DataLife Engine > Хабари руз > Академияи сайёҳии Анталия ба омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард

Академияи сайёҳии Анталия ба омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард


3-04-2019, 09:12. Разместил: admin Академияи сайёҳии Анталия ба омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард Масъалаҳои омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ ва такмили ихтисоси онҳо дар мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо Ректори Академияи сайёҳии Анталияи Туркия Зафер Биккеноглу мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар додаанд, ба Ректори Акадамияи сайёҳии Анталия оид ба зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон, ислоҳоти соҳа, аз қабили ҷорӣ гардидани низоми электронии раводид, имтиёзҳои андозию гумрукӣ, рушди инфрасохтор, тарзу усулҳои омодасозии кадрҳои соҳа, талабот ба мутахассисони соҳаи сайёҳӣ маълумот дода шуд.

Зафер Биккеноглу ба иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар самтҳои сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ мароқ зоҳир намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти ба роҳ мондани хизматрасониҳои сатҳи байналмилалӣ дар иншооти инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон изҳор намуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар марҳилаи аввал такмили ихтисоси кормандони соҳа дар самтҳои «Маъмури меҳмонхона», «Маъмури тарабхона» ва «Меҳмоннавозӣ» амалӣ карда шуда, минбаъд масъалаҳои таъсиси Маркази муштаракаи омузишӣ матраҳ карда мешаванд.
Вернуться назад