Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Страница 110
Вазирони дифои Гурҷистон, Туркия ва Озарбойҷон дар шаҳри Қабала машқи низомии муштараки нерӯҳои ин се кишварро, ки рӯзҳои наздик баргузор мешавад, баррасӣ кардаанд.
Бретт Макгерк, намояндаи махсуси ИМА дар эътилофи мубориза бо созмони тундгарои "Давлати исломӣ" гуфт, ин созмон назорати ҳудудҳои Сурия ва Ироқро аз даст медиҳад.
Мақомоти Русия аз ҳалокати як низомии худ дар натиҷаи ҳамлае дар вилояти Хумси Сурия хабар доданд.
Москва бар ин назар аст, ки ба кор даровардани нерӯи зиддимушакии ИМА дар Руминия ба амнияти миллии Русия халал эҷод мекунад.
Барак Обама, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи равон ба шаҳри Хиросимаи Ҷопон сафар хоҳад кард. Ин боздиди нахустини президенти кунунии Амрико аз минтақае ба ҳисоб меравад, ки бори нахуст дар таърих бо силоҳи ҳастаӣ ҳамла шуд.
Ба лоиҳаи қонун дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки мафҳуми "фаъолияти сиёсӣ"-ро шарҳ медиҳад, тағйирот ворид гардид ва бар асоси он созмонҳои хайриявӣ "агентҳои хориҷӣ" ҳисобида намешаванд.
Пулиси Италия ду афғон ва як покистониро дар доираи таҳқиқи ҷиноҳи пасипардагии гуруҳе, ки нияти анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар ин кишвар ва Фаронсаву Бритониёро дошт, боздошт кардааст.
Додгоҳи федеролии ҳавзаи ҷанубии шаҳри Ню-Йорки Амрико таҳқиқи парвандаи 850 миллион доллар ришваи гӯё марбут ба Гулнора Каримова ва наздиконашро муваққатан боздошт.
Дар қазияи "Ҳуҷҷатҳои Панама" гардиши наве ба миён омад. Бойгоние, ки шомили иттилоъ дар бораи беш аз 200 ҳазор ширкатҳои офшорӣ аст, дар формати пойгоҳи ҷустуҷӯӣ онлайн нашр шуд: offshoreleaks.icij.org.
Фармондеҳии низомии Сурия эълон кард, ки низоми оташбас дар шаҳри Ҳалаб ва ноҳияҳои наздики он аз 10 май 48 соати дигар тамдид мешавад.