Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ФАРОГИРИИ ПЕШСАФОНУ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБӢ БА САЁҲАТ

ФАРОГИРИИ ПЕШСАФОНУ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБӢ БА САЁҲАТ

22-11-2022, 15:39
Хабарро хонданд: 173 нафар
Назарҳо: 0
ФАРОГИРИИ ПЕШСАФОНУ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБӢ БА САЁҲАТ
12-уми ноябри соли ҷорӣ кормандони фаъоли Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар асоси рейтини ҳизбӣ муайян мешаванд, ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе сафарбар гардиданд.
Иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи кормандони ҳизбӣ роҳандозӣ гардида, аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти ҳар се моҳа татбиқ карда мешавад. То ин давра пешсафони ҳизбӣ (дар асоси рейтинг) аз мавзеъҳои таърихию табиати биҳиштосои шаҳрҳои Душанбе, Норак, ноҳияҳои Варзоб, Дӯстӣ, Қубодиёну Шаҳритус, Носири Хусрав ва Айнии вилояти Суѓд баҳравар гардида буданд. Иқдоми мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, бо мақсади қадршиносии пешсафони ҳизбӣ амалӣ гашта истодааст.
Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ин иқдомро дар пешрафти кор хеле муҳим медонанд, зеро бо ин васила механизми фаъолият, муттаҳидӣ, дӯстию рафоқат густариш ёфта, болидарӯҳии корманд ва билохира рушди соҳаи туризм тақвият меёбад. Ин навбат ҳайати пешсафон ва фаъолони ҳизбӣ, аз ҷумла вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо аз тамошои манзараҳои зебои Маҷмааи Истиқлол, Кохи Наврӯз ва гулгашту хиёбонҳои шаҳри Душанбе баҳравар гардиданд.

БОЗДИД АЗ КОХИ НАВРӮЗ

Дар Маҷмааи Истиқлол пешсафон ва фаъолони ҳизбиро шахсони масъул бо самимияти хоса истиқбол гирифта, меҳмононро бо гулгашту манзараҳои дилфиреби атрофи ин лоиҳаи навбунёд шинос намуданд. Воқеан, таҳти сиёсати ободкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз Ватани азизамон ободу зебо гашта, кас аз дидани ин ҳама пешравиҳо ҳаловат мебарад.
Тибқи иттилоъ, Маҷмааи фарҳангӣ-фароѓатии «Кохи Наврӯз» аз 5 ошёна иборат буда, дар масоҳати 40 ҳазор метри мураббаъ бунёд карда шудааст. “Кохи Наврӯз” бо санъати волои меъмории тоҷикӣ - гаҷкорӣ, оинабандӣ, наққошӣ, кундал, кандакорӣ, сангтарошӣ, чӯбкории ҳунармандони тоҷик оро ёфта, 4 айвончаи тобистона ва фаввораҳои рангаи хурду бузурги он ба ин бинои муҳташам шукӯҳу шаҳомати дигар мебахшанд.
Дар Маҷмааи “Кохи Наврӯз” толорҳои «Дидор», «Аржанг», «Гулистон” ва «Зарандуд» бо маҳорату санъати волои ҳунармандони чирадаст оро ёфта, ҳар яке аз онҳо бо зебогиву ҷаззобати худ таваҷҷуҳи тамошобинонро ба худ ҷалб менамояд.


САЙРИ МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ

Фаъолон ва пешсафони ҳизбӣ зимни сафар ба Маҷмааи Истиқлол ворид шуда, аз гулгашти беҳамтои атроф ва дохили ин иншооти зебои замонавӣ дидан намуданд. Мавриди зикр аст, ки Маҷмааи "Истиқлол" “муъҷизаи нотакрори меъморӣ” унвон гирифта, баъди ба истифода додан ин мавзеъ майдони асосию марказӣ, қалби пойтахт ва Каъбаи умеди тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон эътироф гардидааст.
Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол"- ро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки “Ҳадаф аз бунёди муҷассамаи «Истиқлол» дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе, пеш аз ҳама, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар зеҳну шуури шаҳрвандони мамлакат, хусусан, наврасону ҷавонон тақвият бахшидани андешаи истиқлолу озодӣ мебошад”.
Бояд қайд намуд, ки майдони “Истиқлол” 30 гектар буда, дар давоми ду сол дар ин майдон зиёда аз 7,5 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзу ороишии нодир шинонида шудааст. Ин майдон аз Маҷмааи рамзи “Истиқлол”, минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, деворнигораҳо, майдони баргузории роҳпаймоӣ, гулгашт, таваққуфгоҳҳо ва ѓайра иборат аст.
Маҷмаа дар маркази майдон бунёд гардида, 121 метр баландӣ дорад ва рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаъа 30 метр - рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.
Масоҳати умумии Маҷмааи “Истиқлол” 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.
Дар қисмати болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Дар рамзи “Истиқлол” тоҷ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, Истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштруя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.


ТААССУРОТ АЗ САЁҲАТ

Гадоӣ Сайдалиев, корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, чунин иброз дошт; “Мо, пешсафону фаъолони ҳизбӣ, ки дар асоси рейтинги ҳизбӣ интихоб шудем, зимни сайёҳат дар шаҳри Душанбе аз Кохи Наврӯз дидан намудем. Дар ҳақиқат, ин кохи пурҳашамат бо санъати меъморӣ ва кандакорӣ дар ҷаҳон беназир аст. Ин кох нишони он аст, ки тоҷикон миллати куҳанбунёди Осиёи Миёна буда, бо маданияти шаҳрсозиашон ҳанӯз аз замонҳои қадим номдору машҳуранд. Кохи Наврӯз бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст. Баъди тамошои Кохи Наврӯз аз тамошои Маҷмааи “Истиқлол” низ ҳаловат бурдем. Аз ошёнаи 14-уми ин иншоот тамоми шаҳри Душанберо тамошо кардем, ки чӣ гуна дар солҳои соҳибистиқлолӣ ободу зебо гардидааст.
Мо, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ миннатдории хешро ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, барои амалӣ кардани рейтинги ҳизбӣ ва қадрдонии пешсафон мерасонем. Ваъда медиҳем, ки минбаъд низ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон софдилонаю содиқона фаъолият намуда, баҳри амалишавии ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҳизб саҳми муносиби худро гузорем”.

ИФТИХОР АЗ ПЕШРАФТИ ВАТАН

Гавҳарой Ҷабборова, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритус низ дар баробари пешсафону фаъолони ҳизбӣ ба гурӯҳи сайёҳон шомил гардида, аз тамошои манзараҳои зебо ва боѓу гулгашту хиёбонҳои шаҳри Душанбе, Кохи Наврӯз, Майдони Истиқлол- муҷассамаи Истиқлол (майдони намоишӣ) ва мавзеъҳои таърихии шаҳри Душанбе баҳравар гардид.
- Дар ҳақиқат, тайи чанд соли охир шаҳри Душанбе ба шаҳри гулҳо ва ба яке аз пойтахтҳои зебоманзари ҷаҳон табдил ёфтааст, - таассуроти худро аз ин сафар иброз дошт Гавҳарой Ҷабборова.
-Ҳангоми ворид шудан ба Кохи Наврӯз мо, сайёҳони ҳизбӣ, шоҳиди он гаштем, ки ин иншооти хуштарҳи пойтахти кишварамон бо усули хоси меъмории миллӣ сохта шуда, аз толорҳои калону зебову барҳаво иборат аст, ки маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик мебошад.
Ҳамчунин, майдон ва муҷассамаи зебои “Истиқлол” таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷ аз кишварро ба худ ҷалб менамояд. Ин муҷассама ба симои шаҳри Душанбе шукуҳу шаҳомати хоса бахшидааст.
Ҳангоми тамошо аз мавзеъҳои таърихӣ ва манзараҳои дилфиреби пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе касро ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату Роҳбари оқилу дурандешамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаро мегирад.
Мо, занону бонувони тоҷик, шукрона аз он мекунем, ки Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, ба як кишвари пешрафтаву тараққикарда табдил ёфтааст, ки ин барои ҳар як фарди бедордил мояи ифтихору сарфарозӣ аст.

Зебо БОЗОРОВА,
рӯзноманигор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: