DataLife Engine > Тандурусти > Чорабинии касбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парҳез”

Чорабинии касбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парҳез”


21-08-2017, 10:09. Разместил: orifi    Чорабинии касбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парҳез”
Ба муносибати 26-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парҳез” чорабинии идона таҳти унвони “Солимии ҷомеа –арзиши бебаҳои истиқлолият” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Ғайбулло Раҳимов – сартабиби Беморхонаи сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе, Назира Азимова – намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Нафиса Расулова – собиқ корманди Бемористон, Раҳматов Николай Александрович – профессори кафедраи сироятии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, мутахассисони ҷавон ва кормандони бемористон иштирок намуданд.
Нахуст Ғайбулло Раҳимов – сартабиби Беморхонаи сироятии кӯдакона ишаҳри Душанбе чорабиниро ифтиттоҳ намуд.
Сипас Назира Азимова – намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар назди ҳозирин баромад карда қайд намуд, ки дар ҷомеаи муосир қадр ва манзалати табибон баланд аст, зеро онҳо маҳз онҳо барпокунандаи ҷомеаи солиманд.
Дар фарҷоми чорабини дастовардҳои тиббии Бемористон намоиш дода шуд. Ҳамчунин барои болидахотирии мутахассисони ҷавон, ки ба ҷавониашон нигоҳ накарда корҳову хизматҳои назаррас он доданд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Вернуться назад