Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мусиқӣ муъҷиза аст

Мусиқӣ муъҷиза аст

18-01-2022, 10:46
Хабарро хонданд: 286 нафар
Назарҳо: 0
 Мусиқӣ муъҷиза аст
Ҳолнома
Машрабхон Қаландаров 21 апрели соли 1956 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи ба номи Алишери Навоии пойтахт таҳсилашро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро идома додааст. Баъди хатми донишкада дар Ансамбли суруд ва рақси «Лола» ва баъдан, солҳои тўлонӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Бештар сурудҳои ўзбекӣ мехонад ва равияи асосии сарояндагияш шашмақом мебошад.
- Муҳтарам Машрабхон Қаландаров, мегўянд мусиқӣ бузургтарин офаридаи инсонист ва таъсири он аз тамоми санъатҳои дунёӣ болотар меистад. Шумо атрофи ин фармуда чӣ андеша доред?
- Дуруст гуфтед, аз мусиқӣ болотар дар чаҳон санъате нест ва дар ин бора бузургони гузаштаамон хеле хуб гуфтаанд:
Мутрибе мегуфт Хусравро, ки эй ганҷи ҳунар,
Илми мусиқӣ зи ганҷи назм некутар бувад.
Албатта, дигар намуди санъатҳо низ ба одам таъсири хуб мерасонанд, вале мусиқӣ дар пешгаҳи даргаҳи инсон манзалати дигаре дорад. Аз ин рў, гузаштагону имрўзиёнамон мусиқиро беҳуда муъҷиза нагуфтаанд, зеро офаридгор онро на ба ҳама инсонҳо арзонӣ доштааст.
- Ва ин гуфтаҳоро ҳамчун санъатвари касбӣ чӣ гуна маънидод мекунед?
Маънидоди он содаву хушбаён аст. Қабл аз ҳама, ҳаёти инсон бе мусиқӣ маъно надорад ва дар навбати худ, мусиқӣ ҳам бе инсон пойдор нест. Пас байни мусиқӣ ва одамӣ алоқамандии зич вуҷуд дорад, ки занҷираҳои ногусастанӣ дорад. Пеш аз ҳама, мусиқӣ офаридаи ақлу хиради инсон буда, ба одамӣ ғановати маънавӣ мебахшад, ки он одамро болидарўҳ ва қалбашро таскин мебахшад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки мусиқӣ ҳамсафари доимии инсон аст. Имрўз исбот шудааст, ки мусиқӣ на танҳо ба одам, балки ба ҳайвоноту наботот низ таъсир мерасонад.
- Шумо чӣ тавр вориди олами мусиқӣ шудед?
- Бобои мо Қаландархон аз инсонҳои бузургу ботақвои беназири Душанбе буданд ва 94 сол умр диданд. Қадру манзалати доштаашон ўро дар Бадахшону Хатлон, Бухорою Самарқанд ва водии Фарғона номвар карда буд. Раҳматии бобоям мусиқиро зиёд дўст медошт ва баъзан шўхиомез мегуфт, ки “Мусиқӣ умри одамро дароз мекунад”. Бисёр ҳунармандони ба пойтахтомада, дар иштиёқи гирифтани дуои бобои мо ба хонадонамон ташриф меоварданд ва аз бобои куҳансолам дуои нек мегирифтанд. Баъзан ҳофизони номӣ аз Тоҷикистон ва Ўзбекистон ба хонадони мо омада, меҳмон мешуданд ва шабнишиниҳо меоростанд, бобоям аз ҳузури онҳо зиёд ҳаловат мебурданд. Ҳар гоҳе, ки ҳофизони номии Ўзбекистон Комилҷон Отаниёзов, Ҷўрахон Султонов, Маъмурҷон Узоқов, Қувондиқ Искандаров, Отаҷон Худойшукуров, Олмахон Ҳайитова, Ортиқ Отаҷонов ба сафари ҳунарӣ меомаданд, ҳатман дар хонадони мо меҳмон мешуданд. Ана ҳамин нишастҳо, суҳбатҳои дилкашу овозхонии онҳо маро мафтун намуда, дар дилам нисбат ба санъат завқу шавқ пайдо мекард. Бобоям ҳам орзу мекард, ки ман ҳунарманд шавам. Падарамон Гадойхон (номи аслиашон Файзуллохон) баъзан бо ғурур вақти шунидани сурудҳоям: «Дуои падари раҳматии мо иҷобат шуд, шукри Худо»,- мегўфтанд. Аз ин суханҳо ман завқ бурда меболидам. Фикр менамоям, ки сабаби асосии ба ҷаҳони мусиқӣ ворид шуданам ва равияи мақомхониро интихоб карданам аз таъсири муҳити оиладориямон оғоз шудааст.

- Мақомхонӣ аз сароянда як андоза ҳунару маҳорати махсусро тақозо дорад ва на ҳар ҳунарманд аз уҳдаи хондани он мебарояд.

- Бале, пеш аз ҳама, мақомхон бояд овози хуб дошта бошад ва аз нуқтаи назари шиддатнокӣ (диапозон) овози тинор зимни хондани мақом ҷавобгў ҳаст. Ин кашишҳои овозӣ, пасту баландшавии он ва тавъам афтодани овоз ба мусиқӣ мусиқафаҳмии хубро талаб мекунад. Ин маънои онро дорад, ки мақомхон бояд қобилияти баланди шунавоӣ дошта, ҷўрии (ритм) овоз бо мусиқӣ ва қувватнокии
(динамика) он чавобгў ба талаботи сароидани суруди интихобшуда бошад.
Ростӣ, шавқу рағбати ман бештар ба хондани мақомҳои хоразмӣ буд. Ман ҳунари намояндаҳои бузурги хонандагони мақоми хоразмро ба монанди Ниёзҷон Хўҷа, Комил Хоразмӣ, Фирўз ва Комилҷон Отаниёзовҳо, Отаҷон Худойшукуров, Ортиқ Отаҷоновро мақбул шуморида, гоҳе ба тарзи хондани онҳо пайравӣ мекунам ва ҳунари онҳоро мепарастам. Шояд ба ин равия пайравӣ карданам таъсири муҳити онҳо бошад.

- Аз кадом устодон дарси маҳорату ҳунар омўхтаед?

- Албатта, ҳар инсоне, ки ба шоҳроҳи ҳунар ворид мешавад, дар ҷодаи интихобкардааш бояд устод, раҳнамо дошта бошад ва танҳо бо роҳбаладии устоди худ кас ба қуллаҳои баданди орзу ва ҳунараш мерасад. Ҳангоми таҳсил дар донишкада аз устодон ва ҳунармандони шинохта, сарояндаҳои маҳбуби халқамон Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Бурҳон Муҳаммадқулов, Абдуназар Ҳасанов паҳлуҳои мухталифи санъатро омўхтаам. Онҳо бароям фотиҳаи нек дода, ба шоҳроҳи олами ҳунар раҳнамунам кардаанд. Ба муваффақиятҳое, ки имрўз дар ҷодаи сарояндагӣ ноил шудаам, онро аз самараи неки таълими устодонам медонам.

- Чӣ лаҳзаҳои хотирмоне аз зиндагӣ дар ёдатон нақш бастааст?
- Соли 1989 маро ба Тошканд даъват карда буданд. Ҳамон вақтҳо намоиши барномаи «Дўст билан обод уйинг» («Хонаат бо дўст обод аст») буд. Тайёрии хуб дида рафтам. Ҳангоми ворид шуданам ба студияи телевизионии Тошканд, дидам, ки Ҳофизи халқии Ўзбекистон Фахриддин Умаров (равонашон шод бошад) нишастаанд. Дар намоиш он кас ғазали Фузулӣ «Этмасмидим» («Намекардам»)-ро бо маҳорати хуб иҷро намуданд. Монандии аҷоибро бинед, ки ман як ғазали Нодираро айнан дар асоси ҳамин оҳанг ба забони тоҷикӣ тайёр карда рафта будам. Баъди шунидани суруди ман, ки ба забони тоҷикӣ буду ба суруди Фахриддин Умаров ҳамоҳанг буд, ҳамагон қарсак зада, маро пазироӣ карданд. Ин бароям лаҳзаи ниҳоят мондагор буд ва то имрўз бо ифтихор онро ба ёд меорам. Албатта, ҳамчун мақомхон сурудҳои зиёде дорам ва бо тамоми мақомҳои шашмақом сароидаам. Инчунин, бо композитор Амирбек Мўсоев пайваста ҳамкорӣ мекунам. Чанде пештар бо унвонии «Шавқи дидор» албоми сурудҳоямро мураттаб сохтам ва аз тарафи мухлисон истиқболи хуб ёфт. Дар ин албом сурудҳо аз ашъори адибони шинохта Лоиқ Шералӣ, Меҳмон Бахтӣ, Воситзода, Собир Султон, Аъзам Сидқӣ, Ўлмас Ҷамол ҷой гирифтаанд. Ҳамин сол яканд сурудҳоро бо номи ”Тоҷикистони ман аст”, “Дилбари тоҷик”, “Ватан”, “Гаштаам” тайёр карда, ба лентаи овоз сабт намудаам.

- Мехостам ҳамчун ҳунарманди касбӣ назаратонро нисбат ба мусиқии муосир ва ҳунармандони ҷавон фаҳмам.
- Баъди соҳибистиқлол гаштани давлатамон санъати мусиқии мо хеле пеш рафт. Ҳамаи ин самараи дастгирии Сарвари муаззами мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Имрўз ганҷинаи беҳамтои мусиқӣ “Шашмақом”, ба худ унвони давлатӣ гирифтааст. Бо ташаббуси Сарвари давлатамон 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд. Имрўз «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шудааст, ки ин боиси ифтихори мо санъатварон аст.
Дар атрофи ҳунару истеъдоди ҷавонони муосир ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки дар байни онҳо истеъдодҳои хуб зиёданд ва онҳо метавонанд, сатҳи мусиқии касбии тоҷикро дар арсаи байнамилалӣ боло бардоранд. Ягона мушкилоти соҳаро дар он мебинам, ки имрўз оҳансозони ҷавоне, ки қобилияти офаридани асарҳои мусиқӣ дар жанрҳои гуногун, ба монанди опера, оперета, симфония, балета, балада хеле каманд, хуб мебуд, ки оянда сафи чунин эҷодкоро зиёд мешуд.
- Шумо имрўз дар паи обод намудани осорхонаи адабӣ - бадеии шоир ва рўзноманигори ўзбекзабони Тоҷикистон Улмас Ҷамол ҳастед, лутфан бигўед, ки чӣ тавр ба ин кори хайр даст задед?
- Бале, имрўз дар паи ободӣ ва азнавсозии осорхона ҳастем ва то имрўз корҳои зиёдеро анҷом додаем. Танҳо андаке корҳои ороишӣ боқӣ мондаанд, ки онҳоро рўзҳои наздик ба итмом мерасонем.
Ўлмас Ҷамол дар адабиёти тоҷик ва ўзбек мавқеи назаррас дорад ва ўро дар адабиёт шоири “зуллисонайн” ё дузабона ном мебаранд.
Маҷмуаҳои ашъораш аз қабили «Чашмаи муҳаббат», «Гўш ба дил», «Даъват ба дуродур» , «Дар васфи Офтоб», «Эҳсос» ва боз чанде аз китобҳои навиштааш дар Душанбеву Тошканд бо ду забон ба табъ расидаанд. Бо мақсади он, ки имрўзҳо меҳмонони зиёде аз хориҷу дохили кишварамон ба ин осорхона ташриф меоранд, мо тасмим гирифтаем, ки онро ба тарзи замонавӣ таъмиру тармим карда, ба истифода диҳем.

- Суҳбати имрўзаамонро чӣ гуна ҷамъбаст мекунед?
- Дар анҷом мехоҳам гўям, ки бояд шукри истиқлол, шукри оромию осоиштагӣ ва ободу зебо гаштани Ватани азизамонро кунем, ки сол то сол ҳар гўшаи он ба худ ранг ва намуди нав мегирад. Ҳамзамон, ба бахти мо Худованд Сарвареро ато фармудааст, ки ҷони худро дареғ надошта, ба мардуми ин сарзамин сулҳ оварданд ва Ватану миллатро аз хатари нобудшавӣ эмин доштанд. Дарвоқеъ, Пешвои муаззами миллатамон монанди офтоб бо муҳаббати бепоён тавонистаанд, ки ба дилҳои мардум гармӣ бахшида, барои эҳёи миллату давлат, ваҳдату созандагӣ ва меҳанпарастӣ, хизматҳои бесобиқа ва арзишмандеро ба сомон расонанд.
Дар робита бо мазмунҳои болоӣ, мо, ҳунармандон, низ ҳамеша саъй мекунем, ки дар пешрафт ва таҳкими самти фарҳангии ватанамон ҳиссагузор шавем.
Суҳбаторо
Тағоймурод ОРИФӢ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: