Солеҳа Холмаҳмадзода, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии интихоботии якмандатаи Турсунзода №5 аст. ӯ дар конференсияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои рақобат дар ин маъракаи муҳим пешбарӣ гардидааст.Солеҳа Холмаҳмадзода 27 июли соли 1976 ба дунё омада, соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимиро бо ихтисоси муҳандис-технолог-механик ва соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Номбурда фаъолияти меҳнатиро аз вазифаи раиси Созмони ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оғоз карда, дар ҳайати мушовараи Адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ёрдамчии адвокат ва таҷрибаомӯз, аъзои ҳайат, адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи И. Сомонӣ, мудири шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ ва адвокати Маркази «Буҳрони боварӣ ба фардо»- и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, сардори шуъбаи кадрҳои Филиали Донишгоҳи миллӣ – таҳқиқотии технологии «МИСиС» ифои вазифа намудааст.
Аз июни соли 2015 инҷониб ҳамчун муовини раиси шаҳри Турсунзода оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият мекунад. Барои хизматҳояш соли 2019 бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.
Мусоҳибаи мо паҳлуҳои фаъолияти рӯзмараи ин номзади ҲХДТ-ро бозтоб мекунад.
- Шаҳри Турсунзода аз минтақаҳои рушдёфтаи саноатию аграрии Тоҷикистон аст. Дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии он барои ҳамаи сокинони кишварамон ошност. Шумо инҷо вазифаеро ба уҳда доред, ки масъулияти баландро металабад. Дар иҷрои корҳои рӯзмара сармашқи коратон чист?
- Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати роҳнамо барои мақомот ва масъулони сатҳи роҳбарӣ аст. Он паҳлуҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, дастоварду муваффақиятҳои сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ниҳодҳои иҷтимоиро барои оянда муайян намудаст.
Пешвои миллат дар баробари пешрафтҳо, мушкилоти дар самтҳои сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии давлат ҷойдоштаро бозгӯ намуда, роҳҳои ҳалашонро мавриди таҳлил қарор доданд. Аз ҷумла, масъалаҳои давра ба давра афзудани буҷети давлатӣ, рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, бунёди иншооти гуногуни муосир, роҳу нақлиёт, тандурустӣ, фарҳанг, рушди соҳаи маориф бо бунёди муассисаҳои замонавии таълимӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, корхонаҳои нави саноатӣ, татбиқи сиёсати технологияҳои инноватсионӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва туризмро нишон додаанд.
- Оё метавонед, рафти татбиқи чанде аз ин фармудаҳоро дар мисоли шаҳри худатон шарҳ диҳед?
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзда ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, муҳоҷират ва пардохти нафақа чораҳо андешидааст. Дар соли гузашта нисбати маъюбон ва эҳтиёҷмандон таваҷҷуҳи бештар шуда, аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳр ба 1343 нафар 135 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаина расонида шуд, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷиҳати пардохти ҷубронпулӣ ба 2574 оилаҳои камбизоат барои барқ 805,1 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар арафаи идҳо аз ҳисоби кормандон, шахсони саховатпеша, соҳибкорон ва худи сокинон ба камбизоату ятимон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ниёзмандон 6,5 миллион сомонӣ кумакҳои хайриявӣ расонида шуд. Дар бахши таъмини иҷрои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешида шуд. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи шаҳр ва соҳибкорон 2829 ҷойи кор таъсис гардид. Дар шаҳр 9 ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод баргузор, 103 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.
- Муҳоҷират равандест, ки тамоми ҷумҳуриро фаро гирифтааст ва ҳар минтақа вобаста ба шароит барномаи ҳаллу фасли онро таҳия намуда, мавриди иҷро қарор медиҳад…
- Ин масъала барои шаҳри Турсунзода ҳам нав нест, ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ 14880 нафар аз сокинони шаҳр дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, бозгашти онҳо 981 нафарро ташкил дод, аз ҷумла шумораи он шаҳрвандоне, ки вурудашон ба Россия манъ (депортатсия) шудааст, 435 нафарро дар бар гирифт. Як сабаби ташкили ярмаркаҳо ин буд, ки собиқ муҳоҷирони ботаҷриба дар худи маҳали зисташон кор пайдо кунанд. Дар давоми соли 2019 аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҳисоби пули миллӣ 1 миллиарду 90 миллион сомонӣ маблағҳо ба пайвандонашон фиристода шудааст, ки нисбат ба соли пеш 126,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Муҳоҷирон бо интиқоли ҳаққи заҳмати худ ба хонавода ва наздиконашон дар рушди иҷтимоии шаҳр саҳм мегузоранд. Мақомоти иҷроия ҳам ба навбати худ мекӯшад, дар ҳалли мушкилоташон мусоидат намояд.
- Дар ҷумҳурӣ раванди бунёдкорӣ идома дорад. Вазъият дар шаҳри шумо чӣ тавр аст?
- Вобаста ба иҷрои Амри Президенти кишвар дар шаҳри Турсунзода бунёд ва барқарорсозии беш аз 330 иншоот ба нақша гирифта шуда, то аввали имсол 133 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. То ин муддат бо ташаббуси раиси шаҳр ва дастгирии соҳибкорону аҳолӣ 15 км роҳ таъмири мукаммал ва зиёда аз 70 км роҳҳои маҳаллӣ таъмир шуданд. Дар ин давра, 2 пули мошингузар ҳам мавриди истифода қарор гирифт. Вобаста ба амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар деҳот, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 197 иншооти гуногуни иҷтимоӣ, савдо ва хизматрасониро сохта, ба истифода бояд диҳем.
- Шаҳри Турсунзода дарвозаи ғарбии Тоҷикистон аст ва ҳар меҳмоне, ки аз марзи ӯзбекистони ҳамсоя вориди кишвари мо мешавад, пеш аз ҳама, ба сатҳи ободии он баҳо медиҳад…
- Бале, ин масъулиятро мо ҳам пурра дарк мекунем. Дар ҳақиқат, ободии хона аз остона сар мешавад. Дар соли 2019 аз сӯи Муассисаи манзилию коммуналӣ 260 ҳазор ниҳоли гулҳои ороишиву мавсимӣ дар кӯчаҳои шаҳр шинонида шуда, айни ҳол, дар гармхонаи муассиса 8 ҳазор қаламчаи гули садбарг ва 20 ҳазор ниҳоли гулҳои ороишии мавсимии парвариш меёбанд.
Бо мақсади ободонӣ ва сабзу хуррам кардани шаҳр шинонидани 22042 бех ниҳолҳои дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳандаро ба нақша гирифта будем, аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зист, ҷамоатҳои деҳот ва корхонаву ташкилотҳо 32908 бех ниҳол ва зиёда аз 292,5 ҳазор бех гули садбарг ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.
Инчунин 150 лампаҳои равшанидиҳанда дар кӯчаҳои шаҳр аз ҷониби соҳибкорон якҷо бо муассиса часпонида шудааст. Айни замон, дар шаҳр барномаи беҳтарсозии вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2007-2020 дар асоси Созишномаи сармоягузорӣ миёни Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст. Лоиҳа 6,8 миллион долларро ташкил дода, то оғози имсол 98 фоизи маблағ аз худ карда шудааст.
- Шуҳрати ангури Турсунзодаю Ҳисор имрӯз ба берун аз Тоҷикистон ҳам расидааст. Ҳолати соҳаи кишоварзиро чи гуна шарҳ медиҳед?
- Соҳаи муҳими иқтисодиёти шаҳр ва манбаи асосии таъмини аҳолӣ бо озуқа кишоварзӣ мебошад. Бо дарназардошти ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр диққати асосиро ба ин соҳа равона карда, барои амалӣ гаштани дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат дар хусуси самаранок истифода бурдани замин, васеъ ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ривоҷ додани боғу токпарварӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва ҳосилнокии зироатҳо тадбирҳои лозимиро амалӣ менамояд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 606,1 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба як сол пеш 30,2 миллион сомонӣ зиёд аст.
Бо мақсади беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи зимистон, дар шаҳр аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, танҳо дар соли 2019 чор сардхона бо ғунҷоиши 320 тонна ба истифода дода шуд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ сохтани 3 сардхонаи дигар пешбинӣ мегардад. Айни ҳол дар маҳдудаи шаҳр 25 сардхона бо ғунҷоиши 5480 тонна мавҷуд аст. Дар соли 2019 аз шаҳри Турсунзода дар ҳаҷми 67 ҳазору 872 тонна ба дигар шаҳру ноҳияҳо ва берун аз кишвар маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардем, ки ин нисбати як сол пеш 3548 тонна зиёд мебошад. Дар ин давра, содироти помидор 3569 тонна, бодиринг 7730 тонна, ангур 15945 тонна, картошка 4407 тонна, пиёз 26636 тонна, мевагӣ 1804 тонна ва дигар анвои сабзавот 5573 тоннаро ташкил дод.
- Дар охир, агар аз фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа чанд сухан нагӯед, шояд суҳбати мо нопурра мемонад…
- Бояд зикр кард, ки масъулони соҳа ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва шаҳрдории сокинон 642 суҳбату мулоқотҳо доир намуд. Ин иқдомот бо иштироки кормандони бахшу сохтори соҳа, КИ ҲХДТ дар шаҳр ва намояндагони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардида, зимни он муҳтавои Паёми Президент, нақши муҳтарам Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», татбиқи дигар қонунҳо тавзеҳ гардида, барои пешгирии аз пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро тарғибот шуд. Бо ташаббуси мақомоти иҷроия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва аҳолӣ барои бартарафсозии мушкили нарасидани синфхонаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26, дар назди 6 муассисаи таълимӣ 38 синфхонаҳои иловагӣ ва 1 толори варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳифзи тандурустии сокинони шаҳр 6 беморхона, 1 маркази саломатии шаҳрӣ, 21 клиникаҳои хусусии ташхису табобат, 29 маркази саломатии ҷамоати деҳот, 50 бунгоҳи саломатӣ ва 10 маркази пешгирии бемориҳо фаъолият доранд. Ҷиҳати дастгирии соҳаи тандурустӣ ва дастрасии муносиб ба хизмати тиббӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроия ва соҳибкорон танҳо дар соли гузашта дар шаҳр 2 маркази саломатӣ ва 1 дамонгоҳ сохта, ба истифода дода шуда ва ин раванд идома дорад.
Тавре мебинед, корҳои зиёде ба иҷро расидаанд, аммо боз лоиҳаву нақшаҳои дигар дар пешанд. Дар ҳар ҷое бошам, хоҳ ин ҷо ва ё дар вазифаю мақоми дигар, ҳамчун фарзанди ин диёр ва сокини ин шаҳр барои иҷрои барномаҳои давлатии вобаста ба рушди шаҳр бо эҳсоси масъулият саҳм хоҳам гузошт.
С. ЮСУФОВ