Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Владимир Путин: Россия ҳаргиз масъулияти худро барои амнияти кишварҳои ҳамсоя фаромӯш нахоҳад кард

Владимир Путин: Россия ҳаргиз масъулияти худро барои амнияти кишварҳои ҳамсоя фаромӯш нахоҳад кард

24-06-2021, 13:56
Хабарро хонданд: 48 нафар
Назарҳо: 0
Владимир Путин: Россия ҳаргиз масъулияти худро барои амнияти кишварҳои ҳамсоя фаромӯш нахоҳад кардРоссия ният дорад, ки минбаъд ҳам ба таҳкими сулҳ ва субот дар қора мусоидат кунад ва ҳаргиз масъулияти худро барои амният ва шукуфоии кишварҳои ҳамсоя фаромӯш нахоҳад кард. Дар ин бора 23 июн президенти Россия Владимир Путин зимни паёми видеоӣ ба иштирокчиён ва меҳмонони конфронси IX Москва оид ба амнияти байналмилалӣ изҳор намуд, иттилоъ медиҳад ТАСС.

«Россия ҳаргиз масъулияти бадӯшдоштаи худро барои амният ва шукуфоии кишварҳои ҳамсоя, ки моро бо онҳо робитаҳои костанашавандаи таърихӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ наздик месозанд, фаромӯш нахоҳад кард», — гуфт Владимир Путин.

Вай таъкид кард, ки ҳукуматдорони Россия ният доранд, минбаъд ҳам ба коҳиши шиддати низоъҳои минтақавӣ, таҳкими сулҳу субот дар қора мусоидат кунанд. Сарвари Россия ҳаллу фасли низоъҳои минтақавиро ҷанбаи муҳими таъмини амнияти ҷаҳонӣ номид. Россия фаъолона ба ин мусоидат мекунад, ишора кард ӯ.

Ҳамзамон Президенти Федератсияи Россия зикр кард, ки нооромии равандҳои геополитикӣ дар ҷаҳон зиёд мешаванд, бодхӯрдашавии (эрозияи) ҳуқуқҳои байналмилалӣ идома меёбад. «Мутаассифона, ҳоло сарфи назар аз баъзе ишораҳои мусбат, нооромии равандҳои геополитикӣ зиёд мешавад. Бодхӯрдашавии ҳуқуқи байналмилалӣ низ идома дорад. Кӯшишҳои истифодаи қувва барои таҳаққуқи манфиатҳои худ, таҳкими амнияти худ аз ҳисоби амнияти дигарон қатъ намешаванд», — афзуд роҳбари Россия.

-Россия наметавонад аз афзоиши иқтидори низомӣ ва инфрасохтори НАТО дар наздикии марзҳояш нигарон набошад, вале Москва интизор аст, ки ин паймон ташаббусҳои онро ҷиҳати коҳиши ташаннуҷ баррасӣ хоҳад кард, -изҳор кард Владимир Путин.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар гуна «қойидаҳои нави бозӣ» дар арсаи байналмилалӣ бояд таҳти сарпарастии СММ ташаккул ёбанд, то ин ки боиси ҳараҷумараҷ ва пайомадҳои пешгӯинашаванда нагарданд. «Аз лаҳзаи таъсисёбӣ маҳз СММ пойдевори низоми муносибатҳои байналмилалӣ буд ва мебошад. Вазифаи асосии ин ташкилоти бонуфуз ва аз ҷониби ҳама эътирофшуда — роҳ надодан ба муноқишаи ҷаҳонӣ, ҷанги нави ҷаҳонӣ мебошад», — таъкид дошт Президенти Федератсияи Россия.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: