Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХУРШЕДИ ВАҲДАТ

ХУРШЕДИ ВАҲДАТ

24-06-2021, 14:14
Хабарро хонданд: 107 нафар
Назарҳо: 0
ХУРШЕДИ ВАҲДАТ
Неъмати бегазанд ва пурфайзу баракати илоҳӣ баъдиҷанги таҳмилшудаи шаҳрвандӣ дар 27-уми июни соли 1997 бо номи сулҳ ва ё Ваҳдати миллӣ насиби халқи тоҷик гардид. Сулҳ паёми осмонӣ ва иршоди илоҳӣ буда, хушбахтиву саодатмандиро барои башарият таъмин менамояд. Вожаи Ваҳдати миллӣ моҳиятан маънои тоза ва навро фарогир гашт. Таҷассумгари ормонҳои мардумӣ ва рамзи уҳуввату якдигарфаҳмиро дар худ фароҳам сохт. Андеша ва ормонҳои худшиносии миллӣ ва худогоҳии имониро дар қалбҳо эҷод намуд. Алорағми ҳамагуна афкори ботил, андешаи носавоб ва кинатузиву ватанзудоии мухолифони миллати тоҷик офтоби Ваҳдати миллӣ андар осмони кишвари Тоҷикистон нурафшон гардид. Оштӣ ва Ваҳдати миллӣ ягона роҳи ҳалли муноқиша аз ҷангу размандагӣ пазируфта шуд.
Ҷанги таҳмилшудаи соли 1992-юми мелодӣ ҷони ҳазорон ҷавонмардон ва ҳамватанони гиромиро аз олами ҳастӣ ба коми нестӣ фурӯ бурд. Ҳазорон модарону хоҳарон ва кӯдакону мӯйсафедон бо амри тақдир тарки манзил ва диёр намуданд. Қатлу куштор, ғорату роҳзанӣ, бераҳмию беинсофӣ ва қиматию нодорӣ, фақру гуруснагӣ авҷ мегирифт. Ҳамзабону ҳамдин бадгумону дар қатли якдигар камар баста буданд. Уламо хору донишмандон овора гардиданд. Ба ҷойи ашки шодӣ аз чашми модарон ашки дарду ғам ва навмедиву хун метаровид:
Зи ишқи модарони лола гулгун,
Зи дарди хоҳарони дида дар хун,
Сари шаб то саҳар дил пора кардам,
Ба ҷисми навҷавонони кафангум.

Ин манзараи риққатовари дарднок мардумро ба биёбони яъсу ноумедӣ кашида, умед бар ояндаи дурахшонро ба боди фано дода буд.
Хавфи аз байн рафтан ва пора шудани кишвар ба пуррагӣ эҳсос мегашт. Истиқлолияти кишвар дар арсаи заволёбӣ қарор гирифта буд:
Ҷигар сад пора, тан оғуштаи хун,
Ҳазорон лола дар каф ҷомаи хун.
Зи марги гулрухони тоҷиконам,
Ватан вайрона, дил оғӯштаи хун.


Баъзе аз сардамдорони вақт, ки ҳамон замон масъули ҳаёти осоишта ва боҳамоии миллат буданд, аз чи бошад, ки хомӯширо шеваи худ сохта ва қисмате чун парандагони мавсимӣ фирорӣ гаштанд. Дар чунин шароити мураккаб ва сарнавиштсози таърихӣ барои миллати мутаддаини тоҷик, ки пайкараи вуҷуди худро захмин ва пурҷароҳат карда буд, табибони ҳозиқ чун Бӯалӣ ва Розӣ зарур буд.
Зарурияти пешгирӣ ва хомӯш намудани оташи ҷанги ҳамдигаркушӣ барои соҳибхирадон аҳамияти хоса касб мекард. Андешаи ҳамдигарфаҳмӣ, авф, гузашт аз гуноҳи якдигар, сабру суботпазирӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ағёршиносӣ, сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ, якпорчагии кишвар андар ақли солим ва ҷисми солим эҷод гашт.Иддае аз фарзандони баору номуси ватанхоҳ ҷон дар кафи даст ба хотири баҳамоиву иттиҳоду якпорчагии давлат ва миллат рӯ ба сӯи сангарҳои хунини ду ҷониб шитофтанд. Аввалин ҳарфу ҳиҷои сулҳ аз ҷониби ин фарзонагони миллат зери сарварии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии кишвар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ба само печид. Ташнагони сулҳу оштӣ, ки дар ҳарду сангар дар муқобили яъсу навмедӣ истодагарӣ мекарданд, бо гӯши ҷон ин садоро шунида, сӯи ин садои рӯҳнавоз шитофтанд. Иддаи дигар бошад, зери васвоси сароби орзуҳои хунин бо силоҳшӯрҳои гумроҳгаштаи бозичаи дасти аҷнабиёнгардида дар муқобили модари хунин кафани хеш дар муқовимат буданд. Аммо ростиву поктинатӣ боимониву миллатсозӣ ва ватанхоҳии роҳбари тозаинтихоби кишвар марҳаме бар ҷароҳати мардумон гардид. Ҳамакнун, хуршеди бахту иқболи мардум аз пушти тираабрҳои ниқору кина бурун гардида, бар торикиҳои қалбҳои дардошно нуру сафо бахшид. Ҳамагон дар сурати ин ҳодӣ ва мунодии сулҳу якпорчагӣ ғамхору ғамшарики хешро дарёфтанд. Ва ин хирадманди ватанхоҳу кишваркушо нахустгомҳои созандаашро дар роҳи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ гузошт.
Аз худ гузаштану худро дарёфтан…

Пешвои муаззами миллат–Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин родмардони ватанхоҳ буд, ки ҳамчун раҳбар ва Пешвои миллат андешаи гузашт намудан ва бахшишу таҳаммулпазириро шеваи худ сохт. Ва барои роҳҳои ҳалли муноқиша ва хомӯш намудани оташи ҷанги ҳамдигаркушӣ камари ҳиммат баст. Ва баён дошт, ки барои ба даст овардани сулҳу таъмини оромии кишвар ҷони худро дареғ нахоҳад дошт. Иродаи матин, саъю талош ва неруву имондории комил Президенти кишварро сарбаланду сарфароз ва арҷманд гардонид. Парчамбардори андешаи оштӣ ва Ваҳдати миллӣ гардид ва дар ин бахш донишмандону таърихнависонро зарур аст, ки ба фаъолият ва зиндагиномаи Пешвои муаззами миллат –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои дурусти илмӣ ва таърихӣ бидиҳанд. Зеро аз худ гузаштан ва худро дарёфтан то кунун ба таври саҳеҳ инъикоси хешро андар китобҳои таърихӣ дарнаёфтааст. Ва дар ин ришта ковишҳои илмӣ саъю талоши бештар ва ҷиддиро аз донишмандон тақозо мекунад.
Бо лутфу марҳамати Худованд Роҳбари тозаинтихобу ҷавони кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷониби муқобилро ба сулҳу салоҳ ва оташбаси абадӣ даъват кард, ҳарчанд ки монеаҳо, мушкилот ва нофаҳмиҳо хеле зиёд ва фазои сиёсии кишвар ноором буд. Сӯиқасд ба ҷони донишмандон ва уламои кишвар зиёд мегашт. Одамрабоӣ ва гаравгонгирӣ авҷ мегирифт. Ағёрҳои миллати тоҷик дар ҳеҷ ҳолат намехостанд, ки байни бародарони тоҷик якдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботи ҷомеа дастболо гардад. Бад-ин хотир, интишор ва истифодаи хабарҳои бардурӯғи иғвоангез аз тариқи расонаҳои хориҷӣ андар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа бо ҳар роҳу восита пурзӯр мегардид. Пирзолҳои сиёсии пасипардагӣ тибқи нақшаипешакӣ тарҳрезишудаи худ болои сӯхта намакоб мерехтанд.
Ва дар чунин шароити тақдирсоз барои ҳастии миллат ва халқи тоҷик ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ барои ҳар фард омили асосии бақои миллат ва сулҳу суботи ҷомеа буд. Пешвои муаззами миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарнавишти марзу буми аҷдодӣ ва тақдири миллати хеш камари ҳиммат баст.Ончунон, ки Мавлоно Иқболи Лоҳурӣ фармуда:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Бад-он миллатсару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.


Ниҳоят он рӯзи деринтизор фаро расид.Худованди бахшандаву меҳрубон бар гӯши ҷонҳо муждаи сулҳ овард.
Пайк ва паёми дӯстӣ қалби ҳазорон бошандагони кишвар ва муҳоҷиронро лабрези нуру сафо гардонд. Дар баробари ин, баъзе атрофиёни роҳбарияти Иттиҳоди неруҳои мухолифини кишвар дудилагӣ мекарданд. Ба ояндаи сулҳи оғозгашта боварӣ надоштанд, балки билкул мухолиф буданд. Аммо роҳбарияти комиссиюни оштии миллӣ барои ба даст овардани сулҳ ноумедиро ба худ роҳ намедод ва ягона роҳи наҷот ва хушбахтии муҳоҷиринро на дар ҷанг, балки дар ба даст овардани сулҳ ва оштии миллӣ медонист. Пайваста ин ҷумларо вирди забон мекард: «Мо бо сулҳу салоҳ ба Ватан хоҳем баргашт. Ва набояд ин таъбири мардумиро фаромӯш сохт, ки «Гадоӣ дар Ватан, шоҳӣ ғарибӣ».
Робитае, ки мусалмонро бо бародари мусалмонаш мепайвандад, ин робита ва алоқаи имон доштан ба Аллоҳ таъоло мебошад. Яъне «ҳамоно муъминон бародари якдигаранд». Аз ҳамин лиҳоз, ки муъминон бародари якдигаранд, фарди мусалмон ҳуқуқҳои бародари мусалмонашро мебояд, эҳтиром гузорад ва даст ба қатлу ғорат назанад. Зеро дар ҳолати вайрон шудани ин аҳди инсонӣасосии мусалмонӣ, ки бародарӣ мебошад, осебпазир гардида, бинои сулҳу оштӣ валангор мегардад. Дар асоси инаҳди Қуръонӣ фарди мусалмон ҷонибдори бехатарӣ ва амнияти бародари худ мебояд бошад. Ана ҳамин таъбири саропо пур аз панди рӯзгор сангрезаи зербинои сулҳу оштии миллиро гузошт.
Таъсиси комиссиюни Оштии миллӣ

Бо дарки баландимасъулият аз ҷониби Ҳукумат бо супориши Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҷониби дигар бо роҳбарии намояндагони Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик ва кишварҳои кафили сулҳ ҳайати комиссиюни Оштии миллӣ таъсис дода шуд.
Маҳз дар пояи ҳамин ақоид «Мо бо ҳам бародарем»,хишти аввалини Оштии миллӣ гузошта шуд. Ҳарчанд ки аз ҳарду ҷониб буданд нафароне, ки бо қарордоди Ризоияти миллӣ ва сулҳу оштӣ бо назари шубҳа аз пушти пардаҳои сиёҳи пур аз дудаи ҷангу хун назар мекарданд.
Шояд ҳамин шаку шубҳаҳо буда бошад, ки аз ду ҷониб намояндагони сулҳу оштӣ ба дурнамои сулҳ он қадар бовар надоштанд, вале иродаи қавии миллатдӯстиву ватанхоҳии Роҳбари ҷавони тозаинтихоби кишвар Пешвои муаззами миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро водор намуд, ки силоҳ бар замин гузошта, дар талоши сулҳу оштӣ бошанд. Ана ҳамин тавр,аз рӯзи аввали фаъолияти кориаш Пешвои муаззам дар мақоми Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон будан, хишти аввалин кохи бегазанди истиқрори сулҳу якпорчагии миллатро гузошт. Ҳамин иқдоми сулҳофарии Пешворо аз аҳли калом ва қалами кишвар аввалин шуда, устоди зиндаёд шоири шаҳири миллат Ашӯр Сафар таърихи 26- ноябри соли 1992 муборакбод гуфта, бо боварӣ ба фардои нек мақдами нахустини сулҳофарии Пешвои муаззамро бо муҳаббат ва самимияти зиёд чунин рӯи саҳфа овардааст:
Ҷомаи сулҳ ба тан омадаӣ,
Ба даҳан қанди сухан омадаӣ,
Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо?
Сар-сари дидаи ман омадаӣ.
Ин қадар ҷома туро зеб диҳад,
Ба рухат акси рухи себ диҳад.
Ба нигоҳам қадамат гулбез аст,
Дар бағал боғу чаман омадаӣ.

Ҷомаи тоза муборак бошад,
Ҳусни шероза муборак бошад.
Раҳи пурнур дар он метобад,
Зи раҳи нурфикан омадаӣ.

Ба ҳамин ҷома дигар банд миён,
Ҷомаро дор нигоҳу мадарон.
Сари ҳар риштаву кӯкаш бахт аст,
Бахт дар бар ба Ватан омадаӣ.

Тирамаҳ ранги баҳорон бигирифт.
Зиндагӣ аз сари нав ҷон бигирифт,
Оби ҷӯ соф шуд аз хуноба,
Марҳами реши бадан омадаӣ.

Ва ин муборакбодии шоири зиндаёди шаҳири миллат ниҳоли умеду ормонҳои қариб хазонгардидаи миллатро нашъу нуму бахшид. Бар қалбҳои ҳазин неруву тавонмандӣ ато намуда, мардумро дар атрофи ин абармарди таърихи навини миллат муттаҳид сохт. Ва шояд ҳамин дуои устод буд, ки қанди сухани Пешво ширинӣ ба коми мардуми хастаҷону хастадил овард.
Ва муколамаву гуфтугӯҳо оғоз гардид. Роҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифин раиси комиссияи оштии миллӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар симои Эмомалӣ Раҳмон на рақиб, балки муҳиби кишвар ва мардуми хешро дарёфт. Шефтаи далерӣ, баландҳимматӣ ва таҳаммулпазирию дурандешии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон гашт. Дар симои ин абармарди таърихи навини миллат роҳкушоеро дарёфт, ки дар сиёсат ва дурандешӣ болотар аз шунидааш буд.
Пеш аз ҳама, ҳамдинӣ, ҳаммазҳабӣ ва ҳамзабонии ду раҳбари хирадманд омили асосии Ваҳдати миллӣ гардид. Фитратан қалбҳои онон майли сулҳу оромӣ доштанд, аммо монеаҳо сангин ва душвор буд. Ҷавҳари азалӣ ва иродаи илоҳӣ Пешвои муаззами миллат -Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нуриро ҳамчун бародари имонӣ ба ҳам наздик кард ва онҳо якдигарро ба дурустӣ ва хубӣ дарк намуданд ва якдигарро фаҳмиданд. Ҳама мардуми мусалмони тоҷик, ки дар чаҳорчӯбаи аҳкоми шариат ҳанафимазҳаб буда, ба ҳамин васила, Худованд бори дигар неъмати раҳмат ва баракаташро ба рӯйи миллати тоҷик фароҳам овард.
Коршиносон ва таҳлилгарони сулҳи тоҷиконро зарур аст, ки на аз нигоҳи таассуб, балки бо муҳаббати ватандорӣ асрори сулҳро мавриди омӯзишқарор диҳанд.
Ва ҳамон гуруҳҳои васвосии тундгарои исломие, ки миёни мардуми бедониш ва сустирода таблиғоти бардурӯғи мазҳабӣ мебурданд, оқибат шарманда гардида, роҳи гурезро интихоб намуданд. Конфронсу симпозиумҳои фарҳангӣ, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар саросари кишвар гузаронида мешуд, эътибори давлат ва роҳбариятионро афзун намуда, Тоҷикистонро дар ақсои олам ва ҷаҳони ислом соҳибэътибор намуд. Ҳама мардуми мусалмони тоҷик зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама арзишҳои милливу мусалмонии хеш пуштибонӣ намуда, ба ҷаҳониён собит намуданд, ки Тоҷикистон дар қораи Осиё ягона кишвари мусалмоннишини амнтарин буда, арзишҳои мусалмононии онҳо аз ҷониби давлат ва Ҳукумат ҳамеша пуштибонӣ меёбанд, ин мусалмонпаноҳӣ ва поктинатии Пешвои муаззами миллат эътиборашро миёни ҳама қишрҳо ва ҷомеаи башарӣзиёд намуда, аксари кулли муҳоҷирони иҷборие, ки аз Афғонистон ва Эрон баргаштанд, бо муҳаббат ва самимияти зиёд ба Ҳукумат пайвастанд. Ҳол он ки иддае аз ин кӯрдилони нотавонбин, ҳанӯз аз сангарҳои ниқору кинасанг бар пои миллати худ мезананд. Вале муҳаббати ватандорӣ ва ватанхоҳии мардумро наметавонанд, ки коста намоянд. Ин омили оштии миллӣ сулҳи тоҷиконро неруву тавонмандӣ бахшида, эътибори мардумӣ будани давлат ва ҳукуматро миёни мардум даҳчанду садчанд намуд. Ҳамин омилҳои баҳамоии миллӣ кори комиссиюни оштии миллиро ҷоннок намуда, дар як муддати начандон дарози таърихӣ сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор гардид ва иттиҳоду якпорчагии миллат силоҳи боэътимоди осоиштагӣ пазируфта шуд. Ҳар тардомане, ки иҳонат ба сулҳу якпорчагии миллат намуд, ба лаънати Худованд гирифтор шуда, ломакон гардид.
Комиссиюни Оштии миллӣ зери сарпарастии Президенти маҳбуби кишвар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамари хешро ҷамъбаст намуда, миллатро бо ҳам оварда, иттиҳоду якпорчагиродар саросари кишвар таъмин намуд. Ҳазорон нафар гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан баргашта, дар қатори ёрону бародарони хеш дар хидмати Ватан –модар камар бубастанд. Суруди ҷовидонии Ваҳдати миллӣ инак бисту чаҳор сол боз дар саросари кишвар танинандоз гардид. Ва таърихи 27 июни соли 1997 ҳамчун рӯзи боҳамоии миллӣ ва давлатсозии навини тоҷикон бо номи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар бо як тантанаи пурарзиши миллӣ табдил гардида, ҳама бошандагони кишвар новобаста аз мавқеъ ва мақоми сиёсиву иҷтимоӣ ва милливумазҳабӣ ин рӯзи сайидро ҷашн мегиранд. Ҳама ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар паҳлу ба паҳлу зери ҳидоятҳои ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори як ҷомеаи фарҳангии мардумсолори саҳмгузори ободии кишвар мебошанд.
Ҳама қишрҳои ҷомеаи фарҳангсолори раъиятпарвари тоҷик иттиҳод ва сулҳу якпорчагии миллатро дар баҳои хону мони хеш чун гавҳараки чашм эҳтиром гузошта, ин рӯзро чун тантанаи миллӣ арҷ мегузоранд. Хуршеди ваҳдат, ки бо нури поку муҷаллояш бар торикистони қалбҳои нобоварон нури умед бахшидааст, самои поки кишварро ҳазорранг намуда, марҳаме бар ҷароҳатҳои соликони пайраҳаи Пешво гардидааст. Шоири ширинкаломи зиндаёди тоҷик яке аз соликони роҳи пурифтихори Пешво Алишери Муҳаммадӣ, ки саропояш сипосу ҳамди Ваҳдати миллӣ буд, хеле хуб фармуда:
Мо бар варақи санг навиштем зи Ваҳдат,
Мо бо қалами нанг навиштем зи Ваҳдат.
Бо хуни шаҳидону ҳам аз ашки ятимон,
Ҳамсанги сад «Аржанг» навиштем зи Ваҳдат.

Маро ба ҳам он ягона Яздон овард,
Моро ба ҳам арвоҳи шаҳидон овард,
Аз як тараф ар хандаи Иқбол мадад кард,
Аз сӯи дигар дидаи гирён овард.

Поси шарафу шукуҳи инсон- Ваҳдат,
Хушнудии арвоҳи шаҳидон – Ваҳдат.
Таскини дили ватанпарасон –Ваҳдат,
Армони шаҳидону ятимон – Ваҳдат.

Нақше зи худогоҳии инсон – Ваҳдат,
Дарсе зи дилогоҳии инсон –Ваҳдат.
Дар дафтари рӯзгор сабт аст чунин,
Рамзе зи худогоҳии инсон –Ваҳдат.

Ҳамин пораи пур аз муҳаббату садоқате, ки шоири зиндаёди тоҷик бо тапиданҳои ноороми қалби саршор аз меҳри ватангароияш рӯи саҳфа овардааст, гувоҳи он аст, ки ҳама мардуми кишвар аз иқдомҳои сулҳхоҳонаи Пешвои муаззами миллат пуштибонӣ намуда, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ҷоннисор мебошанд.
Як омили бузурги баҳамоии миллат, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба миён омадааст, ин бахшандагиву меҳрубонӣ дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ватанхоҳиву миллатдӯстӣ ва созандагиву ғамшарики мардумбудани Пешво дар ҳама рӯзҳои сахти миллат эътибори ӯро миёни мардум хеле баланд бардошта, тамоми пиру барнои кишвар дар симои поки ӯ наҷотбахши кишвар ва миллатро мебинанд. Дар тӯли даҳ соли охири тантанаҳои Ваҳдати миллӣ, ин ҷашн бо шукӯҳи хосаи милливу имонӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар ҷашн гирифта мешавад. Ҳама роҳбарияти мақомоти идории қаламрави кишвар зери роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ин ҷашни бошукӯҳи миллиро дар рӯҳияи иттиҳоду якпорчагӣ ҷашн гирифта, ба амалҳои созандаи Пешво пайравӣ менамоянд.Китоби хонданбоби миллат ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат буда, ин ҳидоятҳои созандаи муттаҳидсозии миллат дар қалби пурҳарорати миллионҳо ватанхоҳони кишвар бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардидаанд. Ҷавонон, ки неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишвар мебошанд, дар пайравӣ аз амалҳои созандаи ватанхоҳонаи Пешво ғояҳои иттиҳоду якпорчагӣ ва меҳанпарастиромиёни мардум таблиғ намуда, машъалафрӯзи фардои дурахшони кишвар мебошанд. Маҳз ташаббусҳои созандаи шаҳрдори ҷавони пойтахт Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии кишвар Рустами Эмомалӣ ҷавонони бонангу номуси ватанхоҳро бо ҳам ҷамъ оварда, дар пайравӣ аз амалҳои созандаи Пешво Душанбеи азизро ба як шаҳри ваҳдатсаро ва фарҳангофари қораи Осиё ҳамсонаш намудаанд. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо чорабиниҳои мутантани фарҳангӣ чанд моҳи охир эътибори фарҳангсолорӣ ва раъйиятпарварии давлат ва Ҳукумати кишварро зери роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат миёни мардум хеле афзун гардонида, шомилшавии насли нави ояндасози миллат бо ин ниҳоди пурэътибори кишвар нисбати як соли пеш сӣ дар сад боло рафтааст. Ин ҳама гувоҳи сиёсати фарҳангӣ ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буда, ниҳодҳои таълимӣ- таҳлилӣ ва иҷтимоии кишварро зарур аст, ки дар асоси дастури бевоситаи арконҳои ҳокимияти давлатӣ дар ин самт корро бештар ба роҳ монанд. То бинои муҳташами сулҳу ваҳдати миллӣ бегазанд бошад.
Ҷумъахони Темурзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: