ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ЭҲЁИ ҲУВИЯТИ ОРИЁӢ16-07-2020, 11:35
Хабарро хонданд: 3129 нафар
Назарҳо: 1
Соли 2021 мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии кишварро ботантанаву шукӯҳихос таҷлил хоҳад намуд. Дар ин 30 соли пуршараф миллати тоҷик роҳеро тай намуд, ки метавон онро барҳақ сарнавиштсоз номид, чун аз ҷангу хунрезии таҳмилӣ ба сулҳу ваҳдати комили миллӣ расид. Сулҳу субот, осоишу оромиш, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона, сулҳофарин ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гашт, заминаи мусоиду созандае фароҳам овард, кирушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат таъмин гардад.
Сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат дар самтҳои мухталиф – арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ, таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, эҳёи ҷашнҳои бостонии Сада, Наврӯз, Меҳргон, бузургдошти намояндагони шинохтаисиёсат, адабиёт, ҳунар, илм амалӣ мегардад, ки ҳадаф аз онҳо ташаккул додани худшиносиву ҳувияти фарҳангиву таърихии миллати тоҷик мебошад, чун танҳо афроди худшиносқодиранд истиқлоли давлатиро ҳифз намоянд ва таҳким бахшанд. Яке аз чунин иқдомҳоиҳувиятсози Пешвои муаззами миллат, эълон намудани соли 2006 - чунсоли бузургдошти тамаддуни ориёӣмебошад. Ва басо рамзист, ки дар партави ҷашни бошукӯҳи 30-солагии истиқлоли давлатӣ мо 15-умин солгарди бузургдошти тамаддуни ориёиро низ истиқбол хоҳем кард. Ба ин хотир, пас аз гузашти солҳо, месазад роҷеъ баин ибтикори фарҳангпарваронаи Сарвари давлат, қабл аз ҳама, аз пайомад ва таъсиру нуфузи он ба шаклгирии шуур ва худшиносии миллии тоҷиконсухане чанд гуфта бошем. Ҳаёту мамоти ҳар як давлати миллии соҳибистиқлол аз сатҳу савияи худшиносиву ҳувияти мардуми он вобаста аст. Агар миллат худогоҳу худшинос аст, пас пояҳои давлати миллӣ устуворанду истиқлоли давлатӣ осебнопазир. Ва билъакс, агар мардуми кишвар худшинос набошанд ва ҳувияти миллиашон заифу нопурра бошад, пас он ба истиқлоли давлати миллӣ хатар эҷод мекунад. Ин аст, ки таблиғи ифтихори ватандорӣ ва худшиносии миллӣ – асоси мафкуравии давлатҳои миллист, ки ҳадафи он шакл додани ҳувияти миллии ҳама қишрҳои ҷомеа мебошад.Ин ё он андеша ҳамон вақт неруву тавон дорад, ки агар фарогиру пурвусъат буда, миллионҳо нафар ҷонибдору муътақид дошта бошад. Ба ин хотир, ҳама гуна андешаву мафкураҳо ба масъалаҳои ташвиқу таблиғ диққати аввалиндараҷа медиҳанд, бо ҳам дарнабард мешаванд, зеро танҳо ба ин васила метавон сафи муътақидонро афзуд ва мафкураҳои бегонаро заиф сохт. Давлати соҳибистиқлоли мо аз ин раванд истисно нест. Бисту нуҳ сол инҷониб, моҳияту ҷавҳари сиёсати мафкуравии давлати Тоҷикистонро тарғибу таблиғи худшиносиву ҳувияти миллӣ ташкил медиҳад, ки ҳадаф аз он худшиносу худогоҳу ватанхоҳу миллатпарвар намудани шаҳрвандони кишвар ба ҳисоб меравад. Чунонки Пешвои миллат дар робита ба ин таъкид намудаанд «Пешрафти устувори миллат ва ҷомеа дар ҷаҳони муосир, қабл аз ҳама, ба ифтихори баланди милливу ватандорӣ, худшиносиву худогоҳии афроди он ва садоқату муҳаббати фарзандонаш ба ин сарзамини аҷдодӣ вобаста мебошад». Ҳувияти миллии тоҷикӣ, ба андешаи мо, аз панҷ самти ба ҳамдигар алоқаманд иборат аст: а) ҳувияти сиёсӣ-ватандорӣ -ифтихор аз давлати миллии муосир бо ҳама хосияту рамзҳояш, қабл аз ҳама, аз шахсияти бузурги Пешвоимиллат ва сиёсати ӯ мебошад, зеро маҳз ба шарофати ин сиёсати хирадмандона мо имкони шакл додани ҳувияти миллии тоҷикиро пайдо намудем. Инчунин, ба самти мазкур ифтихор аз соҳибистиқлолии кишвар, парчам, нишон, суруди миллӣ, артиши миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоиву фарҳангӣ, сулҳу оромиш ва омодагӣ ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ дохил мешаванд. б) ҳувияти ориёӣ ё нажодӣ –шинохти нажоди худ, ифтихор аз асли ориёии хеш. Чунонки маълум аст, қавму миллатҳои рӯи Замин аз нажодҳои мухталиф иборат мебошанд ва бо асолати нажодии худ ифтихор мекунанд. Миллати сарбаланди мо ба нажоди ориёӣ мутааллиқ буда, ҳар як фарди худогоҳи тоҷик асли ориёии худро бояд шиносад ва аз он фахр намояд; в) ҳувияти таърихӣ–шинохти роҳи таърихии пурпечутоби миллату давлати тоҷикро аз замонҳои қадим то давраи ҳозира дар бар мегирад. Ҳофизаи таърихӣ, ифтихор аз шахсиятҳои сиёсии таърихӣ (мисли Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ), нигаҳдории ёдгориҳои давраҳои гузашта, омӯзиши амиқи таърихи миллӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳувияти миллӣ буда, дар маҷмӯъ,ифтихор аз давлатдории хешро дар назар дорад; г)ҳувияти фарҳангӣ– ифтихор аз фарҳангу тамаддуни моддиву маънавии миллӣ, забон, адабиёт, шахсияти адибону олимони бузурги классик ва муосир (Рӯдакӣ, Сино, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва бузургони дигар). Ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, бавежа асолати забони модарӣ, таҳкиму тақвияти амалкарди забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатии кишвар; д) ҳувияти динӣ-мазҳабӣ – шинохти исломи суннатӣ тибқи мазҳаби таҳаммулпазири Имоми Аъзам, ифтихор аз мусулмони ҳанафимазҳаб будан. Ҳифзи мазҳаби анъанавии ҳанафӣ азҳар гуна олоишҳои беруна, муборизаи беамон бо мафкураҳои динии ифротгароёна ва бегонапарвар. Чунонки зикраш рафт, ин панҷ самти ҳувияти миллии тоҷикӣ ба ҳам зич алоқаманд буда, яке аз онҳо ҳувияти ориёӣ ё нажодӣ аст. Лозим ба ёдоварист, ки бидуни ифтихори нажодӣ худшиносии мо ноқис хоҳад буд,чун ориёият аслу решаи миллати мост.Ба ибораи дигар, нахуст решаи худро дониста бошем, бидонем, ки кистему аз куҷоем! Он гоҳ ҳувияти мо пурраву комил хоҳад гашт. Маҳз бо мақсади шинохти аслу насаби хеш, бо мақсади шакл додану комил намудани ҳувияти нажодии тоҷикон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон гардид, ки ба андешаи мо, яке аз иқдомҳои бузургу созандаи Сарвари давлат маҳсуб меёбад. Гузашта аз ин, Пешвои миллат дар бораи тамаддуни ориёӣасарҳои пурмуҳтаво ва барномавиеро рӯи кор оварданд, ки дар эҳё ва асоснок намудани ҳувияти ориёии тоҷикон нақши босазо доранд. Асарҳои мондагори Пешвои миллат «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ва «Арзишҳои ориёӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» заминаи неруманди ғоявии шакл додани худшиносии ориёии тоҷикон маҳсуб мешаванд. Дар ин осор Пешвоимиллат шинохти тамаддуни ориёиро аз ҷониби насли кунунӣ, ҷойгоҳи арзишҳои ориёиро дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва аз ҳама муҳиммаш зарурати бузургдошти соли тамаддуни ориёиро барои наслҳои имрӯзу ояндаи тоҷикон матраҳ ва ҳамаҷониба асоснок намудаанд. Лозим ба ёдоварист, ки таълифоти мазкури Сарвари давлат маводи ниҳоят васеъро дар бар гирифта, натиҷагириву ҷамъбастҳои ҷолибе баён гардидаанд, ки таҳлил ва фарогирии ҳамаҷонибаи ҳар кадоми ондар оянда аз аҳли қалам таҳқиқоти мукаммалеро тақозо менамояд. Ин ҷо ҳадафи мо дар доираи имконоти як мақола аҳаммияти бузурги андешаҳои Пешвои миллатрооид ба моҳияту арзиши фарҳангу тамаддуни ориёӣ барои ташаккули худшиносии нажодии тоҷикони имрӯза, ки дар асарҳои ӯ матраҳ шудаанд, дар арафаи ҷашни бошукӯҳи 30-солагии истиқлоли давлатӣ нишон додан мебошад. Дар ин мақоламо бештар ба асари «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» такя намудем, аммо ҷо-ҷо, дар мавриди муносиб аз баъзе нуктаҳои муҳимми дигар асарҳои ба ин мавзӯъ бахшидаи Роҳбари давлат низ ёдовар гардидем. Дар оғози асарипурмуҳтавои «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» Сарвари давлат таъкид месозанд, ки маҳз «Истиқлолият дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард». Сипас, мақсад аз бузургдошти соли тамаддуни ориёиро ин тавр муайян мекунанд: «Ҳадафи асосии бузургдошти соли тамаддуни ориёӣ ҳамчун мероси сирф фарҳангӣ асосан пос доштани арзишҳои маънавӣ, илмӣ ва таърихии мардуми тамаддунсозу фарҳангофарини тоҷик мебошад, то ин ки наслҳои имрӯз ва ояндаи миллати мо аз он ба таври васеъ баҳрабардорӣ карда, барои рушду такомули ҳастии худ кӯшиш намоянд. Зеро дар тӯли таърих миллати тоҷик ҳамеша ҳаракатҳои нажодпарастӣ, миллатгароӣ ва бузургманиширо инкор ва маҳкум месозад». Чунонки мебинем, Роҳбари давлат ҳадафи созандаву фарҳангофарини бузургдошти соли тамаддуни ориёиро сароҳатан баён намуда, зимнан таъкид кардаанд, ки тоҷикон ҳамеша зидди ҳама гуна нажодпарастӣ, миллатгароӣ ва бузургманишӣ буданду ҳастанд. Ин таъкиди Сарвари давлати тоҷикон албатта сабабҳои ҷиддӣ дорад, чун баъзе интиқодгарони муғриз пайдо шуданд, ки мехостанд бузургдошти соли тамаддуни ориёиро ба назарияҳои нажодпарастона вобаста намоянд. Маълум аст, ки дар нимаи дуюми қарни 19 ва аввали қарни 20 аврупоиён назарияи нажодпарастии ориёиятро матраҳ ва таблиғ намуда, ориёиёнроирқи олӣ ва мардумони дигар, махсусан яҳудиёнро ба ирқи паст ворид намуданд. Ин гуна андешаҳои нажодпарастиро фаронсавиён - Жозеф Артур де Гобино (1816-1882), Важе де Ляпуж (1854-1936); англисҳо – Хюстон Стюарт Чемберлен (1855-1927), Френсис Галтон (1822-1911); олмониҳо – Алфред Плётс (1860-1940), Алфред Розенберг (1893-1946), Ганс Гюнтер (1891-1968) ва дигарон дар асарҳои худ «асоснок» ва таблиғ кардаанд. Пайомади сиёсии ин андешаҳои нажодпарастона шакл гирифтани ҷунбиши натсионал-сотсиалистӣ ва ба сари қудрат омадани фашистон дар Италия ва Олмон гардид. Дар Олмони фашистӣ сиёсати зидди яҳудиён ва наслкушии онҳо авҷ гирифт, ҷангҳои истилогарона бар зидди кишварҳои дигар, аз ҷумла Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ёфт. Фашистони олмонӣ дар шаҳри Нюрнберг ду қонуни нажодпарастона қабул намуда, андешаи ирқҳои оливу пастро қонунан сабт намуданд. Тибқи ин қонунҳо, яҳудиёну лӯлиҳо ирқи паст ва олмониҳову миллатҳои ба онҳо хеш ирқи олӣ хонда шуданд. Рамзи бостонии тамаддуни мардумони ҳиндуэрониву пайравони дини буддоӣ (махсусан дар фарҳанги буддоии Тибет) сувастӣ (свастика)чун рамзи Олмони фашистӣ пазируфта шуд ва моҳияти асливу созандаи он таҳриф гардид. Ин ҳама амалҳои мафкуравию сиёсии аврупоиён ва қабл аз ҳама, ваҳшигариҳои фашистони олмонӣ сабабгори он гардид, ки баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар кишварҳои Ғарб номи ориёӣ ва рамзи сувастӣ бадном гашт ва бо мафкураву амалҳои нажодпарастона алоқаманд карда шуду то ҳол мешавад.Дар китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» Пешвои миллат ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, менависанд, ки «дар нимаи аввали асри гузашта фашистони Германия ба ин истилоҳ тобиши нажодӣ дода, бо сиёсати ҷангҷӯёна ва қатли оми миллионҳо мардуми бегуноҳи Аврупо ин номро бадном ва беобрӯ сохтанд». Хуллас, гуноҳи ирқпарастон аст, ки этноними ориёиву рамзи сувастиро бадном сохтаанд, ҷавобгарӣ дар назди таърих низ бар дӯши онҳост, зеро мусаллам аст, ки фарҳангу тамаддуни мардумони Ховарзамин, махсусан тоҷикону эрониён, рабте ба ин кору амалҳои аврупоиён надоранд. Пешвои миллат бо такя ба таҳқиқоти олимоне мисли В.М. Жирмунский, М.М. Дяконов, Г.Ф. Илин, А. Мейе ва дигарон бо мисолҳои мушаххас назарияҳои нажодпарастонаро дар бобати «нажоди ориёии шимолӣ» (ба истилоҳ «нордизм» ё «нордитсизм») маҳкум намуда, таъкид кардаанд, ки «дар бораи мансуб будани номи ориёӣ танҳо ба мардумони эронӣ ва ҳиндӣ ва ё дар маҷмӯъ, мардумони ҳиндуэронӣ тақрибан ҳамаи муҳаққиқон назари ягона доранд». Аз ин лиҳоз, барои мо тоҷикон ориёият фарҳангу тамаддун, номи таърихии миллати тоҷик, асолати нажодӣ мебошад, зеро ба қавли Пешвои миллат «Ҷавҳар ва бунёди ин фарҳанг бар пояи андеша ва ахлоқи башардӯстӣ ва мақоми волои инсон устувор гардидааст. Се меъёр ё усули ахлоқ ва ё андешаи тарбияи инсон, кибо шиори пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек, аз номи паёмбари оини ориёӣ гуфта шудааст, ки дар бунёди худ дар ҳеҷ тамаддуни дигар ҳамто надорад». Ин аст, ки фаҳмиши мо тоҷикон аз мафҳуми ориёият,ба андешаҳои бебунёду беасоси назарияпардозони нажодпарасту бузургманиши аврупоӣ рабте надорад ва аз онҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Бинобар ин, яке аз ҳадафҳои соли тамаддуни ориёӣ барқарор намудани ҳақиқати илмиву таърихии номи неки ориёӣ буду ҳаст. Лозим ба ёдоварист, ки то давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон вожаи ориёӣ, чун мутародифи тоҷику эронӣ дар асарҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ васеъ истифода мешуд ва маънии манфӣ ба бор надошт. Масалан, яке аз мақолаҳои шарқшиноси машҳур, академик В.В. Бартолд, ки соли 1896 навишта буд, чунин ном дошт:«Чанд сухан дар бораи фарҳанги ориёӣ дар Осиёи Миёна» («Несколько слов об арийской культуре в Средней Азии»). Мақоларо В.В. Бартолд бо чунин суханон оғоз менамояд: «Ба он дараҷае, ки мо метавонем таърихи Осиёи Миёнаро пайгирӣ намоем, аҳолии бумии он ҳама вақт ба қабилаи ориёӣ, маҳз ба гурӯҳии эронии халқҳои ориёӣ тааллуқ дошт». Вақте осори бисёрҷилдаи В.В. Бартолд солҳои 60-ум асри ХХ мунташир гардид, таҳиягарони мақола аз ҷониби муаллиф истифода шудани вожаи «ориёӣ» - ро дар поварақ ин гуна шарҳ додаанд: «Истилоҳи «ориёӣ»-ро В.В. Бартолд, чунонки дар он замон маъмул буд,барои нишон додани мансубияти забонии аҳолии бостонии Осиёи Миёна, ки ба забонҳои гуногуни шарқии эронӣ гуфтугӯ мекарданд, истифода бурдааст». Аммо ин баҳои ноқис аст ва мазмуни мақолаи В.В. Бартолд баръало нишон медиҳад, ки вай вожаи ориёиро на танҳо чун мафҳуми забонӣ, балки чун мафҳуми этникӣ низ ба кор бурдааст. Ба таври мисол:«Ҳукмронии табақаи заминдорро дар марҳалаи маълуми ҳаёти фарҳангӣ, мо дар ҳамаи ориёиён ба мушоҳида мегирем»; «Дар шаҳри нав миллатиориёӣ ва дини Зардушт макон ёфтанд»; «Зардуштия то истилои мусалмонон дини ҳамаи ориёиёни Осиёи Миёна набуд»; «Амалӣ намудани ин низом…дар Осиёи Миёна кори Сомониён буд, ки ҳокимони асилзодаи ориёӣ ба ҳисоб мерафтанд». Зимнан бояд қайд намуд, ки Сарвари давлат аз дидгоҳҳои академик В.В. Бартолд ёдовар шуда таъкид кардаанд, ки «В.В. Бартолд дар давроне, ки истилоҳи ориёӣ ба маънои ҳиндуаврупоӣ истифода мешуд, ин истилоҳро бисёр дуруст ва огоҳона ва бо дарки воқеияти таърих барои забонҳои гуногуни шарқии эронии сокинони қадими Осиёи Миёна – гузаштагони тоҷикон ба кор бурдааст. Ба гумони мо В.В. Бартолд истилоҳи ориёиро барои давроне, ки ин мардумон нажоди худро бо ин ном ёд карда ва худро танҳо бо ҳамин ном мешинохтаанд ва дигар мардумон низ онҳоро бо ҳамин ном мехондаанд, хеле муносиб истифода кардааст». Сипас, Пешвои миллат дар мавриди корбурди мафҳуми ягонаи ориёӣ ҳаққи баробар доштани мардумони «ориёии ҳиндӣ» ва «ориёии эронӣ» - ро қайд намуда, дар муҳити «ориёиёни эронӣ» «корбурди бештар ва суннати тӯлонитар» доштани онро таъйид карда, ба чунин хулосаи муҳим меоянд: «Бинобар мақоми таърихии номи нажодии арйа (ориёӣ) ин истилоҳ, ҳамон тавре ки барои ориёиҳои ҳиндӣ ба кор меравад, ҳамин тавр барои ориёиҳои эронӣ он ҳамчун номи таърихӣ ва суннатии ин мардумон бояд истифода ва пазируфта шавад». Мисоли дигарро аз фаъолияти илмии муаррихи машҳури рус, А.А. Семенов меорем. Соли 1925 А.А. Семенов дар маҷмӯаи дастҷамъии «Тоҷикистон», ки аз тарафи «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронӣ дар хориҷ аз он» («Общество для изучения Таджикистана и иранских народностей за его пределами») ба нашр расида буд, мақолае чоп кард бо номи «Ёдгориҳои моддии фарҳанги ориёӣ»(«Материальные памятники арийской культуры»). Ин таҳқиқоти арзишманди А.А. Семенов, ки бо як меҳру садоқати беандоза нисбат ба тоҷикону аҷдоди ориёии онҳо таълиф ёфтааст,бо чунин суханон оғоз мешавад: «Тоҷикон аксари аҳолии Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистонро ташкил намуда, авлоди қадимтарин мардуми бумии кишвар - ориёиёни Осиё ба ҳисоб рафта, ба гурӯҳи эронии қабилаи бузурги ориёиёнтааллуқ доранд.Дар давоми ҳаёти таърихии бисёрасраи худ, онҳо қариб дар тамоми минтақаи шарқии пуштакӯҳи Эронзамин асари фарҳанги моддии худро боқӣ гузоштаанд.Ва агар дар бисёр ҷойҳо имрӯз аҳолии ориёӣтамоман аз байн рафтааст, вале ёдгориҳои гузашта омирона ба мо дар бораи ин аҳолӣ нақл карда, ишора ба он мекунанд, ки фарҳанги ориёӣ аз қаламрави Тоҷикистони имрӯза беҳад ба дуродур баромадааст. Нақшу асари дурахшони онро мо то кунун дар ҷумҳуриҳои худмухтор ва дигар вилоятҳои Туркистон дучор меоем.Дар ҳама ҷои ин минтақа ганҷинаи бузурги бостоншиносӣ на танҳо таҳқиқ нагардидааст, балки ба қадри кифоя санҷида ҳам нашудааст». Вақте А.А. Семенов қайд мекунад, ки «Дар бисёр ҷойҳо имрӯз аҳолии ориёӣ тамоман аз байн рафтааст», аз ҷумла сарзамини Хоразмро дар назар дошта, онро «қадимтарин макони фарҳанги ориёӣ» меномад. Баъди бист сол, мақолаи мазкури А.А. Семеновбо номи тағйирхӯрдаи «Ёдгориҳои моддии фарҳанги эронӣ дар Осиёи Миёна» («Материальные памятники иранской культуры в Средней Азии»)соли 1944 дар Сталинобод,дар шакли китобчаи алоҳида, бо теъдоди 1500 нусха, аз нав чоп шуд.Муҳаррирони масъули китоб Б. Ғафуров ва Н. Прохоров буданд.Дар аннотатсияи китоб зикр шудааст, ки «Акнун рисолаи мазкур дар шакли аз ҷониби муаллиф хеле иловашуда ва ислоҳёфта ба чоп мерасад». Бояд тазаккур дод, ки бозчопи ин китоб талаби замон буд, чун дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ вобаста ба мубориза бар зидди истилогарони фашистӣ масъалаҳои худшиносии миллии халқҳои шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон ба мадди аввал баромад. Дар ин давра, асосан осоре таълиф ва нашр шудаанд, ки худшиносиву худогоҳии миллиро инъикос ва таблиғ менамуданд, аз ҷумла чунин асарҳои мондагори устод Айнӣ «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик - Темурмалик». Дар ин солҳо китоби А.А. Семенов низ дар радифи чунин асарҳо интишор ёфт, вале ба мушоҳида мегирем, ки дар охири ҷанг аз корбурди вожаи «ориёӣ» парҳез шудааст. Сабаби ин албатта маълум аст, чун амалҳои зиддинсонии фашистони олмонӣ, мафҳуми «ориёӣ»-ро манфӣ сохта буд ва муаллифону ноширон маҷбур буданд, кидар истифодаи он эҳтиёткор бошанд. Дар ин бора, муаррих Б. Литвинский ёдовар мешавад: «Семенов дар вақташ китобчае навишта буд бо номи «Ёдгориҳои моддии фарҳанги ориёӣ», ки баъдан тоҷикон онро аз нав чоп карда, дар номаш эҳтиёткорона вожаи «ориёӣ»-ро ба «эронӣ» иваз намуданд. Маҳз ба хотири ин китобча вазъи Семенов хеле душвор шуда,аз дасти вай Пажӯҳишгоҳи дастхатҳои шарқиро гирифтанд, ки худаш таъсис дода буд…». Аз ҷумла Л.А. Бретаницкий ном санъатшинос дар шумораи 7-уми маҷаллаи «Вопросы истории» аз соли 1947 ба асари мазкури А.А. Семенов тақризи манфие навишта, ӯроҷонибдори «назарияи панэронӣ» эълон намуд ва ба он гунаҳкор кард, ки вай танҳо тоҷиконро меросгари фарҳанги бостонии Осиёи Миёна медонад (айнан): «В заключительной части автор считает, что им дана "возможность составить представление о великих достижениях, относящихся к тому времени, когда здесь (в Средней Азии - Л. Б. ) преобладала иранская культура, указывавшая мощное влияние на соприкасавшиеся со среднеазиатскими иранцами народы". Тем самым проф. А. А. Семёнов подчеркивает свои принципиально неверные положения, исключающие действительный ход исторического процесса, и совершенно игнорирует культуру остальных народов Средней Азии, кроме таджикского, связанных на протяжении многовековой совместной жизни своими историческими судьбами». Бояд гуфт, ки иқтибоси мазкурро Л.А. Бретаницкий аз матни китоби А.В. Семенов канда гирифтааст. Матни пурраи ин пора чунин аст (айнан): «Хотя мы сделали беглый схематический обзор материальных памятников иранской культуры в Средней Азии, он тем не менее дает возможность составить представление о великих достижениях, относящихся к тому времени, когда здесь преобладала иранская культура, оказывающая мощное влияние на соприкасавшиеся с среднеазиатскими иранцами народы. Исчерпывающий во всех подробностях обзор всех памятников прошлого, связанных с иранской культурой страны, имеет исключительное значение для разработки вопросов истории народов Средней Азии вообще и в частности таджиков, являющихся, как уже было сказано в начале нашего обзора, потомками древнейших иранских засельников этой страны». Дар аввали тақризи худ Л.А. Бретаницкий менависад, ки «рисолаи соли 1925 чопшудаи профессор А.А. Семенов таҳти унвони «Ёдгориҳои моддии фарҳанги ориёӣ», ба қавли муаллиф «дар шакли хеле иловашуда ва ислоҳёфта», соли 1945 бо номи «Ёдгориҳои моддии фарҳанги эронӣ дар Осиёи Миёна» аз нав нашр гардид.Илова ва ислоҳҳои ин рисола аз чӣ иборат мебошанд, ки бояд то ҳадде натиҷаҳои корҳои таҳқиқотии 20 соли охирро инъикос менамуданд. Ҳамзамон, то кадом андоза консепсияи умумии таърихии муаллиф дуруст аст, ки тибқи он ёдгориҳои бисёрасраи фарҳанги халқҳои Осиёи Миёна ба хонандаи Шӯравӣ дар нашри соли 1925 ба ҳайси ёдгориҳои фарҳанги ориёӣ, аммо дар нашри соли 1945 чун фарҳанги эронӣ муаррифӣ шудаанд?». Дар ҷои дигари тақриз дар ин маврид боз ишора рафтааст: «Ба консепсияи яктарафа ва зарарноке, ки дар умум асоси корро ташкил дода, дар давоми ду даҳсола ҳеҷ гуна тағйир наёфтааст, зикр менамоем, ки ислоҳҳо ҷузъӣ буда, моҳиятан хислати зоҳирӣ доранд. Дар ҳама ҷо мафҳумҳои - фарҳанги ориёӣ, қабилаи ориёӣ, аҳолии ориёӣ ва ҳоказо – ба вожаи эронӣ иваз карда шудаанд». Чунонки мебинем масъалагузории Л.А. Бретаницкий ғайриилмӣ буд, зеро ба қавли Б. Литвинский «эҳтиёткорона» иваз намудани вожаи «ориёӣ» (ки соли 1945 маънии манфӣ ба бор гирифта буд) ба «эронӣ», табиӣ буда, сабабҳои ҷиддӣ дошт, ки аз он муаллифи тақризбошуурона чашм пӯшидааст. Аз ин дидгоҳ, ҳадафи Л.А. Бретаницкий ба хубӣ маълум мешавад. Мақсади ӯ сиёҳ намудани шахсияти А.А. Семенов ва ақидаҳои ориёигароӣ-тоҷикигароии ӯ буд.Тақриз нисбати А.А. Семенов ва китоби ӯ бо чунин суханони айбдоркунанда хотима ёфтааст: «Мо чунин меҳисобем, ки рисолаи тақризшаванда бо тамоюли худ ва мазмуни бунёдияш таърихи халқҳои Осиёи Миёнаро таҳриф сохта, хонандаро раҳгум месозад. Ин рисола дастовардҳои илми шӯравиро дар давоми 20 сол ба назар нагирифта, дорои камбудиҳои зиёд ва иштибоҳи услубӣ буда, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад талаботи рӯзафзуни хонандаи шӯравиро оид ба рушди фарҳанги моддӣ, аз ҷумла меъмории халқҳои Осиёи Миёна,ки ба методологияи илмии марксистӣ-ленинӣ асос ёфтааст, қонеъ созад». Ба ибораи дигар мавқеи тоҷикигароии А.А. Семенов ба мафкураи марксистӣ-ленинӣ мухолиф эълон гардида (ҳарчанд дар асл ин тавр набуд), олими номдор мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Дар ин вазъ роҳбари вақти ҷумҳурӣ, алломаБ. Ғафуров, А.А. Семеновро ба Тоҷикистон даъват намуд, ки то охири умраш сарварии пажӯҳишгоҳи таърихро ба уҳда дошту баҳри ривоҷи илми тоҷик хидматҳои арзанда анҷом дод. Минбаъд, аз оғози солҳои 70-уми асри гузашта сафед кардани мафҳуми ориёӣ бо асарҳои аллома Б. Ғафуров, махсусан китоби «Тоҷикон» алоқаманд аст, ки дар он мафҳумҳое мисли:«ориёӣ», «қабилаҳои ориёӣ», «қабилаҳои ҳиндуориёӣ», «гурӯҳҳои ориёиён», ба ҳайси аҷдоди халқи тоҷик, ба таври фаровон ба кор рафтааст. Дар асари «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» Роҳбари давлат боз ба ду масъалаи муҳим дахл намудаанд, ки наметавон аз он ёдовар нашуд: яке, муносибати андешаи ориёият ва ислом, ва дигаре аз нажоди ориёӣ будани қавмҳои тӯронӣ. Дар мавриди муносибати андешаи ориёият бо ислом Пешвои миллат зикр намудаанд, ки «вобаста ба эълони бузургдошти тамаддуни ориёӣ сару садоҳое баланд гардиданд, ки гӯё омӯзиши тамаддуни ориёӣ ва арзишҳои он ба сатҳи диёнат ва эҳсоси динии мардуми мусулмони мо халал ворид мекарда бошад». Сарвари давлат чунин гузориши масъаларо «бе бунёд ва аз воқеият дур» арзёбӣ намуда, чунин таъкид месозанд: «воқеият ин аст, ки мо тамаддуни ориёиро ҳамчун падидаи сирф фарҳангӣ баррасӣ карда, ба наслҳои имрӯзу оянда омӯхтани онро ба хотири шинохти беҳтар ва амиқтари баромади таърихии миллатамон талқин менамоем. Ва ин амал пояҳои дини мубини исломро, ки аксарияти мутлақи мардуми мо пайрави онанд, заррае халалдор нахоҳад кард». Дар ин маврид, Пешвои миллат ба робитаи арзишҳои тамаддуни пешазисломӣ ва баъдиисломии тоҷикон ишора намуда, пайвандии ононро таъйид карда, андешаи худро дар китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» боз ҳам инкишоф дода, менависанд: «…Дар таҳаввулу инкишофи маданияти исломӣ ва рушду нумувви илму адабу фарҳанги он, маданияти ориёӣ, ки аз тафаккури аҳди қадим бархурдор буд, нақши фаъол дошт. Имрӯз шеърҳои Рӯдакиву достонҳои Фирдавсӣ, ғазалиёти Ҳофиз, «Гулистон» ва «Бӯстон» - и Саъдиву эҷодиёти Ҷомиро, ки нашъаи тамаддуни ориёӣ доранд, тамоми ҷаҳон бо ифтихор ба забон меоранд». Дар ин таъкидоти муаллиф мо меросбарии ду тамаддуни бузурги тоҷикон ва ғанӣ гардидани фарҳанги тоҷикии асрҳои миёнаро аз фарҳанги бостонӣ ба мушоҳида мегирем. Лозим ба ёдоварист, ки масъалаи асолати нажодии турониён яке аз қазияҳои баҳсноки илми таърих ва этнологияба ҳисоб меравад. Ин масъалаест, ки дар мавриди он ду мавқеъ мавҷуд буда, аз ҳамдигар тафовути куллӣ доранд.Андешаи тоҷикӣ, ки пойбанди ҳақиқатитаърихист, ба ин назар аст, ки тӯрониён (турҳо) ба ирқи ориёӣ мансуб мебошанд. Ин нуктаи хеле муҳимми худшиносии нажодӣ ва таърихии тоҷиконро Пешвои миллат бори дигар таъкид намуда, менависанд: «дар мавриди тӯрониён ва мансубияти ин қавм ба ориёиҳо дар илми эроншиносии ҷаҳон таълифоти фаровон анҷом дода шуда ва дар мансубияти нажодии ин мардум ҷои гумон ва шубҳа вуҷуд надорад». Тавре ки аз баррасӣ ва таҳлили иҷмолии дидгоҳҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мазмунумоҳияти тамаддуни ориёӣ маълум мегардад, маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи ин абармарди миллатҳувияти ориёии тоҷикон аз нав эҳё гардид.Барҳақ, маҳз Сарвари давлати тоҷикон – эҳёгари ҳувият ва худшиносии ориёӣ аст! Агар дар давраҳои қабл аз истиқлол роҷеъ ба асли ориёии миллати тоҷик доираҳои маҳдуди зиёиён хабар дошта бошанд, пас тавассути сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, ки қабл аз ҳама, барои ташаккули худогоҳиву хештаншиносии миллӣ равона карда шудааст, дар бораи асли ориёии хеш оммаҳои васеи мардум бохабар гаштанд. Ва худшиносии миллӣ ҳамон вақт қавӣ аст, ки агар фарогири шуури оммаҳои васеъ бошад. Бо ташаббуси Пешвои миллат эълон шудани соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, ки 15-солагии он бо 30-юмин солгарди истиқлоли кишвари азизамон рост меояд, имконеро фароҳам овард, ки ҳувияти ориёии тоҷикон хислати ҳамагонӣ пайдо намояд. Заминаи асосӣ ва муътамад барои минбаъд ҳам амиқ рафтаниҳувияти ориёии тоҷикон, пеш аз ҳама, асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фарҳангу тамаддуни ориёӣ мебошад, ки аҳаммияти онҳо дар шароити набардҳои мафкуравии ҷаҳони имрӯза беш аз пеш меафзояд. Ба ин хотир, ин асарҳои пурмуҳтаво, ки ба миллати тоҷик қарнҳо хидмат хоҳанд намуд, бояд аз тариқи расонаҳо, чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, навиштаҳои илмӣ-оммавӣ, асарҳои бадеӣ пайваста таблиғу ташвиқ шаванд, зеро танҳо бо ин роҳ метавон тоҷики худогоҳи ориёӣ, шаҳрванди худшиноси давлати милливу дунявии соҳибистиқлолро тарбия кард ва ташаккул дод. Масрур АБДУЛЛОЗОДА доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.