DataLife Engine > Точикистон, Чорабинихои ХХДТ > Маҷлиси Шӯрои собиқадорон

Маҷлиси Шӯрои собиқадорон


17-03-2016, 12:07. Разместил: admin Маҷлиси Шӯрои собиқадоронДар китобхонаи марказии шаҳри Норак маҷлиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид. Маҷлисро Раиси Шӯрои собиқадорони назди Комиҷроияи шаҳрӣ Шомаҳмад Собиров кушода, оиди дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, вазъи ҷаҳони имрӯза суханронӣ намуд.

Аъзоёни Шӯро Иброҳимова Тоҳира, Шарипова Садбарг, Азизов Амонқул, Раҳимов Абдухалил дар бораи сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи давлату ҳукумат, пешрафти тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар, оиди роҳҳои пешгирӣ намудани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккил, мубориза бо терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ибрози назар карданд.

Инчунин онҳо роҷеъ ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

Аъзои Шӯро Равшанов Исматулло оиди дастовардҳои имрӯзаи кишварамон дар тӯли 25 соли истиқлолият, ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат, ҳадафҳои стратегии кишвар идома дода, сипас аз ашъори тозанашраш порчаҳои шеърӣ, ки ба Ватан, Тоҷикистон, Пешвои миллат бахшида буданд, қироат намуд. Мавсуф ба китобхонаи марказии шаҳр китоби тозанашрашро, ки бо номи “Сафои субҳ” ба табъ расидааст, тақдим намуд.

Аъзоёни Шӯро иброз доштанд, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми босазои худро мегузоранд.

Вернуться назад