Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ФАЪОЛИЯТИ САМАРАНОКИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ – ОМИЛИ РУШДИ СОҲАИ САНОАТ

ФАЪОЛИЯТИ САМАРАНОКИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ – ОМИЛИ РУШДИ СОҲАИ САНОАТ

10-10-2019, 10:43
Хабарро хонданд: 576 нафар
Назарҳо: 0
ФАЪОЛИЯТИ САМАРАНОКИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ – ОМИЛИ РУШДИ СОҲАИ САНОАТ Дар раванди фаъолияти соҳаи саноати кишвар, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) нақши калидӣ дошта,фаъолияти самаранок ва устувори МОИ дар ҳалли масъалаҳои рушди босуръати иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ, паст намудани сатҳи бекорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ, рақобатпазир гардидани маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти дохилии воридотивазкунандамуҳим аст.
Таҷрибаи бештари мамлакатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки яке аз шаклҳои самаранокӣ,ҳавасмандгардонӣ ва фаъолнокии сармоягузорӣ – таъсис ва вусъат бахшидан ба фаъолияти МОИ мебошад. Мавҷуд будани имтиёзҳои гумрукӣ ва андозӣ, арзон будани қувваи корӣ, тартиби соддакардашудаи содирот ва воридоти ашёи хом ва маҳсулоти истеҳсолшаванда, сармоягузорони дохил ва хориҷро ҷалб менамояд.
МОИ пойгоҳе барои татбиқи технологияҳои нав, истифодаи инноватсия дар истеҳсолот, азхудкунии истеҳсоли маҳсулоти нав ва батанзимдарории механизмҳои ҳамгироӣ байни давлат, бизнеси дохила ва сармоягузорони берунӣ мебошад.
Дар раванди ташаккули иқтисоди бозоргонӣ нақши МОИ дар рушди соҳаи саноат ва неруи сармоягузорӣ назаррас мебошад. Бо мақсади таъмини шароити мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ, инноватсияҳои илмӣ-технологӣ, таҷрибаи идоракунӣ, ташкили инфрасохтори фаъолияти инноватсионӣ ва рушди сармояи инсонӣ, ҳалли мушкилоти шуғл ва ташаккули ҷойҳои нави корӣ, инчунин, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва «Низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, дар ин замина, дар ҷумҳурӣ чор МОИ: «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим»ташкил карда шуданд.Мавриди қайд аст, ки шаклҳои фаъолияти МОИ «Суғд» саноатӣ-инноватсионӣ,МОИ «Данғара» истеҳсолӣ-инноватсионӣ, МОИ «Панҷ» комплексӣ ва МОИ «Ишкошим» истеҳсолӣ-тиҷоратӣ мебошад. Ҳоло тибқи маълумоти портали МОИ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МОИ «Суғд» - 26, МОИ «Данғара» - 25, МОИ «Панҷ» - 16 ва МОИ «Ишкошим» -3 субъект ба қайд гирифта шудааст.
Айни замон, субъектҳои бақайдгирифташудаи МОИ ба фаъолияти истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли шакар, истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, истеҳсоли шарбатҳои табиӣ ва меваву сабзавоти хушк, истеҳсоли лампаҳои диодӣ, таъмири фаврӣ ва мавсимии дастгоҳҳои парвозкунанда, истеҳсоли профилҳои алюминӣ, истеҳсоли қубурҳои пластикӣ ва ноқилҳои барқӣ, истеҳсоли дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо аз руҳандуд, истеҳсоли рангу лок ва гаҷҳои ороишӣ, коркарди чўбу тахта, истеҳсоли дару тирезаҳо, васлкунии коллекторҳои офтобӣ барои гармкунии об, коркарди метали сиёҳ, истеҳсоли шиша, истеҳсоли семент, истеҳсол ва коркарди нафт ва ғайраҳо машғуланд. Маҳсулоти истеҳсолгардида, на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ ба содирот бароварда мешавад.
Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки саҳми МОИ дар гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 4,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016 1,2 маротиба зиёд гардид. Аз ҷумла,дар ин давра,дар гардиши савдои хориҷӣ ҳаҷми содирот 0,2 млн. доллари ИМА ва воридот 4,0 млн. доллари ИМА ташкил дод. Бинобар ин,ҷиҳати баланд бардоштани ҳаҷми содирот дар низоми гардиши савдои хориҷӣ,лозим аст, ки корхонаҳои дар ҳудуди МОИ ба қайд гирифташуда,пурра ва устувор фаъолият намоянд ва соҳаи саноат фаъол гардонида шавад.
Бояд қайд намуд, ки дар доираи дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи татбиқи тадбирҳо оид ба таъмини рушди босуботи иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва татбиқи чораҳои дар доираи солҳои 2019-2021, ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина, баргузор гардидани чорабиниҳои сатҳи байналхалқӣ ба монанди Форуми байналмилалии сармоягузории «Кўлоб-2019» ва «Помиринвест-2019» такони назаррасе дар рушди муносибатҳои байни ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва замима дар раванди саноатикунонӣ гардида, имкониятҳои навро дар ҷалби сармоя ва фаъолияти МОИ ташаккул хоҳад дод.
Ҳамин тариқ, фаъолияти пурра ва устувори МОИ аз як тараф имконият медиҳад, ки мушкилоти дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷойдоштаро, хусусан, дар самти тамоюли босуръати рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ, паст намудани сатҳи бекорӣ, ташкил додани ҷойҳои нави кории инноватсионӣ ва ғайраро ҳал намуда, аз тарафи дигар иҷрои вазифаҳои умумидавлатӣ, яъне ҷалби сармояи хориҷӣ ба давлат, технологияҳои пешқадам ва дигаро таъмин намояд.
Инчунин, фаъолияти устувори МОИ имконият медиҳад, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ неруи сармоягузориро баланд бардошта, соҳаи саноат ривоҷу равнақ ёбад.Аз он ҷумла: а) рушди иқтисодии минтақаҳоро таъмин намуда, дар ин раванд технологияҳои нав татбиқ гардад;б)рушди соҳибкории саноатӣ ва истеҳсолиро таъмин намояд ва маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол карда шавад;в)фазои мусоиди сармоягузорӣ ташаккул ёфта, сатҳи неруи сармоягузорӣ баланд гардида, дар ин ҷода, сармоягузорони хориҷ ва дохилро ҷалб намояд.
Дар ин раванд, бояд қайд кард, ки захираҳои истифоданашудаи иқтидори иқтисодӣ ва неруи инноватсионии рушди МОИ то ҳол зиёданд. Ба ақидаи мо, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ ва илмӣ-технологии МОИ инҳоянд:
1) Барои такмил додани раванди инноватсионӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандону мутахассисоне, ки дар корхонаҳои МОИ ба истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои инноватсионӣ машғуланд, ташаккули низоми таъмини тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шавад.
2) Дар ҳудуди МОИ дар қатори корхонаҳоиистеҳсолӣ таъсис додани марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҷорисозии инноватсияҳо дар истеҳсолот, филиалҳои донишгоҳу донишкадаҳо, шуъбаҳои пажуҳишгоҳҳои илмӣ, корхонаҳои хурди инноватсионӣ, фондҳои венчурӣ (тавакалӣ, алоқаманд бо хавф) ва ғайраҳо, ки раванди инноватсиониро фаъол мегардонанд, ба маврид мебошад.
3) Ташаккул ва рушди бозори меҳнат дар қаламрави МОИ имкон медиҳад, ки рушди бозори меҳнати зеҳнӣ (интеллектуалӣ) таъмин гардида, барои рушди соҳаҳои инноватсионии саноати ватанӣ такони бузург гардад.
4) Рушди механизмҳои маблағгузории дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар корхонаҳои МОИ татбиқ мегарданд. Ғайр аз ин,барои зиёд намудани ҳаҷми сармоягузориҳои хусусӣ дар лоиҳаҳои инноватсионие, кибо истифодаи маблағҳои давлатӣ татбиқ карда мешаванд, дар асоси истифодаи принсипҳои шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ ба роҳ монда шавад.
Дар назар дошта мешавад, ки таъсиси пойгоҳи илмию технологии фаъолияти инноватсионии корхонаҳои қаламрави МОИ беҳад мураккаб ва дарозмуддат мебошад. Аммо, вобаста ба имкониятҳои воқеӣ, шароит ва талаботҳои МОИ масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ ва илмию технологии корхонаҳо, ҳалли худро бояд ёбанд.
Фирузҷон Ғафоров
номзади илмҳои иқтисодӣ,
узви ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: