100 - солагии Давлати Сомониён роҷеъ ба ҳаёти мусиқиву театрии пойтахти Сомониён - шаҳри Бухоро асари ҷолибе офарид, ки барҳақ аз камолоти афкори театршиносу санъатшиносии миллӣ будани ӯ дарак медод. Дар асарҳои олим ду равияи асосии фаъолияти эҷодии ӯ ҷило медиҳад. Яке аз онҳо бо усули мардумшиносӣ, ки ба таври дақиқу нишонрас тасвир намудани ҳар як амалу ҳолатро тақозо дорад, побарҷо буда, дигар усули ифшо аз таҳлилу хулосабарориҳои театршиносӣ маншаъ мегирад. Ин аст, ки муҳаққиқ ҳамчун саррофи гавҳаршинос миёни анбӯҳи саргармиҳои мардумӣ намунаҳои барҷастаи ҳунарии онро аз қабили театрҳои пантомима, рақсҳои шавқии майдонӣ ва корвонҳои шодии ҳунарӣ бо ҳусну ҷилои нав тақдими ҳаводорони ҳунар мегардонад. Низом Нурҷонов дар заминаи маводи ғании ҷамъоваригашта доираи таҳқиқоти хешро доир ба театри суннатии тоҷик васеъ намуда, паҳлуҳои нав ба нави онро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Дар арафаи ҷашни 80 - солагии худ олим асари дуҷилдаи «Театри суннатии тоҷик» -ро офарид. Дар он муаллиф тадқиқоти беш аз панҷоҳсолаи хешро доир ба анвои мухталифи театри миллии тоҷикӣ натиҷагирӣ намудааст. Пеш аз ҳама, тадқиқоти мазкур диққати касро бо он ҷалб менамояд, ки дар худ маводи гаронбаҳо ва то он замон ба илми санъатшиносӣ вориднашударо гирд овардааст. Муҳаққиқи шинохта ва олими варзида кӯшиш намудааст тамоми анвои театри суннатии дар охири садаи XIX ва оғози қарни XX роиҷбударо бар асоси далелҳо ва ифшои тасвири онҳо барқарор намояд. Соли 2004 китоби номбурда ба мукофоти олии соҳаи илму ҳунар дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сазовор дониста шуда, барандаи ҷоизаи байналмилалии «Китоби сол» гашт. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Низом Нурҷоновро дар тӯли тамоми фаъолияти илмӣ нақди театрӣ ташкил медиҳад. Агар имконоти омӯзишӣ ва муҳаббати академӣ даст диҳад, ки тамоми маводи интиқодии ин муҳаққиқи дақиқназар гирдоварӣ шуда, рӯйи нашрро бинанд, чандин ҷилд китобро ташкил хоҳад дод. Тамоми таҳавуллоти санъати театрӣ ва афкори театршиносии тоҷикро метавон маҳз аз рӯйи ҳамин самти фаъолияти ӯ барқарор сохт. Дар нақдҳои мӯшикофонааш сабабу натиҷаҳои каҷравиҳои дар санъати театрӣ баамаломада дар даврони соҳибистиқлолии кишвар низ ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Борҳо дар суҳбатҳои хосааш санъатшиноси асил бо дарду алам мегуфт: “Агар кӯр довари бинандаҳо ва кар довари шунавоҳо бошад, пас он замон метавон даст аз воқеияти баҳогузорӣ шуст”. Муҳаққиқ раванди ташаккул ва инкишофи санъати театрии ҷумҳуриро дар якҷоягӣ бо рушди драматургияи миллӣ баррасӣ намуд, ки ин бесабаб нест. Аз бисёр ҷиҳат равнақу ривоҷи санъати театриро сатҳи пешрафти ин навъи мушкили адабӣ муайян месозад. Агар бо чашми таҳқиқ нигарем, осори муҳаққиқ солномаи ташаккули драматургияи тоҷикро дар бар мегирад. Миёни он ҳама масоили матраҳнамудаи муаллиф масъалаи маҳорати адабӣ ва сатҳи драматургия дар таҳқиқотҳои ӯ мавқеи муҳимро касб намудааст. Устоди донишманд ҳангоми таҳлили ҳар асари саҳнавӣ ҳусну қубҳи онро муайян намуда, ба муаллифон маслиҳатҳои муфид медод. Ин абармарди таърихи санъатшиносии тоҷик солҳои тӯлонӣ дар матбуоти даврӣ оид ба масоили муҳими драматургияи миллӣ баҳс ороста, ҳамвора вазифаи таҳқиқу нақди онро ба сомон расонидааст. Беҳтарини онҳо дар маҷмуаи мақолаҳои олим бо унвони «Рангомезиҳои саҳна» гирд оварда шудаанд, ки соли 1983 аз тариқи нашриёти «Ирфон» ба дасти чоп расида буд. Бахши «Драматургия» қисмати бештари асарро ташкил дода, масоили мухталиф ва паҳлуҳои гуногуни ин ҷодаи ҳунару адабро ба риштаи таҳқиқ кашидааст. Мавриди баҳси мунаққид ҳам асарҳои алоҳида ва ҳам равандҳои мухталифи адабиву ҳунарӣ қарор гирифтаанд. Низом Нурҷонов драматургияро аз театр ҷудо намедонтст, аз ин ҷост, ки ҳар тақризи кӯчакашро низ аз таҳлили намоишнома оғоз намуда, тамоми асари саҳнавиро дар алоқамандӣ бо он мавриди интиқоди хеш қарор медод. Китоби дигари пурарзиши илмиву тадқиқотии ӯ “Мактаби актёрии тоҷик”, ки соли 2011 дар ҳаҷми 31 ҷузъи чопӣ рӯйи чоп омадааст, гувоҳи баръалои донишмандии ӯ мебошад. Ин муҳаққиқи саршиноси театри касбии тоҷик дар муқаддимаи ин китоби пурмуҳтавояш барҳақ овардааст: “Одами зинда, яъне актёр (нақшофар) дар театр василаи асосӣ барои эҷоди мустақилонаи арзишҳои забоишиносӣ аст. Фарқи асосии ҳунари ӯ нисбат ба дигар намудҳои санъат дар он аст, ки ҳар як ҳунарвари ҷодаи дигар он вақт эҷод карда метавонад, ки ӯро илҳом фаро гирад. Аммо ҳунарпешаи саҳна бояд худаш ба илҳом ояд, худашро шаби нишон додани намоиш омода созад, пешакӣ барои офаридани образ тайёр бошад. Барои ҳамин ҳам арбоби барҷастаи театри рус К.С. Станиславский мегӯяд, ки “Театр, пеш аз ҳама, барои актёр тавлид ёфтааст, бе ӯ вуҷуд надорад. Ягона подшоҳ ва маликаи саҳна ҳунарпешаи соҳибистеъдод мебошад.” Ин суханони ӯ дар гузашта ва имрӯз ҳам ифодагари ҳақиқати ҳоланд. Вай (яъне актёр) ягона хуҷаини театр, санъаткори мустақим, шоир ва эҷодкори ҳунари хеш аст”. Яъне, ҳамон истилоҳи фаронсавии “артист” ба маънои санъат корбаст мешавад. Ба таъбири дигар, иҷро, яъне манзури мардум гардонидани ҳар нақш бо маҳорати баланд санъат мебошад. Ин таъбирро русҳо дар офариниши нақшҳои ҷолиб хеле бомаврид ва хуб рӯйи саҳна меоранд. Ҳамин ки нақши диданӣ ва ҷолиберо санъаткор рӯйи саҳна офарида тавонад, бинандаи бофаросат ва бофарҳанг бо як ҳаяҷони хос мегӯяд: “Вот это Искуство”. Солҳои охир истилоҳи “актёр” ба маънои ҳунарпеша, ҳунарвар, ҳунарманд, бозигар ва иҷрокунанда низ мавриди истифода қарор мегирад. Истилоҳи “актёр” хусусан дар жанрҳои драма ва кино бисёр истифода мешавад. Ҳунарпеша дар ин намудҳои санъат ба ҷойи қаҳрамон амал мекунад. Актёр бояд аз уҳдаи истифодаи воситаҳои тасвирии санъати театрӣ: суханронӣ, овоз, ҳаракатҳои мавзун ва хушоҳангӣ баромада тавонад. Дар замони Шуравӣ шаклҳои нави театр - драма, опера, балет, радио ва телетеатр ба вуҷуд омаданд. Ҳунари актёрӣ майдони васеъ пайдо кард. Тӯли солҳои зиёд дар театри аврупоишакли тоҷик анъанаҳои амиқи реалистӣ ба вуҷуд омаданд. Беҳтарин ҳунарпешагон моҳияти нақши иҷромекардаи худро ба хубӣ тасаввур мекарданд, моҳияти образро амиқ ҳис менамуданд, меофариданд. Ҷониби нияту мақсадҳои олӣ мешитофанд. Як зумра актёрҳои бузург ба майдони ҳунар ворид шуда, фидокорона дар ин ҷода хидмат намуданд, дар он майлу рағбат, адои қарзашонро диданд. Актёрҳои мумтоз санъати воло ва ҷаҳони мураккаби ботинии инсонро кашф намуданд. Онҳо мактаби актёрии тоҷикро ба вуҷуд оварда, дарашро барои дигарон васеъ кушоданд. Пешовандони саҳнаи ҳунари тоҷик офарандагони арзишҳои асосии саҳнавӣ ва муайянкунандагони равияҳои театр, раҳомӯзи пасвандони театри касбии тоҷик гардиданд. Маҳз ҳамин бузургони саҳнаи театри касбии тоҷик ҷараёнҳои асосии санъати актёриро барои насли минбаъда муайян намуданд. Ин ситорагони саҳнаи тоҷик ифтихор ва шуҳрати фарҳанги театри миллат ҳастанд. Онҳо дар ҳақиқат шахсиятҳои бузурганд, на аз он ки нақшҳоро хуб бозидаанд, балки эҷодкорона офариданд. Ҳатто дар нақшҳои мураккаби классикӣ, ки аз ҷониби дигар ҳунарпешагони гуногунмиллат пештар иҷро шуда буданд, суханони тоза гуфта тавонистанд, то ҷавонони эҷодкорро аз пайи худ баранд. Дар нимаи дуввуми қарни XX дар Тоҷикистон илм дар бораи театр пайдо шуда, рӯ ба инкишоф ниҳод. Театршиносони тоҷик кӯшиш карданд, ки таърихи театри касбии сарзамини қадимаи хешро амиқ ва холисона таҳқиқ намуда, дар роҳи инкишофи он саҳми арзандаи хешро гузоранд. Низом Нурҷонов ҳамчун олим ва муҳаққиқи дақиқназар баъд аз хотимаи муқаддимаи мазкур дар атрофи таърихи анъанаҳои театри касбии тоҷик сухан ронда, маводи дар тӯли сӣ соли фаъолияту таҳқиқотҳояш дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон ва маҳалҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон ҷамъовардаашро мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, чунин овардааст: “Вақте ки муҳаққиқ бозёфтҳои бостоншиносон, асарҳои мардумшиносон, маъхазҳои таърихӣ, ёддошҳои сайёҳон ва дигар сарчашмаҳоро амиқ омӯхт, ба бостонӣ будани театри суннатии тоҷик боварии том ҳосил намуд. Аммо решаи сарчашмаҳои пайдоиш ва инкишофи театри суннатии тоҷикон аз таҳқиқи ҳамин суратҳои рӯйи санг оғоз мешавад. Баъзе аз хусусиятҳои бозигарӣ ҳангоми иҷрои маросими зиёде дар ибодатхонаҳои калон аз ҷониби рӯҳониён вуҷуд дошт. Унсурҳои драмаро дар китоби муқаддаси “Авасто” низ бисёр мебинем. Маросими динии театрии Дионисии маҳаллӣ рӯзҳои иди кишоварзон барпо мегардид. Истифодаи мусиқӣ, суруд ва рақс дар ин тантанаҳо ба расму оинҳо алоқаманд ба шакли анъана медарояд. Ҳамин гуна даҳҳо ёдгориҳои таърихӣ, ки аз таърихи қадимӣ будани театрҳои тоҷик хабар медиҳанд дар қисми аввали китоби номбурда бо номи “Анъанаҳои ҳунари бозигарӣ мавриди пажуҳишу таҳқиқоти ҷиддии муаллиф қарор гирифтааст.” Қисми дуввуми китоб ба номи “Актёри давраи нав” аз рӯзгори наздик ба ҳафтод соли театри шуравии тоҷик қиссаҳои ҷолиберо манзури хонандагон мегардонад. Муаллиф дар оғози нигоштаҳояш дар атрофи аввалин театри касбии замони Шуравӣ дар Тоҷикистон сухан ронда, дар мавриди талошу ҷоннисориҳои аввалин нақшофари саҳнаи театри тоҷик, ки соҳиби маълумоти олии касбии ҳунарпеша буд - Ҳомид Маҳмудов хеле бо муҳаббат қисса менамояд. Ҳамин тавр, соли 1930 Ҳомид Маҳмудов ба Душанбе омада, Гулчеҳра Бақоева ва шавҳари ӯ Шариф Бақоевро ба театр овард. Баъд аз ин ба Бухоро сафар намуда, аз онҷо Абдураҳмон Саидов, Ҳайдар Шоҳмардонов, Файзулло Исматов, Ҳафизулло Урунов, Бадриддин Ҳомидов ва Адолат Боситоваро ба Душанбе овард. Бори дуввум аз Бухоро Миркарим Саидов, Аслӣ Бурҳонов, Ҳомид Саидаҳмадов, Лафиз Латифов, Санавбар Бақоева, Саломат Бозибекова, аз Самарқанд Муҳаммад Ҳалимов, Муин Ғиёсов, Оқил Зиёв, Ҳоҷӣ Аҳмадов, Саъдулло Ҷурабоев ва аз Хуҷанду Конибодом чандин мутрибони чирадастро ба Душанбе овард. Ана ҳамин ҳунари ватандӯстиву миллатсозии Ҳомид Маҳмудов театри тоҷикро бунёд гузошт. Қисми саввуми китоб бо номи “Асрори тағйир ёфтани ҳунарвар” ном дошта, аз хидматҳои пурарзиши маъруфтарин коргардони театри тоҷик Ефим Исаевич Мителман қисса менамояд. Омадани Ефим Мителман ба сифати саркоргардони Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дунёи ҳунарро рангинтар намуд. Студияи маҳорати актёрии К.С. Станиславский, ки онро Ефим Мителман ба Душанбе овард, даҳҳо ҳунармандони тоҷикро фаро гирифта, онҳоро тарбият карда соҳиби эътибори баланд намуд. Шогирдони ин мактаби бузурги ҳунар М. Қосимов. С. Ҷӯрабоев, М. Розиқов, Г. Бақоева, С. Туйбоева, Я. Сулаймонов ва чанди дигар тавонистанд, ки эътибори ин мактаби бузурги маҳорати актёриро миёни мардум шуҳратёр намоянд. Қисми чаҳоруми китоб бо номи “Гурӯҳи нави актёрҳо” мавриди таҳлили ҷиддии устод қарор гирифта, дар ин боб бештар дар атрофи гурӯҳи нави актёрҳои тоҷик, ки аз студияи тоҷикии Донишкадаи давлатии театрии Москва ба номи А.В. Луначарский ба Душанбе омада буданд, сухан меравад. Нахустин студияи тоҷикӣ дар ин донишкадаи касбии ҳунарӣ тирамоҳи соли 1936 таъсис ёфта, дар он 25 нафар ҷавонони тоҷик таҳсил намуданд. Ҳамин тавр уфуқҳои нави ҳунар ба рӯйи ҳунармандони тоҷик боз гардид. Омӯзиш ва азхуд кардани таҷрибаи ғании театри рус, дар кушодани хусусиятҳои ҳар фард, истеъдоди зотии саҳнавӣ ва услуби эҷодии ӯ мадад расонд. Ин на танҳо ҷараёни эҷодкориро такон дод, балки тезонида, ҳар як аз ин фарқиятҳо равияи навро дар театри миллӣ инкишоф дод. Қисмати панҷуми китоб бо номи “Устодони равияҳои гуногуни театри тоҷик” номгузорӣ гардида, дар мавриди ҳунар ва истеъдоди фавқулодаи ҳунармандони шуҳратёри тоҷик - Миркарим Саидов, Муҳаммадҷон Қосимов, София Туйбоева, Туҳфа Фозилова, Гулчеҳра Бақоева, Абдураҳмон Саидов, Аслӣ Бурҳонов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Аҳад Сулаймонов, Тутӣ Ғаффорова, Зоҳир Дӯстматов, Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов ва Ҳошим Гадоев қиссаҳои ҷолиберо аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ин ҳунармандон ба хонанда баён месозад. Дунёи розҳои солҳо нуҳуфтаи ҳунармандон, сабк ва услуби хоси ҳар як ҳунарманд хеле хуб мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтааст. Ин таҳқиқоти ҷиддии академикӣ ифшогари ҳунари волои санъатшиносии Низом Нурҷонов буда, номашро ба абадият дар равоқи тиллоии илми кишвар сабт намуда, ифтихори садҳо ҳазор пажуҳандагони таърихи театри суннатии тоҷик мебошад. Ногуфта намонад, ки сари ҳар сатри бо хуни дил иншонамудаи муҳаққиқи зиндаёд Низом Нурҷонов номи тоҷик ва Тоҷикистон таҳқиқоташ буд. Номи пурифтихори санъатшиноси барҷастаи тоҷик ҳамеша аз зангӯлаи ёдҳо бар гӯши ҷони мо мерасад: Аз дида, ки рафт, баъд афсӯс хӯрем, Дар синаи хеш захми ҷонсӯз хӯрем. Танҳо мирамоҳ ёди Наврӯз кунем, Танҳо шаби тор мо ғами рӯз хӯрем. Ин ҳама андешаҳои руҳи моро такон дода, аз ҳазорон қаламкор пурсида мешавад, шояд фурсати он расида бошад, ки ба истиқболи садумин солгарди зодрӯзашон ва хидмати софдилонаи беш аз шастсолаи ӯ дар таърихи санъати тоҷикро ба инобат гирифта, шуъбаи санъатшиносии Донишкадаи илмии таъриху бостоншиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро, ки Низом Нурҷонов аз рӯзи таъсис то вопасин нафас дар он ҷо фаъолият карда, садҳо шогирдонро дар роҳи ифтихори миллӣ тарбият намудааст, ба шарафаш номгузорӣ намоем. Ҷумъахон Темурзода
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.