DataLife Engine > --- > Мулоқот бо аҳолӣ

Мулоқот бо аҳолӣ


20-06-2017, 09:53. Разместил: orifi Мулоқот бо аҳолӣ
ЗАФАРОБОД. Имрӯзҳо бо мақсади тарғиби 20-солагии Рӯзи «Ваҳдати миллӣ» дар қаламрави ноҳия, ҷамоати Зафаробод, Қасри фарҳанги ноҳия, бозори «Бадахшон», ҷамоати Меҳнатобод, Коллеҷи омӯзгорӣ, гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мардуми ноҳия вохӯрию мулоқотҳо доир гардид. Дар вохӯрӣ Роҳбари гурӯҳ Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Низомов Хуршед, Раиси Ассотсиатсияи энергетикони Тоҷикистон Ҳоҷаева Уғулой, декани факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Маҳмудова Назира, Раиси ноҳияи Зафаробод Зиёзода Сулаймон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Зафаробод Ашӯров Раҷаббой иштирок намуданд. Зимни ин вохӯрию мулоқотҳо баромадкунандагон дар бораи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ гуфтугузор намуданд.


Вернуться назад