DataLife Engine > Чахон, Сиёсат > Интихоботи Президенти Ӯзбекистон 24 октябри соли 2021 доир мегардад

Интихоботи Президенти Ӯзбекистон 24 октябри соли 2021 доир мегардад


3-02-2021, 16:25. Разместил: orifi Интихоботи Президенти Ӯзбекистон 24 октябри соли 2021 доир мегардадИнтихоботи навбатии Президенти Ӯзбекистон 24 октябри соли 2021 доир мегардад. Дар ин бора 2 феврал ТАСС бо истинод ба муовини аввали раиси Палатаи қонунгузор (палатаи поён)-и парламенти Ӯзбекистон Акмал Саидов хабар дод.

«Тибқи лоиҳаи қонуне, ки Палатаи қонунгузор омода кардааст, интихоботи навбатии президентӣ на рӯзи якшанбеи даҳаи сеюми моҳи декабри соли 2021, балки 24 октябри соли равон доир мегардад. Интизор меравад, ки 5 феврал лоиҳаи қонуне, ки Палатаи қонунгузор омода кардааст, аз ҷониби Сенати (палатаи болоӣ — тавзеҳи ТАСС) парламент тасдиқ карда шавад», — гуфтааст А.Саидов.
Вернуться назад