Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДАСТОВАРДИ МУҲИМ ДАР МЕТОДОЛОГИЯИ ТАДҚИҚИ ФАЛСАФӢ ВА ИЛМҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ

ДАСТОВАРДИ МУҲИМ ДАР МЕТОДОЛОГИЯИ ТАДҚИҚИ ФАЛСАФӢ ВА ИЛМҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ

16-12-2020, 16:09
Хабарро хонданд: 459 нафар
Назарҳо: 0
ДАСТОВАРДИ МУҲИМ ДАР МЕТОДОЛОГИЯИ ТАДҚИҚИ ФАЛСАФӢ ВА ИЛМҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ
Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба дастовардҳои бузург ноил шудани Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир метавон як хориқаи муҳим донист. Зеро бартараф кардани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба суботи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ҷомеа, инчунин ба мақоми шоиста соҳиб гардидани давлати тоҷикон дар минтақа ва ҷаҳон на танҳо таҳқиқи, иқтисодӣ, фарҳангшиносӣ, балки баррасии сиёсатшиносӣ ва фалсафии ин падидаи нодири иҷтимоӣ-таърихӣ ва сиёсиро тақозо менамояд. Дар раванди таҳқиқи фалсафӣ ва сиёсатшиносии ин мавзӯи муҳим муайян кардани масъалаҳои методологияи таҳқиқ кори мушкил, вале дар айни замон аз ҷиҳати илмӣ хеле зарур мебошад. Чунки муайян кардани методологияи таҳқиқ заминаи ҷиддӣ барои баҳои холисонаю объективӣ додан ба ҳодисаҳо ва боиси хулосаҳои воқеиятгароёна гардида, ба пешбинию пешгирии ҳар гуна хатарҳову таҳдидҳои имконӣ мусоидат менамояд ва амнияти миллиро таҳким мебахшад.
Аз ҷумлаи асарҳои илмии пурмазмун, ки камина мутолиа кардаам ва аз тарафи муҳаққиқони соҳаҳои илмҳои ҷомеашиносӣ мавриди таъйид низ қарор гирифтаанд, китобҳо ва мақолаҳои тозанашри доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбоби намоёни давлатӣ профессор Саймӯмин Ятимов мавқеи махсус дорад. Асарҳои 8 ҷилдаи С. Ятимов, инчунин, китобҳои дигари алоҳидаи ба табърасондаи ӯро падидаи фараҳбахши илмӣ дар солҳои охир, махсусан дар соҳаҳои сиёсатшиносӣ, фалсафа, таърих, адабиёт ва фарҳангшиносӣ метавон арзёбӣ намуд.
Бояд зикр кард, ки С. Ятимов таҷрибаи ѓании кори давлатӣ, дипломатӣ ва роҳбарӣ дошта, дар айни замон, дониши васеи ӯ намунаи дақиқкорона пайвастани назария ва амалия мебошад. Бинобар ин, муваффақиятҳое, ки ӯ дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ ва адои вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ ба даст овардааст, натиҷаи мантиқӣ ва усулии пайвастани ду ҷанбаи номбаршуда, яъне назария ва амалия мебошад.
Воқеан, пайвастани назария ва амалия на танҳо барои аҳли илм, балки барои сиёсатмадорон низ муҳим будааст. Суханони пурҳикмат, ки К.Маркс дар «Теисҳо оид ба Фейербах» гуфта буд: «Одамон ҷаҳонро ҳар гуна маънидод мекунанд, вале масъала дар ин аст, ки он таѓйир дода шавад», дар илм ва амалияи сиёсӣ ҳанӯз ҳам арзишманд боқӣ мемонад.
Дар «Пешгуфтор»-и маҷмӯаи асарҳои худ С.Ятимов мақсаду мароми омӯхтан ва таҳқиқи проблемаи мазкурро хеле равшан ва ҳамчун вазифаи муҳими амалияи давлатдорӣ муайян кардааст. «Дар раванди давлатсозӣ, навиштааст муаллиф, муҳимтар аз ҳама, ҳимоя кардани корҳои давлати миллӣ, дар шароити рақобатҳои тезутунди дохилӣ ва берунӣ, ки дар аксари ҳолат хосияти эҷоди хатарро барои суботи давлатдорӣ доранд, зарурати омӯхтан, аз бар карданро ба миён мегузаранд». (Асарҳо, ҷилди1, саҳ.4). С. Ятимов бамаврид зикр кардааст, ки масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ аз ниёзмандиҳои иҷтимоӣ бармеоянд. Ин нуктаи хеле муҳими методологӣ мебошад, зеро тақозои таърихии ҷомеа, ниёзҳои моддии ӯ боиси пайдоиши назарияҳои гуногун мегарданд. Иқтибосе, ки муаллиф аз Г.В.Ф.Гегел меорад, як навъ ба таври материалистӣ хондану фаҳмидани ин файласуфи бузургро, ки барои К.Маркс аҳамияти фавқулодда муҳим дошт, ба ёд меорад. Дар давраи навини таҳқиқоти илмӣ-фалсафӣ, дар замони истиқлоли давлатӣ гузориши масъала ва таваҷҷӯҳ ба таҳлили он, хусусан, татбиқи усулҳои методологӣ дар баррасии идеология ва шуури ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон иқдоми тоза аст.
С.Ятимов дар муайян кардани усулҳои методологии таҳқиқи падидаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла идеологияи динӣ, комилан ҳақ баҷониб аст, зеро маҳз «Пайдо кардани зиддияти байни моҳият ва ҳодиса вазифаи асоситарини илм мебошад». ӯ аз ҳамин мавқеи методологӣ омилҳои сиёсӣ ва идеологиро дар геополитикаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таҳқиқ фаро гирифта, таҳлили хеле ҷолиби илмиро анҷом додааст.
Бояд гуфт, ки дар давраи авҷи «бозсозии горбачёвӣ» ва барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар доираҳои илмии марказии Россия, инчунин, дар Тоҷикистон, баъзе олимон ва ҳатто кормандони ҳизбию давлатӣ зарурати идеологияро инкор карданд. Ин ақида навъе ба ѓафлат андохтани мардум буд, зеро маҳви як идеология дар ниҳояти кор натиҷаи пирӯзии идеологияи дигар аст, ки аз ҷониби гурӯҳу табақаҳои иҷтимоӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ интишор карда мешавад. Муаллиф мавқеи илмии худро доир ба ин масъала комилан равшан баён карда, муътақид аст, ки «… Фаъолияти институтҳои сиёсию қудратӣ муборизаро барои механизми давлатӣ дар мадди аввал мегузорад. Мутаносибан, нақши идеология барои ѓасб ва ҳифзи қудрат боло меравад…». (С.Ятимов. Асарҳо. ҷилди1, саҳ.21).
Як қисми ҷилди сеюми «Асарҳо»-ро натиҷаи таҳқиқи соҳаи дипломатия дар бар гирифтааст, ки ба забони англисӣ таълиф ёфтааст. Муаллиф ба методологияи таҳқиқи дипломатия таваҷҷуҳ намуда, қаробати методологияи таҳқиқ дар ин соҳаро бо методҳои таҳлили илмҳои гуманитарӣ, аз қабили фалсафа, таърих, геополитика, муносибатҳои байналмилалӣ ва ѓайра таъкид менамояд. («Асарҳо», ҷилди 3, саҳ.34).
Ба таҳқиқи проблемаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, ки ба соҳаҳои гуногуни илм дахл доранд, С.Ятимов нигоҳи фарох ва густурда дорад, ки аз мазмуни асарҳояш маълум мешавад. Зимни таҳқиқоташ муаллиф чунин хулосаи муҳими фалсафӣ мебарорад, ки аз ҷиҳати баён ва эътибори масъалаҳо ба баҳсҳои ҷасуронаи методологии файласуфи намоёни Шӯравӣ Эвалд Илйенков монанд мебошад.
Э.Илйенков проблемаи идеалиётро баррасӣ намуда, бо вуҷуди инкори заминаи моддии он аз тарафи Афлотун, хизмати бузурги ӯро дар гузориши масъалаҳои методологӣ махсус арзёбӣ мекунад. Ба ақидаи Э.Илйенков, меъёрҳои умумитарини фарҳанге, ки дар фазои он фарди алоҳида барои ҳаёти бошуурона омода мешавад, тақозо мекунад, ки маҷбуран онро ҳамчун қонуни фаъолияти зиндагии хеш, ҳамчун қавоиди ҳатмӣ барои худ қабул намояд. Э.Илйенков қайд кардааст, ки Афлотун дар назди инсоният проблемаи воқеӣ, вале хеле душвори табиати ҳодисаҳои ѓайриоддӣ, табиати олами идеяҳо, ҷаҳони идеалиро гузошт, ки бо сохтори тани инсон ҳеҷ умумият надорад. Агар Э. Илйенков ба Афлотун бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда бошад, олими тоҷик ба таҳлили ақидаҳои Арасту бештар рӯ овардааст.
С.Ятимов дар таҳқиқоташ оид ба андешаҳои Арасту ба ҷиҳатҳои хеле нозук ва муҳими таълимоти ӯ, ки ба методология тааллуқ доранд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тарзи гузориши масъала ва роҳу усулу таҳқиқоти «Муаллими аввал»-ро, новобаста аз замони зиндагӣ ва маҳдудияти қаламрави кишвараш, бештар ва густурдатар медонад. Дар воқеъ, «Олими бузург дастёбӣ ба умқи масъалаҳои баҳсноки табиат, ҷамъият ва тафаккурро тавассути методологияи фалсафӣ мебинад. Баъд аз гузашти ҳазорсолаҳо ҳам тарзи масъалагузорӣ, роҳу усул ва воситаҳои таҳқиқоти илмии муйянкардаи Арасту ба олимон чун роҳнамо хидмат кардааст». (Асарҳо, ҷилди 8, саҳ.12).
Дар осори Форобӣ ва Ибни Сино чунин баҳогузорӣ ба мероси Арасту тасдиқи худро ёфтааст. Файласуфони бузурги тоҷик бо истифода аз методҳои муайяннамудаи Арасту таълимоти ӯро инкишоф доданд, тозагиҳое дар улум, махсусан, дар фалсафа, ворид намуданд. Чунин ибтикори мутафаккирони тоҷик на танҳо ба таҳаввули афкори илмӣ ва фалсафии шарқи исломӣ, балки ба пешрафти илму фалсафаи аврупоӣ ва ҷаҳонӣ таъсири файзбахш намудааст. Муҳаққиқ С.Ятимов ҳангоми баррасии масъалаҳои муҳими фалсафӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва адабӣ, ки ҷузъҳои муҳими шуури ҷамъиятӣ ҳастанд, аз таҳлилҳои сарсарӣ ва умумӣ сарфи назар намуда, бо истифода аз методологияи таҳқиқи диалектикӣ сабабҳои асосӣ ва бунёдии падидаҳои муосир, аз ҷумла равандҳои ҳаёти ҷомеаи муосири Тоҷикистонро ба таври муътамад ва комилан дуруст баҳо додааст. Масалан, муаллиф як фикри хеле муҳими таълимоти Арастуро оид ба демагогияи сиёсӣ, ки боиси қабули қарорҳои ҳалкунандаи издиҳом мебошад, таҳлил карда, хулосаи илмии ҷиддӣ баровардааст: «Яке аз сабабҳои бетартибиҳои умумӣ, шикасти сохти конститутсионӣ, ҷанги шаҳрвандӣ – фоҷиаи бузурги миллии солҳои 90-уми асри гузашта ҳамин авҷу ѓурури демагогияи сиёсӣ буд». (Асарҳо, ҷилди 8, саҳ.53). Дар воқеъ, мо шоҳиди он будем, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ чи гуна демагогияи сиёсӣ ақлу хиради гурӯҳи ашхосро тираю торик намуда, издиҳоми бузурги аз тафаккуру андешаи солим бехабарро ба харобкории фалокатбор раҳнамун сохт. Дар ҳамон солҳои авҷи қонуншиканиҳо вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии он вақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату хирадмандӣ ва дурандешӣ дар асоси таҳлили мантиқию воқеъбинонаи ҳодисаҳо дар иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ ба вакилони мардумӣ муроҷиат мекарданд ва нақшаҳои харобкоронаи қувваҳои оппозитсиониро ифшо менамуданд.
Ин гувоҳи он аст, ки дар баҳо додан ба вазъияти сиёсӣ хислатҳои фардӣ, аз ҷумла зиракии сиёсӣ, садоқат ба ҳадафҳои олӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, қобилияти ба таҳлили воқеъбинона муайян кардани сабабҳо ва пешбинӣ карда тавонистани оқибати ҳодисаҳо, дуруст фаҳмида тавонистани вазъи феълӣ нақши муҳим доранд.
Як ҷиҳати ҷолиби таҳқиқотҳои С. Ятимов ин аст, ки ӯ дар баробари таҳлили ҷиддии асарҳои файласуфони аҳди қадим, ба мероси ѓании халқи тоҷик доир ба масъалаҳои сиёсат ва давлатдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аҳамияти онро барои давлатдории муосири миллии мо таъкид менамояд. Асарҳои таҳлилии муаллиф дар бораи «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк аз ҳамин ҷумлаанд, ки муаллиф дар радифи баёни масъалаҳои ҷиддии давлатдорӣ нуктаҳои муҳими методологиро, аз ҷумла методи муқоисавиро дар ин осор кашф кардааст, ки файласуфони аврупоӣ хеле дертар ба ин масъала руҷӯъ кардаанд. Муаллиф хеле ҷолиб қайд кардааст: «Кайковус ба мақсади тавсифи арзишҳои инсон, нишон додани қобилиятҳои ӯ дар шинохти ҷаҳон аз роҳу усули муқоисавӣ истифода мебарад. ӯ инсонро аз тамоми мавҷудоти моддӣ ва зуҳуроти дигар ҷудо намуда, ба ӯ дар қиёс бо дигарон сифати олиро қоил мешавад. Ин масъалаест, ки албатта, хеле дертар Г.В.Ф. Гегел дар асари худ «Фалсафаи рӯҳ» аз он ёдовар шудааст».
Дар ҳамин асари С.Ятимов фасли аввал, ки «Баъзе қайдҳо дар хусуси «Сарсухан»-и Е.Э.Бертелс ба «Қобуснома» ном дорад, боиси таваҷҷуҳи махсуси камина гардид, чунки Е.Э.Бертелс муҳаққиқи бузурги адабиёти тоҷикӣ-форсӣ буда, асарҳояш то имрӯз барои мо, тоҷикон, арзиши муҳими илмӣ доранд. Чунончи, иқтибосе, ки аз «Сарсухан»-и Е.Э.Бертелс муаллифи зикр кардааст, аз ҳақиқатпарастӣ ва муҳақиқи ҳақиқатгӯ будани ховаршиноси барҷастаи Шӯравӣ далолат мекунад: «Метавон бо боварӣ изҳор дошт, навиштааст Е.Э.Бертелс, ки забони таълифи асар дар он даврон забони адабии Эрон набуд, балки асосан дар ҳудуди салтанати Сомониён, ки аксари сокинонаш тоҷикон буданд, истифода мешуд, он – забони Рӯдакӣ ва Фирдавсист». (Асарҳо, ҷилди4, саҳ.16).
Дар ҳошияи ин матлаб мехоҳам зикр кунам, ки Е.Э.Бертелс худро шогирди устод Садриддин Айнӣ ҳисоб мекард ва барои ҳимояи ҳуқуқи тоҷикон ба мероси маънавӣ бо асарҳояш дар доираи имконияташ кӯшиш карда буд. Соли 1990 мо, чанд нафар кормандони илмии Академияи илмҳои ҶТ, барои иштирок ва суханронӣ дар конференсияи илмии ба муносибати 100-солагии зодрӯзи Е.Э.Бертелс ба Институти шарқшиносии Россия рафта будем. Писари ӯ Андрей Бертелс, ки идомадиҳандаи кори падараш буд, дар зимни суханрониаш дар ин маҳфил далелҳоеро зикр кард, ки барои дар китоб истифода кардани унвони «адабиёти форс-тоҷик» падарашро мавриди тазйиқ қарор дода буданд ва мехостанд аз Ленинград бадарѓа намоянд.
Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, ки агар ягон кӯчае дар шаҳри Душанбе ба хотири гиромидошти ин адабиётшиноси барҷаста номгузорӣ шавад.
С.Ятимов дар мавриди таҳқиқи осори Низомулмулк низ ҷиҳатҳои арзишмандтарини андешаҳои ӯро дар хусуси давлатдорӣ муайян карда, ба онҳо аз нуқтаи назари аҳамияташон барои имрӯз баҳо дода, дурандешии ин вазири хирадмандро бо далелҳо собит намудааст.
Чунончи, муаллиф аз имзои шартномаи миёни Англия ва Империяи Рим, ки соли 1520 ба вуқӯъ пайваста буд, ёдовар шуда, дар бораи сиёсатмадори тоҷик навиштааст, ки «Чорсад сол муқаддам аз ин воқеа, Низомулмулк вазифаҳои сафир, фиристода, намояндаи давлати хориҷиро, махсусан, дар самти фаъолияти иттилоотӣ, бо ҳамаи нозукиҳояш муаррифӣ ва муайян намуда буд. Ин диди ӯ ба масъала на танҳо дар давраи асримиёнагӣ, балки имрӯз низ муҳим боқӣ мондааст». Ба масъалаи дипломатия ва сафорат аҳамияти махсус додани ин донишманди тоҷик бесабаб нест. ӯ дар соҳаи дипломатия таҷрибаи хеле ѓанӣ дорад ва дар тӯли якчанд солҳо дар Аврупо сафир буд. Бояд гуфт, ки С.Ятимов яке аз ҷумлаи сафирҳои муваффақ ба ҳисоб меравад, ки дар амалӣ шудани сиёсати давлати соҳибистиқлоламон саҳми муносиб гузоштааст. Ин ҷо мехоҳам аз масъулиятшиносии ӯ дар ҳалли масъалаҳои мубрам як мисол биорам. Дар яке аз сафарҳоямон барои иштирок дар Конференсияи генералии ЮНЕСКО мо аз истиқболи гарм ва дӯстонаи ин сафир, ки муқими Белгия буда, ба Париж омада буд, бархурдор шуда будем. Ҳамзамон, бо мусоидати сафири муҳтарам масъалаи қарзи ҷумҳуриамон аз ЮНЕСКО-ро ҳал намуда будем, ки дар сурати ҳаллу фасл нашуданаш кишвари моро аз ҳуқуқи овоз дар ҷаласаҳои ин созмони бонуфуз маҳрум менамуданд. Ин як намунаи кӯчаке аз фаъолияти С.Ятимов ба ҳайси сафир дар ҷодаи ҳимояи манфиатҳои миллии давлати соҳибистиқлоли мо мебошад, ки аз шеваи муассири корбарӣ ва масъулиятшиносию одамияти ӯ шаҳодат медиҳад.
Аз шиносоӣ бо асарҳои С.Ятимов равшан мегардад, ҳудуди таҳқиқоти доманадори ӯ баррасии масъалаҳои якчанд соҳаҳои илм ва ҷанбаҳои амалияро дар бар гирифтааст. Муҳаққиқи соҳибтаҷриба масъалаҳои амният, давлату давлатдорӣ, таълиму тарбияро дар асоси таҳлили афкори донишмандони Ѓарбу Шарқ, бо дарназардошти равандҳои муосири сиёсӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ баррасӣ намудааст. С.Ятимов ба осори Арасту, Кант, Гегел, Маркс ба ҳайси асосҳои методологии таҳлили масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ муроҷиат намуда,ҷиҳатҳои муҳими консепсияи онҳоро асоси методологияи таҳқиқи илмӣ қарор медиҳад.
Чунончи, ӯ дар рисолааш «Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ» барҳақ яке аз принсипҳои асосии методологии Кантро «Қонуни асоснокии басанда – равон кардани тафаккур ба ҳадди (манзалати) донишҳои воқеъӣ (дар амал санҷидашуда)» медонад (Асарҳо, ҷилди 6, саҳ.159). Муаллиф муҳимтарин масъалаҳои пешбарӣ кардаи Кантро тавассути номгузории сарлавҳаҳо тасниф намуда, назари Кантро нисбати мақсад ҳамчун асоси ташаккули субъект шарҳ дода, ба ақидаи файласуфи олмонӣ доир ба мантиқи тарбия ва мавқеи шахс дар раванди тарбия баҳои лозима додааст.
С.Ятимов таълимоти Кантро оид ба тарбия таҳқиқ намуда, зимнан масъалаи хеле муҳими ҷомеаи муосири мо ва ҷомеаи ҷаҳониро дар умум матраҳ намудааст. Муаллиф аз таҳқиқи худ ба натиҷаи комилан дуруст расида, мутмаин аст, ки «Талаботи И.Кант нисбати муҳтаво, роҳ, усул ва методҳои аз одам сохтани шахсият, талабот нисбати мақоми инсон, ки бешубҳа субъекти муҳими сиёсӣ хоҳад шуд, тақозои замон аст»(Асарҳо, ҷилди 6, саҳ.198).
Бояд гуфт, ки дар даҳсолаҳои ахир, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлатҳои сотсиалистии Ѓарб, назари интиқодӣ ба Маркс, Энгелс, Ленин, Плеханов ва муносибати онҳо ба таълимоти И.Кант беш аз пеш густариш ёфт. Намунаи чунин таҳқиқи интиқодӣ ин маърӯзаи файласуфи шинохтаи рус Т.О.Ойзерман дар «Конгресси байналмилалӣ оид ба Кант дар Москва» (24-28 майи соли 2004) мебошад. Ин олим дар вақташ асаре бо номи «Ташаккули фалсафаи марксизм» таълиф намуда буд, ки намунаи барҷастаи таҳқиқоти илмӣ оид ба асарҳои Маркс ва Энгелс маҳсуб мешуд.
Ойзерман Т.И. дар маърӯзаи номбурдааш Ф. Энгелсро ба нафаҳмидани муҳтавои таълимоти И. Кант айбдор карда, гуфтааст, ки ӯ ба иштибоҳ роҳ додааст, зеро чизҳои шинохташуда ва ношиносро ба ҳам омехта кардааст. Т.И.Ойзерман дар хотимаи маърӯзаи худ суол мегузорад, ки оё таҳқиқи марксизм умуман зарурат дорад, дар ҳоле ки он қувваи ҷозиба ва таъсири пешинаи худро гум кардааст? Худ маҷбур мешавад эътироф намояд, ки «танҳо метавонам гӯям, ки марксизм (ё ба ном марксизм-ленинизм) таъсири худро танҳо ҳамчун идеология гум кардааст, вале он боқӣ хоҳад монд ва ба ҳар эҳтимол хеле вақти зиёд ҳамчун системаи ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, сотсиологӣ ва фалсафии муассир боқӣ хоҳад монд. Инро аз назар соқит кардан на танҳо сабукфикрӣ аст, балки ҷаҳолат аст, агар аз он бадтар набошад». (Ниг. Иммануил Кант. Наследие и проект. Москва 2007. саҳ. 522.)
Азбаски баҳсҳои илмии ҷиддӣ дар атрофи осору андешаҳои Кант ҷараён доштанд ва ҳанӯз ҳам идома доранд, рисолаи С.Ятимовро метавон ҳамчун идомаи таҳқиқ дар кантшиносӣ ва саҳми назарраси олими тоҷик дар ин риштаи фалсафа ҳисоб кард.
Файласуфи Шӯравии рус Э.В. Илйенков, ки пештар дар борааш сухан рондаем, робитаи Марксро бо Кант ва Гегел таҳқиқ карда, дар баррасии мавзӯъ аз мавқеи методологияи диалектикии Маркс наздик мешавад ва мегӯяд: «Маркс, ки мактаби ҷиддии диалектикаи Гегелро гузашта буд, ба мисли материалистони «машҳур» он қадар содалавҳ набуд. Материализми ӯ аз дастовардҳои афкори фалсафӣ аз Кант то Гегел ѓанӣ гардида буд».
Баъзе андешаҳои С. Ятимов дар бораи Маркс доир ба масаълаҳои диалектика ва методология ба назари мо бо ақидаи файласуфи навпардози шӯравӣ Э.Илйенков қаробат доранд. Ва ин аз назари амиқ ва интиқодии олими тоҷик доир ба масъалаҳои муҳими илмӣ, фалсафӣ ва ҷаҳонбинӣ шаҳодат медиҳад.
Ба назари ман, як қисми рисолаҳои С.Ятимов, ки аз тоҷикӣ ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудаанд, иқдоми тоза дар нашрҳои илмии чандзабонӣ буда, барои мутолиаи русзабонон ва ӯзбекзабонон дар дохил ва хориҷи кишвар пешбинӣ шудаанд, ки дар ҷиҳати ошноии онҳо бо дастоварди илми ҷомеашиносии тоҷик василаи хуб хоҳад буд.
Барои беҳтар дастрас шудан ба мутолиакунандагон ба ин забонҳо хуб мешуд, ки дар нашри минбаъда рисолаҳо ба се забон дар ҷилдҳои алоҳида мураттаб гарданд.
Мо дар ин мақола танҳо ба баъзе масъалаҳое, ки дар осори С.Ятимов хусусияти методологӣ дар таҳқиқоти фалсафӣ доранд, назари иҷмолии худро баён кардем. Вале асарҳои ин олими сиёсатшиносу файласуф, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки паҳлуҳои бисёри илми ҷомеашиносӣ, аз ҷумла таҳқиқи илмии масоили сиёсӣ, амниятӣ, адабӣ, давлатдорӣ, сиёсати хориҷӣ, диалектика, ахлоқ, дин, мубориза бо экстремизм ва радикализми динӣ, ашъори ватанпарастонаи шоир Ниҳонӣ, тақриз ба китоби «Диншиносӣ» ва ѓайра бахшида шудаанд, таҳлили васеъ ва ҳамаҷонибаро талаб менамоянд. Асарҳои Саймумин Ятимов, албатта, дар илми тоҷик ҷойгоҳи муносиби худро пайдо кардаанд ва муаллифро ҳамчун олими вусъатназар муаррифӣ менамоянд, бар илова, онҳо аҳамияти хосаи амалӣ дар шароити кунунии муборизаи идеологӣ низ доранд ва барои муҳаққиқони дигар ҳамчун намунаи методологияи таҳқиқи илмӣ қарор хоҳанд гирифт.

Кароматулло Олимов,
академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: