DataLife Engine > Точикистон, Маориф ва илм > Инсон ва ҳамсуҳбати хуб буд

Инсон ва ҳамсуҳбати хуб буд


5-06-2020, 13:06. Разместил: orifi Инсон ва ҳамсуҳбати хуб буд
Мӯсо Асозода, таҳлилгари тоҷик ва сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсӣ, яке аз фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аллакай ду ҳафта шуд, ки бо аҳли хонавода, бо пайвандон, ҳамкорон ва бо мо нест. ӯ дар рӯзҳои авҷи ташвишҳои пешомада аз хуруҷи бемории коронавирус ин ҷаҳон ва моро тарк кард. Хабари марги ин марди ба бисёриҳо ошно, ҳамзамон ва дар радифи номи дигар қурбониёни бемории илтиҳоби шуш рӯзи 21 май паҳн шуд ва духтурон гуфтанд, аз дарди пневмония даргузашт.
Мӯсо Асозода, аз ҷумлаи чанд нафари башумор дар сафҳои ҲХДТ буд, ки дар маҷлису семинарҳо ва дар гуфтугӯ бо хабарнигорони ҳамаи воситаҳои ахбори омма бемуҳобот, беибо, бо далел гап мезад ва ба мусоҳибону дӯсторони баҳсҳо ҷавоби қотеъ медод. Бо ин хислати худ ӯ аз бисёриҳо фарқ мекард ва дар маҳфилҳои сиёсӣ мегуфтанд, Мӯсо рӯҳияи баланди демократӣ дорад ва бо ин омодагии зеҳнӣ барои мубоҳисаи мустақим бо рақибони сиёсӣ фарқмекунад. Вай дар ҳақиқат, озодона андешаҳои худро доир ба ҳар гуна мавзӯъҳои марбути рӯз баён карда метавонист.
Мӯсо Асозода дар вазифаҳои гуногуни ҳизбӣ кор кардааст ва чи дар даврони сардори дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва чи дар вазифаи Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе будан, ин хислати худро гум накард, балки ҳамеша меъёри хушбаёнию бо далел гап заданро бо худ дошт.
ӯ дар муддати 10 соли ахири умр, ки сарварии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №88-и ноҳияи Синои шаҳри Душанберо ба уҳда дошт, низ дар маҷлисҳо иштирок ва дар шарҳи мавзӯъ ва масъалаҳои мавриди баҳс чун дар гузашта фаъол буд.Мавсуф дар маҳфилу ҷамъомадҳо чун раиси Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи мустақили электронӣ ва гоҳе ҳамчун узви Шӯрои ҷамъиятиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзид.
Лозим ба зикр аст, ки Мӯсо бародари адабиётшинос, профессор устод Худойназар Асозода буд, ки низбо андешаи озод ва мустақил аз дигарон фарқ мекард.
Дар мавриди шарҳи ҳоли Мӯсо ҳамчун як фаъоли ҳизб ва шахсияти сиёсиву ҷамъиятӣ метавон илова кард, кипарвардаи даврони Иттиҳоди Шӯравӣ буда, мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Душанберо хатм ва дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Пас аз бозгашт аз артиш, дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) таҳсил намуда, ба монанди бисёре аз ҷавонони соҳибмаълумот як муддат дар Афѓонистон кор карда буд. Пас аз бозгашт, дар муассисаҳои гуногун,аз ҷумла вазоратхонаҳо машѓули кор буд. Соли 1998 ба дастгоҳи КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба кор гузашта, роҳбарии бахши байналмилалӣ ва робита бо созмонҳои ҷамъиятиро бар уҳда дошт. ӯ дар ҳар ҷо ва дар ҳар вазифае, ки буд, бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ба кор мепардохт.
Бесабаб нест, ки дар яке аз мусоҳибаҳояш корро беҳтарин ҳолати тафреҳ, эътибори зиндагӣ дониста, афзуд, ки ҳамеша мекӯшад,набзи замонро дарк кунад, бо мардум ҳамзабону ҳаммаром бошад.
Боз орзуяш ин буд, ки дар кишварамон доим осмони софу муҳити ҳамдигафаҳмӣ ва осоиштагиву сулҳ дошта бошем. Ҳар нафаре аз мо бо эҳсоси баланди шаҳрвандӣ, худро шаҳрванди озоди Тоҷикистон донем, вақте ба берун аз кишварамон сафар мекунем,эътимод ба он дошта бошем, ки ватани орому ободи худро дорем.
Дар суҳбатҳояш такя ба ҷавонон мекард ва мегуфт: «Ҷавонон ояндаи мамлакати мо мебошанд. Шумо, ҷавононе мебошед, ки дар солҳои истиқлолияти кишварамон ба воя расидаед. Истиқлолият сухани ширин барои халқи мост, ки ҳамеша барои истиқлолият мубориза мебурд. Ва ин озодиро мо дар соли 1991 ба даст овардем. Мехоҳам, ки ҷавонони мо ин озодиро эҳсос ва қадр кунанд».
Мӯсо сарфи назар аз ҷои кору мақомаш дар маҷлисҳо ҳамеша дар раёсат буд, ки инро ҳам метавон як нишонаи эътибору ҷойгоҳаш дар ҷомеа арзёбӣ кард. Дар рӯзҳои пас аз маргаш иштироку суҳбатҳояш дар яке аз ҷаласаҳои сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ, ки дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, ёдам омад. Дар ин ҷаласа ӯ барандаи маҷлис буд ва ҳама, аз ҷумла мақомоти шаҳр ба ӯ «устод» гӯён муроҷиат мекарданд.
Пас аз ин маҷлис суҳбати кӯтоҳе доштем, ки мазмунаш ин буд:
«Онҳое, ки мегӯянд, мо гуноҳ надорем, сахт хато мекунанд. Бе гуноҳу пок танҳо Худоест, ки моро офарид. Бадтарин чиз ин аст, ки вақте одамеро фиреб медиҳем. Бехабар аз он ки ҳамон фиребгар ҳам гунаҳор аст ва ӯ пеш аз дигарон худро фиреб медиҳад. Дар зиндагӣ зиёд кӯшиш мекунам, ки аз чунин гунаҳкорон набошам».
Солеҳ Юсуфов

Вернуться назад