Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ШОҲИ МЕВАҲО

19-08-2020, 17:01
Хабарро хонданд: 334 нафар
Назарҳо: 0
ШОҲИ  МЕВАҲО
Шоҳтут на фақат шоҳи тутҳост, балки он шоҳи кулли меваҳост. Навниҳоли шоҳтут дер ба воя мерасад. Он дар замини шудгоршудаву киштукоргардида инкишоф наёфта, зуд хушк мешавад. Дар замини сахти сангин умри дароз мебинад, ба шарте ки дар шохаҳояш арғунчак ва дар танаш молро набанданд. Тутҳои дигар бисёр ҳиммат кунанд, як моҳ ҳосил медиҳанд, аммо шоҳтут дар се давра мепазад: аз охири баҳор сар карда, то фасли тирамоҳ, баъзан дар тирамоҳ низ самари ширину лазиз медиҳад. Ҳосили давраи аввали пазиши он бениҳоят ширину гуворо буда, лаззати ангубин дар наздаш ҳеҷ аст, меваи дар давраи дуюм расидааш низ лазизу хушмазза буда, бори давраи охири фасли тамузу аввали поиз туршмазаву нордон аст. Ниҳоли шоҳтут худрӯй нест, онро ба тариқи пайванди устокорона ба воя мерасонанд. Бо тарзи исканапайванд, муғҷапайванд ва найчапайванд дар мавсими муайян ниҳоли шоҳтутро ба даст меоранд ва нисбат ба дарахтони дигар на ҳамаи пайвандҳо зуд мегираду касро розиву қаноатманд мегардонад.
Тибби халқии тоҷик аз таҷрибаи зиёди зиндагӣ баҳраҳо бардоштааст. Масалан, дар натиҷаи мушоҳидаҳои дақиқ ва таҷрибагузарониҳои зиёд ба хулосае омадаанд, ки шоҳтут ягона меваест, ки барои ҳамаи миҷозҳо: ҳам хунуку ҳам гарм, ҳам хушку тар муфид аст, он хуни инсонро тоза карда, бо моддаҳои зарурӣ таъмин месозад, ба инсон рӯҳи тоза, тараб ва хушҳолӣ мебахшад. Агар пагоҳирӯзӣ бо дили наҳор аз шохи дарахти шоҳтут се дона самари сип-сиёҳ пухтаашро чида, хӯред ва ин коратонро се рӯз идома бахшед, баробари ҳамон қатрадоруе (капел) мешавад, ки як соат ҳангоми табобат мегиред. Вале мардум, сад афсӯс, ки шоҳтутро аз тутҳои дигар батамом фарқ карда наметавонанд ва ҳамон тути калон-калони сиёҳро шоҳтут гумон мекунанд. Шоҳтут бо маззаашу баргу дарахташ аз тамоми тутҳои дигар фарқ мекунаду хусусияти зиёд ва баланди табобатӣ дорад, барги шоҳтутро барои кирмаки пилла ҳамчун ғизо истифода намебаранд, зеро баргаш сахт асту дурушт. Шоҳтут ҳангоми ларзондану шапондан намерезад, онро якто-якто мечинанд. Чидани шоҳтут хеле душвор аст, мевааш аз шохчаву барг базудӣ ҷудо шудан намехоҳад. Ҳангоми чидани шоҳтут сар то по ранга мешавед ва доғи он аз баъзе матоъҳо бо шустани зиёд намеравад. Ҳатто парандагони гуногун ҳам хусусияти нерубахшии шоҳтутро медонанду дар шохҳои дарахти он маст шуда, “бозор” ташкил мекунанд, агар ҳаёҳуй накунед, аз ҳуҷуми мурғони ҳаво тут шоҳ намешавад, балки тит мешавад. Вақти мураббои шоҳтутро чашидан, бешак, шумо Маҷнун ё Фарҳод мешаведу мураббо ба Лайлӣ ё худ Ширин табдил меёбад. Агар об (афшура)-и худи меваи шоҳтутро ягон чиз ҳамроҳ накарда, фавран нӯшед, аз тарабу мамнунӣ масти доирабадаст мешавед. Нӯшобаи шоҳтут беҳтарин моеъ аст, ки ягон оби маъданӣ ҷойи онро гирифта наметавонад. Агар чор дона олу, ҳамин қадар шоҳтут, боз чор донагӣ тамашку олучаву андаке шакарро ба 1,5 литр об ҳамроҳ карда, биҷӯшонед, шарбати олиҷанобе вуҷуди шуморо бо беҳтарин витаминҳо таъмин гардонда, масунияти баданатонро даҳҳо маротиба зиёд мекунад. Шарбату мураббову нӯшобаи шоҳтут дар фасли дай ҳам пайкари шуморо бо ғизои зарурӣ таъмин карда метавонад. Олим ва табиб Саид Абдулло дар бораи шоҳи тутҳо чунин гуфтааст:
Шоҳи тутон шоҳтут аст,
Марҳами ҷон шоҳтут аст.
Нӯшдоруи гулӯдард,
Дар миҷози гарм, ҳам сард.

Агар дар зери дарахти тут суфа ё кат бошад, дар сояи он нишинед, табъатон болида, димоғатон чоқ ва рӯҳатон пурсурур мегардад. Чун як-ду соат бихобед ё ғанаб равед, хастагиятон бартараф гардида, дарди саратон таскин меёбад ва ҳатто хоб ҳам намебинед, вале мувофиқи миҷозатон хоб бинед ҳам, дар кишвари афсонавии рӯъё сайр хоҳед кард. Олим ва табиби халқӣ Ҳомидҷон Зоҳидов дар китоби “Канзи шифо”-аш, аз ҷумла, гуфтааст: “Агар самари расидаи шоҳтутро бихӯранд, моддаҳои сахтшударо дар бадан мулоим мегардонад, фишори баланди хунро паст мекунад, хилти сафроро тит ва пароканда месозад, варамҳои гарммиҷози ҳалқро мегардонад ва таҳлил мекунад, инчунин, намегузорад, ки моддаҳои гарммиҷози бегона аз боло ба ҳалқ, забон ва дигар узвҳо рехта шаванд, ташнагиро мешиканад, иштиҳоро ба таом мекушояд. Агар бо оби самари шоҳтут ғарғара кунанд ё он обро дар даҳон гардонанд, решҳои раддӣ, ҷӯшиши даҳан ва обилаҳои он, варамҳои ҳалқ, ком ва забонро дафъ мекунад. Агар ба оби ин оби коснӣ ва оби кашниз ҳамроҳ карда, ин амалро ба ҷо оваранд, таъсираш қавитар мегардад. Хӯрдани меваи шоҳтут захми рӯдаҳо, исҳолҳои гарм ва хунинро шифо мебахшад. Хусусан, хушки онро бо оби кашнизи тар ва оби коснӣ бихӯранд, намегузорад, ки моддаҳои зарарнок аз ҳар ҷоҳои бадан ба меъда рехта шаванд”...(саҳ.613-614).
Алқисса, самари шоҳи меваҳо шоҳтут барои ҳама шоҳдоруст. Толиби тандурустии ҳамешагии шумо котиб-ул ҳуруф Ҳакималӣ НАЗАРАЛИЕВ, деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: