Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ШОДАМ, КИ НАЯМ БАНДАИ АВҲОМУ ХУРОФОТ

ШОДАМ, КИ НАЯМ БАНДАИ АВҲОМУ ХУРОФОТ

17-04-2024, 11:25
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
ШОДАМ, КИ НАЯМ БАНДАИ АВҲОМУ ХУРОФОТ
(Сухане чанд дар ҳошияи суханронии Президенти кишвар дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар)

Хирман, ки дар ӯст шуъла мавҷуд,
Хаспӯш кунӣ, фузун кунад дуд.
Ассори Табрезӣ


Дар мулоқот ва суханронии Президенти мамлакат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мавзуъҳои зиёд ва муҳимми ҳаёти кишвар, пеш аз ҳама, вазъи руҳоният ба таври ошкоромавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ин лиҳоз, мо ба иҷмол дар бораи бархе аз ин мавзуъҳо изҳори назар менамоем:
1.Давлати демократӣ - дунявӣ ва имкониятҳои он. Нахустин мавзуъе буд, ки дар оғози суханронӣ матраҳ гардид ва Пешвои миллат дар он аз моҳияти озодӣ, истиқлол, давлати демократӣ - дунявӣ, ки ба тамоми арзишҳо, аз ҷумла арзишҳои динӣ, арҷ мегузорад ва роҳро барои иҷро ва ба ҷо овардани расму ойину суннатҳои динӣ ҳамвор менамояд, батафсил сухан гуфтанд.
Воқеан, маҳз ҷомеаи демократӣ метавонад чунин имкониятро барои шаҳрвандони кишвар муҳайё намояд, яъне дар баробари эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ба арзишҳои динӣ низ арҷ гузорад ва барои эҳё вабаргузории чорабиниҳои динӣ мусоидат намояд.
Давлатҳои исломӣ аз ин гуна имконият бархӯрдор нестанд, зеро онҳо ба ҷуз аз арзишҳои динӣ, арзишҳои дигареро эътироф надоранд ва арҷ намегузоранд, наҷоти инсонро танҳо дар дин мебинанду бас.
Ҳол он ки башарият дар дарозои таърих, ки сохтҳои гуногуни давлатдориро пушти сар кардааст, аз давлати демократӣ дида, беҳтар давлатро пайдо накардааст. Ба қавли Уинстон Черчилл, «Ойини демократӣ бадтарин шакли ҳукумат аст, бо вуҷуди ин, аз тамоми ойинҳое, ки то кунун озмоиш шудаанд, беҳтар аст».
Албатта, миллати мо ба осонӣ ба озодӣ, истиқлол, демократия даст наёфтааст, балки дар ин роҳ муборизаю ҷонфишонӣ карда, ба хурофот, ба ҷаҳл, ба бадхоҳони озодӣ, истиқлол, демократия ба набард бархоста, билохира пирӯз шудааст ва орзуҳои чандинасраи ниёгонамонро ҷомаи амал пӯшондааст. Зеро, эшон ҳамеша дар орзуи озодӣ ва истиқлол будаанд. Ин намунаҳо андак аз бисёранд, кимо дар ин замина аз осори гузаштагон ба хониш мегирем:

Неъмате беҳтар аз истиқлол нест,
Бар чунин моида куфрон чӣ кунам?
Хоқонӣ
Мевае нест беҳ зи озодӣ,
Натавон гуфт сарв бесамар аст.
Соиб
Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,
Ҳоҷати бисёр қилу қол нест.
Бетоб

2.Дастрасӣ ба осори динию илмӣ. Дар ин бахш Президенти кишвар зикркарданд, ки шаҳрвандони кишвар натанҳо имкони озоди иҷрои маросим, балки имкони ба адабиёти зарурӣ, ки дар тарбияи динии аҳли ҷомеа заруранд, билкулл ошно шуданро дар даст доранд. Чорабиниҳо ва нашри китобҳои зиёде, ки дар замони истиқлол сурат гирифт, далели ғамхории Ҳукумати мамлакат ба қишри руҳонии кишвар метавонад бошад. Дар ин замина Роҳбаридавлатдалелҳои зиёд ва қонеъкунанда оварда, аз ҷумла чунин изҳордоштанд: «Ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмин намудани озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин хеле корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Дар соли 2009 бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор гардидани 1310 - солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид. Ҳамчунин, бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ - Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардондани он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд…Таҳлилу баррасии иқдомоти тайи беш аз 32 сол амаликардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат ба дин нишонаи он аст, ки давлати демократӣ ва дунявии мо дар роҳи таъмин намудани озодии виҷдон қадамҳои устувор гузошта, рисолат ва вазифаи таърихии худро дар назди мардуми эътиқодманд дар сатҳи зарурӣ иҷро карда истодааст».
3.Худшиносӣ, ифтихор аз тоҷик будан, яъне тоҷикият. Дар ин қисмати суханронӣ Президенти кишвар оид ба худогоҳии миллӣ, яъне тоҷикиятафкори муҳим ва дастурбахш ироа карданд, ки барои замони мо, хусусан насли ҷавон, ки дар дуроҳаи зиндагӣ қарор доранд, муфид ва ояндасоз мебошад.
Ба қавли Пешвои миллат, «тамоми донишмандону бузургони миллати мо, аз қабили устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиву Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёниву Абуалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхию Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш ва устод Садриддин Айнӣ тавассути маърифату худшиносӣ дарк кардани муаммои дунёву охиратро талқин мекарданд. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон, хусусан ҷавонону наврасон, ки худро мусулмон ва пайрави мазҳаби ақлгарои ҳанафӣ меҳисобанд, ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки аз меросбари шахсиятҳои оламшумули илмию ахлоқӣ будани хеш ифтихор кунанд».
Албатта, ифтихор аз мусулмон будани худ ҳуқуқи маънавии ҳар шаҳрванди кишвар ба ҳисобмеравад, аммо мо, пеш аз ҳама, бояд аз инсон, бахусус тоҷик будани худ ифтихор намоем, мисли арабҳо, туркҳо, тоторҳо, узбекҳо, қирғизҳо, туркманҳо ва соири миллатҳои мусулмони олам, зеро аз лиҳози мантиқ ҳам маълум аст, ки аввал инсон пайдо шуд, қавмҳо арзи ҳастӣ кардандва пасон эътиқод ба вуҷуд омад.
Ба ҳамин хотир, мо, қабл аз ҳама, инсон, тоҷик ва баъд мусулмонем. Инро мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем.
Имрӯз, ки дар ҷаҳон миллишавиибашар бошиддат боло мегирад, мо бояд, пеш аз ҳама, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем. Ин нуктадар суханронии Президент низ махсус таъкид ва таъйид гардид.
Ба таъкиди Сарвари давлат, «ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар як наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор изҳор намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд».
Ба гуфтаи аҳли қалам:
Ман аз пок фарзанди озодагонам,
Нагуфтам, ки Шопур бани Ардашерам.
Носири Хусрав

Теғ мебояд гушуду ишқ мебояд чашид,
Нест дар туркӣ намак, тоҷик мебояд шудан.
Толиби Омулӣ

Тоҷикам ман,
Ифтихорам аз гузашта
бо дами шамшер нест,
Ифтихорам тохтан не, сӯхтан не,
ғорату тасхир нест,
Се ҷиҳозам буд аз рӯзи азал
дар рӯзгор,
Се силоҳи зиндагонӣ-
хомаю ною сипор.
Ғаффор Мирзо

Дар қиссаву таърих чу озода бихонед,
Мақсуд аз озода шумоед, шумоед!
Деҳхудо

4.Куфрони неъмат ва оқибати ногувори он.«Бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфтааст… Ман чунин мешуморам, ки нисбат ба ин масъала бетарафӣ ё муросокорӣ кардан баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем. Чунки бетарафӣ ҳам барои давлат ва ҳам барои миллат ба чӣ гуна ҳодисаву фоҷеаҳо боис мегардад, насли калонсоли кишвар ва аксари дар ин толор нишастагон хуб медонанд. Агар яке аз сабабҳои ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашидани аҳолӣ истифодаи ғаразноки эҳсоси динии мардум бошад, дигар омили асосӣ бетарафию бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлат ва миллат буд… Дар чунин шароити тақдирсоз боз ҳам иддае аз роҳбарону зиёиён нисбат ба тақдири ояндаи фарзандону набераҳои худ бетарафӣ нишон додаанд ва ин боис гардид, ки кишвари нав ба истиқлолрасидаи мо ба ҷанги таҳмилӣ кашида шавад»,-зикр карданд Президенти кишвар дар идомаи суханрониашон.
Дар ҳақиқат, куфрони неъмат ва бетарафию тафовутӣ на танҳо дирӯз барои мо хатарнок буд, балки имрӯз низ хатарнок мебошад. Мо бояд мавқеи муайян дошта бошем. Беҳуда нагуфтаанд, ки “ё зангии Занг бош ё румии Рум!” Аз дур наззора кардан, беҳувиятӣ, бетарафӣ амали номардон аст. Аз ин лиҳоз, 800 сол қабл аз ин Мавлонои Балх ба ин гуна афрод моҳияти бади бетарафиро фаҳмонда буд:
Дарнеҳ қадам, арчи роҳ бепоён аст,
К - аз дур наззора кори номардон аст.
ва ҳамчунин Ассори Табрезӣ гуфта буд:
Агар дорӣ ҳунар, бархезу бинмой
Чӣ бошӣ дар канор, андар миён ой!

5.Ҷаҳлу нодонӣ - омили ифротгароӣ. Дар ҳақиқат, яке аз омилҳоиба гурӯҳҳои радикалӣ ва ифротӣ ворид шудани ҷавонон, пеш аз ҳама, камсаводии аҳли ҷомеа, ҷаҳлу таассуб ва зери таъсири неруҳои бегона қарор гирифтани онҳо мебошад. Дигар, фаъолияти нокифоя ва камсамари ниҳодҳои динӣ, ташвиқу тарғиби нодурусти дин, худношиносиву худоношиносии аҳли ҷомеа сабаби рух додани ҳодисаҳои манфӣ, ривоҷ пайдо кардани таассуб, хурофот ва авомфиребӣ дар ҷомеа, ба таври боиставу шоиста риоя нагардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳсуб меёбад.
Агар аҳли дин, падару модар, олимону адибон дар бораи зарари ҷаҳлу нодонӣ, таассубу хурофот, исрофкорӣ, масъулияти падару модар тибқи талаботи ҳукумат, замон амал мекарданд, аз роҳҳои самарабахши таъсиррасонӣ, фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқи судбахш кор мегирифтанд, имрӯз ин камбудиҳои ҷойдошта ва рухдодҳои манфӣ боиси нигаронии давлат ва аҳли ҷомеа намегардид, балки худшиносию худошиносии аҳли ҷомеа боло мерафт, зеро накӯ гуфтаанд:
Ҷаҳл чу бисёр шуд, нест кам аз кофарӣ,
Аз раги гардан бувад риштаи зуннори мо.
Шавкати Бухороӣ

Азхуднашиносон маталаб дидаи Ҳақбин,
Ҳақро чӣ шиносанд зи худ бехабаре чанд?
Соиб
Сахтгирию таассуб хомӣ аст,
То ҷанинӣ, кор хуноошомӣ аст.
Мавлавӣ
Ғам наёмад бари мо бемадади даври сипеҳр,
Тифлбе саъйи падар ҷониби устод нарафт.
Толиби Омулӣ

6.Ҳаҷ ва маросими иҷрои он. Албатта, дар замони соҳибистиқлолӣ имконияти ба ҳаҷ рафтани шаҳрвандон зиёд гардид, аммо ифроту тафрит дар он, исрофкорӣ, риоя накардани талаботи ҳаҷ, тақлиду мусобиқа дар ин роҳ, надонистани фармудаҳои дини ислом, ки ҳаҷ барои кӣ зарур аст ва барои кӣ не, мақсади ҳаҷ, ҳоҷиталабон, ҳоҷизиёрат ва ғайра ҷомеаро барҳақ нигарон сохтааст.
Аз ин хотир, Президенти кишвар як бахши суханрониашонро ба ин мавзуъ ихтисос дода, аз мутахассисони соҳаи дин, ходимони он, кормандони Академияи миллии илмҳова соири донишмандон, ки дар назди ҷомеа масъулият ҳис мекунанд ва аз масоили динӣ бохабаранд, даъват ба амал овард, ки онҳо бояд мардумро дар ин самт раҳнамоӣ кунанд: «Бо истифода аз фурсати муносиб, ба роҳбарону мутахассисони соҳаи дин, ходимони дин, ки дар назди мардум ва Худову Расул эҳсоси масъулият доранд, кормандони Академияи миллии илмҳо ва дигар донишмандоне, ки масоили диниро хуб медонанд, муроҷиат мекунам, ки бо мардум кор кунед, роҳи дурусти диёнату маърифатро нишон диҳед, то ки одамон сиёҳро аз сафед ва зиёнро аз фоида фарқ карда тавонанд».Воқеан, дар ин маврид гуфтаи Унсурулмаолии Кайковусро аз «Қобуснома», ки ба ҳаҷ ва шароити адои он оид аст, ба хониш гирифтан бесуд нахоҳад буд:«Ва бидон, эй писар, ки дарвеше агар қасди ҳаҷ кунад, худро дар таҳлука андохта бошад, чӣ ҳар дарвеше, ки кори тавонгарон кунад, чун беморе бувад, ки кори тандурустон кунадва достони ӯ рост бад - он достон монад, ки овардаанд:
Вақте ки раиси Бухоро қасди ҳаҷ кард. Ва ӯ марде сахт мунъим (давлатманд) буд ва дар он қофила касе аз ӯ мунъимтар набуд ва фузун аз сад шутур бори ӯ мекашиданд. Ва ӯ дар аморӣ нишаста буд ва хиромону нозон ҳамешуд дар бодия бо созу олоти тамом. Ва қавме аз дарвешу тавонгар бо вай ҳамроҳ буданд.
Чун наздики Арафот бирасиданд, дарвеше меомад побараҳна ва ташнаву гурусна ва пойҳо обила карда. Раиси Бухороро дид бад - он сон созу таносонӣ. Рӯй ба вай карду гуфт:
- Вақти мукофоти ҷазои ману ту ҳар ду яке хоҳад буд. Ту дар нозу неъмат ҳамеравию ман дар ин шиддат. Раиси Бухоро гуфт:
- Ҳошо, ки ҷазои ману ту яке бошад. В-агар ман бидонистаме, ки турову маро як пойгоҳ хоҳад будан, ҳаргиз дар ин бодия наёмадаме. Дарвеш гуфт:
-Чаро?
Гуфт:
- Ман ба фармониХудо омадам ва ту ба хилофи фармон омадаӣ. Маро хондаанд, ман меҳмонам ва ту туфайлӣ. Ҳашмати туфайлӣ чун ҳашмати меҳмон кай бошад? Худотаоло ҳаҷ тавонгаронро фармуд… ва ту бефармон, ба бечорагию гуруснагӣ дар бодия омадӣ ва худро дар таҳлука андохтӣ, бо фармонбардорон чун баробарӣ кунӣ?..».Шоир барҳақ гуфта:
Бе талаб зинҳор бар хони касе меҳмон машав,
Гавҳари беқимати санги таҳи дандон машав!

7.Ватан ва ватандӯстӣ. Ин мавзуъ, ки бахши хотимавии маърузаи Президенти кишварро фаро мегирад, мавзуи рӯз аст, мавзуест, ки буду набуди мо ба он вобастааст, зеро меҳри Ватан ва дифои он аз муқаддасоти инсонӣ, миллӣ ва динӣ маҳсуб мешавад.
Дар ин боб гузаштагону имрӯзиёни мо суханони зиёд ва дархӯри аҳаммият гуфтаанд. Хусусан, ки ватандӯстиро гӯшаи имон талаққӣ кардаанд. Аз ин рӯ, нақши ходимони дин дар ин самт хеле муҳим мебошад ва онҳо набояд бетарафӣ зоҳир кунанд. Чунонки, Президенти кишвар таъкид менамоянд: «Ходими дини масъулиятшинос ва дӯстдори Ватану миллату давлат ҳеҷ гоҳ дар корҳои неки тарбияи ахлоқии ҷомеа, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бетарафӣ намекунад ва саҳми худро дар ободии Ватан ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар мегузорад. Шумо шояд аз дигарон беҳтар медонеду мефаҳмед, ки ҳубби Ватан, яъне дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст». Ин маъниро адибон низ муқаррар дар осорашон таъкид кардаанд:
Ҳар киро меҳри Ватан дар дил набошад кофар аст,
Маънии ҳуббулватан фармудаи пайғамбар аст…
Гар бибояд мурд, боре хезу дар майдон бимир,
Марг дар майдон беҳ аз марге, ки андар бистар аст!..
Маликушшуаро Баҳор

Гар кунам ёд зи бутхона, майро айб макун,
Ҳар киро ҳубби Ватан нест, мусулмонӣ нест!

Ҳамин тариқ,имрӯз моро беш аз ҳарвақти дигарзарураст, ки бар зидди ҷаҳлу нодонӣ, бехабарию гумроҳӣ, тангдилию тангназарӣ, ғафлату бетафовутӣ, хурофоту таассуб, ки, мутаассифона, дар ҷомеа ҷой доранд, пайкор намоем,зеро раҳоӣ аз асорати таассубу хурофот танҳо бо ақлу хиради солим ва илму дониши чун теғ буранда имконпазир асту бас. Дарвоқеъ, ин гуфтаи шоири озода барои мо бояд намунаи ибрат бошад:
Шодам, ки наям бандаи авҳому хурофот,
Ҷуз шоҳиди зебои ҳақиқат напарастам!

Ҷамолиддин САИДЗОДА,
адабиётшинос

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: