Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Чаманистони Шашмақом

Чаманистони Шашмақом

27-05-2023, 08:59
Хабарро хонданд: 570 нафар
Назарҳо: 0
Чаманистони    ШашмақомСухане чанд аз фаъолияти эҷодии роҳбари бадеии ансамбли давлатии “ Шашмақом ” ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фурқат Саидзода.

Ҳама давру замон дар “Шашмақом” аст,
Ҷаҳони тоҷикон дар “Шашмақом” аст.
Магир осон баму зери навояш,
Замину осмон дар “Шашмақом” аст.


Ҳанӯз ниммаи аввали солҳои 90-уми садаи гузашта, замоне ки ҳамакнун Истиқлоли кишвар бо талошу ҷоннисориҳои зиёди фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муждаи амнияту осудагӣ ва якпорчагиву шукуфоиро бар саросари кишвар овард, ғунчаҳои умеду ормонҳои миллати тамаддунофари тоҷик рӯ ба шукуфоӣ оварданд. Таъбири саропо аз муҳаббату ватандории ин абармарди таърихи навини миллат, ки гуфт “ Ман ба Шумо сулҳ меорам ”, дар қалби хастаҷонҳои миллатдӯсту ватанхоҳ неруву тавоноӣ бахшида, ҳамагонро атрофи ӯ ҷамъ овард. Фурқати он замон ҷавон, бо ҳазорон орзуи навопардоз, ки баъд аз хатми шуъбаи овозхонии анъанавии факултаи мусиқии касбии тоҷикии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба остонаи ҳунари касбии овозхонӣ гомҳои нахустини хешро мегузошт, бо ҳамин даъват ба сифати овозхон вориди ансамбли “ Ҷаҳоноро ” гардида, нахустин ҳунари касбиашро манзури мардум гардонид. Мактаби шогирдии устодон Барно Исҳоқова ва Боймуҳаммад Ниёзов номи ӯро дар қалби нахуст мухлисон ҳамнишин намуд. Баъд аз чанде ӯро ба ансамбли ҳунарии “Дарё ” даъват намуданд. Дар ин сарои ҳунари касбӣ низ соҳиби мавқеъ ва мақоми хосаи ҳунарварӣ гардида, ошноӣ бо дунёи ҳунар ва эъҷози мардумӣ ӯро ором нагузошт. Пажуҳишу ҷустуҷӯҳои эҷодиаш ӯро ба мақоми сармуҳаррири Идораи барномаҳои мусиқии “Телевизиони Тоҷикистон” овард. Ин даргоҳи пурэътибор бо барномаҳои пурмуҳтавои ҳунариаш номи ӯро манзури садҳо сомеъони ҳушманди кишвар намуда, дар баробари ин ҳама, шарораҳои истеъдод ва ҳунари касбии овозхониаш вирди забони мардумони зиёди ҳунарвар ва санъатдӯст гардид. Ҳамин истеъдоди баланди касбӣ баъд аз чанде ӯро бо даргоҳи муқаддаси мусиқӣ ва овозхонии касбии классикии тоҷик, ансамбли давлатии “ Шашмақом ” - и ба номи Фазлиддин Шаҳобов овард. Ин даргоҳи пурифтихор, ки эътибори миллат ва давлати мо, тоҷиконро шуҳраи олам намудааст, аз Фурқати корозмуда ва ошиқу шефтаи савту садои классикӣ масъулияти зиёд ва пажуҳишу навгониҳои зиёди касбиро интизор буд. Бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва Асадулло Раҳмон, ки ҳамеша пуштибони сиёсати фарҳангии Пешвои миллат буданд таваҷҷуҳи зиёд ба ин ганҷи пурбаҳои миллӣ доштанд ансамбли давлатии “ Шашмақом ” ба номи Фазлиддин Шаҳобов баъд аз талошҳои зиёди ӯ соҳиби ҷойгоҳи пурифтихор миёни тамоми дастаҳои касбии ҳунарӣ гардид. Таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба ин ганҷи гаронбаҳои миллат шуҳрат ва эътибори онро ҷаҳонӣ намуд. Бо Фармони Президенти кишвар 12 -уми майи соли 2000-ум “Рӯзи Шашмақом” эълон гардида, ҳамасола дар ин рӯз ин мақоми олии ҳунарӣ консерти ҳисоботии ҳунармандони шинохтаи “Шашмақом”-ро манзури сомеъони кишвар намуда, дар қалбҳои ҳазорон муҳаббат ва садоқатро ба ин ганҷи гаронмояи классикӣ бештар менамояд. Ҳамин ғамхориву фарҳангсолории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суннатҳои фарҳанги миллӣ буд, ки аз ҷониби Созмони ЮНЕСКО “ Шашмақом ” ва “ Фалак” ҳамчун мероси фарҳангии мардуми тоҷик эътироф гардида, дар қатори бузургтарин санъати касбии ҷаҳонӣ пазируфта шуданд.
Ҳамин тавр, ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Ф. Шаҳобови назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 то соли 2014 таҳти роҳбарии Фурқат Саидзода як қатор барномаҳои консертиро аз эҷодиёти ҳунармандон, шоирон ва оҳангсозони кишвар таҳти унвони “Борбади сонӣ” (бахшида ба фаъолияти эҷодии Ҳофизи ҳалқии Тоҷикистон устод Акашариф Ҷӯраев), “Лаззати дидор” (бахшида ба фаъолияти эҷодии Ҳофизи халқии Тоҷикистон устод Боймуҳаммад Ниёзов), “Ошёни меҳр” (ба истиқболи 100-солагии Шоири ҳалқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода), “Хуршеди беғуруб” (бахшида ба фаъолиятии эҷодии Ҳофизи халқии Тоҷикистон устод Зафар Нозимов), “Ромишгари мумтоз” (бахшида ба фаъолиятии эҷодии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мирзоқурбон Солиев), “Меҳрнома” ва даҳҳои дигар манзури тамошобинон гардонида, эътибори ӯву ансамбли давлатии “Шашмақом” шуҳрати саросарии кишвар гардид.
Фурқат, ки худ ҳунарманди касбӣ ва оҳангсозу муҳаққиқи шинохта миёни ҳунармандони касбии кишвар пазируфта шудааст, дар мақоми роҳбарии ансамбли давлатии “Шашамақом”-и ба номи Ф. Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, миёни ҳунармандони касбии кишвар соҳиэътибор мебошад. Бо талошу ғамхориҳои ӯ барои хизматҳои шоиста ва маҳорати баланди иҷроӣ, тарғиби анъанаҳои асили мақом ва мақомсароӣ иддаи зиёди сарояндагону мутрибони ансамбл бо унвонҳои фахрӣ, нишону ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидаанд. Фурқат дар тӯли беш аз 30 соли фаъолияти пуршарафаш тавонист, ки шогирдони зиёдеро тарбия ва дар ин ҷодаи пурифтихор соҳиби эътибори баланди ҳунарӣ намояд.
Шогирдонаш Луҳира Муъминова-Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ситораи Кароматулло-ҷоизадори озмунҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, Мавзуна Маҳмадзода-ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, Ғайрат Пӯлодов- ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, Фархунда Ғайбуллоева- ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, Амирҷон Муродов дар жанри шашмақом ғолиби озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе”, Фаёз Расулов - ҷоизадори озмунҳои ҷумҳуриявии мусиқии суннатӣ, Музаффар Бойматов - ҷоизадори озмунҳои ҷумҳуриявии мусиқии суннатӣ, Хушнуд Шарифов - декани факултаи эстрадаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо номи Талабхӯҷа Сатторов, Зоиршо Ҳайдаров - мудири кафедраи сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо номи Талабхӯҷа Сатторов ҳастанд.
Ин ҳама ифтихори Ҳунарманди ҳалқии Тоҷикистон Фурқат Саидзода буда, бо ифтихори зиёд онҳо давомдиҳандагони мактаби касбии ӯ мебошанд. Имрӯз ансамбли давлатии “Шашмақом”-и ба номи Ф. Шаҳобов номбардори суннатҳои сарояндагии классикии мардуми тоҷик буда, бо пуштибонӣ аз сиёсати фарҳангии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар користони фарҳанг ва ҳунари ниёгонамон заҳмат мекашад ва эътибори ин ганҷи пурбаҳои беш аз ҳазорсолаи миллатро дар арсаи ҳунар муаррифӣ менамояд. Ҳамин аст, ки беш аз чиҳил оҳанги ба суруду таронаҳои шоирони ҳалқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Низом Қосим, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Муҳтарам Ҳотам, Рустами Ваҳҳоб ва чанде дигар эҷодкардаи Фурқат Саид дар бойгонии тилоии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардида, мунтазам то ба гӯши мухлисонаш мерасад.
Ногуфта намонад, ки ин ганҷи пурбаҳои миллат ҳанӯз дар қарнҳои 3 то 7 мелодӣ ба сифати суруди касбии давлатӣ дар дарбори Сосониён соҳиби ҷойгоҳи пурарзиши хеш будааст. Бо ибораи дигар, ин суруд ва оҳанги классикии касбӣ ҳамон замон ба риштаи адвор кашида шуда буд. Ҳамин ошноии мардум бо ин ганҷи вологуҳари классикӣ, донишмандону муҳаққиқинро водор намуд, ки дар роҳи таҳқиқ ва омӯзиши он саҳфаҳои наверо барои ошиқону шефтагонаш боз намоянд. Ҳамин муҳаббату садоқаташонро мардум чунин рӯйи саҳфа овардаанд:
Дар шеваи мусиқӣ сухан бисёр аст,
Аз ҷумла вуҷуди ҳар сухан адвор аст.
Ғофил манишин зи нағмаи довудӣ,
К-ин қавл яқин зи солики атвор аст.

Сарчашмаҳои муътамади илмиву таърихӣ аз ин ганҷи гаронмояи касбии тоҷикӣ чунин ахбори пурбаҳоро манзури мо гардонидааст: “ Ин санъати касбии миллӣ, ки мақомхонӣ дар он соҳиби ҷойгоҳи баланд мебошад, дар низоми ягонаи шаклбандӣ ва зарбу лаҳн мураттаб гардида, силсилаи мақомҳои он, ки то замони мо бо номи “Шашмақом” омада расидааст, таърихи беш аз ҳазорсола доштаву дорад”. Ин ганҷи гаронмояи миллӣ суннати аҷдодии мо тоҷикон буда, аз мақомҳои “ Бузрук” , “ Рост ”, “ Наво ”, “Дугоҳ”, “ Сегоҳ” ва “ Ироқ” иборат мебошад. Дар асрҳои миёна ин маҷмуи мусиқии классикии тоҷик бо унвони “ Дувоздаҳ мақом ” низ соҳиби ҷойгоҳи пурифтихор будааст. Шоҳони Сосонӣ - Баҳроми Гӯр ва Хусрави Парвиз ( солҳои ҳукмрониашон 590-628) ба ин суруд ва суннати ориёӣ мақоми расмии давлатӣ дода, он дар тамоми ҷашну маросимҳои пуршукӯҳи давлатӣ манзури мардум гардонида мешуд ва ҳунармандони касбии ин ганҷ аз ҷониби шоҳон қадрдонӣ мегардиданд. Дар ҳамон давра як зумра сарояндагону донандагони касбии ин созу овоз, чун Борбади Марвазӣ ( 588-89, 628-38) , Саркаш (568-625) , Накисои Чангӣ ( 557- 620) ва дигарон ба миён омаданд, ки тавассути ҳунар ва истеъдоди онҳо пойдевори бинои азими ин мақоми олии ҳунар гузошта шуд. Эҳтиром ва бузургдошти ҳунар, ғамхории беандоза нисбат ба сарояндагону ромишгарон дар дарбори Сомониён омили асосии рушди мусиқии касбӣ гардид. Мутобиқи тартибу низоме, ки дар дарбори Сомониён ҷорӣ буд, ба мутрибону ҳофизон лозим меомад, ки вобаста ба кулли ҳаводиси рӯзгор, ҷашну маросимҳои пазироӣ, ҷашнҳои миллӣ ва тантанаҳои суннатӣ суруд ва таронаҳои ҷолиби хешро офаранд. Худи ҳамин талабот ҳунармандонро водор мекард, ки маҳорати овозхонии сарояндагон ва ромишгарони дарбор нисбат ба сурудҳои мардумӣ сатҳи баландро ишғол намоянд ва ромишгар мекӯшид, ки пайваста оҳангу таронаи нав эҷод намояд. Баъзан ба ромишгарони дарбор лозим меомад, ки бо ишораи “ Хуррам бош ” роҳбари гурӯҳи ҳунармандон бо шунидани ин таъбир фавран ва бадоҳатан навои тозаеро, ки мувофиқи дархост ва таъби шоҳ бошад, иҷро намоянд. Дар ибтидои асри 5 ҳашт дастгоҳ ё ҳашт воҳиди асосии созандагӣ дар мусиқии касбии он замон ба вуҷуд омада буд. Яке аз аввалин мусиқишиносони Шарқ Абуюсуф ибни Исҳоқ ал – Киндӣ ( 800 – 870) дар рисолаи “ Рисола фи – л – мусиқӣ ” номи чанде аз онҳо “ Насим ”, “ Асбос ”, “ Меҳрҷонӣ ”, “ Сандон ” ва ғайраро овардааст, Ибни Хурдодбеҳ дар рисолаи “ Ал- лавҳа – л – малоҳӣ ” ( Бозӣ ва асбобҳои айшу ишрат) номи якчанд оҳанг “ Бандастон”, “Баҳор”, “Асбос”, “Абрина” , “ Мозарасбон”, “ Моҳ дар бӯстон” “Каба”, “Гоҳ” ва ғайраро оварда, манбаи хеле қадимӣ доштани онҳоро таъкид намудааст. Баъд аз истилои араб ва табаддулоти таърихиву иҷтимоӣ, ки дар Эрону Осиёи Марказӣ рух дод, беҳтарин анъанаву дастовардҳои фарҳангии халқҳои эронинажод аз ҷониби ақвоми мухталиф ба куллӣ аз байн бурда шуда, ба ҷойи онҳо суннатҳои қавмҳои гуногуни хилофат оварда шуд. Мусиқии касбии мардумӣ, бар замми ҳама фишору зӯроварии кӯчманчиёни бодиянишин ки бо шеъри форсӣ – тоҷикӣ иртиботи қавӣ дошту анъанаҳои то исломии мардуми ин сарзаминро давом медод, дар ҳудуди кишварҳои Шарқи Наздику Миёна паҳн гашт ва баъдан ( дар замони хилофати Аббосиён) ҳатто ба Аврупо низ роҳ ёфт. Дар сарзамини Бағдод, баъдан дар Андалузия номҳои тоҷикии оҳангҳои мусиқӣ – “Рост”, “Дугоҳ”, “Сегоҳ”, “Чоргоҳ”, бо андаке таъғйирот “Расд” , “Дука”, “Сика”, “Ҷарқа” машҳур гардиданд. Бисёр истилоҳоти мусиқии анъанавии тоҷикӣ, аз қабили “Хона” - як банди оҳангӣ, “Уфар”, “Даромад”, “Чанбар” ва ғайраро дар илми мусиқии арабӣ, аз ҷумла дар ашъори Аъшо номҳои зиёди созҳои мусиқии форсӣ – тоҷикӣ, масалан барбат истифода шудаанд. Истилоҳи “ мақом” аз феъли арабии “ кома” дар натиҷаи тарҷумаи арабии калимаҳои “ дастон” ё “парда” ба вуҷуд омадааст. Имрӯз низ дар бештари кишварҳои арабӣ – Алҷазоир, Марокаш, Лубнон, Яман, Ироқ ва ғайра ба ҷойи истилоҳи “ мақом” –и “Нуба”, “Силсила”, “ Қатор” ва “Навбат” -ро ба кор мебаранд.
Мутобиқи маълумоти рисолаҳои мусиқии асрҳои 13 – 17 ( “Китобу - л – адвор ” - и Абдулмуъмини Урмавӣ, “Мақосиду- л- алҳон” – и Абдулқодири Гӯянда, “Рисолаи мусиқӣ” – и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайраҳо), “Дувоздаҳмақом” дар Эрону Озарбойҷон, Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳирот ва дигар марказҳои фарҳангии асримиёнагӣ хеле маълуму машҳур будааст. Мусиқишиносони кадим мақомҳои марбути силсилаи “Дувоздаҳмақом” – ро ҳамчун намунаи олии мусиқии касбии тоҷикӣ бисёр возеҳу равшан шарҳ додаанд. Аз рӯйи далелҳо, ки дар “Туҳфату – с- сурур”- и Дарвешалии Чангӣ ва “Мақосиду – л – алҳон” – и Абдулқодири Гӯянда оварда шудаанд, маълум мегардад, ки матни оҳангҳои “Дувоздаҳмақом” – ро асосан ашъори шоирони классики тоҷику форс ташкил медодааст. Баъзан қисме аз оҳангҳои “ Дувоздаҳмақом” ва баъдан “ Шашмақом” дар асоси матни шеърҳои туркӣ низ иҷро карда мешуд. Маълум аст, ки ин ҳолат баъд аз машҳур гаштани ғазалиёти Навоию Фузулӣ ва дигар шоирони туркзабон, ки аз мактаби бузурги Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Абдураҳмони Мушфиқӣ баҳра бардоштаанд, дар асоси вазнҳои мустаъмали назми классикии тоҷикӣ эҷод шуда буданд, ба миён омадааст.
Анъанаи классикии касбии “Дувоздаҳмақом” дар заминаи навъҳои гуногуни мусиқии тоҷикӣ “Савт”, “Тана”, “Нақш”, “Кор”, “Тасниф”, “Талқин” , “Фар” ва ғайра, ки то имрӯз чун шаклҳои алоҳида дар Бухорову Самарқанд, Рашту Ҳисору Хуҷанд, Панҷакенту Конибодому Истаравшан ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон давом дорад, дар асрҳои 18 – 19 ҳамчун шакли мустақили асари мусиқӣ дар пойтахти беш аз ҳазорсолаи тоҷикон - Бухоро мукаммал гардида, баъдан чун “Шашмақом” – и Бухоро машҳур шудаанд.
Робитаи хешии “Шашмақом” – у “Дувоздаҳмақом” – ро аз рӯйи далелҳои зерин муайян кардан мумкин аст:
1. Мақомҳои “Рост”, “Наво”, “Бузург” ва “Ироқ” –и “Шашмақом” дар силсилаи “ Дувоздаҳмақом” низ чунин мақоми алоҳида маъмул будаанд.
2. Мақомҳои “Шашмақом” ҳам айнан мисли мақомҳои “Дувоздаҳмақом” ду шуъбаро дарбар гирифта, номи онҳо “Баёт”, “Уззол”, “Сабо”, “Наврӯз” ва “Чоргоҳ” дар “Дувоздаҳмақом” низ чун шуъба ёд шудаанд.
Мақомҳои “Дугоҳ” – у “ Сегоҳ” дар ҷараёни инкишофу такмил аз шуъба ба мақоми алоҳида табдил ёфтаанд. Масалан, “ Сегоҳ” дар сил-силаи “ Дувоздаҳмақом” шуъбаи мақоми “Ҳиҷоз” буду дар “Шашмақом” ба мақоми алоҳида мубаддал гашт. “Ушшоқ” – мақоми мустаъқили силсилаи “Дувоздаҳмақом” дар силсилаи “Шашмақом” ба шуъбаи мақоми “Рост” табдил ёфтааст. Илова бар ин, “Ушшоқ” – ҳои алоҳида, ки то имрӯз дар мусиқии классикии тоҷикӣ маълуму машҳуранд “Ушшоқи Самарқанд”, “Ушшоқи Содирхон”, “Ушшоқи Дарвоз” ва чанд дигар далели онанд, ки анъанаи “ Ушшоқ” –хонӣ ё “ Савт” -хонӣ, “Авҷ” –хонӣ, “Талқин” –хонӣ идомаи анъанаҳои қадими “Дувоздаҳмақом” мебошанд. Бо таассуф аз он ки муҳаққиқини “Шашмақом” то ҳанӯз дар мавриди “Ушшоқ”-хониҳои манотиқи кӯлоби замони Носеҳу Воқифи кулобӣ ва чанде дигар чизе нагуфтаанд. Марҳилаи асосии ташаккули санъати мақом аз давраҳои нахустини рушду такомули шеъри классикии тоҷикӣ – форсӣ оғоз гардида, навъҳои гуногуни шеърӣ : ғазал, қасида, дубайтӣ, тарҷеъбанд, таркиббанд, мухаммас, мусаддас, соқинома ва дигар анвои шеър дар тӯли асрҳо мабнои асосии шаклбандӣ ва бадеияти мақомҳоро ташкил додаанд. Баъзе шуъбаҳои қисми овозии “Шашмақом” айнан мувофиқи қолабҳои шеърӣ сохта шудаанд.
Масалан, як байти шеър таҳти оҳанги як хати мусиқӣ суруда мешавад. Дар ин ё он жанри қисми созӣ ин порчаҳоро “хона” мегӯянд ва маълум аст, ки ин “хона” тарҷумаи тоҷикии “байт” –и арабист. Матлаи ғазалро дар “даромад” –и оҳанг месароянду мақтаашро дар “фаровард”, дар баъзе маъхазҳо онро “фурудошт” низ гуфтаанд. Вазни оҳанг ҳам мутобиқи равонии рукнҳои шеърӣ буда, як воҳиди оҳангӣ баробари як рукн меояд. Аз байни анвои шеър дар “Шашмақом” бештар жанрҳои шеърии ғазал, мухаммас, соқинома ва мустазод ба оҳанг дароварда мешаванд. Шуъбаҳое, ки ба навъи шеъри “Мустазод” ё худ “Соқинома” оҳанг баста шудаанд, ҳатман номи “Мустазод” ва “Соқинома” –ро ба худ мегиранд. “Мустазод” – бандӣ ё “Мустазод” –хонӣ дар байни аҳли мусиқӣ чун ҷанбаи махсуси ромишгарӣ ба дараҷае дар асрҳои 16 - 17 машҳур буд, ки дар бештари мавридҳо “Мустазод” – ҳоро ба номи бастакорони онҳо ном мебурданд. Дар қисми “Наср” – и “Шашмақом” зиёда аз 50 “Тарона” иҷро гардида , матни онҳоро асосан тарона ( сурудҳои равонбахши мардумӣ), байт ва дубайтиҳои халқӣ ташкил медод. “Тарона” - ҳо ҳаҷман хеле хурд буда, байни шуъбаҳои калонҳаҷм вазифаи пайвандсозиро доштанд. Дар бештари “Тарона” –ҳо калимаву ибораҳои “Яло ялало”, “Ёри ман Шумо”, “Ҷони мо Шумо”, “Дӯст”, “Садқа” ва чанд таъбирҳои дилнишини мардумӣ гаштаву баргашта мавриди истифода қарор мегиранд, ки ин аз пайванди ногусастанӣ доштани решаҳои мусиқии мардумии “Шашмақом” бо таронаҳои мардумӣ шаҳодат медиҳад. Банда замони мактабхонии хешро солҳои 1969 то соли 1971 хеле хуб дар ёд дорам, ки устодони он замон куҳансоли мо Назир Забиров ва Қурбонӣ Файзиев таронаҳои мардумиро дар жанри мақомхонӣ дар вазни “Шашмақом” бо як самимият ва муҳаббати беандоза мехонданд. Ин ҳамон мактаби бузурги устодони “Шашмақом” Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳҳобов буда, дареғо, ки касе онҳоро сабт накарда ва осоре аз он хонданҳо то ҳанӯз намондааст. Ин гувоҳи он аст, ки ҳанӯз солҳои 40 ва 50-уми садаи гузашта дар манотиқи собиқи вилояти Кӯлоб ин тарзи хониши классикӣ, ба ҷуз аз сурудаҳои шавқии имрӯзӣ, роиҷ будаасту бо кадом сабабҳои ноъмаълум аз ҷониби бо ном муҳаққиқини “Шашмақом” онҳо ҷамъоварӣ нагардиданд. Ҳарчанд, ки “Гӯр-уғлӣ” аз ҷониби дастандаркорӣ он замон бо шавқи зиёд ҷамъоварӣ гардида буд. Ҳол он ки садҳо ғазал аз ашъори Мавлоно Ҷомӣ, Мушфиқӣ ва Сайидо аз забони он гӯяндагон дар ҳавои пардаҳои “Ушшоқ” ба гӯши ҷони мардум расида буд. Ҷанбаи илмию назариявии мусиқии мақомҳо дар асарҳои таҳқиқотии Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Муҳаммади Нишопурӣ, Боқиёи Ноинӣ, Насруллоҳи Чиштӣ, Абдулқодири Мароғӣ, Камолуддини Биноӣ, Ҳусейнӣ, Зайналобиддин, Қутбидини Шерозӣ, Сафиуддини Урмавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кавкабии Бухороӣ, Дарвешалии Чангӣ ва дигарон мавриди таҳлилу ташқиқи ҷиддӣ қарор гирифтаанд. Дар гузашта илми “Иқоъ” ва илми таълиф ду бахши асосии таҳқиқи санъати мусиқӣ пазируфта шуда, ҳама асарҳои таҳқиқотии мусиқӣ дар асоси ҳамин меъёр рӯйи кор меомад. Абунасри Форобию Абуалӣ ибни Сино дар асарҳои хеш ҳангоми таҳқиқи назарияи мусиқӣ ба таълимоти Арасту ва Уқлидус такя намуданд. Бо вуҷуди ин, шарҳи танбури Хуросон дар “ Китобу-л-мусиқӣ ал- кабир” –и Абунасри Форобӣ ва таҳлили мақоми “ Мустақим” , яъне “Рост” дар китоби “ Китобу- ш –шифо” –и Абуалӣ ибни Сино шаҳодат медиҳанд, ки ҳатто дар асрҳои 10 – 11 масъалаи умдаи санъати мусиқии ҳамон замону макон мавриди баҳсу таҳқиқ қарор гирифта будааст. Сафиуддини Урмавӣ дар “ Китобу- л- адвор” “ Дувоздаҳмақом”- ро бо тамоми ҷузъиёташ шарҳу тафсир кардааст. Дар асрҳои 17 – 18 суруду тарона ва лаҳну оҳангҳое офарида шудаанд, ки аз доираҳои “Дувоздаҳмақом” берун мебошанд. Дар ин миён, мебоист доираи дигаре мураттаб гардад, ки суруду таронаҳои берун аз “ Дувоздаҳмақом” - ро фаро гирад. Ин ташаккулёбӣ аз ибтидои асри 17 оғоз гардида, дар охири асри 18 ва ибтидои асри 19 анҷом ёфт ва ба ҷойи 114 суруду оҳанги доираи “ Дувоздаҳмақом” 252 оҳангу таронаи силсилаи “ Шашмақом” ба вуҷуд омад. Баъдан, ба таркиби “ Шашмақом” шаклҳои оҳангие даромаданд, ки онро бой ва мукаммал гардониданд. Дар охири асри 18 ва ибтидои асри 19 оид ба “ Шашмақом” баёзҳои бисёре рӯйи кор омаданд. Дар ин баёзҳо матни шуъбаҳои овозии “Шашмақом” ва тартиби иҷрои онҳо бо номи ин ё он оҳанг шарҳу тафсир дода шудаанд.
Дар оғози асри 20 дар Бухоро таҳқиқи “Шашмақом” аз ҷониби як идда мутахассисони рус амалӣ гардид. Профессор Б. А. Успенская бори аввал дар таърих “Шашмақом” -ро ба риштаи адвор кашида, онро бо номи “Шашмақоми Бухоро” дар Маскав соли 1924 рӯйи чоп овард. Дар ин кори хайр ва пурифтихор ба ӯ устодони санъати мусиқӣ - Бобоғиёс Абдуғанизода ва Бобоҷалол Носирзода кумак расониданд. Мутаасифона, ҳангоми ба нашр омода кардан матни ашъори тоҷикии мақомҳо комилан ихтисор карда шудааст, ки он арзиши илмии китобро каме коста намуд. Бо вуҷуди ин, нашри аввали ин ганҷи пурарзиши миллати тоҷик барои омӯзиш ва тарғиби ин асари бузург манбаи гаронмояи илми дар он замон буд. Баъдан, ниммаи дуввуми соли 1940 бо роҳнамоии бевоситаи устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров марҳилаи нави омӯзишу таҳқиқоти “ Шашмақом” оғоз гардид. Дар ин бора қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба имзо расида буд. Ҳамакнун Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров барои сабти нисбатан комили нотаҳои мақомҳо устодони мусиқӣ, суннатбардорони мактаби иҷроии Бухоро Бобоқул Файзуллоев ( 1897 – 1964) Шоҳназар Соҳибов ( 1903 – 1972), Фазлиддин Шаҳобов ( 1911- 1974)-ро сафарбар намуданд. Ин кори бузургу таърихӣ бо ҳамдастии муҳаққиқи рус В.М. Беляев сурат гирифта, солҳои 1950 – 1967 дар Маскав нашри комили академии “ Шашмақом” дар панҷ ҷилд рӯйи чоп омад. Илова бар ин, дар иҷрои Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва гурӯҳи шогирдонашон “Шашмақом” ба навори магнитофон сабт гардид, ки онро ҳамчунин сарояндагони хушсалиқа Аҳмад Бобоқулов, Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова, Аъзам Солеҳов, Н. Тоштемиров, навозандагони мумтоз Н. Шоудов, Я. Бободӯстов, Д. Муъминшоев, А. Аминов, А. Ҳасанов ва ҳофизони ансамбли мақомхонон иҷро намуданд. Нусхаи ин навор дар захираи тиллоии бойгонии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз мебошад.
Дар Ӯзбекистон низ нашри шашҷилдаи “ Шашмақом” зери назари профессор Ф. Кароматов ба анҷом расид, ки онро академик Ю. Раҷабӣ тартиб додааст. Роҳ ва услуби хонданҳои устодон Домулло Ҳалим Ибодов, Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов, Леви Бобохонов, (Левича), Содирхон Бобошарифов, Умари Ҳофиз, Мулло Туйчӣ Тошмуҳаммадов дар навори магнитофон сабт гардида, ҳамин тавр, дар солҳои 50-уми асри 20 ба ду равияи ромишгарии “ Шашмақом” асос шуд, ки яке дар Тоҷикистон зери сарварии Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов ва дигаре дар Ӯзбекистон зери сарварии Ю. Раҷабӣ, Ф. Содиқов ва О. Алимахсумов фаъолият намуда, дар ҳамҷоягӣ ин ду мактаб “ Шашмақом” – и комилро рӯйи кор овард. Мактаби “ Шашмақом” –и Ӯзбекистон асосан услуби мақомхонии ромишгарони Фарғонаву Тошканд мебошад. Дар Тоҷикистон ба тарғибу такомули “ Шашмақом” аз оғози солҳои 40- уми садаи гузашта бо ибтикори устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров аҳамияти махсус зоҳир гардида, мақому мартабаи ин ганҷи бебаҳои миллӣ хеле баланд бардошта шуд. Соли 1979 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ибтикори бевоситаи ректори ҳамонвақта, собиқ вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, профессор Меҳрубон Назаров кафедраи мусиқии халқҳои Шарқ таъсис ёфт, ки дар он аввалин бор таълиму омӯзиши таърих ва нозукиҳои ҳунари “Шашмақом” - хонӣ ба роҳ андохта шуд. Бисёре аз шогирдони ин кафедра Хосияти Зарафшонӣ, Раъно Абдуллоева, Сабоҳат Наҷмиддинова, Озода Ашӯрова, Саодат Умарова, Луҳира Муъминова, Фурқат Саидов, Ш. Ҳамидов, Хурсандмурод Зарифов, Роман Норкаллаев, Лола Азизова, А .Орифов ва чанди дигар баъд аз хатми Донишкада бо роҳхати раҳбарияти Вазорати фарҳанг барои кор ба ансамбли “Шашмақом” ба кор омаданд. Бо ин ҳунармандони касбӣ эътибори ансамбли “Шашмақом” – и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле баланд гардид. Устодони варзида ва соҳибэъҷози “ Шашмақом” Аҳмад Бобоқулов, Ҷӯрабек Набиев, Мастона Эргашева, Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова, Н. Тоштемиров, А. Ҳошимов, М. Солиев, М. Баҳодуров, К. Қосимов, Шамсиддин Муҳиддинов, Тӯхта Иброҳимова, Нигина Рауфова, Нуқра Раҳматова, Н .Азизов, А. Абдуллоев ва чанди дигар дар инкишофи ин ганҷи пурбаҳои миллат саҳми бузурги хешро гузошта, номи пурифтихорашон дар равоқи тиллоии миллат ба абадият сабт гардидааст. Аксари кулли ин устодон ба унвонҳои баланди ҳофизон ва ҳунармандони мардумии кишвар сазовор гардида. ҳамингуна эътибори баланд дар кишвари ҳамсояи дӯст ва бародари Ӯзбекистон доштаву доранд. Устодони ин ҳунар ва эъҷози пурифтихори миллӣ дар Симпозиумҳои байналмиллалӣ дар замони Шуравӣ, ки солҳои 1978, 1983, 1987 дар шаҳри Самарқанд ва солҳои 1990-(Душанбе), 1998-(Теҳрон), 2003-(Исфара), 2006-(Душанбе) гузашта буд, соҳиби мақомҳои пурифтихор ва туҳфаҳои пурарзиш низ гардида буданд. Имрӯз, ки бо ибтикору дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудаанд, моро зарур аст, ки дар ҳамҷоягӣ дар роҳи тарғибу омӯзиш ва эътибори ҷаҳонӣ пайдо намудани “ Шашмақом” кӯшишҳои пурсамар намоем. Ин ганҷ миёни ин ду бародар пули муҳаббат ва садоқати бародарӣ дар қалби покашон метавонад бошад ва ба қадри заҳматҳои ду роҳбари мардумсолор бояд расид.
Ҳамонгуна, ки “Шашмақом” барои мо, тоҷикон, пурарзиштарин суннати аҷдодӣ мебошад, барои мардуми ӯзбек низ ҳамин гуна пурарзиш будаву ҳаст. Пас нашояд, ки ба иғвои бебунёди кадом як бебасаре мо арзишҳои фарҳангиву диниву имониамонро зери по намоем. Онгуна ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва шогирди ӯ Мир Алишери Навоӣ тухми муҳаббат дар қалби поки мардумонашон коштанд, мо низ дар киштаҳои ормони ҳамдигар тухми муҳаббат ва дӯстиву бародариро бояд бикорем. Инҷо хеле бамаврид ва саривақтӣ медонам, ки “Шоми дӯстӣ”-и ҳунармандони тоҷику ӯзбекро, ки ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар толори кохи “Борбад” дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, рӯйи хотир биёрам. Нахустин таронаи шоири шаҳири ӯзбек Ӯлмас Ҷамол бо матлаби зайл ба гӯши ҷони бошандагони толор расид:
Тоҷику ӯзбек элим тоҷи сари якдигаранд,
Ду азиз фарзанди як мулку падар ҳам модаранд.
Ҳазрати Ҷомӣ Навоӣ меҳрнинг сарчашмаси,
Бингарӣ, пайванди як обу гилу як гавҳаранд.

Аз ин ба баъд ғазали машҳури Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар қолаби ширу шакар ва дар вазни “Шашмақом” эҷод гардидааст, бар гӯши ҷонҳо расид:
Эй лабат пурхандаву чашми сиёҳат масти хоб,
Икки зулфинг орасида ой юзинг дур офтоб.
Мастии май мекунад рӯи туро ғарқи арақ,
Бода ичсанг тукилур икки қизил юздин гулоб.
Ҳар, ки бинад рӯи хубат, пок гардад, аз гуноҳ,
Сенга боқган бандага машҳар кунӣ йуқдур азоб.
Банда шуд Ҷомӣ ғуломат гарчи Афлотун бувад,
Асрагил, ё сақлагил, ё сот, ё бергил ҷавоб.

Баъд аз ошноӣ бо ширу шаккари Ҳазрати Ҷомӣ ва Ӯлмас Ҷамол ёд наовардан аз ашъори равонбахши шоири шаҳири тоҷик устод Назри Яздонӣ, ки саропо меҳр асту муҳаббат асту садоқати бародарӣ, гуноҳи нобахшиданӣ мебуд пеши ояндагони тамаддуни ориёии мо. Ҳамакнун он абётро хоҳем шунид:
Як миллату ду забон чун ширу шакар,
Ду давлату як Ватан, ки хокаш ҳама зар.
Гавҳораву тобути ману туст яке,
Хуш давлату, хуш миллати Олӣ – гавҳар.

Ҳамин муҳаббату садоқати бародарӣ ва классикии тоҷику ӯзбек “Шашмаком”-ро шуҳрати ҷаҳонӣ бахшидааст.
Оре, “Шашмақом” чун ҷузъи асосии мероси фарҳангии мусиқии халқҳои тоҷику ӯзбек дар катори жанрҳои анъанавии роғ, фалак, даргилик дар фарҳанги мусиқии имрӯзаи Тоҷикистону Узбекистон мавқеи баланд дорад.
Бахшҳои қадимии он то имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон маъмул мебошанд. Оҳангҳои шавқхезу равонбахши “Талқини Дарвоз”, “Ироқи Дарвоз” , “Ушшоқи Дарвоз”, “ Дилангез” ва “Чорзарб” – у садҳо сурудаҳои мардумӣ, ки миёни мардуми воҳаҳои Хатлон хеле маъмул мебошанд ва онҳо бо садои ширадору навоҳои дилнавози устоди зиндаёд Акашариф Ҷураев дар бойгонии тиллоии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардиданд, нишони баръалои меросбари “ Шашмақом” будани мо, мардуми саросарии Тоҷикистон мебошад. Садои ширини мақомхонии роҳбари бадеии Ансамбли давлатии “ Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобови назди Кумитаи телевизион ва радио Фурқат Саидзода, ки бо лаҳни ширини классикии тоҷикӣ ташнагии ҷони ҳазорон мухлисонро мешиканад, гувоҳи барҳақи ҳамин гуфтаҳост. Ин ҳунарманди воқеан ҳам, мардумӣ тавониста, ки дар тӯли беш аз шонздаҳ соли роҳбарӣ эътибори “ Шашмақом” - ро на танҳо дар кишвар, балки дар кишварҳои ҳамҷавори Ӯзбекистон, Афғонистон ва Эрон овозадор намояд.
Ҷумъахони Темурзода.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: