Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чехия

Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чехия

24-02-2017, 15:32
Хабарро хонданд: 290 нафар
Назарҳо: 0

Бизнес-форум соҳибкорони Тоҷикистону Чехияро, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барпо гардид, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор оғоз бахшида, қайд кард, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Аврупо, аз ҷумла Чехия бо мақсади дӯстӣ ва эҳтирому эътимоди мутақобила 25 сол муқаддам шурӯъ гардидааст. Тоҷикистон Чехияро дар Аврупо ба сифати шарики боэътимод эътироф мекунанд.
- Дар муносиботи муосири байнидавлатии Тоҷикистону Чехия сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Чехия ва Президенти Чехия ба Тоҷикистон ва дар доираи ин сафарҳо баргузор шудани вохӯрии соҳибкорон ба ҳамкориҳои густурдаи ҳарду ҷониб, инчунин баргузории ҷаласи якуми гурӯҳи кории доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба масъалаҳои иқтисодию саноатӣ ва ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Чехия дар моҳи январи соли 2016 такони нав бахшида, барои боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар самти сармоягузорӣ, тиҷорат, саноат, энергетика, маориф ва илм, туризм, кишварзӣ ва нақлиёт заминаи устувор гузошт, - афзуд Қаҳҳорзода Ф.С.
Ба гуфти ӯ гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Чехия дар соли 2016 ба 3,9 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки дар муқоиса ба нишондиҳандаҳои қаблӣ беш аз 96 ҳазор доллар зиёд аст. Дар шаш соли охир ҳаҷми сармоягузориҳои Ҷумҳурии Чехия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 8,7 миллион долларро ташкил дод. Вале бо вуҷуди сатҳи хуби муносиботи сиёсию иқтисодии ҷонибҳо ва имконоти зиёди ҷойдошта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ ба беҳбудӣ ва ҳамкориҳои бештаре ниёз доранд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз табрик гуфтани иштиркчиёни воҳурӣ ба чунин як иқдоми созанда, изҳор дошт, ки тирамоҳи соли 2014 дар ҳамин бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки сарони ҳарду давлат нахустин форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чехия баргузор гардида буд. Муносиботи дӯстонаи роҳбарони ҳарду кишвар барои ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам овард. Воридоти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Чехия дар соли 2016 дар қиёс ба як сол пеш 33 дарсад афзудааст. Итминон дорам, ки ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ду давлат боз ҳам густариш ёфта, дар ояндаи наздик таъсиси Шӯрои байнидавлатии соҳибкорони Тоҷикистон ва Чехия дар назар аст.
Тоҷикистон алҳол дар чаҳорчӯбаи Стратегияи миллии рушд барномаҳои калони самароварро дар соҳаҳои гуногуни энергетика, саноату кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори туризму нақлиёт амалӣ намуда истодааст. Дар ин самт бо мо Чин, Эрон, Ҳиндустон, Ҷопон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигарҳо ҳамкорӣ мекунанд. Вале татбиқи пураи барномаҳои таҳияшуда сармоягузории бештари хориҷиро тақозо дорад.
Қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сароягузорон дар маҷмӯъ зиёда аз 70 намуди имтиёз ва кафолатҳоро муқаррар намудааст, ки ин барои самаранокии фаъолияти онҳо шароити мусоид фароҳам месозад.
Яке аз самтҳои пурманфиат бунёди иншооти гидроэнергетикӣ ва сохтмони хатҳои интиқоли барқ мебошад. Гидроэнергетика соҳаи муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвари мо ба ҳисоб меравад. Тахминан 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон тавлид меёбанд. Неруи барқи обие, ки мо истеҳсол мекунем, бо тозагии экологӣ ва арзиши аслӣ нисбат ба тавлидоти манбаъҳои энергетикии дигар бартарӣ дошта, эҳтиёҷ ба он рӯз ба рӯз дар кишварҳои минтақа меафзояд.
Кишвари мо аз ҷиҳати сарватҳои зеризаминӣ низ ѓанӣ аст ва ин омил дар рушди саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон заминаи устувор фароҳам овардааст.
Табиати зебо ва иқлими мусоид имкон медиҳанд, ки Тоҷикистон сабзавот ва меваҳои хушифату хушлазат парвариш карда тавонад. Аз ин лиҳоз кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини афзалиятнок дар рушди кишвар маҳсуб меёбад. Дар ин соҳа барои сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳо як қатор имониятҳо мавҷуданд. Ва истифода аз имкониятҳои табиии мавҷуда, таъсиси корхонҳои муштарак дар соҳаи чорводорӣ, истеҳсолу содироти меваю сабзавот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, занбурпарварӣ барои ҳарду ҷониб хеле манфиатоваранд. Ногуфта намонад, ки асали Тоҷикистон дар дунё беҳтарин аст. Содироти оби хушсифати нӯшокӣ низ бо мақсади баровардани маҳсулот ба бозорҳои Аврупо аз лиҳози иқтисодӣ барои шарикони мо фоидаовар хоҳад буд.
Коркарди нахи пахта ва алюминияи аввалия самти дигари ҳамкориҳо шуда метавонанд, ки ҷиҳати рушди ин соҳаҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсус қабул гардида, ба сармоягузорон имтиёзҳои иловагӣ пешниҳод карда шудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст пешниҳоди асосноки сармоягузорон, аз ҷумла дӯстони чехиро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин соҳа дастгирӣ намояд.
Самти дигари афзалиятноки ҳамкориҳо таъсис ва рушди фаъолияти корхонаҳо шуда метавонад. Дар доираи фаъолияти корхонаҳои муштарак мо метавонем лоиҳаҳои сармоягузории самтҳои гуногунро татбиқ намоем. Ман истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, нассоҷӣ, кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва монанди инҳоро дар назар дорам.
Туризм, аз ҷумла туризми экологӣ, солимгардонӣ ва кӯҳӣ низ соҳаҳое мебошанд, ки имрӯз интизори сармоягузорианд. Ва фикр мекунам ин барои сармоягузорони Чехия хеле ҷолиб аст. Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи туризм дар ҷумҳурӣ инфрасохторҳои зарурӣ муҳайё кара шуда, тиҷорати меҳмонхонадорӣ рушд ёфта истодааст. Сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ҳастанд, ки имконоти сармоягузорони Чехияро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфид дар самтҳои зикргардидаи афзалиятнок бо диққат омӯхта, пуштибонӣ намоянд ва мушкилоти пешомадаро бидуни таъхир ҳаллу фасл кунанд.
Сарвари давлати мо. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, ки якчанд рӯз пеш баргузор гардид, ба ҳама идораҳо, вазоратҳо ва ниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд ва онҳоро муваззаф карданд, ки ҷиҳати замонависозии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон мусоидат намоянд.
-Имтинон дорам, ки дар доираи чорабинии имрӯза миёни соҳибкорону сармоягузорони тоҷику чех вохӯрию мулоқоти хоса доир шуда, ҳуҷҷатҳои муҳими иқтисодӣ оид ба ҳамкорӣ ба имзо мерасанд, - гуфт дар охир Шукурҷон Зуҳуров.
Сипас, иштирокчиёни форум суханрониҳои раиси Палатаи вакилони Ҷумҳурии Чехия Ян Гамачек, ноиби президенти Палатаи иқтисодии Ҷумҳурии Чехия Михаил Штефл, муаррифномаҳои директори генералии КВД «Тоҷинвест» Забирзода Некрӯй Ханҷар ва директори иҷроияи Палатаи савдо ва саноат оид ба давлатҳои ИДМ Франтишек Масопуст оид ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехияро бо мароқ шуниданд.
Дар фарҷом миёни соҳибкорон ва сармоягузорони ҳарду давлат маросими баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ барпо гардид.
Н. Худойбахшов





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: