Дар зиндагии худ инсонҳо ҳамеша тобеи баҳонаанд: баҳонае меёбанд, то ба коре оғоз намоянд ва ё баҳонае меҷӯянду аз анҷоми фаъолияте даст мекашанд. Имрӯз ҳам агарчи мавсими ҷашни Сада ба авҷи сардии зимистон рост омадааст, аммо баҳонаи баҳамомадани андешаҳо, ки натиҷааш дилгармиҳову хушҳолиҳост, таҷлили ин ҷашнро ба якояки шумо муборакбод мегӯям. Бигузор суруру шодӣ, хушиву хушҳолӣ ва сарҷамъиву иттиҳод дар ҳар як хонадони тоҷик таъмин бошад!
Дар фарҳанги тақвимии миллии мо аввалин ҷашни сол ё худ онро сари сол мегӯянд, Наврӯз аст, ҷашни дувум Меҳргон ва иди сеюми соли тақвими миллӣ ҷашни Сада аст ва Сада дар навбати худ заминасози ҷашни Наврӯз аст. Ба қавли Устод Рӯдакӣ “ҷаҳон ҳамеша чу чашмест гирдгардон аст...” ва “гарданда фалак” гуфтаи Хайём низ ба ҳамин маъно далолат дорад.
Аммо маълум аст, ки маҳбубияте, ки ду ҷашни аввал дар фарҳангу адаби таърихии мо доштанд, Сада он улвиятро касб накарда буд. Омилҳои зиёде ба он далолат мекунанд, аммо ба чанд далеле, ки аҳли таҳқиқ (махсусан Рустами Ваҳҳоб) ба онҳо ишора кардаанд, такя мекунем:
1.Баробар омадани ин ҷашн ба авҷи сардии зимистон, махсусан дар шароитҳои кӯҳистон.
2.Унсури таркибии ин ҷашнро ташкил додани оташ чун ҷанбаи мазҳабии он, яъне зардуштиву оташпарастии он нисбат ба арзишҳои мусулмонӣ бештар аҳамият доштанд, таваҷҷуҳи мардумро камтар ҷалб менамуд.
3.Чун низомҳои эътиқодии баъдӣ тағйир ёфтанд, махсусан дар масъалаи офариниши тамаддуни башарӣ омиле барои сукути барвақттари Сада шуда метавонист.
Дар масъалаи тафсири ҷашни Сада, махсусан вожаи “сада” тадбирҳои якранг дар сарчашмаҳои мухталиф дида мешаванд. Ҷолиб ин ки муаллифони маъхазҳо ҳама “сада”-ро мансуб ба адади сад медонанд.
1.Агар гӯянд, ки ғараз аз Сада панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб аст, ки панҷоҳ бо панҷоҳ дар умум сад мешавад, бисёр тафсири сода метобад. Мо дар забони тоҷикӣ калимаи “шабонарӯз” ё “шабонрӯз” дорем. Дар “Таърихи Наршахӣ” мехонем: “Бифармуд, то оташ андар шаҳр заданд ва се шабонарӯз шаҳр бисӯхт.” Пас дар ин маврид агар сад шабонарӯз аз Сада то Наврӯз мебуд, мантиқан дурусттар ба назар мерасид. Ҳамчунин дар тақвияти ин далел мо мурури замонро дар забони классикӣ бо ифодаи “даври шаборӯзӣ” баён мекунем. Байти Ҷомӣ машҳур аст:
Бубин ғаври даври шаборӯзияш,
Ба хуршеду маҳ оламафрӯзияш.
2.Ба ин хотир Сада мегӯянд, ки гӯё дар ин рӯз теъдоди фарзандони Каюмарс ба сад расида бошад. Боз ҳам далелест омиёна ва ҳамчунин ба ҷашни мавсимӣ будан ҳеҷ рабте надорад.
3.Аз ҷашни Сада то замони гирдоварии ғалла сад рӯз боқист. Шояд дар баъзе навоҳии муътадил сад рӯз баъд аз Сада, махсусан ҳосили ҷавро метавон бардошт кард. Пас агар ба ин андеша розӣ шавем, мо наметавонем ин ҷашнро яке аз ҷашнҳои мавсимии диёри худ қабул кунем. Чун ҷашнҳо зодаи тафаккури мардум дар иртибот бо ниёзҳои табиӣ пайдо мешаванд, ин фарзия ҳам кубулнашаванда аст.
4.Мисрае машҳур будааст дар шаҳрҳои ҷануби Хуросон: “Сада, Сада, сад ба ғалла, панҷоҳ ба Наврӯз”, пас аз ин ҷо ҳам маълум мешавад, ки то ба Наврӯз 50 рӯз будааст, на сад ва сад ба ғалла агар иртибот ба коштан, на бардоштан дошта бошад, шояд метавон ин фарзияро қабул кард.
5.Назари дигар ин аст гӯё дар ин рӯз шумори фарзандони Одам ба сад расидааст. Ин ҳам ҷуз ривояте беш нест ва ба ҷашни мавсимиву миллии мо ҳеч рабте надорад.
Фарзияе, ки банда пешниҳод мекунад, илҳом аз андешаи Ҳаким Фирдавсӣ мегирад. Дар “Шоҳнома” боби махсус бо номи “Бунёд ниҳодани ҷашни Сада” омадааст. Он қисса ба ҳамаамон маълум аст: Шоҳ Ҳушанги боҳуш бо чанд кас ҳамгурӯҳ сӯи кӯҳ мераванд. Аз дур чизе “сияҳрангу тиратану тезтоз” падид меояд. Ҳушанг санг бармегирад ва ба зӯри каёнӣ сӯйи он мор ҳавола медиҳад. Санг ба санги дигаре бармехӯрад ва “фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг”. Шоҳ Ҳушанг ниёиш пеши Ҷаҳондорро ба ҷо меорад ва аз ҳадяи чунин фурӯғ изҳори сипос мекунаду “ҳамин оташ он гаҳ қибла ниҳод”, яъне:
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр.
Аз ин қисса бармеояд, ки он иртиботе ба вожаи сад надорад ва Фирдавсӣ ҳам таъбире пешниҳод накардааст, ки чаро маҳз ин ҷашнро “сада” унвон кардааст. Бино бар иттилои Фирдавсӣ баъд аз ба ҳам расидани ду санг ва ҳосили оташ ҷашни Садаро бунёд кардаанд.
Чунончи донишманди тоҷик, шоири хуби мо Рустами Ваҳҳоб ҳам қайд кардааст, “ончи дар “Шоҳнома” дар бораи Сада омада, рабте ба шарҳу маънидоди ин калима надорад, вале аз он ба тавре ёдоварӣ мешавад, ки онгуна ки хосси ин шоҳасари беназир ва сабки соҳиби он аст, аз дидгоҳи ақлу мантиқ ва ҳадафмандӣ (идеянокӣ) нисбат ба тамоми марҷаъҳо ва манбаъҳои дигар маъқултар ва ҳакимонатар ба назар мерасад, агарчи “Шоҳнома” худ қабл аз ҳам як асари бадеист ва бояд дасти соҳиби он дар хаёлпардозӣ бозтар аз ҳар каси дигар бошад”.
Фарзияи мо ин аст, ки албатта, ҷуз фарзияе беш нест, сада аз “судан”, яъне соидан, ба ҳам расидани ду чиз, соиш додани ду чиз, судани ду чиз, ки ҳосилашон амали дигарест, пайдо шудааст ва “суда” ҳам сифати феълии замони гузаштаи “судан” аст ва ба маънои маҷозӣ мафҳуми “таҷрибадида” ва “корозмуда”-ро мефаҳмонад. Чун ба ин маъно ин вожа фаҳмида шавад, “ҷанбаи асливу асосии он, яъне ободонӣ, тамаддунофаринӣ ва рушду ривоҷи ҳунарҳои саноатӣ, равшангарӣ, ва кашоварзиву чорводориро аслу асос қарор дод” (Рустами Ваҳҳоб).
Фарорасии ин ҷашнро ба кулли мардуми шарифи тоҷик муборакбод мегӯем. Илоҳо, ҳамеша дастболову фарҳангофару тамаддуновар бимонем!
доктори илмҳои филологӣ
ҚАЛАНДАРИЁН ҲОКИМ САФАР