DataLife Engine > Президент > Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков


29-12-2018, 09:16. Разместил: admin Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков
28.12.2018 16:09, шаҳри Душанбе
28 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони давлатҳо ҳамдигарро ба муносибати фарорасии Соли нав табрику таҳният гуфта, ба унвони мардуми ду кишвар табодули таманниёти нек намуданд.

Таъкид гардид, ки дар соли сипаришуда ҳамгироии дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои мухталиф дар маҷрои мусбат рушд кард.

Дар ин замина аҳамияти татбиқи мунтазами тавофуқҳое, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон моҳи феврали соли равон, инчунин дар дигар вохӯриҳои кории роҳбарони ду давлат ба миён омадаанд, зикр гардид.

Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон доир ба талошҳои муштараки минбаъда дар самти татбиқи амалии иқтидори бузурги созандаи муносибатҳои дӯстона, ҳамҷавории нек ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қирғизистон ибрози андеша намуданд.

Зимни суҳбат ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Суҳбати телефонӣ дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Вернуться назад