Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳаёти ҳизб :Боздид аз ташкилотҳо чиро нишон дод?

Ҳаёти ҳизб :Боздид аз ташкилотҳо чиро нишон дод?

22-06-2021, 09:24
Хабарро хонданд: 39 нафар
Назарҳо: 0
Ҳаёти  ҳизб :Боздид аз ташкилотҳо чиро нишон дод?

Агар гўям, ки то ин вақт бо фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ асосан ба туфайли иштироки фаъолонаашон дар иҷрои барномаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинос будам, иштибоҳ намешавад. Аммо пас аз боздид ва ошносоии наздик бо кори ду ташкилоти ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бовар ҳосил кардам, ки кору пешбурди фаъолияти ҳизбӣ ҳамонгуна, ки дар иҷрои барномаҳои густурдаву оммавӣ мебинем, дар худи ин созмонҳо низ қобили таваҷҷуҳ ва шоистаи таҳсин аст.
Боздиди мо аз ташкилотҳои ибтидоӣ бо супориши идораи нашрияи «МХ»ва дар мувофиқа бо раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода амалӣ шуд. Мо ноҳияро худ интихоб кардем ва ҳеҷ фурсате барои пешопеш ва махсус тайёр кардани ин боздид набуд. Ташкилотҳоро низ бо салоҳдиди худ интихоб намудем. Зеро раиси КИ шаҳрии ҳизб дар ҳамон оғози суҳбат пешниҳод кард, ки мо худ интихоб кунем, ки ба куҷо меравем.
Баъди чанд лаҳза, бо роҳнамоии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷўрахонзода Ҷумахон ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҳомидзода Насим аз кумитаи шаҳрӣ баромадем.
- Агар розӣ бошед, аввал раисро як бинем, - пешниҳод кард Ҷ.
Ҷўрахонзода, вақте ки аз назди бинои ҳизб мегузаштем.
Раиси КИ ноҳияи Сомонӣ Насимҷон Расулзода дар маҳали кор буд ва пас аз фаҳмидани мақсади мо бо хушҳолӣ ба мо барори кор хост.
Дар ташкилоти ибтидоии «Амонат»

Пас аз фурсате мо вориди фазои кории ташкилоти ибтидоии ташкилоти «Амонат» воқеъ дар бинои асосии БДА ҶТ “Амонатбонк” шудем. Шаҳноз Исмоилова - муовини раиси ин ташкилот ва Баҳора Ибодова- котиби ташкилот дар утоқи тоза ва барҳавое, ки ба ин созмон тааллуқ дошт, ба мо дар бораи корубори ҳизбӣ маълумот доданд.
Аз мушоҳидаҳо маълум мешуд, ки ташкилот фақат барои намоиш кор намекунад, балки ба таври ҷиддӣ дар пешбурди фаъолият ва иҷрои дастуру супориши мақомоти болоии ҳизб саҳм мегирад.
Мушоҳидаи мусбати мо дар ин ташкилот фақат бо дидани банду басти нашрияҳои ҳизбӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ тамом нашуд, балки таҳлил намудани масъалаҳои қабул, бақайдгирӣ, сабти ҳаракати аъзои ҳизб ва тадбирҳои амалишуда ҷиҳати устувор гардонидани ҳисси масъулиятшиносии аъзои ҳизб, низ таассуроти нек гузошт. Ҳаёти  ҳизб :Боздид аз ташкилотҳо чиро нишон дод?
Маълум гардид, ки ташкилот 226 аъзо дорад, ки тақрибан 70 дарсади кормандони бонк аст. Аз ин шумора дар шаш моҳи имсол
4 нафар бинобар сабаби ба нафақа баромадан узвияти худро қатъ кардаанд. 6 нафар ба сабабҳои гуногун варақаҳои узвиятро гирифта рафтаанд, дар ин муддат аз 7 нафар варақаҳо ворид шудаанд. Дар баробари ин, имкон барои қабули аъзои нав мавҷуд буда, ташкилот ҷалби аъзои навро аз мадди назар дур накардааст.
Ташкилот ба таври мунтазам соатҳои сиёсиро баргузор карда, дар иқдомҳои ҳизбиву шаҳрӣ фаъолона иштирок мекунад. Яке аз бахшҳои муҳими кори ҳизб дар соли гузашта ширкати фаъолона дар тадбирҳои пешгирӣ аз фарогир шудани бемории коронавирус, ёрии моддиву иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат ва ҳимояи қишри осебпазири ҷомеа будааст. Дар ҳамин давра буд, ки ташкилоти ҳизбӣ даъвати мақомоти иҷроияи шаҳрро пазируфта, чанд аксия барои дастгирии муассисаҳои тиббӣ ва кормандони ин соҳа амалӣ кард. Дар имсол бахши муҳими кори ташкилот иштироки фаъолона дар аксияҳои «Ватан ҳар гўшаатро сабз хоҳем кард» ва «Мо бо шумоем!», ки иқдоме барои ҳимоят аз маъюбон аст, мебошад.
Тавре зикр шуд, «Амонатбонк» дастаҳои футбол ва волейболихудро дорад, ки мақсад аз он тарбияи ҷавонон дар рўҳияи дўст доштани варзиш, ба ин васила солимгардонии ҷомеа ва тақвияти заминаҳои ҳаёти солим мебошад. Дар ташкилот ҳамчунин шўрои кор бо занон ва ҷавонон ҳам фаъол буда, дар ин бахшҳо барномаҳои мушаххасро таҳия ва ба иҷро мерасонанд. Ҳаёти  ҳизб :Боздид аз ташкилотҳо чиро нишон дод?
Агар чунин як корҳои амалӣ баёнгари фаъолияти рўзмараи ташкилот бошад, ташкилу пешбурди корҳои дохилиҳизбӣ, ки аз дигар талаботҳои Оинномаи ҳизб аст, низ ба таври лозим иҷро мешаванд. Далели ин сухан он аст, ки папкаҳои протоколҳои маҷлисҳои умумии ташкилот, санадҳои воридотӣ ва содиротӣ, ахбороти соатҳои сиёсӣ ва қарорҳои қабулшуда, ҳар яке ба таври алоҳида банду баст шуда, дар ҷевоне гузошта шудаанд. Гўшаи акси мақомоти олии ҳизбу ҳуҷҷатҳои роҳнамо ҳам ба таври лозим тайёр ва коргоҳи ҳизбиёни ташкилоти «Амонат»- ро зеб додаанд. Тозагии ҳолати банду басти нашрияҳоро махсус метавон таъкид кард. Чуноне муовини раиси ташкилот гуфт, онҳо мунтазам шумораҳои рўзномаҳоро мегиранд ва кормандони ин коргоҳ дар фурсати барояшон мувофиқ омада, бо мазмуну мундариҷаи маводи ин нашрияҳо шинос мешаванд.
Мо дар бастаи ду нашрияи ҳизбӣ – «Мароми пойтахт» ва «Минбари халқ»- шумораҳои нав ва ҳафтаи охир ҷопшударо дида, ба дурустии суханони масъулони ташкилот – муовин ва ҳам котиби он боварамон зиёд шуд. Маълум шуд, ки ин ташкилот 170 нусха нашрияи «МХ» мегирад. Дар баробари ин ба «Мароми пойтахт»,Ҷавонони Тоҷикистон», «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва «СССР» ҳам обуна ҳастанд. Дар гўшаи дигари ин толор Китоби бақайдгирии аъзои ҳизб, дафтари ҳолати пардохти аъзоҳаққӣ дар ташкилоти «Амонат», ки далели дигари муносиб ва ба низом будани кори ташкилот буд, низ гузошта шудаанд. Ҳамчунин китобу маҷмўаҳои ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ ва суханрониҳои роҳбарияти аршади ҳизб ҳам дар дастрасии ҳар бинанда ва пеш аз ҳама аъзои ташкилоти ҳизбӣ қарор доштанд. Мо бо як рўҳияи қаноатмандӣ аз он чӣ дидем аз ин коргоҳ берун шудем. Муовини раиси ташкилот, ки дар баромадгоҳ гуселамон мекард, бо самимият гуфт, ки «оғози моҳи оянда маҷлиси умумии ҳисоботии ташкилот баргузор мешавад ва шуморо ҳам даъват мекунем, албатта оед» Мо ин даъватро қабул кардем, Чаро наоем, вақте фаъолияти хуби ташкилот бинандаро рўҳбаланд месозад.
«Хонаи меҳр» - хонаи умед аст

Ҳамроҳонам дар идомаи боздид номи ду ташкилотро пешниҳод карданд, ман дуввумиро интихоб кардам. Зеро яке боз ҳам марбут ба идораи аз нигоҳи пулию молӣ таъмин буд. Дуввумӣ ташкилоти ҳизбии «Хонаи меҳр» буд, ки дар Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба пирони бепарастор ва маъюбон дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад.
Дар назди дарвозаи марказ моро муовини раҳбари марказ оид ба хоҷагӣ Рустам Раҳмонов, ки яке аз масъулони кори ҳизбӣ аст, пешвоз гирифт ва хабар дод, ки раис ҳам ба зудӣ меоянд.
Дар қиёс бо дигар ташкилотҳо «Хонаи меҳр» чандон калон нест, зеро марказ ҳамагӣ 34 корманд дорад, ки аз онҳо 25 нафар аъзои ҳизб мебошанд. Аз ҷумла 6 нафар дар соли ҷорӣ қабул шудаанд ва фақат як нафар ба сабаби аз кор рафтан аз қайди ҳизбӣ ҳам бароварда шудааст.
Гўшаи роҳбарияти ҳизб дар ду шакл тайёр шудааст, ки яке ба таври стандарт буда, яке ҳуҷраи ҳизбиро зеб медиҳад ва дигаре ба таври боз ҳам зеботар ва ба андозаи дигар таҳия ва тайёр гардида, дар даҳлези коргоҳи роҳбарият ба девор овезон мебошад.
Китоби бақайдгирии аъзои ташкилот, гўшаи иттилооти ҳизбӣ, китобу маҷмўаи санаду суханрониҳои муҳим, бастаи нашрияҳои ҳизбӣ аз дигар чизҳоест, ки дар утоқи ҳизбӣ гузошта шудаанд. Як гўшаи онро маводи таблиғотӣ дар бораи дастовардҳои ташкилот зеб додаанд. Дар як гўшаи ҷевони ҳизбӣ болои ҳам шаҳодатномаҳои аъзои ташкилот гузошта шудаанд. Яке аз ҳамроҳонам, ба ин таваҷҷуҳ карда, чанд ҳуҷҷати ҳизбиро бо мақсади шиносоӣ ба даст гирифт ва варақ зада, ба мо нишон дода, тавзеҳ дод: - Бинед, то моҳи май аъзоҳаққӣ пардохт шудааст, қайди котиб ва муҳри ташкилот ҳам ҳаст.
- Ба сабаби кам будани аъзо мо имкони дар ташкилот нигоҳ доштани шаҳодатномаҳои ҳизбиро дорем, - шарҳ дод роҳбаладамон Р. Раҳмонов. – Ин кор бо хоҳиши худи аъзои ташкилот ва барои осонии корашон амалӣ шудааст.
Дар омади гап гуфта шуд, ки марказ пеш аз ҳама ба 91 аъзои доимӣ хизмат мерасонад ва аз инҳо 16 нафар бепарасторон дар худи марказ маскун шуда, ҳаминҷо хоб мераванд. Марказ китобхона ҳам дорад, ки чорабиниҳои ҳизбӣ аксар дар толори он баргузор мешаванд.
Моро ҳам ба онҷо даъват карданд, ки як толори начандон калон, вале дар асл хуб танзиму оришёфта буд. Тавре маълум шуд, роҳбарии китобхонаро масъули бахши фарҳангии марказ Фурқати Эгамзод бар уҳда дошт, ки аз лаҳзаи аввали муошират як шахси дар воқеъ фарҳангӣ буданаш зуд фаҳмида мешуд.
Дар китобхона, бар иловаи зиёда аз 1300 китоб боз бастаҳои нашрияҳои «Вечерний Душанбе», «Язия плюс», «Дайджест пресс», «Аргументы и факти», рўзномахои «Ҷумҳурият» ва Садом мардум» гузошта шудаанд.
- Вазифаи асосии мо дар баробари рафъи ошуфтаҳолии аъзо ба муҳити хона ба назди пайвандон баргардонидани бепарасторон, бедор кардани меҳр байни фарзандону волидон аст, - гуфт вақти шарҳи фаъолият масъули корҳои фарҳангии марказ. Ва идома дод: - Ҳама гумон доранд, ба мо фақат онҳое муроҷиат мекарда бошанд, ки азнигоҳубини фарзандонашон маҳруманд. Ин фақат як тарафи масъала аст, Мо касоне ҳам дорем, ки пас аз ҳабс бехонаву ҷой мондаанд. Ё тамоман касе надоранду ба кўча афтодаанд. Тақдири ҳеҷ яке аз аъзои марказ ба дигаре монанд нест. Ҳар яке сарнавишти талхи худро дорад.
Чанде аз саҳифаи омўзандаи аъзои ин марказ, ки мо вақти боздид огоҳ шудем.
Маърифат Расулова бо модараш аз хидмати ин марказ истифода мекунанд. Аз манзил маҳрум буда, ҷойи зист надоранд. Маърифат 21-сола аст, вале то ҳол ҳуҷҷате надорад. Масъулони марказ ҳоло бо ҷамъ овардани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд кор карда истодаанд. Ф. Эгамзод парвандаеро ба мо нишон дод, ки дар он маълумотномаву чандин санадҳои дигар тасдиқкунанда гирд оварда шудаанд. Аз ошхонаи марказ ва ҳаммоми он истифода мекунанд.
- Акнун ин санадҳоро барои ташхис пешниҳод мекунем ва пас аз он барои дарёфти шаҳодатнома иқдом мешавад, шарҳ дод Ф. Эгамзод.
Юркова Лидия 10 июн ба 83 солагӣ қадам ниҳодааст. Манзили зист дорад, аммо ба сабаби танҳоӣ ба марказ меояд ва инҷо бо дигар аъзои он рўз мегузаронад, ҳунари кашидадўзӣ дорад, чанд маҳсули дасташро дар китобхона ба намоиш гузоштаанд. Боифтихор мегўяд, ки ба Маърифат, ки боре ҳам ба мактаб нарафтааст, дарси савод дода, дар навиштану хонданро омўхтанаш саҳм гирифтааст.

Захарова Ирина, 43 сола, бо қонуни авф аз маҳбас баромад ва ба сабаби он ки ҷойи зист надошт, ба инҷо омад. Ў ҳам ҳунари дўхтану сохтани бозичаҳо дорад ва ба дигар хоҳишмандон ёд медиҳад. Агар яке дар гузашта дар Комбинати хонасозӣ - ДСК кор карда, дафтарҷаи ветерани меҳнат дошта бошад, дигаре ҷое кор накарда, ба ҷуз ин макон чизи дигаре надорад. Марказро хонаи умеди худ медонанд ва аз ғамхориҳои давлат, мақомоти шаҳр ва муносибати неки кормандонаш сипосгузоранд…
Чун боздиди мо аз коргоҳ ҳанўз ба ним нарасида, роҳбари марказ, номзади илмҳои тиб Муҳаббат Зарипова ҳам омад. Маълум гардид, ки дар баробари хизматрасониҳои иҷтимоӣ ҳолати ёриҳои санитариву тиббӣ низ дар солҳои ахир хеле беҳтар шудааст. Дар давраи авҷи коронавирус марказ 9 бор ба шахсони осебпазир маводи ғизоӣ тақсим карда, дар кам шудани таъсири ин беморӣ мусоидат намудааст.
Мо фақат бо кори ду ташкилот шинос шудем. Дар асл самти фаъолият ва доираи муштариёнашони онҳо аз ҳам фарқ мекунанд, аммо дар кори рўзмараи ин ташкилотҳо як ҳамнавоӣ ва ҳамрангиро эҳсос кардем. Ин наздикиву ҳамоҳангӣ дар пешбурди кори ҳизбӣ ва ҳамқадам будани ин ташкилотҳо бо иҷрои барномаҳои давлатӣ, муҳимтар аз ин наздик будани ҳизб бо хоставу ормонҳои миллат ва давлат аст.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: