Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАҲДАТ – САРЧАШМАИ САОДАТМАНДӢ

ВАҲДАТ – САРЧАШМАИ САОДАТМАНДӢ

24-06-2021, 14:07
Хабарро хонданд: 38 нафар
Назарҳо: 0
 ВАҲДАТ – САРЧАШМАИ САОДАТМАНДӢ

Ваҳдат калимаест, ки ба маъною оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват менамояд. Аз қадимулайём мардум барои орому осуда зиндагӣ кардан ва беҳбудии рӯзгор муттаҳидона умр ба сар мебурданд. Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он рӯз ба рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан рушд мекунад ва аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам фарҳангӣ пеш меравад.
Тақдири миллати тоҷик дар солҳои 1992-1994 ашки сари мижгонро мемонд. Ваҳшонияти он айёми нобасомон доѓе ба қалби пиру ҷавон гузошта, ба ҳар хонадон осори ғаму андӯҳ ниҳода буд.
Худованд ба оҳи модарон ва нолаҳои хоҳарон раҳм карда, шахсеро аз миёни халқ ба роҳбарӣ овард, ки ӯ тавонист ҳаёти осоиштаро барқарор намояд. Чун тулӯи офтобе, ки баъди чанд рӯзи боронҳои пай дар пай синаи абрҳоро шикофта берун мешавад, моҳи ноябри соли 1994 Роҳбари давлати тоҷикон ба уҳдаи шахсе вогузор гардид, ки нахустин суханаш «Ман ба шумо сулҳ меорам» буд. ӯ ин миллати парокандаву парешонро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват намуда, сулҳро дар кишвари тоҷикон барқарор қард. Маҳз бо саъю талош ва фидокорию қаҳрамониҳои беназири Сардори давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон яъсу ноумедии мардум аз ояндаи торики Ватан барҳам хӯрд.
Бо имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27-уми июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гашт.
Ваҳдати ҳақиқии миллӣ бидуни инкишофи тафаккури таърихӣ, худшиносии миллӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ, равнақу ривоҷи шуури миллӣ тасаввурнопазир аст. Маҳз бо кӯшишҳои пайвастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешоншуда сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ падидор аст. Дарвоқеъ, ин шахси ватандӯсту матинирода тавонист умеду орзуи деринтизори тоҷиконро ҷомаи амал пӯшонд. Ба шарофати сулҳу ваҳдат бисёр ҳамватанонамон, ки зодгоҳи худро тарк намуда буданд, дубора ба хонаҳои худ баргаштанд.
Боиси ифтихор ва мавриди ёдоварист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалбу дидаи хурду бузурги кишвар ҷой гирифтанд. Имрӯз бо ифтихор мегӯем, ки мо Президент дорем, Пешвои миллат дорем, Роҳбари давлат дорем, ки месазад бо самимияти хоса бо номи Президенти мардумӣ ном барем.
Дар дунё чандин миллатҳое арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон миллионҳо буда, дар орзуи доштани давлату давлатдорӣ азму талош мекунанд, ҳазорон нафарашон фидо шудаанд, аммо ватану давлат надоранд. Аз ин рӯ, мо бояд шукр кунем, ки мо чунин ватани азизу маҳбуб, ободу зебо дорем, ки биҳишти рӯи замин мебошад. Бояд ба қадри Пешвои миллат, ватану давлати худ бирасем ва ҳама чун як тан дар ободонии он саъю кӯшиш намоем. Имрӯз ҳамаи моро зарур аст, ки муҳаббат ва самимияти худро нисбат ба миллат, давлат ва сарзамини аҷдодии хеш нишон дода тавонем, аз ҳимояи ин хоки муқаддас, марзу буми хеш дар канор набошем ва ҳамеша ҷиҳати пойдории сулҳу субот кӯшиш намоем.
Дар ҷомеае, ки дар он сулҳу ваҳдат пойдор аст, ҳеҷ гоҳ дасти душман намерасад. Бо ифтихор гуфтан мумкин аст, ки Ваҳдати миллии тоҷикон, намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар ҷаҳон дониста шудааст. Беҳуда нест, ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро дар тамоми ҷаҳон меомӯзанд.
Мо дар фазои орому осудаи кишвари маҳбубамон, имрӯз мисли паррандаи озодбол ҳастем. Ҳар як фарди баору номуси тоҷик бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки Тоҷикистони азизи мо, аз имрӯза дида ободу зеботар бошад.

Муҳайё Норматова,
мутахассиси пешбари бахши
кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: