Тоҷикистон қадри сулҳу суботро медонад19-06-2019, 10:53
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
Саммити Душанбе ва мавзўъҳое, ки дар он матраҳ шуданд, то чанд муддат дар зеҳни мардум боқӣ хоҳад монд. Ҷаласаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои МҲТБО дар шабакаҳои телевизионҳои хориҷӣ ва сомонаҳои интернетӣ низ васеъ инъикос гардид, ки барои ҷумҳурии мо як рўйдоди бесобиқ а буд.
Баҳром Абдуалимов, муовини раиси Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ба хабарнигори «МХ» андешаҳояшро дар мавриди ин нишасти таърихӣ чунин баён кард: - Воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла хориҷӣ ба бахшҳое аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои МҲТБО, ки таъкид намуданд, «Зуҳуроти афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқ онунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣҳамоно ба амнияти минтақ авӣ ва байналмилалӣ хатар ба бор меоранд. Мубориза бо ин таҳдидҳо аз ҳамаи давлатҳои аъзои Машварат тадбирҳои муштараки таъхирнопазирро тақ озо менамояд», таваҷҷуҳ доштанд. Ин нукта низ муҳим буд, ки дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Баъди аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми қ арни гузашта Тоҷикистон қадру қимати сулҳ, суботу оромӣ ва зарурати мутлақ и ҳифзу таҳкими онҳоро дарк намуда, гиромӣ медорад». Бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон бо қадршиносӣ аз ин неъмати бебаҳо ҳамеша онро дуруст баҳогузорӣ мекунад. Масалан, дар ҳамкории зич бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ, давоми соли гузашта ва имсол ду конференсияи муҳими сатҳи баландро, дар мавзўи таҳкими ҳамкориҳои минтақ авию байналмилалӣҷиҳати мубориза бо хатарҳои ҷаҳонӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории онҳо баргузор кард. Дар ин нишастҳо ва ҳамчунин дар Саммити ахир кишвари мо ин масъаларо дар робита ба муқ овимати самарабахш ба таҳдиду хатарҳои мазкур зарурати татбиқ и чораҳои фарогир бароибеҳтар намудани ҷанбаъҳои иҷтимоии ҳаёти ҷомеаи мо, дар иртибот бо коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва бекорӣ дар кишвар, вазъияти печидаи Афғонистони ҳамсоя ба миён мегузорад, ки бесабаб нест. Дар масъалаи вазъи Афғонистон Сарвари Тоҷикистон бори дигар хостори андешидани чораҳои самарабахш ва ҳамоҳангии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла давлатҳои аъзои МҲТБО дар ин масъала шуда таъкид карданд, ки иқ домҳои муштарак метавонад ба ҳалли қ азияи Афғонистон мусоидати воқ еӣ намояд. - Пас аз нишасти Сарони кишварҳои Осиё қ ариб ҳамаи иштирокчиён онро намунаи дар сатҳи баланд ташкил намудани чунин саммитҳо баҳогузорӣ карданд. Шумо дар ин бора чӣ назар доред? - Саммити 5-уми CICAдар шаҳри Душанбе бори дигар исбот намуд, ки давлати соҳибистиқ лоли Тоҷикистон метавонад чунин маъракаҳои сатҳи ҷаҳониро бо истифода аз таҷриба ва зеҳнияти таърихии меҳмоннавозии худ дар доираи талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ ташкил кунад. Аз баромаду сипосгузории сарони давлатҳое, ки дар минтақ аи Осиё мавқ еи калидиро мебозанд, маълум гашт, ки пазироии меҳмонон дар сатҳи баландтарин баргузор гардид. Ин боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик мебошад. Шарикони рушд ва иқ тисодии мо бори дигар мутмаин гаштанд, ки давлати ҷавони Тоҷикистон мавзеи худро дар ҷаҳон, ҳамчун давлати мустақ ил, сулҳофар, ташаббускор ва ҳамзамон давлате, ки барои пойдории сулҳу субот дар минтақа, эмин доштани ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳама гуна унсурҳои манфии терроризм, экстремизм пайдо намудааст ва имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба пешниҳоди ин давлати ҷавон гўш меандозад. - Таври маълум Тоҷикистон қариб бо ҳамаи кишварҳои иштирок чӣ робитаҳои нек дорад ва ин нишаст омили дигари тақ вияти эътимод хоҳад буд, оё дуруст мегўям? - Ҳам Русия, ҳам Чин, ҳам Қ азоқ истону Ўзбекистон ва бақ ияи кишварҳо барои мо азизанд. Муносибатҳои иқ тисодии мо бо ҳар кадоме аз кишварҳои иштирокчӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Туркия майл ба болоравӣ дорад. Ин нукта дар вақ ти сафари ҳайати парламентии Тоҷикистон ба ин кишвар, ки чанде пеш сурат гирифт, аз сўи мақ омоти сатҳи олии ин кишвар ҳам таъкид шуд. Ташрифи сардори ин давлат ҷаноби Реҷеп Тайип Эрдуғон бори дигар исбот намуд, ки мо ба он ҳадафҳои дар пеш истодаи иқ тисодӣ, яъне расонидани гардиши мол дар ояндаи наздик ба 1 млрд. доллари ИМА мерасем. Барои ин заминаи ҳуқ уқ ӣ ва иқ тисодӣ дар муносибатҳои ин ду давлати ба якдигар дўст пайдо гаштааст.Чунин суханонро дар мавриди ҳар кишвари узви МҲТБО гуфтан мумкин аст. Аз баромади сарони давлатҳои иштирокчӣ дар ин саммити бонуфуз бармеомад, ки ҳамаи онҳо тайёранд дастаҷамъона барои эмин доштани сулҳу субот дар минтақ а, таъмини рушди иқ тисодии ҳар як кишвар, тамоми чораҳои заруриро андешанд. - Дар бисёре аз суханрониҳо муҳити зист ва тағйирёбии иқ лим аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои Осиё дониста шуд ва ёдоварӣ гардид, ки офатҳои табиӣҳамасола ба иқ тисодиёти кишварҳо зарари калон мерасонанд. - Дар ин робита, Президенти мо пешниҳод карданд, ки «василаҳои самарабахши расонидани кумаки ҳамаҷониба ба кишварҳое, ки аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд, бояд таҳия гарданд».Президенти мамлакат ба иштирокдорони ҳамоиш ҳамчунин иттилоъ доданд, ки Тоҷикистон низ, ки 93 фоизиқ аламрави онро кўҳҳо ташкил медиҳанд, бо дарназардошти хусусиятҳои ҷуғрофии худ, рў ба рўи оқ ибатҳои харобиовари офатҳои табиӣ,ҳар сол зарари калони моддӣ ва талафоти ҷонӣ мебинад. Ҳар сухан ва ҳар таъкиди раҳбарони кишварҳои иштирокчӣ, ки вобаста ба вазъияти имрўзи минтақ а буд, барои мо, шунавандаҳо боварибахш буд. Умедворем, ки ҷаласаи Душанбе бо он сатҳе, ки баргузор гардид, дар баробари наздик кардани миллату қ авмиятҳои минтақ а барои ҳалли бисёр масъалаҳо дар оянда заминаи мусоиду муносибро низ фароҳам меовард. Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.