ДАР МУҲОКИМА-ШАФФОФИЯТИ ИСТИФОДАИ БУҶЕТҲОИ МАҲАЛЛӢ29-01-2019, 11:17
Хабарро хонданд: 387 нафар
Назарҳо: 0
Тадқиқи шаффофияти буҷетҳои маҳаллӣ, баҳогузории самаранокии харҷҳои буҷети давлатӣ барои хадамоти давлатии шуғл, ғанигардонии буҷети давлатӣ аз ҳисоби коркарди нахи пахта дар кишвар аз мавзӯъҳои муҳиме буданд, ки дар маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодии «Тавозун»-и Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, маркази тадқиқоти стратегӣ, роҳбарони қисматҳои барномаи «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ», ВАО ва таҳлилгарону коршиносони масоили иқтисодӣ мавриди муҳокима ва таҳлил қарор гирифтанд. Буҷети маҳаллӣ дар пиёдасозии сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ воситаи асосӣ ва таъмини шаффофияти он аз масъалаҳои мубрам маҳсуб меёбанд. Имрӯз дар ҷараёни таҳия ва амалишавии буҷет ба шаффофият, дастрасии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маълумот доир ба он диққати хосса дода мешавад, ки ин пеш аз ҳама ба баланд гардидани эътимоди мардум нисбат ба ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ таъсири мусбат мерасонад. Шаффофият дар ҷараёнҳои буҷетӣ масъулияти ҳокимияти иҷроияро дар таҳияву амаликунонии буҷет ва назорати хароҷоти буҷетӣ зиёд карда, ҳамзамон воситаи муҳими мубориза бо коррупсия мегардад. Тадқиқотҳо дар ин самт ба давлату ҳукумат имкон медиҳанд, ки сиёсати буҷетиро бо дарназардошти андешаҳои коршиносон боз ҳам шаффофу сода гардонанд ва дар ин самт барои дастрасии ВАО ва ҷомеа ба иттилооти зарурӣ ва ҷалби аҳолӣ дар қабули қарорҳо ҳангоми таҳияи буҷет шароит фароҳам оваранд. Дар ин бора номзади илмҳои иқтисодӣ, таҳлилгар Уктам Ҷумъаев ба иштирокчиёни маҳфил натиҷаи тадқиқоташро оид ба шаффофияти буҷетҳои маҳаллӣ барои баррасӣ ва муҳокима пешниҳод намуд. Мувофиқи натиҷаи тадқиқот ҳанӯз мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иттилоот доир ба буҷетро бевосита дар шакли ҳуҷҷатҳои буҷетӣ кам пешкаш менамоянд ва ё умуман дастраси ҷомеа намегардонад. Сатҳи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди буҷетӣ ниҳоят паст аст. Дар сатҳи маҳал барои ҷалби бевоситаи шаҳрвандон барои иштирок дар равандҳои буҷетӣ дар доираи маҳдуд хеле кам корҳо анҷом дода мешаванд. Вазорати молия се сол ин ҷониб иқдоми хуберо пайгирӣ намуда, дар дастурамалҳое, ки бевосита ба таҳияи буҷет бахшида шуда, ба маҳалҳо фиристода мешаванд, дар қатори дигар масъалаҳои асосӣ масъалаи баррасию муҳокимаҳои буҷетиро низ дарҷ мекунад, вале афсӯс, ки ноҳияҳо бевосита натиҷаи баррасиҳоро дар сомона ё нашрияҳои худ ҷой намедиҳанд. Ин гувоҳи он аст, ки нақши Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо бевосита дар банақшагирию баррасии буҷет ва назорати иҷроиши кор ниҳоят маҳдуд аст. Доир ба динамика ё тағйирёбии индекси (шохиси) буҷет метавон гуфт, ки агар дар соли 2016 ин нишондиҳанда аз рӯйи натиҷаи тадқиқот 24 хол гирифта, минималӣ маҳсуб меёфт, дар соли 2018 боз то ба 12 хол поён рафт. Дар дастрасии ҳуҷҷатҳои буҷетӣ ба шаҳрвандон аз бист ноҳияи барои тадқиқот интихобшудаи ҳамаи се вилояти ҷумҳурӣ танҳо дар ноҳияи Вахш андаке ҷунбиш ба назар мерасад. Боқӣ дар 19 шаҳру ноҳияи дигар ин нишондиҳанда сирф манфӣ арзёбӣ мешавад. Сабаби ин, қабл аз ҳама, дар он аст, ки мақомотҳои иҷроия дастрасии ҳуҷҷатҳои буҷетӣ ба шаҳрвандон ва иштироки онҳоро дар раванди буҷетӣ зарур намешуморанд. Илова бар ин, бояд гуфт, ки дар шаҳру ноҳияҳо низ ташкилотҳои ҷамъиятие вуҷуд нестанд, ки шаффофияти истифобабарии буҷетро таҳлил кунанд. Ба андешаи таҳлилгар Лоиқ Миров, унвонҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки роҷеъ ба самаранокии харҷҳои буҷети давлатӣ барои Хадамоти давлатии шуғл тадқиқот анҷом додааст, беҳтар аст ба ҷойи ярмаркаҳое (бозори меҳнат), ки дар асоси Барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии шуғл баргузор карда мешаванд, бонки вакансияҳоро бештар фаъол гардонд. Яъне, агар сомонаи kоr.tj бештар бо вакансия пур карда шавад, самарааш беҳтар хоҳад буд. Чунки дар ярмаркаҳо асосан нафароне иштирок мекунанд, ки сатҳи таҳсилоташон паст аст. Айни замон мақсад аз баргузории ярмаркаҳо на бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор, балки бештар ҷалби хоҳишмандони касбомӯзӣ ба курсҳои Хадамоти шуғли аҳолӣ мебошад. Дар маҳфил таҳлили асоснок ва амиқи директори иҷроияи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Некбахт Каримов дар мавзӯи ғанигардонии буҷети давлат аз ҳисоби коркарди нахи пахта дар кишвар диққати иштирокчиёнро бештар ҷалб намуд. Аз нигоҳи мавсуф, ҳоло ҳиссаи ночизи пахтаи истеҳсолнамуда дар дохили кишвар коркард шуда, имкониятҳои мавҷуда дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи нассоҷӣ ба таври кофӣ истифода нашудаанд. Тибқи маълумоти оморӣ солҳои охир 10-12 фоизи пахтаи дар мамлакат истеҳсолшуда дар дохили кишвар коркард шуд, ҳол он ки иқтидори корхонаҳои ресандагии мо зиёда аз 60 фоизро ташкил медиҳад. Соли 2018 аз маҷмӯи умумии пахтаи дар кишвар истеҳсолшуда (98512,3 тонна) бори нахуст 20 ҳазору 739,6 тонна риштаи хушсифати ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ истеҳсол шуда бошад ҳам, натиҷаи мазкур аз имкониятҳои корхонаҳои ресандагӣ хеле паст аст. Н. Каримов дар исботи манфиати бештари коркарди нахи пахта дар кишвар далел овард, ки агар нархи 1 тонна нахи пахта ҳоло ба ҳисоби миёна дар бозори ҷаҳонӣ 13 ҳазору 673 сомонӣ (1450 доллар)- ро ташкил диҳад, 1 тонна риштаи пахтагини истеҳсолшуда ба қимати 27 ҳазору 572 сомонӣ ба фурӯш меравад, ки манфиат ду баробар зиёд аст. Аз 1 тонна нахи пахта метавон 3 ҳазор метр матоъ истеҳсол карда, бо он 900 куртаи мардона дӯхт ва бо нархи миёнаи 45 - сомонӣ ҳар куртаро ба фурӯш бароварда, дар маҷмӯ 40 ҳазору 500 сомонӣ манфиат ба даст овард. Дар сурати пура ба роҳ мондани коркарди ниҳоии нахи пахта ҳаҷми истеҳсол ва номгӯйи маҳсулоти содиротию воридотивазкунанда меафзояд, дар соҳаи дӯзандагӣ ҷойҳои зиёди нави корӣ пайдо мешаванд, пардохти андозҳо ба буҷети давлат зина ба зина боло рафта, зиндагии мардум боз ҳам беҳтар мегардад. Холо яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар назди корхонаҳои ресандагии аъзои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон истодааст, гуфт Некбахт Каримов, қадам ба қадам зиёд намудани ҳаҷми коркарди ниҳоии нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ мебошад. Ёдовар бояд шуд, ки мақсади маҳфили “Тавозун”- и ташкилоти ҷамъиятии “Хома” ба роҳ мондани муҳокимаи фаъоли буҷет бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандию ВАО ва таъмини шаффофияти он дар доираи Барномаи дастгирии идораи молияи давлатист, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон ҷалби доираи васеи журналистон, намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, олимону таҳлилгарон ба масоили буҷет, идораи молияи давлатӣ ва инъикоси дурусту саривақтии он аз мавзӯъҳои муҳими рӯз дар роҳи гузариш аз раванди пешрафти аграрӣ-индустриалӣ ба аванди индустриалӣ-аграрист, ки ҳоло мамлакат пайгирӣ мекунад. Н Худойбахшов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.