DataLife Engine > Чавонон > Шиносоӣ аз осори гузаштагон

Шиносоӣ аз осори гузаштагон


8-04-2019, 11:21. Разместил: orifi Бо мақсади огоҳии ҷавонон аз таъриху маънавиёт баланд бардоштани завқи китобхонӣ рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ, шинохти осори арзишманди адибону шоирон ва ба ин васила баланд бардоштани њиссї ватандўстиву ватанпарастӣ ва худшинонсиву худогоњии миллӣ субҳи имрӯз дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар доираи солҳои 2019-2021 њамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»,ба муносибати Рӯзи пойтахт ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон сайри ҷавонон – аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро аз Осорхонаю Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир намуд.
Ҳангоми боздид ҷавонон аз осори ниёгон, бозёфтҳои куҳани ҳунарҳои миллӣ, амсоли кулолгарӣ, заргарӣ, дуредгарӣ ва ғайраҳо шиносои пайдо карданд. Ҳамзамон, ҷавонон аз Китобхонаи электронӣ ва китобҳои арзишманди Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошноӣ пайдо намуданд.Шиносоӣ аз осори гузаштагон
Вернуться назад