DataLife Engine > Точикистон > ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст


30-03-2018, 08:59. Разместил: admin
ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Март 30, 2018 08:27

ДУШАНБЕ, 30.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст.

Имрӯз, 30 март дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 20-25 м дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 1-4 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 8-13 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шабона дар водиҳо 8-13 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 8-10 ва рӯзона 27-29 дараҷа гарм мешавад.


Вернуться назад