АЗ ТАНҚИД ХУЛОСА БАРОВАРДАНУ АЗ ПАИ ИСЛОҲИ ОН ШУДАН МАРДОНАГИСТ12-05-2020, 10:32
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҳошияи таъкидҳои Президент Чунин тағйироти ба таъкидҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созгорро дар фаъолияти раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода бараъло метавон мушоҳида кард. Воқеан ҳам раисро барои корро дар оғоз аз таъмири идорааш сар кардан, расонаҳои маҳаллии хабарӣ танқид карданд. Раис баъди он дар ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма ҳамчун меъмори собиқадор баҳри хуштарҳу зебо гардонидани биноҳои истиқоматӣ, идораҳои давлатӣ, гулу гулзор ва кабудизор гардонидани шаҳр саҳм мегузорад. Ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар шаҳр боғҳои истироҳатию фароғатии «Хутал», «Сафар Амиршоев», «Сайдалӣ Вализода» ва «Мир Саиди Алии Ҳамадонӣ» имрӯз ба ҷои сайру гашти халқ табдил ёфтааст. Ҳар як боғ ба гулгашҳои шукуфону назаррабо, нишасгоҳҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ ҷиҳозонида шудаанд. Ҳамзамон чунин гулгаштҳои зебо бо ниҳолҳои сӯзанбарг фаро гирифта шуда, дар назди дармонгоҳи бемориҳои қалб ва бинои хуштарҳи барои фароғати модару кӯдак бунёдгардида, руҳу равони касро навозиш мекунанд. Корхонаи «Румайсо» миёни идораю корхонаҳои дигар доман густурдааст. Дар он ошхона, нуқоти пирожкиву самбӯсапазӣ ва тамрингоҳ ҷойгиранд. Арзу тӯли пешгоҳаш тахмин 0,15 гегтарро ташкил медиҳад. Соҳибкори аз гулу кабудизор қимоби он ҳамин миқдор заминро солҳо боз сементпӯш нигоҳ медошт. Ин хатоии ҷиддии соҳибкорро Баҳром Иноятзода ислоҳ намуд. Ҳоло дар ин қитъаи замин шинонидани гулҳои рангоранг ва ниҳолҳои зебову тез инкишофёбанда идома дорад. Чунин амалҳои ободкорӣ дар пешгоҳҳои бозорҳою атрофу акнофи роҳҳо ва биноҳои истиқоматӣ бо суръат равнақ меёбанд. Айни замон чароғон намудани маҳаллаю кӯчаҳои шаҳр дар арафаи анҷомёбист. Раис баробари ҳаллу фасли проблемаҳои шаҳрдорӣ дар боби ҷамъ овардани маблағҳои андоз диққати ҷиддӣ медиҳад. Ин аст, ки ҳамаи намудҳои андоз дар соли куҳан барзиёд иҷро шуданд. Дар ин кори муҳим Ҷамияти Кушодаи Фурудгоҳи Байналмилалии шаҳри Кӯлоб (директораш Алӣ Комилов ) саҳми беназир дорад. Онҳо соле ба буҷаи шаҳр 5-6 миллион сомонӣ маблағ ҳамроҳ мекунанд. Гулу гулзор ва арчазорону боғи намунавӣ дар гирди рохравҳо сабзонидаи эшон ба мусофирон руҳу илҳоми тоза мебахшанд. Соли ҷорӣ дар сафари кориашон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарафи Рӯзи Истиқлолият дар шаҳри Кӯлоб ба фаъолияти Алӣ Комилов баҳои баланд дода, масъулонро даъват намуданд, ки гулу гулзор намудани атрофу акнофи маъвои зисту зиндагиашонро аз ин сарвари донишвар омӯзанд. Дар сиёсати кадрӣ низ раиси нав бо мақсади беҳдошти кордории мақомот аз шумури афроди соҳибтаҷриба дар командааш тағирот ворид намуд. Шерафган Азимов, ки солҳои дароз дар маснади раиси молияи минтақаи Кӯлоб ва палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ кор мекард, ба вазифаи роҳбари дастгоҳи ҳукумат таъин шуд. Масъулиятшиносии баланди Ш. Азимовро дар ин мансаби калидӣ метавон бо боварӣ қайд намуд, ки вазъи корҳои ободонӣ ва созандагиро дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоби бостон дучанд менамояд. Ҳамзамон раисони ҷамоатҳои деҳоти Даҳана, Кӯлоб ва Хатлон бо сабаби иҷро карда натавонистани нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз мансабҳояшон озод карда шуданд. Ба ҷои онҳо шахсони қобилиятнок, масъулиятшинос ва бо мардум кор карда метавонистагӣ таъин гардиданд. Дар шаҳр соли гузаштаро корхонаҳои саноатӣ ба натиҷаҳои хуб ҷамъбаст намуданд. Ба миқдори 245,4 миллион сомонӣ маҳсулот бароварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Инчунин дар ин давра 14 корхонаи нави истеҳсолӣ сохта шудаанд, ки дар онҳо 130 нафар бекорон соҳиби ҷои кор ва маоши арзанда гаштанд. Корхонаҳои «Сомон - Кӯлоб –Таҷизот», «Комбинати хонасозӣ», «Суғдиён», «Суматра СТК», «Ибратмоҳ», «Нидои Кӯлоб», «Ресандаи Кӯлоб», «Амон-Ш -1» истеҳсоли маҳсулотро афзун намуданд. Бо ҷалби сармояи хориҷӣ КМ «Ресандаи Кӯлоб» таъсис дода шуд, ки дар он имрӯз зиёда аз 100 нафар корҷӯён ба ҷои кори доимӣ таъмин шуда, моҳе ҳар кадомаш 800 сомонӣ маош мегиранд. Ин корхонаи пуриқтидор дар як муддати кӯтоҳ ба маблағи 12,2 миллион сомонӣ ришта истеҳсол намуд. Моҳи марти соли 2019 бо фармони Призденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) таъсис дода шуд. Барои ин кор 309 гектар замин ҷудо шардид. Ҳукумати шаҳр барои дар МОИ ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ табридҳои муфидро амалӣ менамояд. Алҳол дар ин ҷо ҶДММ « Кӯлоб-саноат» ба кор даромадааст. Ва айни замон сохтмони се корхонаи дигар давом дорад. Тибқи Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шахри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025, бояд 24 корхонаи санотӣ бо фаро гирифтани 13 ҳазор нафар ба ҷои кор бунёд карда шавад. Ба ин васила истеҳсоли молҳои саноатӣ ду баробар зиёд мегардад . Ҳамин тариқ, ба шарафи 30 - солагии Истиқлолияти Тоҷикикистони азиз дар шахру деҳоти Кӯлоб беш аз 800 иншооти иҷтимоӣ бунёд ва навсозӣ шудааст. Бо ташаббуси соҳибкорон ба ин шумора боз 48 иншооти дигар илова гардид. Дар соҳаи кишоварзӣ комёбиҳо аз ҳар ҷиҳат таъриф зебанд. Ба ҷуз сабзавоту полезиҳо нақшаи пахтасупорӣ ҳам барзиёд таъмин карда шуд. Ин дастовард дар 8 соли охир нахустин бор муяссар гардид. Айни замон аксарияти қитъаҳои ғаллакорӣ кишт карда шуданд. Майдонҳои кишти пахта бошад, шудгор ва бо нуриҳоии минералӣ ва яхобмонӣ фаро гирифта шуда, барои заминаи мустакам гузоштан ва ҳосили дилхоҳи пахта ба даст овардан ин омилҳо бешак ёрӣ мерасонад. Раис айни замон бо якчанд ширкат шартномаҳо ба имзо расонидааст, ки дар шаҳр бо нархи нисбатан дастрас барои оилаҳои камбизоат хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд намоянд. Чунин биноҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Зарбдор, Даҳана ва Кӯлоби шаҳри Кӯлоб низ сохта мешаванд. Албатта, амалӣ гаштани ҳамаи ин ба фоидаи аҳли заҳмат буда, дар боби иҷрои бандҳои Паёми Сарвари давлат қадами устуворе мегардад. Кӯлоб дарвозаи ворид гаштану аз ин ҷо ба дигар шаҳру навоҳӣ сафар кардани меҳмонон ва мусофирон мебошад. Табиист, ки туристони дохилию хориҷӣ низ аз ин шаҳр мегузаранд. Масалан, соли гузашта аз ин ҷо 30 ҳазор сайёҳ, ки 8186 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ буданд, аз Кӯлоб дидан карданд. Шаҳр барои равнақ додани туризми фарҳангӣ, экологӣ ҳамаи шароитҳоро дорад. Алҳол дар шаҳр 16 меҳмонхонаи замонавӣ , 7 мавзеи сайёҳӣ, 4 осорхона, 37 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 3 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 5 зиёратгоҳ ва хонаи сайёҳон омодаи хизматанд. Мудири шуъбаи ташкилии ҳукумати шаҳр Шералӣ Ҷалолов мегӯяд, ки нофи раисро ба созандагӣ буридаанд. ӯ дар ду соли раиси шаҳри Истаравшан кор карданаш даҳҳо корхонаҳои иҷтимоию истеҳсолиро сохта ба истифода дод. Ин аст, ки мардуми куҳнадиёр ҳамоно васфи раис Баҳром Иноятзодаро мекунанд. Ғайбулло Ҳалимов
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.