Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ИЛМИ ТАЪРИХ ВА ДИФОИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

ИЛМИ ТАЪРИХ ВА ДИФОИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

7-07-2020, 13:20
Хабарро хонданд: 2908 нафар
Назарҳо: 0
ИЛМИ ТАЪРИХ ВА ДИФОИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ
Фурӯпошии давлати Шӯравӣ на танҳо сиёсатмадорон, балки донишмандон ва ба хусус муаррихонро ба майдони муборизаву талошҳои идеологӣ ҷалб кард. Тавре ҳамагон шоҳидем, холӣ мондани фазои идеологиро гурӯҳҳои моҷароҷӯ ба манфиати худ истифода бурданд. Кишварҳои нав ба истиқлолрасида ҳар кадом талош мекарданд, ки дар раванди давлатсозӣ аз таърих, ки сабақҳои омӯзандаи фаровон дорад, истифода кунанд. Ҳамин равандро кишварҳои Аврупо пас аз ҷанги якум ва дуюми ҷаҳон аз сар газаронда, барои бозсозии кишвар ба сарҷамъ намудани миллатҳо бештар ба таърих рӯй оварданд. Давлатҳои дар фазои пасошӯравӣ ба тозагӣ ба истиқлолиятрасида низ дар чаҳорчӯбаи бунёди давлатдории хеш таърихро ба ҳайси яке аз воситаҳои асосии идеологӣ қарор доданд. Дар натиҷа назарияҳои нави таърихӣ, ки ба таҳкими давлатҳои навтаъсис ва тартиботҳои сиёсии тозаэҷод мусоидат мекарданд, ба миён омаданд.
Бояд қайд кард, ки ин назарияҳои таърихӣ на танҳо характери сирф идеологӣ доштанд, балки баъзан таҳти таъсири равандҳои этносиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ тағйир мехӯрданд. Таърихнигорони муосири Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи ин назарияҳо, сари масъалаи давраҳои асосии таърихи Осиёи Марказӣ миёни ҳам баҳсҳои тӯлонӣ созмон доданд. Дар ҷараёни ин баҳсҳои шадид аз ҷониби онҳо қисман, баъзан батамом таърихнигории шӯравӣ инкор карда мешуд, ақидаҳои нави заминаҳои таърихӣ надошта эҷод мешуданд, баъзе саҳифаҳои таърих аз нав иншо мегардиданд, санадҳои муҳим ва ба ҳамагон маълуми таърихӣ аз диди нав, нодуруст шарҳу эзоҳ меёфтанд. Дар натиҷа ҷамъияти илмии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро буҳрони шадид фаро гирифт ва рушди минбаъдаи вазъи баамал омада, ногузир ба боз ҳам доман густурдани буҳрони илми таърих дар минтақа оварда мерасонд. Кишварҳои Осиёи Миёна дар ҷараёни бунёди давлатҳои миллӣ ба таърих рӯй оварда, кӯшиш карданд, ки дар заминаи хотираи таърихӣ миллатҳои хешро худогоҳ ва дар баробари таҳдиду хатарҳои асри ҳозир тақвияти зеҳнӣ намоянд. Дар ҳамаи кишварҳои минтақа асарҳои зиёде таълиф гардид, ки муҳтавои он бо осори дар замони Шӯравӣ таълиф гардида тафовут дошт. Ҳар кас саъй мекард, собиқаи хешро тӯлонӣ ва ҳаққи хешро ба мероси таърихӣ собит созад. Дар асоси асотиру достонҳо таърихсозӣ ва бузургманишӣ авҷ гирифт, ки таъсири номатлуб бар робитаи кишварҳои минтақа гузошт. Дар ин ҳаногомасозӣ ва баҳсу моҷароҳои ғайриилмӣ баъзан кӯшишҳои истифода бурдани таърих ва фурсатталабӣ низ ба мушоҳида мерасид, ки асари таърихиро аз нигоҳи илмӣ беарзиш месохт.
Аммо мо тоҷикон дар ин замина ниёзе ба таърихсозӣ надоштем, зеро тавре Пешвои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор доштанд, мо тоҷикон ниёз ба таърихсозиву қаҳрамонтарошӣ надорем, чун таърихи мо ҳоҷат ба чунин кори сунъӣ надорад. Гузашта аз ин кӯшишҳои таърихнигории Пешвои фарзонаи миллат, ҳеҷ гоҳ маънои ихтилофафканиву ҷудоиандозӣ дар минтақаро надошт. «Бузургдошти таърихи гузашта барои мо, - навиштаанд Пешвои миллат, - ҳаргиз маънои таъкид кардани ҳаққи истисноии миллатамонро дар тамаддуни башарӣ, ё кӯшиши ҷудоӣ пазируфтан аз равандҳои созандаи ҷаҳонӣ ва фарҳанги халқҳои пешрафтаи оламро надорад». Бесабаб нест, ки муаррихони ватанӣ на танҳо ба таърихи ҳазорсола, балки нисбат ба ҳодисаҳои сад соли охир низ бомулоҳиза рафтор карда, кӯшиши “ревизия” кардани таърихи як қарни охирро надоранд.
Маҳз ҳамин бардошти хирадмандона ва ҳидояти огоҳона буд, ки нагузошт илми таърихнигории мо дар замони истиқлолият то ба вартаи ифротандешӣ суқут кунад. Табиати сулҳдӯстонаи тоҷикон ва фарҳанги муросову мудорои он ҳанӯз дар шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҷилвагар шуда, таърихи чандҳазорсолаи миллати мо дар пайванд бо халқҳои ҳамсоя мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Бояд иброз намуд, ки дар раванди ба истилоҳ таърихсозӣ вале дар асл тафриқаангезӣ, ки дар давоми бист соли охир ҷараён гирифт, зарару зиёни он пеш аз ҳама ба мардумони кишварҳо тамом шуд. Роҳҳо баста шуданд ва халқҳо дигар на аз дӯстӣ гуфтугӯ ва на сулҳу амониро ҷустуҷӯ мекарданд. Қувваҳои манфиатдор ҳар чизеро баҳона карда, муаррихони эҳсосиро бар зидди ҳамдигар мешӯронданд. Хушбахтона дар вақтҳои охир бо саъю талоши роҳбарияти кишварҳо, аз ҷумла Пешвои миллат робитаи кишварҳои ҳамсоя тадриҷан бо ҳам наздик шуда, самараи он пеш аз ҳама ба халқҳои минтақа мерасад.
Дар шароити муосир дар баробари пешрафти чомеаи чахонӣ раванди ҷахонишавӣ мардуми сайёраро ба холатхои мухталиф мувочех намуда, барои ҳар як миллат таъсири гуногун гузошта истодааст. Агар ба вазъи имрўзаи олам назар афканем, хохем дид, ки бештар давлатхо ба пешрафти соҳаҳои асосӣ, аз чумла иқтисодиёт, ичтимоиёт ва сиёсат аҳамияти махсус зохир менамоянд ва барои муваффак, шудан дар ин самт тамоми саъю кўшиши хешро ба харҷ медиханд, вале ин нуктаро бояд тазаккур дод, ки имрўзҳо аз хурдтарин то пешрафдатарин мамлакати дунё вазъи фарҳанги маънавӣ ва рушди онро аз мадди назар дар канор намегузоранд, зеро инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои мухталифи ҷомеаи башар ба он вобастагии ногусастанӣ дорад. Дар баробари ҷаҳонишавӣ, ки барои тамаддуни ҳар як халқи сайёра ба таври гуногун таъсиргузор хоҳад буд, баҳри устувор нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, ватандўстӣ, солим нигоҳ доштани мероси аҷдодӣ ва урфу одатҳои миллӣ барои ҳар як миллат зарурати ҳамаҷониба аҳамият додан ба соҳаи илму тамадуни худ ба миён меояд. Мо тоҷикон дорои таърихи кўҳан ва тамаддуни ѓанӣ мебошем, ки онро на фақат худи мо, балки аксари мардуми ҷаҳон эътироф намудаанд. Машриқзаминро гаҳвораи тамаддун меноманд ва низ ҳастанд шахсоне аз аҳли илм, ки Мовароуннаҳрро ба ҳайси ангуштарини гаронбаҳо дар тамаддуни башарият ба қалам додаанд, инчунин нигоштаанд, ки тамаддуни чандинасраи миллати тоҷик чун нигине бар ангуштарӣ мебошад.
Дар марҳилаи нави таърихӣ дар назди муаррихон вазифаҳои тоза гузошта мешавад. Муҳимтарин вазифаи муаррихони кишвар дар марҳилаи кунунӣ бар асоси воқеият ва адолати таърихӣ ва илмӣ таҳқиқ кардани таърихи миллатҳо ва роҳ надодан ба ҳар гуна кӯшишҳои таърихбофӣ ва дар ин замина вайрон кардани муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя мебошад. Дар гузашта ва имрӯз кам нестанд муаррихоне, ки танҳо ба масъалаҳои баҳсбарангези таърихӣ пардохта, мехоҳанд бар хилофи воқеият ва адолати таърихӣ эҳсоси нобоварӣ ва хусумат миёни халқҳои дӯстро барангезанд. Хомўшӣ ихтиёр кардани донишмандони тоҷик дар муқобили чунин ашхоси тафриқаандози хусуматпеша ҳаргиз маънои “нотавонӣ ё худхоҳии бемаънӣ” – ро, чуноне ки баъзе муаррихони бо ном “ватанхоҳ” тафсир мекунанд, надорад, балки гувоҳи хирадмандӣ, худогоҳӣ ва дурандешии онҳост. Таърихнигорони тоҷик посўх гуфтанро ба андешаҳои беаслу бепояи баъзе “ислоҳгарони таърих”, масалан “тарихсозон”-и кишварҳои ҳамсоя дар мавриди аслу насаби Сомониён, ки барои аҳли илми ҷаҳонӣ чун оина равшан аст, лозим намедонанд. Зиёда аз ин, донишмандони тоҷикро дар замони соҳибистиқлолӣ рисолати муҳимтаре дар пеш аст. Чуноне ки Сарвари давлат, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси олӣ (соли 2013) дастур медиҳанд: «Вазифаи муҳими олимони кишвар бо назардошти шароити давлати соҳибистиқлол таҳқиқ намудани таърихи пурифтихори миллат, проблемаҳои фалсафа ва адабиёту фарҳанги бою рангоранги тоҷикон, поку бегазанд нигох доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муарифӣ намудани дастовардҳои ниёгон мебошад».
Дар даврони истиқлолият донишмандони тоҷик асарҳои зиёде таълиф карданд, ки бештар бар пояи сарчашмаҳои таърихӣ ва дастовардҳои илми бостоншиносӣ навишта шудаанд. Дар ин давраи созанда таърихнигорони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз пайи ҳангомаҳои тафриқаангез ва посўх гуфтан ба андешаҳои ботилу беасоси баъзе “ислоҳгарони таърих” нагашта, ба таҳқиқу тарѓиби воқеии таърихи тоҷикон пардохтанд ва асари бунёдии “Этногенез ва таърихи этникии халқи тоҷик” – ро ба чоп омода намуданд. Ба табъ расидани чунин як таҳқиқоти асил, ки дар асоси манбаъҳои мўътамади хаттӣ ва бостоншиносӣ ва ҷалби мутахассисони варзидаи Федератсияи Руссия ба анҷом мерасад, ҷавоби сазовор ба ҳар гуна ҳангомаҳо ва андешарониҳои тафриқаангез дар мавриди пайдоиши тоҷикон ва аслу насаби Сомониён буда, гувоҳи масъулиятшиносии кормандони Институти мазкур маҳсуб меёбад.
Дар қатори олимони воқеӣ фурсатталабону ҳангомаҷӯён дар ҳамаи кишварҳо ҳузур дошта, ба ҷои нигоштани асари муътабари илмӣ ва саҳм гузоштан дар таҳқиқи олимона ва одилона ба сиёҳ кардани ҳамдигар ва аз зери нохун чирк кофтан машғул мебошанд. Барои ҳар фарди огоҳу ватандӯст мисли рӯз равшан аст, ки таърих барои огоҳиву хештаншиносӣ ва дар асоси муқоисаи таърихи гузашта бо замони ҳозира офаридани чеҳраи воқеии миллат зарур аст, на барои фурӯзон кардани оташи ғазаб ва кинаҷӯиву нафратпароканӣ. Пешвои миллат дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ин ҳақиқати бебаҳсро хуб тафсир карда, таъкид кардаанд, ки «Мо аз умқи таърих набояд хокистан, балки шӯъла бардорем».
Ҷаҳони ноороми ҳозира ва таҳдидҳое чун ифротгароиву даҳшатафканӣ мо муаррихонро водор месозад, ки бо таҳқиқу баррасӣ ва кашфи саҳифаҳои нави таърихи ватани аҷдодиямон пиру ҷавони кишварро дар рӯҳияи эҳтиром гузоштан ба таъриху тамаддун, арзишҳои волои фарҳангӣ, суннату анъана ва яке аз муҳимтарин рукнҳои одамият – дӯстиву бародарӣ бо ҳамаи халқҳои сулҳхоҳи олам тарбия намоем. Танҳо дар ин сурат метавонем бо боварӣ бигӯем, ки мо рисолати таърихии хешро дар назди Ватан-Модар иҷро кардаем.


Ходими илмии шуъбаи
таърихи навини Институти
таърих, бостоншиносӣ ва
мардумшиносии АМИТ Ҷ. Мирзоев
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: